Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 13-уми ноябр
Соли 1523 дар Урбино (шаҳр дар шарқи Италия) шоири итолёвӣ хонум Лаура Баттиферри ба дунё омад. Вай ҳамсари пайкаратарош ва меъмори машҳури ин кишвар Бартоломео Амманати буд. Аз шинохтатарин чеҳраҳои замони Эҳё ба шумор меравад.
Соли 1753 дар Верон (шаҳре дар шимоли Италия) шоири итолёвӣ Ипполито Пиндемонте ба дунё омад. Аз синни 17-солагӣ ба шеърнависӣ оғоз кард.
Ғайр аз шеър вай чандин асарҳои драмавӣ низ эҷод кардааст. Аз миёни асарҳои насрии Пиндемонте романи мазҳакавии ӯ бо номи “Абаритте: таърихе ҳаққонӣ” машҳур аст. Муаҳаққиқон дар ин асар таъсири Волтерро дидаанд.
Соли 1850 нависанда ва шоири шотландӣ Роберт Люис Балфур Стивенсон дар Эдинбург дар оилаи муҳандис Томас Стивенсон таваллуд шудааст. Ў муаллифи романи «Ҷазираҳои ҷавоҳирот» мебошад ва баъди навиштани романи мазкур Стивенсон машҳур шуд. Ба гуфтаи худи Стивенсон, ӯро ба навиштани «Ҷазираҳои ҷавоҳирот” асарҳои Эдгар По ва Даниэл Дефо илҳом бахшидааст.
Соли 1843 нависандаи машҳури рус Иван Тургенев аввалин бор дар театри операи Петербург сарояндаи 22-сола Полина Виардот-Гарсияро вохӯрд. Муҳаббати Иван Тургенев ва Полина Виардот 40 сол давом кард. Барои нависанда ин ҳиссиёт имтиҳони ҳаёт гардид.
Полина Виардот-Гарсия 18 июли соли 1821 дар хонаводи аҳли ҳунару мусиқӣ ба дунё омада буд. Номи аслиаш Мишел Фердинанда Полина Гарсиа Ситчес буд, вале баъди издивоҷ худро кутоҳ Хонум Виардо номид.
Вай истеъдоди баланди сароидани пианино дошт. Дар бисёре аз кишварҳои Аврупо бо барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ баромад кардааст.
Виардо муаллифи романсҳо ва операҳо ба либреттоҳои Тургенев ва аз дӯстони наздики адиб буд. Бо ҳамсараш, ки тарҷумони осори Иван Тургенев ба шумор мерафт, дар таблиғи дастовардҳои адабиёт ва санъаи рус саҳм гирифт.
Муаллифи беш аз 250 композитсияи мусиқӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки бо ҳамсараш Луи Виардо тавассути нависандабонуи фаронсави Жорж Санд шинос шудааст. 16 апрели соли 1840 онҳо дар Порис издивоҷ карданд ва ду моҳ пас Полина ба Жож Санд навишт: “Тавре шумо қавл дода будед, ман дар Луи зеҳни олӣ, рӯҳе амиқ ва шахсияте наҷибро ёфтам…Вижагиҳои олӣ барои як шавҳар, аммо оё ин кофӣ аст?” Бо гузашти солҳо ба дӯсташ Ритс эътироф кард, ки қалбаш аз ибрози ишқе, ки наметавонист мубодила кунад, каме хаста шудааст”.
Аз ин издивоҷ онҳо соҳиби ду духтар ва як писар шуданд. Вале бино ба фарзияи муҳаққиқон, аз ҷумла журналист ва фаъоли сиёсии рус Евгений Семёнов падари писари онҳо Пол Иван Тургенев буд.
Виардо ҳаводорони зиёд дошт ва яке аз онҳо нависандаи маъруфи рус Иван Тургенев буд. Тургенев ошиқи шайдои ин сарояндаи хушовоз ва мисқинавоси барҷаста гашт ва билохира, соли 1845 Тургенев маҳз барои ошноии наздик бо Виардо аз Русия ба Фаронса рафт ва дар як муддати кутоҳ ба дӯсти наздики ин хонадон табдил шуд.
Вале то кунун дар муносибатҳои онҳо ягон таҳқиқоти ҷиддиву дақиқе чоп нашудааст.
Полина Виардо 88 сол умр дид 18 майи соли 1910 дар Порис даргузашт
Соли 1861 дар Флоренсия дар синни 42-солагӣ бар асари бемории ҳамагири вараҷа шоири англис Артур Хю Клаф вафот кард. Вай 1 январи соли 1819 дар хонаводаи тоҷири пахта зода шуда буд.
Артур Клай дӯсти наздики шоир ва тарҷумони амрикоӣ Ҳенри Лонгфелло ва дӯстдоштатарин шогирди Томас Арнолд-ислоҳгарои маъруфи маорифи Британияи Кабир буд.
Соли 1975 – дар шаҳри Ленинград Бергголтс Олга Фёдоровна нависанда, намоишноманавис ва шоираи Иттиҳоди Шӯравӣ аз олам гузашт. Ӯ соли 1938 тибқи парвандаи “Гурӯҳи адабиёт” ба ҳабс гирифта шуда ва 1939 бо ҳукми додгоҳ сафед ва озод шуда буд. Барандаи ҷоизаи Сталин. Ҳамсари шоир ва фаъоли сиёсиву давлатӣ Борис Корнилов буд.
Ҳамагӣ 6 сол дошт, ки шеър менавишт ва аввалин навиштаҳояш силсилашеърҳо дар васфи модар буданд. Соли 1925 шеъри аввалинаш бо номи “Ленин” дар рӯзномаи “Красный ткач» чоп шуд.
Дар синни 17-солагӣ рӯ ба намоишноманависӣ ва насрнависӣ овард.
18-сола буд, ки бо адиб Борис Конилов вохӯрд ва дере нагузашта бо ҳам издивоҷ карданд. Фарзанди аввалинашон соли 1936 ба дунё ома, вале дар 7-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1938 шавҳараш Корнилов боздошт ва чун душмани халқ ба қатл расонида шуд. Баъдан ду бори дигар ба адабиётшинос ва журналист Николай Молчанов, ки баъдан соли 1942 дар муҳисираи Ленинград кушта шуда буд ва адабиётшинос ва мунаққид Георгий Макогоненко издивоҷ кард.
Дар бораи сабабҳои қатъи иртиботи ҳамсарӣ бо Макогоненко чизе гуфта нашудааст. Танҳо ин ки соли 1961 Берголтс аризаи ҷудоӣ навишта будааст.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ