Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 14 – уми июн
Соли 896 дар шаҳри Бағдод дар синни 59-солагӣ шоир ва нависандаи араб Ибни Румӣ аз олам гузашт. Алӣ бинни Аббос бинни Ҷариҷ ё Ҷарҷис ё Ҷурайҷ маъруф ба Ибни Румӣ аз ҷумлаи шоирони арабсарои садаи 3 ҳиҷрии қамарӣ дар даврони Аббосиён аст. Вай ҳамасри Муътазид – шонздаҳумин халифаи Аббосӣ дар Бағдод буд.
Ибни Румӣ дар Бағдод ба дунё омад. Падари вай асолатан Румӣ ва аз маволии бани Аббос, вале модараш эронӣ буд. Дар бистсолагӣ бо шоирӣ рӯз мегузаронд ва дар замони авҷи худ шоири номӣ шуд, ки аз ӯ девони бузурге боқӣ мондааст.
Вай дар синни 59-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт, вале баъзеҳо гуфтаанд, ки даст ба худкушӣ зада буд ва ё аз заҳре фавтид, ки хӯронда буданд.
Соҳибдевон аст. Девонаш аз қасида, ҳаҷвия, марсия ва ашъори ишқӣ иборат аст. Афзалияти шеъри Ибни Румӣ дар он аст, ки маъниҳои дақиқро бо таъбирҳои сода ифода кардааст. Истеъдоди баланди Ибни Румӣ хусусан дар ашъори ҳаҷвиаш бештар зоҳир мешавад. Барои ашъори мутоибавиаш амирону вазирон ва амалдорони мамлакат ӯро бисёр таъқиб кардаанд. Бисёре аз ашъори Ибни Румӣ ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шудааст. Аз осори Ибни Румӣ мактубҳои мансур боқӣ мондаанд.
Соли 1811 дар Литчфилд, Коннектикут нависандаи амрикоӣ Гарриет Бичер Стоу ба олам омад.
Гарриет Бичер Стоу дар оилаи рўҳонӣ ва воизи машҳур Лайман Бичер ба воя расидааст. Муддати тӯлонӣ нависандаи оянда дар мактаби духтаронаи таъсисдодаи хоҳараш омўзгор буд ва дар соли 1836 бо Стоу, профессори диншиноси Андовер (Массачусетс) издивоҷ кард. Вай дар асарҳои адабии худ ҳамчун ҳимоятгари занон ва барҳам додани ғуломӣ баромад кардааст. Машҳуртарин романи Гарриет «Кулбаи Том-амак» (1852) мебошад. Дар соли аввал он дар Амрико ба теъдоди 350 000 нусха фурўхта шуд ва ин шумора дар солҳои оянда болорафтан гирифт, ки дар натиҷа теъдоди он ба 600 000 нусха расид. Ин асар дар Англия 35 бор нашр гардида, ба 20 забони хориҷӣ тарҷума шудааст. Баъди нашри ин роман, ки дар он озодии сиёҳпӯстонро ҷонибдорӣ мекунад, ба сари Бичер Стоу аз ҷониби ғуломдорон ва дӯстонашон борони лаънат ва таҳдидҳо борид. Ба посухи онҳо ӯ романи «Калид»-ро нашр кард («Калиди кулбаи Том-амак») ва дар он ба таври возеҳ исбот кард, ки сужаи роман бевосита то ҷузъиёти хурдтаринаш аз ҳаёти онҳо гирифта шудааст.
Шеърҳои Бичер Стоу асосан дар мавзӯъҳои динӣ навишта шудаанд. Хона дар Брунсвики иёлати Мэн, ки дар он ҷо «Кулбаи Том-амак» навишта шудааст, дар рӯйхати муҳимтарин ёдгориҳои Иёлоти Муттаҳида ҷойгир аст.
Соли 1817 дар Гейлдорф шоири олмонӣ Теобалд Кернер ба дунё омад.
Соли 1837 дар Неапол, дар синни 38-солагӣ, шоир ва файласуфи итолиёвӣ Ҷакомо Леопарди, бузургтарин шоири ашъори ошиқонаи Итолиё, даргузашт.
Ҷакомо Леопарди дар Реканати дар оилаи асилзода таваллуд шудааст. Шоир тамоми умр аз носолимӣ ва маъюбии ҷисмаш азоб мекашид – ў кўзапушт буд. Аз ин рӯ, ба ғайр аз китобҳои китобхонаи падараш, дигар дӯсту рафиқе надошт. Ихтилофот бо падар ва муносибатҳои ботакаллуфи модар ба ҷаҳонбинии шоир таъсир расонидааст.
Леопарди дар синни 13-солагӣ аввалин фоҷиаи худ «Помпей дар Миср»-ро офарид ва «Ҷанги мушу қурбоққаҳо» ва сурудҳои «Энеида» ва «Одиссея»-ро тарҷума кард. Ин асарҳо дар маҷаллаи «Тамошобин» чоп шудаанд. Шумори зиёди шеърҳои беҳтаринаш, аз ҷумла шеърҳои ватандӯстонаашон дар синни 21-солагӣ эҷод шудаанд.
Аввалин маҷмуаи ашъораш соли 1824 аз чоп баромад ва баъд аз он «Очеркҳои ахлоқӣ» (1827) ва «Сурудҳо» (1831) нашр шудаанд.
Соли 1886 дар Шеликово, дар синни 63-солагӣ, намоишноманависи рус Александр Островский аз сактаи дил даргузашт.
Александр Островский 12 апрели соли 1823 дар Москва дар оилаи ходими адлия ба олам омадааст. Волидайн ўро дар хона таълим додаанд. Падараш китобхонаи калоне дошт, ки Александр дар он ҷо аввалин бор ба мутолиаи адабиёти рус шурӯъ мекунад. Аммо орзуи падар ин буд, ки писараш ҳуқуқшинос шавад.
Дар соли 1835 Островский дар гимназия ба таҳсил шуруъ карда, баъд аз он ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Маскав дохил шуд. Бо таваҷҷӯҳи зиёд доштан ба маҳфилҳои театрӣ ва адабиёт, ӯ таҳсилро дар донишгоҳ ба итмом нарасонд. Бо исрори падар Александр Островский то соли 1851 котиби суд шуда кор кард. Дар соли 1849 асари Островский «Халқи мо – ҳисобро баробар мекунем!» навишта шуда буд, ки ба ў шуҳрати адабӣ овард ва ба ин асар Николай Гогол ва Иван Гончаров баҳои баланд доданд. Барои Островский эҷодиёт роҳи ҳақиқии тасвири ҳаёти халқ ба шумор мерафт. Песаҳои «Раъду барқ», «Бемаҳр», «Ҷангал» аз муҳимтарин осори ў мебошанд.
Дар соли 1865 Островский дар Москва маҳфили бадеӣ ташкил карда, яке аз роҳбарони он гардид. Соли 1874 «Ҷамъияти нависандагони драматургия ва бастакорони опера» ташкил карда шуд, ки Островский то охири умр онро роҳбарӣ кардааст. Дар соли 1885 Островский сардори репертуари театрҳои Маскав ва сардори мактаби театрӣ таъин мегардад.
Эҷодиёти Александр Николаевич Островский марҳилаи муҳимтарини инкишофи театри миллии рус гардидааст.Намоишноманавис қариб 50 песа: «Майдони даромад» (1856), «Раъду барқ» (1859), «Маблағи калон» (1869), «Ҷангал» (1870), «Барфак» (1873), «Бемаҳр» (1878) ва ғайраҳоро офаридааст.
Тамоми давраи инкишофи театри рус бо номи Островский алоқаманд аст. Ӯ муаллифи тарҷумаҳо аз Сервантес, Шекспир, Теренс, Голдони мебошад. Драматургияи ў репертуари ҳақиқӣ ва ба худ хос дар саҳнаи рус нақши ҳалкунанда бозида, ба ташаккули мактаби саҳнавии миллӣ ҳиссаи калон гузошт.
Соли 1891 дар Уст-Каменогорск нависандаи шӯравӣ Александр Волков таваллуд шудааст.
Александр бо саъю кушиши падараш, сержанти мустаъфӣ, дар синни чорсолагӣ хонданро ёд гирифт, ки ин ҳама аз хурдӣ меҳри адабиётро ба дилаш ҷо кард. Писарбачаи дувоздаҳсола мактаби шаҳри Уст-Каменогорскро хатм карда, аввалин хонандаи пешқадам дар мактаб гардид. Баъдтар, пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Томск ба ҳайси омўзгори математика ба мактаб баргашт. Дар солҳои 20-ум Волков ба Ярославл кўчида, дар он ҷо директори мактаб шуд ва дар соли 1929 ба Москва кўчид. Аз соли 1931 ду даҳсола омўзгор ва баъд дотсенти Донишкадаи металлҳои ранга ва тиллои Москва буд.
Александр Мелентевич романи аввалини худро дар синни 12-солагиаш навишта, аз соли 1916 ба нашри асарҳояш шуруъ кард. Дар солҳои 20-ум театрҳои музофотӣ аз рўи намоишномаҳои Волков песаҳо ба саҳна гузоштанд ва дар солҳои 30-юм муаллиф ба кори адабиёти ҷиддӣ шуруъ намуд ва ба шарофати он то соли 1941 узви Иттифоқи нависандагон шуд.
Теъдоди умумии асарҳои ӯ, ки ба бисёр забонҳои ҷаҳон нашр шудаанд, аз бисту панҷ миллион нусха гузаштааст.
Бисёре аз хонандагон номи Александр Волковро бо силсилакитобҳои «Ҷодугари шаҳри зумррадгун» алоқаманд мекунанд. Силсилаи асарҳо вақте ба вуҷуд омадаанд, ки муаллиф зери таъсири нусхаи аслӣ (“Ҷодугари аҷиби мулки Оз” Лайман Фрэнк Баум) тасмим гирифт, ки афсонаро ба забони русӣ тарҷума кунад. Дар рафти кор Волков ба он қаҳрамонҳо ва саргузаштҳои нав зам мекард. «Ҷодугари шаҳри зумррадгун» дарҳол дар байни хонандагон маҳбубият пайдо кард, ки ин барои давом додани он ба нависанда илҳом бахшид.
Соли 1927 дар Нортгемптон намоишноманавис ва ҳаҷвнигори англис Ҷером Клапка Ҷером, муаллифи доимии маҷаллаи ҳаҷвии «Punch» дар синни 68-солагӣ даргузашт.
Ҷером 2 майи соли 1859 дар Стаффордшири Британияи Кабир таваллуд шудааст. Ў фарзанди чоруми Ҷером Клэп буд, ки баъдтар номи худро ба Ҷером Клэп Ҷером иваз кард. Ҷером, мисли падараш, бо номи Ҷером Клэп Ҷером сабт шудааст. Номи дуюмаш Клапка баъдтар пайдо шуд (ба шарафи генерали муҳоҷири венгер Дерд Клапка). Оилаи Ҷером пас аз сармоягузории нобарор муфлис шуд. Ҷероми ҷавон мехост сиёсатмадор ё нависанда шавад, аммо марги волидонаш дар соли 1872 ӯро маҷбур кард, ки таҳсилашро қатъ кунад ва дар ҷустуҷӯи кор шавад. Вай ба ширкати роҳи оҳани Лондон ва Шимолу Ғарб рафта, дар он ҷо чор сол кор кардааст.
Дар соли 1877 бо исрори хоҳараш Бландина, ки ба театр дилбастагӣ дошт, Ҷером тасмим гирифт, ки ҳунари актёрии худро бо номи саҳнавии Ҳаролд Кричтон бисанҷад. Вай ба гурўҳи театре дохил шуд, ки он кўшиш мекард намоишномаҳои камбуҷаро ба намоиш гузорад. Пас аз се сол Ҷероми 21-сола тасмим гирифт, ки касби актёриро тарк карда, шуғли нав ҷустуҷӯ кунад. Кӯшиш мекард, ки рӯзноманигор шавад, очеркҳо ва ҳикояҳои ҳаҷвӣ навишт, аммо аксари онҳоро нашр накарданд. Ва ниҳоят, дар соли 1885 баъди нашри ҳикояи ҳаҷвии «Дар саҳна ва паси саҳна» муваффақ шуд. 21 июни 1888 Ҷером бо Ҷорҷина Мэрис издивоҷ кард. Ҳамсарон моҳи асали худро дар дарёи Темза, дар як қаиқи хурд гузарониданд, ки ин ба эҷоди достони «Се кас дар қаиқ, ғайр аз саг» таъсири калон расонд. Ҷером ба эҷоди «Се кас дар қаиқ, ғайр аз саг» фавран пас аз бозгашт аз моҳи асал оғоз кард. Китоб дар соли 1889 нашр шуд ва мақбули ом гардид.
Даромади молиявие, ки китоб ба бор овард, ба Ҷером имкон дод, ки худро комилан ба еори эҷодӣ бахшад. Вай якчанд песа, очерк ва повест эҷод кард, вале муваффақияти «Се кас дар қаиқ, ғайр аз саг»-ро такрор карда натавонист. Дар соли 1892 Роберт Барр Ҷеромро ба маҷаллаи «Lazy Guy» ҳамчун муҳаррир даъват кард. Соли 1893 маҷаллаи «Имрӯз»-ро таъсис дод, вале ба далели мушкилоти молӣ маҷбур шуд, ки ҳарду нашрияро тарк кунад. Дар соли 1898, як сафари кӯтоҳ ба Олмон Ҷеромро илҳом бахшид, ки романи “Се кас дар дучарха“-ро нависад. Соли 1902 Ҷером романи «Солҳои мактабии Пол Келвер»-ро нашр кард, ки онро бисёриҳо ҳамчун асари тарҷумаиҳолӣ эътироф мекунанд. Соли 1926 Ҷером ёддоштҳои худро «Замон ва ҳаёти ман» нашр кард. Дере нагузашта ба ў унвони «Шаҳрванди фахрии Уолсолл» дода шуд. Дар солҳои охири ҳаёташ Ҷером бештари вақташро дар хонаи худаш дар Эвилма, дар наздикии Уоллингфорд мегузаронд.
Соли 1949 дар Лос-Анҷелес нависандаи амрикоӣ Гарри Тертлдав, муаллифи шинохтаи тахайюлоти таърихӣ ба олам омад.
Гарри Норман Тертлдав дар Донишгоҳи техникии Калифорния (Калтех) бо ихтисоси муҳандисии барқ таҳсил мекард, аммо майли инсондӯстии ӯ ғолиб омад ва дар ниҳоят Тертлдав дар соли 1977 Донишгоҳи Калифорнияи Лос-Анҷелесро (UCLA) бо ихтисоси таърихи қадим хатм кард ва рисолаи номзадии худро дар бораи таърихи Византия дифоъ кард. Замоне ба адабиёт рӯ овард, ки аллакай муаррихи касбӣ буд. Вай аввалин романашро соли 1979 бо тахаллуси Эрик Айверсон нашр кард. Баъд аз он як қатор асарҳои хурд рўйи чоп омаданд, ки беҳтарини онҳо дар маҷмуаи «Калейдоскоп» (1990) ҷамъ оварда шудаанд. Ҳикояҳои «Тасодуф» (1988) ва «Коҳиши замин» (1991) бешубҳа ба жанри асрҳои илмӣ-тахайюлии «сахт» мансубанд.
Китобҳои ӯ аз ҷониби мунаққидон баҳои баланд гирифтаанд ва ҳар як асари навро бесаброна интизоранд. Муваффақияти асосии Тертлдав ҳамчун нависанда силсилароманҳои тахайюлӣ-таърихии «Видесс» мебошад, ки бо романи «Легиони гумшуда» (1987) оғоз меёбад.
Соли 1968 дар Амалфи нависанда, шоир, тарҷумони итолиёвӣ Салваторе Квазимодо, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1959 дар синни 66-солагӣ аз сактаи мағзӣ даргузашт.
Салваторе Квазимодо пас аз тарҷумаи ашъори Юнони қадим, Шекспир, Инҷили Юҳанно ва китобе, ки ҳангоми вохӯриҳои ташкилоти масонӣ истифода мешавад, шӯҳрат пайдо кард. Дар осори Квазимодо бисёр чиз бо ангезаҳои асотирӣ ва рӯҳонӣ алоқаманд аст. Дар ашъораш бошад, ҳама чиз муттаҳид шуда, ба пояи устувори иҷтимоию ахлоқӣ асос ёфтааст. Ў табиатан шахси аз ҷиҳати сиёсӣ доно ва бофаҳм буда, ҳамеша дар ҳимояи шоиру нависандагони таъқибшуда баромад мекард.
Дар соли 1945 ба сафи Ҳизби коммунистии Италия дохил шуда, ба ИҶШС сафар кард. Тирамоҳи соли 1958 ҳангоми сафар ба ИҶШС дар беморхонаи ба номи Боткини шаҳри Маскав сактаи дил гирифт. Пас аз муолиҷаи тӯлонӣ, ӯ дар баҳори соли 1959 ба Италия баргашт.
Соли 1986 дар Женева, дар синни 86-солагӣ, нависанда ва шоири аргентинӣ Хорхе Луис Борхес, аз саратони ҷигар ва варами шушҳо вафот кард.
Борхес 24 августи соли 1899 дар Буэнос-Айрес ба дунё омадааст. Номи пурраи ӯ Хорхе Франсиско Исидоро Луис Борхес Асеведо аст, аммо тибқи анъанаи Аргентина, ӯ ҳеҷ гоҳ онро истифода набурдааст. Аз ҷониби падараш, Борхес решаҳои испанӣ ва ирландӣ дошт. Модари Борхес зоҳиран аз оилаи яҳудиёни португалӣ будааст (номи волидайнаш – Асеведо ва Пинедо – ба маъруфтарин оилаҳои яҳудиёни португалӣ дар Буэнос–Айрес тааллуқ доранд). Худи Борхес иддао мекард, ки хуни баскӣ, андалусӣ, яҳудӣ, инглисӣ, португалӣ ва норманӣ дар ӯ ҷорӣ шудааст. Дар хона бо забонҳои испанӣ ва англисӣ ҳарф мезаданд. Борхес дар синни даҳсолагӣ афсонаи машҳури Оскар Уайлд «Шоҳзодаи хушбахт»-ро тарҷума кард. Худи Борхес ворид шуданашро ба адабиёт чунин тавсиф кардааст: Аз давраи кӯдакиам, замоне падарам нобино шуд, дар оилаи мо ҳама умед доштанд, ки ман бояд орзуи падарамро амалӣ кунам. Бояд нависанда шавам ва чунин ҳам шуд, ки дар шаш-ҳафтсолагӣ ба навиштан шурӯъ кардам. Дар соли 1914, оила барои истироҳат ба Аврупо рафт. Аммо аз сабаби Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ бозгашт ба Аргентина ба таъхир афтод. Соли 1918 Хорхе ба Испания рафт ва дар он ҷо ба гурӯҳи авангардҳои шоирон Ултраистҳо ҳамроҳ шуд. 31 декабри соли 1919 аввалин шеъри Хорхе Луис дар маҷаллаи испании “Юнон“ нашр шуд. Соли 1921 ба Аргентина баргашт. Вай аллакай дар асарҳои аввалини худ бо фазилат, сухандонӣ, донистани забонҳо ва фалсафа фарқ мекард. Бо мурури замон Борхес аз назм дур шуда, ба навиштани насри «тахайюлӣ» шурӯъ кард. Бисёре аз беҳтарин ҳикояҳои ӯ ба маҷмӯаҳои Ficciones (1944), Labyrinths (1960) ва Паёми Броди (El Informe de Brodie, 1971) дохил карда шудаанд. Дар достони «Марг ва қутбнамо» муборизаи зеҳни инсон бо бесарусомонӣ ҳамчун таҳқиқи ҷиноят оварда шудааст. Повести «Фунес – муъҷизаи хотира» нақши инсонеро, ки аслан аз хотираҳо пур шудааст, тасвир мекунад. Дар солҳои 1937-1946 Борхес китобдор шуда кор мекард, баъдтар ин замонро «нӯҳ соли хеле бадбахт» номид, гарчанде ки аввалин шоҳасарҳои ӯ дар ҳамон давра пайдо шудаанд. Баъди ба сари ҳокимият омадани Перон дар соли 1946, Борхес аз вазифаи китобдорӣ озод шуд. Тақдир ба ӯ боз дар соли 1955 вазифаи китобдор ва хеле шарафманд – директори Китобхонаи миллии Аргентинаро баргардонд, аммо он вақт ӯ нобино буд.
Борхес то соли 1973 вазифаи директориро ишғол кард. Хорхе Луис Борхес ҳамроҳ бо Адолфо Биой Касарес ва Силвина Окампо дар эҷоди Антологияи машҳури адабиёти афсонавӣ дар соли 1940 ва Антологияи назми Аргентина дар соли 1941 ширкат доштанд. Дар ибтидои солҳои 50-ум Борхес боз ба эҷоди шеър баргашт.
Соли 1995 дар Санта-Фе, Ню-Мексико нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ, барандаи ҷоизаҳои «Нюбела» ва «Ҳуго», Роҷер Желязни дар синни 58-солагӣ бар асари саратони рӯда даргузашт.
Роҷер Желязни 13 майи соли 1937 дар Евклиди иёлати Огайо дар оилаи Юзеф Желязнии лаҳистонӣ ба дунё омадааст. Аллакай дар синни даҳсолагӣ Роҷер афсона менавишт. Соли 1955 мактаби миёнаро хатм карда, ба шӯъбаи равоншиносии Донишгоҳи захиравии ғарбии Кливленд дохил шуд. Сипас ихтисосашро иваз карда, аз кафедраи психология ба шӯъбаи адабиёти англисӣ гузашт. Пас аз ду сол ӯ дараҷаи бакалавриро супорид ва ба Донишгоҳи Колумбия (иёлати Ню-Йорк) гузашт. Желязни дар давраи таҳсил ба дзюдо ва варзиши сабук машғул буд, шеърҳои навиштаашро нашр мекард, вале ҳикояҳои тахайюлиашро чоп намекард, шоҳмотбозиро ёд гирифт, забонҳои ҳиндию ҷопониро меомўхт, ба тасаввуф шавқу ҳавас пайдо кард. Соли 1962 дар маҷаллаи “Amazing Stories” аввалин ҳикояи худро бо номи «Бозии шавқҳо» нашр кард. Вай аввалин Ҷоизаи «Ҳуго»-ро барои достони «Садбарг барои воиз» (1963) сазовор шудааст. Дар соли 1965 бошад ӯро муваффақияти комил интизор буд – як ҷоизаи дигари «Ҳуго» ва якбора ду ҷоизаи «Небула».
Желязни қариб 20 роман ва чор маҷмуаи ҳикояҳо дорад. Вай шаш маротиба ҷоизаи «Ҳуго», се маротиба ҷоизаи «Небула», як маротиба ҷоизаи «Аполлони Фаронса»-ро гирифт ва барои эҷоди “Хроникаҳои Амбер” сазовори ҷоизаи маҷаллаи «Locus» шуд. Вай якҷоя бо нависандагон Филип Дик, Фред Саберхаген, Томас Т. Томас ва Роберт Шекли якчанд асар навиштааст.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА