Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 14-уми март

Рузи адибётСоли 1803 дар Ҳамбург год дар синни 78-солагӣ шоир ва намоишноманависи олмонӣ Фридрих Готлиб Клопшток аз олам рафт.

Марги одам”, “Сулаймон”, “Хатои ман”, “Ҳамосаи бузурги Масеҳнома”, “Шогирди юнониҳо” аз ҷумлаи китобҳои ӯ мебошанд, ки чоп шудаанд.

 Соли 1823 дар Мулен шоири фаронсавӣ, намоишноманавис, мунаққид, рӯзноманигор ва нависанда Теодор де Банвил ба дунё омад.  14-уми марти соли 1823 дида ба олам гушуд ва 13-уми марти соли 1891 чашм аз ҷаҳон барбаст.

Ӯ аз дӯстони Виктор Ҳуго буд ва аз шоирони барҷастаи асри худаш ба ҳисоб меравад.

Ашъораш дар маҷмӯаҳои “Баррасиҳои кӯчак: Фонуси ҷодуӣ”, “Табъидиҳо”, “Таронаҳои акробатик”, “Таронаҳои нави акробатӣ”, “Мо ҳама” чоп шудаанд.

“Ҳамсари Суқрот” яке аз намоишномаҳои ӯ мебошад, ки онро бо супориши Н.Островский Анна Мисовская ба русӣ тарҷума кардааст.

karl-marksСоли 1883 файласуф ва нависандаи асарҳои тахайюлии олмонӣ, таърихнигор, ҷомеашинос, назарияпардози сиёсӣ,  рӯзноманигор ва поягузори назарияи коммунизм Карл Марк тарки олам кард. Вай дар шаҳри Трир дар оилаи ҳуқуқшинос ба дунё омад ва дар донишгоҳ дар риштаи ҳуқуқ ва фалсафа таҳсил кард. Баъди издивоҷаш ба далели навиштаҳои сиёсӣ бо зану фарзандонаш ба Лондон табъид шуд. Дар Лондон вай бо Фридрих Энгелс ошно шуд ва ҳамроҳ бо ӯ барои татбиқи андешаҳои сиёсиаш талош кард.

Маъруфтарин навиштаи ӯ “Манифести ҳизби коммунист” буд. Асари сеҷидаи “Сармоя” низ барояш шуҳрат овард. Тафаккури сиёсии Маркс ва фалсафаи ӯ таъсири шигарфе дар таърихи рӯшанфикрӣ, иқтисодӣ ва сиёсии давраҳои пас аз ӯ гузошт.

Баъдҳо Владимир Ленин тавонист андешаҳои ӯро дар амал татбиқ кунад ва соли 1917 коммунистон бо роҳи инқилоб дар Русия ба пирӯзӣ расиданд ва ҳукумати асосгузоштаи Ленин 70 сол барҷо буд, то замоне, ки Михаил Горбачёв батадриҷ Иттиҳоди Шӯравиро пош дод ва ҷамоҳири тобеъи он, аз ҷумла Тоҷикистон ба истиқлолияти давлатӣ даст ёфтанд.

 Соли 1847 нависандаи бразилӣ Антониу ди Кастру Алвис ба дунё омад. Вай бо шеърҳои мухолифат бо бардагӣ машҳур аст. 6 июли соли 1871 аз олам рафт.

abdusalom-dehotyСоли 1911 дар деҳаи Боғи Майдони шаҳри Самарқанд шоир, нависанда, пажӯҳишгар маъруфи тоҷик Абдусалом Деҳотӣ ба дунё омад. Вай аз хатми мактаби миёна (1930) ва курси тайёрии мактаби олӣ (1931) дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ва шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд кор кардааст.
Соли 1935 ба Душанбе омада, дар вазифаҳои мудири шуъбаи танқид ва котиби масъули моҳномаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ», котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1938) ва котиби масъули моҳномаи «Шарқи Сурх» кор кардааст.

Маҷмӯаи «Шеърҳо ва ҳикояҳо» (1940) маҳсули эҷоди солҳои сиюми ӯро ҷамъбаст кардааст. Асарҳои дар солҳои ҷанг офаридаи ӯро китоби «Шеърҳои мунтахаб» (1945) фароҳам овардааст.
Дар давоми солҳои баъдина «Асарҳои мунтахаб» (1949, 1957), китобҳои «Ҳаёт қадам мезанад» (1961), «Бунафша» (1963), «Ҳадя ба хурдтаракон» (1954)-и ӯ ба табъ расидаанд.

Бо ду ордени «Байрақи сурхи меҳнат», ду ордени «Нишони фахрӣ» ва Ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
31 январи соли 1962 аз олам даргузашт.

Дар бораи Абдусалом Деҳотӣ матлаби дигар дар сомона дорем, ки лутфан муроҷиат кунед.

Соли 1984 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шоир ва фаъоли ҷамъиятии арман Ованнес Шероз аз олам гузашт.

temsin-mjuirСоли 1985 дар Уэлси Нави Ҷанубии Австралия нависандаи асарҳои тахайюлии аҳли Зеландияи Нав хонум Тэмсин Мюир дида ба олам кушод.

Вай қисмати бештари ҳаёти худро дар Ховик пушти сар кардааст. Ҳоло дар Оксфорди Британияи Кабир зиндагӣ ва кор мекунад.

Вай муаллифи силсилакитобҳои “Дахмаи баста” мебошад.

Соли 2020 сазовори ҷоизаи Локус шудааст. Номзад ба ҷоизаҳои Набюла ва Ҳюго низ будааст.

 Таҳияи Б.Шафеъ