Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 14 – уми август

Асоси-1Соли 1787 луғатшиноси барҷаста, забоншинос, рӯзноманигор ва нависандаи аҳли Империяи Русия Николай Греч ба дунё омад. Вай холиқи дастурҳои маъруф оид ба граматикаи забони русӣ буд. Рӯзноманигор, тарҷумон ва адабиётшинос Алексей Греч писари ӯст.

Греч бо декабристони рус наздик буд ва бо аксари онҳо иртиботҳои дӯстӣ дошт.

Дар нашри маҷаллаҳои «Гений времён», «Журнал новейших путешествий», «Европейский музей» ширкати фаъолона дошт. Соли 1815 дар маҷаллаи “Сын отечества» мақолаи «Шарҳи адабиёти рус дар соли 1814» – ро чоп кард. Ба майдони журналистика ва танқиди адаби бо мақолаҳое ворид шуд, ки ба шарҳи вазъи адабиёт ва жанрҳои журналистӣ бахшида мешуданд.

“Зиндагиномаи император Александр”, “28 рӯз дар хориҷи кишвар ва ё сафари ҳақиқӣ ба Олмон”, “Сафаргуфтаҳо аз Англия, Олмон ва Фаронса” ва як силсила китобҳо дар бораи граматикаи забони русӣ маҳсули қалами ӯ мебошад.

Эрнест Сетон-ТомпсонСоли 1860 дар шаҳри британиёии Саут-Шилдс нависандаи ҳунарманди ҳаёти вуҳуш Эрнест СетонТомпсон зода шуд. Вай аз ҷумлаи бунёдгузорони ҷунбиши байналмилалии Пешоҳангӣ барои имдод ва кумакрасонӣ дар ҳолатҳои фавқулода буд. Ӯ аслан нависандаи канадиёист, вале чун бештари бахши умрашро дар ИМА гузарондаву эҷод кардааст, ӯро адиби амрикоӣ низ меноманд.

Аввалин асари ӯ “Ҳаёти титави чаманӣ соли 1883 чоп шуд. Аммо бештар маҷмуаи “Ман ҳайвоноти ваҳширо чӣ гуна мешиносам” ӯро дар Канада ва Амрико машҳур кард. “Ҳаёти ҷонвароне, ки шикор мешаванд” ва асари ҳаштҷилдаи ӯ бо номи “Ҳаёти ҳайвоноти ваҳшӣ низ асарҳое мебошанд, ки дар маъруфияти ӯ нақш бозиданд.

Сетон – Томпсон дар тӯли ҳаёти худ наздик ба 40 китоб навиштааст, ки аксари онҳо ба ҳаёти вуҳуш бахшида шудаанд. Баъзе китобҳояшро ба фолклори ҳиндуҳои Амрико ва қабилаҳои эскимос, ки аз бумиёни ин сарзамин ба ҳисоб мераванд, бахшидааст.

Сетон-Томпсон  23 октябри соли 1946 дар синни 86-солагӣ дар Ню-Мексикои ИМА дида аз ҷаҳон барбастааст.

 Соли 1866 дар Санкт-Петербург нависанда, шоир, мунаққиди адабӣ, тарҷумон, муаррих, файласуфи диншинос Дмитрий Мережковский ба дунё омад. Вай шавҳари шоир, намоишноманавис ва нависандаи рус Зинаида Гиппинус буд.

Мережковский намояндаи шинохтаи Асри нуқра дар адабиёи рус ба шумор мерафт. Асосгузори жанри романи таърихӣ, яке аз аввалин касоне буд, ки адабиётро бо равиши динӣ – фалсафӣ таҳлил намуд. Аз соли 1914 то охири умраш 14 маротиба барои дарёфти Ҷоизаи Нобели адабиёт пешниҳод шуд, вале ба он даст наёфтааст.

Трилогияи “Масеҳ ва Зиддимасеҳ”, ки романҳои “Марги худоён. Юлиан Отступников”, “Худоёни тамъидшуда. Леонардо да Винчи”, “Зиддимасеҳ. Пётр ва Алексей”, романҳои дугонаи мисрӣ бо номҳои “Таваллуди худоён. Тутонхомун дар Крит”, “Мессия” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.

Дмитрий Мережковский 9 декабри соли 1941 дар синни 76-солагӣ дар шаҳри Порис аз олам гузаштааст.

Ҷон-ГолсуорсиСоли 1867 дар шаҳри британиёии Кингстон-Хилл нависанда, шоир ва намоишноманависи  англис Ҷон Голсуорси таваллуд шуд. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1932 буд.

Ҷон Голсуорси ба адабиёти ҷаҳон бо силсилароманҳои «Қиссаи Форсайтҳо» («Молик», 1906; «Дар ҳалқа», 1920; «Барои иҷора, 1921») ва «Мазҳакаи муосир» («Маймуни сафед», 1924; «Чумчаи нуқрагӣ», 1926; «Охирин шоҳкор», 1928) ворид шуд. Ҳар кадоми романҳо дорои ду намоишномаи хурд (интерлюдия) мебошанд: дар аввалӣ — «Охирин тобистони Форсайт» (1918), «Бедорӣ» (1920); дар дуввумӣ — «Идиллия» («Зиндагии саодатмандона») ва «Мулоқотҳо» (1927). Дар ин асарҳо Ҷон Голсуорси манзара, рӯзгори Англия, зиндагиву омоли оилаи Форсайтҳоро дар тӯли 40 сол (1886—1926) раванди таназзули Англияи даврони малика Викторияро тасвир кардааст.

Ҷон Голсуорси муаллифи 20 роман, 27 намоишнома, се маҷмуаи ашъор, 173 новелла, панҷ маҷмуаи эссе, ҳудудан 700 нома, инчунин очеркҳову мақолаҳои публитсистӣ мебоад.

Баъзе аз асарҳои Ҷон Голсуорси дар Тоҷикистон низ тарҷума ва нашр шудаанд. Чунончӣ, адиби маъруфи тоҷик Ато Ҳамдам намоишномаи «Виҷдон»-ро аз рӯи новеллаи «Аввалинҳо ва охиринҳо» падид овардаву Туҳфа Расулова  новеллаи «Ду дид»-ро тарҷума кардааст.

Ҷон Голсуорси 31 январи соли 1933 дар синни  65-солагӣ вафот кардааст.

Даниэл-Стил1Соли  1947 дар шаҳри Ню-Йорк нависандаи армикоӣ  Даниэла Стил зода шуд. Вай ба ҳадде сермаҳсул аст, ки гоҳо аз рӯи панҷ лоиҳа болои панҷ роман баробар кор мекард.  Ва аксари романҳои ӯ пурфурӯшанд. Мавзуи романҳояш бештар хонаводаҳои сарватмандест, ки рӯ ба таназзл доранд.

Даниэла Стил дар ҳаёти оилавӣ чандон муваффақ набудааст. Дар умри худ 5 маротиба издивоҷ кардааст. Шавҳари аввали вай банкир Клод Эрик буда, бо ҳам 9 сол зистаанд ва соҳиби як духтар шудаанд. Аввалин китобаш бо номи “Хона” маҳз баъди ҳамин ҷудоӣ аз чоп баромад ва дар меҳвари тасвир ҳаёт ва арзишҳои хонаводагӣ қарор гирифтааст.

Шавҳари дуюми ӯ ҷинояткор Дэни Зугелдер будааст, ки худи адиб ӯро интихоб кардааст. Никоҳи онҳо дар зиндон сурат гирифтааст. Шавҳари сеюмаш нашъаманд Уилям Тот буд ва баъди таваллуди писараш Николас аз ҳам ҷудо шуданд. Таҷрибаи зиндагӣ бо нашъаманд ва аз тариқи додгоҳ баъди ҷудоӣ писарро соҳибӣ кардани адиб дар романи “Ваъдаи воҳима” тасвир шудааст. Қаҳрамонбонуи ин роман ошиқи нашъаманд аст. Дар романи “Хотира” нависанда ҳамин мавзуъро идома додааст ва аз дарди зане ҳикоят кардааст, ки талош карда ба нашъаманд ёрӣ расонад.

Шавҳари чоруми ӯ нависанда Ҷон Трейн буд, ки бо ҳам 17 сол зистанд.

Бо шавҳари панҷумаш ҳамагӣ ду сол зист.

Асарҳои “Паймон”, “Лаҳзаҳои тиллоӣ, “Фасли иштиёқ, “Поёни тобистон”, “Ишқи дубора”, “Гузаргоҳ, “Як ғарибаи комил”, “Доираи комил”, “Албоми хонаводагӣ, “Падар”, “Рӯҳ, “Роҳи дарози хона”, “Ман ва клон”, “Сафар”, “Кулба”, “Гумшуда”, “Ду хоҳар”, “Бандари амн”, “Бозтоб”, “Тасвире дар оина”, “Саргаштаи ишқ, “Адолати кӯр” навиштаҳои ӯ мебошанд.

насруллохи-АсадуллоҳСоли 1951 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара рӯзноманигор, нависандаи тоҷик Насруллоҳи Асадулло зода шуд. Вай соли 1973 шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Баъдан корманди рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Тоҷикистони Советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Комсомольская правда», «Маданияти Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Литературная газета» ва Ҳукумати ҷумҳурӣ будааст.

Муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвии «Имтиҳон» (Маскав, 1980), «Санҷиш» (Олмон, 1982), «Дӯстон барои чӣ лозим?» (1986), «Овози шинос» (1988) ва ғайра мебошад.

Мақолаву очеркҳои публитсистиаш борҳо ба табъ расидаанд.

Аз соли 1988 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1995 аз олам даргузашт.

 Соли 1956 дар шаҳри Берлин дар синни 58-солагӣ бар асари сактаи қалбӣ шоир, насрнавис, намоишноманависи аҳли Олмон Бертолд Брехт аз олам гузашт. Вай асосгузори Театри ансамбли Берлинер буд.

Ӯро бештар барои намоишномаҳои хубаш мешиносанд. Бо вуҷуди он ки дар оғоз  атрофи намоишномаҳо ва персонажҳояш гуфтугузорҳо зиёд буданд, вале баъдтар театрҳои машҳури Аврупо ба пйесаҳои ӯ рӯ оварданд.

Вай муаллифи идеяи “театри ҳамосӣ буд, ки баъдҳо дар рушди театри драмавӣ нақши муассир бозид.

Бертолд Брехт аз он ки як намоишноманависи муваффақ ва коргардони чирадаст буд, боз шоири хушқареҳа низ маҳсуб мешуд ва шеъру таронаву таснифҳои  пурмаъно ва дилангези бисёре суруд. Вай ҳамчунин бо бунёди  фосилагузорӣ дар театр инқилоби бузургро дар заминаи  ҳунарҳои намоишӣ бапо кард.

“Таблҳо дар шаб”, “Дар анбуҳи шаҳрҳо”, “Одам одам аст”, Ҷони муқаддаси кушторгоҳ”, “Тадбир”, “Модар”, “Истисно ва қоида”, “Муқаддасин ва муқаддасон” аз ҷумлаи офаридаҳои ӯ мебошанд.

549px-Elias_CanettiСоли 1994 дар Сюрихи Швейтсария дар синни 89-солагӣ нависандаи аҳли Булғористону Британия Элиас Каннетӣ тарки олам кард. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1981 буд.

Элиас Каннетӣ 25 июли соли 1905 дар шаҳри булғории Русе ба дунё омад. Ба забони олмонӣ менавишт ва яке аз маъруфтарин адибони замони худ буд.

Романи “Кайфари оташ”-и ӯ дар феҳристи 1001 китоб, ки бояд қабл аз марг бихонед, ҳамчунин феҳристи рӯзномаи “Гордиан” (Ҳазор роман, ки ҳар кас боядбихонад) қарор дорад.

Китобҳои “Мазҳакаи худписандӣ, “Садоҳое аз Марокаш”, “Шоҳиди шунаво”, “Забони аз банд раста”, “Арӯсӣ, “Машъал дар гӯш”, “Рои додгоҳ маҳсули қалами ӯ мебошад.

Соли 2004 дар шаҳри Краков дар синни 93-солагӣ шоир, тарҷумон, эссенависи лаҳистонӣ Чеслав Милош аз дунё гузашт.  Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1980 буд.

 “Се зимистон”, “Зеҳни асир”, “Наҷот”, “Таърихи адабиёти Лаҳистон”, “Суруди марворид”, “Суруди сайёраи Замин”, “Зодгоҳ, “Ашъори баргузида”, “Шеъри даврони пас аз ҷанги Лаҳистон” номгӯи маъруфтарин асарҳои ӯ мебошанд.

Ӯ дар муддати иқомати худ дар Фаронса ва ИМА, ки 30 сол тӯл кашид, ба сунбули барҷастаи мухолифат бо коммунизм мубаддал шуд ва маъруфтарин асари ӯ бо номи “Зеҳни асир” баёнгари вазъи худи ӯ дар мубориза бо сотсиализм ва коммунизм мебошад.

Вай шомгоҳи шанбеи 14-уми августи соли  2004, замоне, ки  93 сол дошт, аз олам гузашт. Сарвазири вақти Лаҳистон, ки дар маросими видоъ бо адиби маъруф ҳозир шуда буд, ӯро як лаҳистонии  барҷаста тавсиф кард.

Акобир ШарифӣСоли 2007 адиб, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик Акобир Шарифӣ аз олам гузашт. Вай 8 феврали соли 1928 дар деҳаи Вардучи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) зода шуд.  Соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо бо дипломи аъло хатм кардааст. Дар нашрияҳои бачагона, Телевизиони тоҷик ҳамчун асосгузор ва сармуҳаррири шуъбаи бачагон ва наврасон ва  Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик кор кардааст.

Бештар барои бачаҳо менавишт ва ашъори барои кӯдакон эҷодкардааш дар маҷмӯаҳои «Бойчекак» (1959), «Наргис ба мактаб меравад» (1963), «Амаки милиса» (1965), «Афсонаи хараки лофзан» (1975), «Аҳмади кайҳоннавард» (1967), «Бӯрёкӯбон» (1972) ва ғ. ба табъ расидаанд.

Асарҳои беҳтаринаш дар якҷилдаҳои «Тӯҳфа» (1973), «Бобои ман ордендор» (1975), «Тоҷикистони азиз» (1979), «Кори имрӯзаро ба фардо нагузор» (1980), «Айёми хушбахтӣ» (1985) ва ғайра пешкаши хонандагон гардидаанд.

Иддае аз ашъори ӯ ба забони халқҳои дигар тарҷума шудаанд. Аз ҷумла, китобҳои ӯ «Дядя милиционер» (1965), «Хвастливый осёл» (1966), «Не откладывайте на завтра» (Маскав, 1977) ва ғ.ба русӣ интишор ёфтаанд.

Китоби шеърҳои С. Маршак, К. Чуковский, А. Барто, Я. Аким, Д. Родари, Д. Мамин –Сибиряк, С. Михалков ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1962 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 2018 дар шаҳри Москав дар синни 80-солагӣ шўравӣ ва рус, намоишноманавис ва филмноманавис, муаллифи китобҳои бачагона Эдуард Успенский вафот кард. Вай 22 декабри соли 1937 дар Егоревски вилояти Маскав таваллуд шуда буд. Қаҳрамонҳои асарҳои ӯ ба мисли тимсоҳ Гена ва Чебурашка, саг Шарик ва гурба Матроскин, амаки Федор, хаткашон Печкин, Тр-тр Митя, бародарони Колобок миёни хурдсолон ва калонсолон машҳуранд.

Эдуард Успенский яке аз офарандагони барномаҳои «Хоби хуш, хурдтаракон!», «АБВГДейка», «Радиомураббӣ», инчунин барнома дар бораи суруди муаллифии «Киштиҳо ба бандари мо омаданд» мебошад, ки соли 2000 сазовори ҷоизаи TEFI гардид.

Соли 2010 Успенский аз рӯи бахши асосӣ «Барои дастовардҳои барҷастаи эҷодӣ дар адабиёти бачагонаи рус», ба ҷоизаи Корней Чуковский, ки барои нависандагони кӯдакона таъсис ёфтааст, сарфароз гардонида шуд.

Таҳияи Б.Шафеъ