Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 14 – уми июн
Соли 896 дар шаҳри Бағдод дар синни 59-солагӣ шоир ва нависандаи араб Ибни Румӣ аз олам гузашт. Алӣ бинни Аббос бинни Ҷариҷ ё Ҷарҷис ё Ҷурайҷ маъруф ба Ибни Румӣ аз ҷумлаи шоирони арабсарои садаи 3 ҳиҷрии қамарӣ дар даврони Аббосиён аст. Вай ҳамасри Муътазид – шонздаҳумин халифаи Аббосӣ дар Бағдод буд.
Ибни Румӣ дар Бағдод ба дунё омад. Падари вай асолатан Румӣ ва аз маволии бани Аббос, вале модараш эронӣ буд. Дар бистсолагӣ бо шоирӣ рӯз мегузаронд ва дар замони авҷи худ шоири номӣ шуд, ки аз ӯ девони бузурге боқӣ мондааст.
Вай дар синни 59-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт, вале баъзеҳо гуфтаанд, ки даст ба худкушӣ зада буд ва ё аз заҳре фавтид, ки хӯронда буданд.
Соли 1811 дар Литчфилди иёлати Коннектикут нависандахонуми амрикӣ Гарриет Бичер-Стоу ба дунё омад. Аз ҷумлаи нависандагоне буд, ки бо бардагӣ мухолифат мекард ва шомили ҷунбише буд, ки барои поён додан ба тиҷорати ғуломон ва озодсозии онҳо дар Амрико ва ғарби Аврупо шакл гирифта буд.
Маъруфтарин асари ӯ “Кулбаи аму Том” мебошад, ки соли 1852 мунташир шуда ва таъсири зиёде ба ҷанги дохилии Амрико ба ҷо гузоштааст. Мавзӯи амрикоиҳои африқоитабор ва озодсозии бардагонро матраҳ мекард.
“Дард”, “Хостгории кашиш”, “Мардуми шаҳри қадим”, “Зиндагӣ дар миёни бечорагон”, “Хотироти ширин аз сарзаминҳои бегона”, “Пирамарди шаҳрнишин”, “Сарзамини санавбарҳои нӯгтез” аз ҷумлаи китобҳои дигари Гарриет Бичер-Стоу мебошанд.
Соли 1817 дар Гайлдорф шоири олмонӣ Теобалд Кернер ба дунё омад. Вай писари Юстинус Карнер – духтур, нависандаи тиб ва шоири олмонӣ буд.
Худи ӯ низ аз рӯи ихтисос духтур буд. Барои ширкаташ дар ҷунбиши соли 1848 ба Страсбург фирор кард, вале соли 1850 ба ватан баргашт ва ба муддати 10 моҳ дар қалъа зиндонӣ шуд.
Соли 1837 дар Неапол дар синни 38 – солгаӣ шоир ва файласуфи итолёвӣ Ҷокому Леопардӣ аз олам гузашт. Аз вай ба унвони бузургтарин шоири қарни нуздаҳуми Италия ва аз номдортарин нависандагони мактаби романтизм ёд мекунанд. Ҳамчунин яке аз радикалтарин ва ҷанҷолбарангезтарин мутафаккири қарни нуздаҳум дониста мешавад.
Мероси назмии Леопардӣ хеле кам аст ва он соли 1813 дар маҷмуае таҳти унвони “Сурудҳо” нашр шуд.
Аа ҷумлаи асарҳои насрии ӯ “Очеркҳои ахлоқӣ” (Operette morali)-ро метавон ном бурд, ки иборат аз эссеҳои фалсафӣ буда, миёни солҳои 1824 – 1827 навишта шудаанд. Ҳамчунин китоби “Андешаҳо” ва “Рӯзномаи мулоҳизот”, ки ҳарду ҳам баъди марги муаллиф рӯи чоп омадаанд.
Соли 1886 дар Шеликово дар синни 63-солагӣ бар асари бемории ихтилоҷи рагҳои дил намоишноманависи машҳури рус Александр Островский аз олам гузашт. Вай 12-уми апрели соли 1823 ба дунё омада буд. Эҷодиёти ӯро марҳилаи басо муҳими рушди театри рус медонанд.
Пйесаи “Камбағалӣ айб нест”, ки муаллиф онро соли 1853 навишта буд, бори аввал дар Театри хурд 15 январи соли 1869 ба саҳна монданд.
Мунаққидони осори адиб мегӯянд театри рус маҳз аз Н.Островский оғоз мешавад. Маҳз ӯ буд, ки бо асарҳои мондагораш саҳнаи театрҳоро ба рӯзгори мардум наздик овард. Дар намоишномаҳои Островский ҳолатҳои маъмулии инсонҳои одӣ тасвир мешавад. Драмаҳо ба зиндагӣ ва психологияи инсон сарукор мегиранд.
Бо гузашти солҳо идеяҳои театрии Островскийро К.С.Станиславский ва М.Булгаков мантиқан ба поён расонданд.
Соли 1891 дар шаҳри Уст-Каменогорск нависанда, намоишноманавис, тарҷумон в аомӯзгори Шӯравӣ Александр Волков таваллуд шуд.
Дар синни 12-солагӣ аввалин романи худро навишт. Аз соли 1916 асарҳои ӯ рӯи чопро диданд. Солҳои 1920 пйесаҳои ӯ дар чандин театрҳои музофотӣ ба саҳна гузошта шуданд. Аз охири солҳои 1930 шуҳрати нависандагии ӯ боло рафт.
Китобҳои ӯ бо забонҳои зиёди дунё тарҷума ва нашр шудаанд ва бино ба оморҳои расмӣ бештар аз 25 миллион нусха китоби ӯ чоп ва ба фурӯш рафтааст.
Повесту романҳои “Ду бародар”, “Меъморон”, “Сафар ба ҳазораи сеюм”, “Оворагардӣ” маҳсули қалами ӯ мебошанд.
Соли 1927 дар Нортгемптон дар синни 68-солагӣ аз бемории сактаи қалб нависандаи ҳаҷвнигор, намоишноманависи англис Ҷерум Клапка Ҷерум фавтид. Вай муалиифи роман ва новеллаҳои “Се шахс дар як қоиқ”, “Рӯномаи як зиёрат”, “Мо чӣ гуна роман навиштем”, “Пол Келвер”, “Онҳо ва ман”, “Томми ва Ко”, “Энтони Ҷон” ва ғайра мебошад.
Соли 1949 дар Лос Анджелес нависанда ва муаррихи амрикоӣ Гарри Тертлдав зода шуд. Ӯро муаллифи асарҳои тахайюлии таърихӣ меноманд.
Соли 1986 дар Женева дар синни 86-солагӣ аз бемории саратони ҷигар нависанда, насрнавис ва мақоланависи аргентинӣ Хорхе Луис Борхес тарки олам кард. Ӯро аз барҷастатарин адибони Амрикои Лотин меноманд. Шуҳрати ӯ бештар барои навиштани достонҳои кутоҳ аст.
Яке аз машҳуртарин китобҳои ӯ “Достон” (1944), мебошад, ки асосан гулчинест аз ҳикояҳои кутоҳи муаллиф, ки худи ӯ интихоб кардааст.
Борхес дар умраш ақалан ягон роман ё повесте нанавишт, аммо дар навиштани достонҳои кутоҳ, яъне ҳикояҳо мумтоз шуд ва дар ҳавзаи адабии Амрикои Лотин касе дар ин жанр ба пояи ӯ нарасид.
Ӯ борҳо номзад барои дарёфти Ҷоизаи Нобели адабиёт буд, вале боре ҳам онро ба даст наёвард. Вале ҷоизаи миллии адабиёти Аргентинро аз худ кард.
Борхес биноии худро батадриҷ аз даст медод ва то охири умраш комилан нобино шуда буд.
Соли 1995 дар Санта-Феи иёлати Ню-Мексико нависандаи асарҳои тахайюлии ИМА Роҷер Желязни вафот кард. Вай 58 сол дошт. Барандаи ҷоизаҳои “Небюлло” ва “Ҳюго” буд.
Соли 2022 дар Тел-Авив дар синни 85-солагӣ шоири аҳли Исроил Авраам Б. Иегошуа аз олам гузашт. Вай барандаи ҷоизаи давлатии Исроил буд. Асарҳои ӯ бо 28 забони олам тарҷума ва нашр шудаанд. Рӯзномаи “Ню-Йорк-Таймс” ӯро “Фолкнери Исроил” номида буд.
Таҳияи Б.Шафеъ