Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 14 – уми март

асос1Соли 1801 шоир, намоишноманавис ва мақоланависи лаҳистонӣ Игнатси Краситски вафот кард. Игнатси аз оилаи графҳои Империяи муқаддаси Рум буд. Ӯ дар коллеҷи иезуитӣ дар Лвов (1743-1750) ва дар семинарияи католикии Варшава (1751-1754) таҳсил кардааст. Муаллифи асарҳои зиёдест, ки аз ҷиҳати жанр ва мавзӯъ гуногунанд: достонҳои қаҳрамонӣмазҳакавии «Мушейда» (1775), «Монахомахия» (1778, беимзо нашр шудааст) ва «Антимонахомахия» (1779); аввалин романи лаҳистонии «Саргузашти Миколая Досвиадчинский…» (1776); романи тавсифию дидактикии «Пан Подстолий…» (китоби 1, 1778; китоби 2, 1784; китоби 3, пас аз марг дар соли 1803 нашр шудааст); якчанд маҳзака, ки қисман ба эҷодиёти Молер тақлид мекунанд; масалҳои («Bajki i przypowieści», 1779; «Bajki nowe», 1802), маҳзакаҳои («Satyry», 1779; нашри мукаммалшуда 1784) маъмул буданд;

Романи «Таърихи ба ду китоб тақсимшуда» (1794) бо тарҷумаи русӣ дар Русия  шуҳрати калон пайдо кард.

Игнатси  ҳамчунин Энсиклопедияи дуюми оммавии лаҳистонии «Маҷмӯаи маълумоти заруртарин»-ро дар ду ҷилд тартиб додааст (“Zbiór potrzebniejszych wiadomości, Варшава, 1781-1783), ки аксари мақолаҳояш мутаалиқи ӯянд.

Инчунин муаллифи рисолаи назмӣ «Дар бораи шеър ва шоирӣ» (нашри 1803) мебошад.

Фридрих-Готлиб-Клопсток-11Соли 1803 дар Ҳамбург нависанда ва шоири олмонӣ Фридрих Готлиб Клопсток  дар синни 78-солагӣ даргузашт.

Фридрих Готлиб Клопсток  соли 1724 дар Олмон дар шаҳри Квадлинбург дар оилаи мансабдор ба олам омад. Айёми бачагии ӯ дар деҳа гузаштааст. Дар мактаби маъруфи пӯшида таҳсил карда, фанҳои илоҳиёт ва филологияро меомўхт.

Фридрих ба шарофати эҷоди достони «Масеҳ» шӯҳрат пайдо кард. Аз соли 1748 сарвари нависандагони ҷавони Лейптсиг шуд.

Соли 1750 қасидаи таъсирбахши «Кӯли Сюрих»-ро эҷод кард. Нависанда эҳсосоти динии худро дар асарҳои «Марги Одам» ва «Сулаймон» тасвир кардааст.

Клопсток як қатор қонунҳоро, ки барои ташаккули  ҳаракати самти адабиёт нигаронида шудаанд, эҷод кардааст. Ӯ ба кишвари худ содиқона хидмат мекард ва намунаи ибрати дигарон буд.

 

Соли 1823 дар Мулен шоир, намоишноманавис, мунаққид, рӯзноманигор ва нависандаи фаронсавӣ Теодор де Банвил ба олам омад.

Асарҳои аввалини  худро зери таъсири эҷодиёти шоирони хаёлпараст – Виктор Гюго ва Алфред де Муссет эҷод кардааст. Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ бо номи «Кариатидҳо» (кариатидаҳо – ҳайкалсутунҳо ба шакли зан дар намои иморат) соли 1842 дар чунин рӯҳияи ошиқона навишта шудааст.

Баъдан, бо таассуроти мавъизаи адабии Теофил Готе дар бораи «санъат ба хотири санъат», «Рисолаи хурд дар бораи шеъри фаронсавӣ» рўйи чоп омад.

Танқиди эстетикии ҷаҳони буржуазӣ дар маҷмӯаҳои «Қасидаҳои акробатӣ» ва «Қасидаҳои нави акробатӣ» инъикос ёфтааст, ки дар он муаллиф рӯҳияи тиҷории империяи дуюм, империяи «Бонк ва пул»-и Фаронсаро маҳкум мекунад.

Мақсадҳои сиёсие, ки дар тасвирҳои назмии муборизони Коммуна ифода ёфтаанд, дар маҷмуаҳои «Идиллияҳои Пруссия» ва «Нигинҳои Порис» ба назм оварда шудаанд.

Теодор узви гурўҳи шоиронаи «Парнассиён» буд, ки маҷмўаи «Парнаси муосир»-ро нашр мекард (се маротиба – солҳои 1866, 1869 ва 1876 чоп шудааст).

Теодор де Банвилл 13 марти 1891 дар Порис вафот кард.

Карл-МарксСоли 1883 файласуфи олмонӣ, рӯзноманигор ва нависандаи асарҳои илмӣ-тахайюлӣ Карл Маркс, асосгузори назарияи коммунизм даргузашт. Вай 5-уми майи соли 1818 дар оилаи корманди одӣ таваллуд шудааст. Дар айёми наврасӣ ба факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ дохил шуд. Дар аввал Маркс дар Донишгоҳи Бонн таълим мегирифт, вале баъд аз як сол ўро ба  Донишгоҳи Берлин гузаронданд ва 4 соли оянда дар он ҷо маълумот гирифт.

Дар соли 1839 ӯ ба касби рӯзноманигорӣ даст зад  ва баъд аз чанд муддат дар “Рӯзномаи Рейн” ба кор шурӯъ кард, ки баъдан муҳаррири он шуд. Аммо пас аз баста шудани рўзнома дар соли 1843 ба омӯзиши сотсиализм ва назарияи иқтисодӣ оғоз кард. Тобистони ҳамон сол издивоҷ карда, пас аз тӯй ба Порис муҳоҷират кард.

Карл Маркс дар Порис бо Энгелс шиносоӣ пайдо кард ва мунтазам ба ў кўмаки модиву маънавӣ мерасонд. Дўстӣ бо Энгелс ба ў як гармиву рўшанӣ мебахшид. Дар соли 1844 Маркс аз Порис ронда шуд ва ба Брюссел рафт ва дар он ҷо асарҳои «Оилаи муқаддас» ва «Идеологияи Олмон»-ро навишт. Дере нагузашта у «Манифести Партияи Коммунистӣ»-ро навишт, ки вай бисёр халқҳоро ба муборизаи инқилобӣ руҳбаланд намуд.

Дар давоми 10 соли охир ӯ дигар дар ташвиши пул кор кардан набуд, зеро ӯ аз саҳмияаш дар як корхонаи пахтаи Манчестер маблағи калон ба даст овард. Аммо кори худро дар болои эҷодиёти асосии худ — китоби «Капитал» давом дод. «Капитал» соли 1867 аз чоп баромад, вале вай ҳанўз ҳам болои он кор мекард, зеро иқтисодиёт ва сиёсат пеш мерафт ва назорати доимиро талаб мекард.

Карл Маркс файласуф низ буд. Вай бисёр назарияҳоро кор карда баромад ва роҳҳои ба коммунизм расиданро кашф кард. Мувофиқи назарияи ў, коммунизм пас аз капитализм ва сотсиализм меояд ва нуқтаи ниҳоии таҳаввули ҷамъияти инсонист. Карл Марксро дар давлатҳои сотсиалистӣ, ҳамчун сарвари ғоявии худ ва дигар давлатҳо ҳамчун файласуфи бузург эҳтиром ва қадр мекунанд.

Машҳуртарин асарҳои Карл: «Капитал», «Манифести Партияи Коммунистӣ», «Идеологияи Олмон» ба шумор мераванд.

Абдусалом-ДеҳотӣСоли 1911 дар деҳаи Боғи Майдони шаҳри Самарқанд шоир, нависанда, пажӯҳишгар маъруфи тоҷик Абдусалом Деҳотӣ ба дунё омад. Вай аз хатми мактаби миёна (1930) ва курси тайёрии мактаби олӣ (1931) дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ва шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд кор кардааст.
Соли 1935 ба Душанбе омада, дар вазифаҳои мудири шуъбаи танқид ва котиби масъули моҳномаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ», котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1938) ва котиби масъули моҳномаи «Шарқи Сурх» кор кардааст.

Маҷмӯаи «Шеърҳо ва ҳикояҳо» (1940) маҳсули эҷоди солҳои сиюми ӯро ҷамъбаст кардааст. Асарҳои дар солҳои ҷанг офаридаи ӯро китоби «Шеърҳои мунтахаб» (1945) фароҳам овардааст.
Дар давоми солҳои баъдина «Асарҳои мунтахаб» (1949, 1957), китобҳои «Ҳаёт қадам мезанад» (1961), «Бунафша» (1963), «Ҳадя ба хурдтаракон» (1954)-и ӯ ба табъ расидаанд.

Бо ду ордени «Байрақи сурхи меҳнат», ду ордени «Нишони фахрӣ» ва Ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
31 январи соли 1962 аз олам даргузашт.

Дар бораи Абдусалом Деҳотӣ матлаби дигар дар сомона дорем, ки лутфан муроҷиат кунед.

 Соли 1925 нависанда, шоир ва мунаққиди англис Ҷон Уэйн чашм ба олами ҳастӣ кушод.

Ҷон Уэйн дар оилаи зиёӣ ба воя расида, Донишгоҳи Оксфордро хатм кард. Баъди хатми донишгоҳ дар Донишгоҳи Рединг ба ҳайси муаллими адабиёти англисӣ кор мекард. Дар солҳои 50-уми асри ХХ Уэйн ҳамчун яке аз асосгузорони адабии ҳаракати «ҷавонони хашмгин» шинохта шуд. Аввалин романҳои ӯ «Шитоб ба поён» (1953) ва «Зиндагӣ дар замони ҳозира» (1955) равшантарин ифодаи эҳсосоти ҷавонони англис мебошад, ки дар солҳои аввали баъд аз ҷанг онҳоро фаро гирифта буд. Уэйн дар оғози фаъолияти эҷодиаш якбора чанд роман нашр кард: «Рақибон» (1958), «Зани мусофир» (1959), «Падарро бикуш» (1965), «Осмони хурдтар» (1967); маҷмӯаҳои ҳикояҳо: «Нанкле» (1960), «Марги пойҳои қафо» (1966), маҷмӯаҳои шеъру достонҳои «Майор Итерли» (1960), «Уайлдтрек» (1965).

Ҳамзамон Уэйн дар бораи нависандагони муосир ва нависандагони замони гузашта як қатор мақолаҳо ва китобҳо навиштааст. Дар соли 1957 «Очеркҳои пешакӣ»-ро нашр кард, ки барои он дар соли 1958 Ҷоизаи Сомерсет Моэмро соҳиб гардид.

Соли 1930 дар деҳаи Тошлик шоир ва нависандаи шӯравӣ ва рус Кирилл Ковалҷи, сардабири маҷаллаи «Кольцо A» (2013–2015) ба дунё омад.

Кирилл Владимирович Ковалҷи дар оилаи булғорию арманӣ ба воя расидааст.  Ў айёми бачагии худро дар Кахул ва Аккерман гузаронида, соли 1954 Донишкадаи адабии ба номи А.М.Горкийро хатм кардааст. Аз соли 1947 ашъораш ҳамчун шоир дар маҷаллаву рўзномаҳо нашр мешавад. Муаллифи як зумра китобҳои шеърӣ «Санҷ» (1955),  «Садоҳо» (1972), «Баъди нисфирӯзӣ» (1981), «Китоби лирика» (1993), «Остонаи ноаён» (1999), «Ба ту. То бозхост»  (2003), «Дона» (2005), «Мунтахабот» (2007) ва насрӣ романи «Саргузаштҳои Лиман» (1970), «Шамъ дар бодгард» (1996), «Бозгашти сарҳисоб» (2004) эҷод кардааст.

Дар Кишинёв ба ҳайси рӯзноманигор (1954-1959), мушовири раёсати Иттифоқи нависандагони СССР (1959-1970), сармуҳаррири маҷаллаи «Советская литература» (ба забонҳои хориҷӣ) (1970-1972) фаъолият кардааст.

Кирилл Владимирович  барандаи ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Маскав «Венец» (2000), ҷоизаи ҳафтаномаи «Поетоград» (2010), ҷоизаи маҷаллаи «Дети Ра» (2014) ва инчунин корманди шоистаи маданияти Федератсияи Русия (2006) ба шумор меравад.

Соли 1935 дар деҳаи Топкайн нависанда ва намоишноманависи қазоқ, Ҳунарпешаи шоистаи Қазоқистон (2000) Калихан Искаков таваллуд шудааст.

Баъди хатми мактаби миёнаи Жулдиз ба факултаи рўзноманигории Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ дохил шуда, онро соли 1957 хатм кардааст.

Асарҳои асоси ў «Қоңыр күз еді», «Менің ағаларым», «Бұқтырма сарыны», «Тұйық», «Қара орман», «Ақсужер жаннаты», «Күреңсе», «Беу, асқақ дүние», «Жан қимақ», «Бабье лето», «Кедры высокие»  ба шумор мераванд.

Дар асоси филмномаҳои Искаков филмҳои бадеии «Сарша тамыз» («Барф дар нимаи тобистон», 1968), «¥шй цирсиз жол» («Роҳи ҳазор чақрима», 1968), «Охрана бастыгы» («Сардори амният», 1976) ба навор гирифта шудаанд.

Нависанда баъди бемории тӯлонӣ 12 августи соли 2014 даргузашт.

Ахтаханов_РусланСоли 1953 дар Знаменский шоири чечен Руслан Ахтаханов, узви Иттифоқи нависандагони Русия, дорандаи ҷоизаи ба номи Артем Боровик, ноиби ректори Академияи муосири гуманитарӣ ба олам омад.

Руслан Ахтаханов Донишкадаи хўроквории Москваро хатм кардааст. Баъди баргаштан ба Чеченистон дар комбинати хўрокворӣ фаъолият кард, баъдан сарварии онро ба ўҳда гирифт. Дар вақтҳои холии худ шеър менавишт. Дар солҳои 1990-ум, Ахтаханов дар Маскав як ширкати хусусӣ таъсис дод, ки ба истеҳсоли маҳсулоти марбут ба беморони гирифтори бемории қанд машғул буд.

Атаханов бо ҳимояти нигоҳдории Ҷумҳурии Чеченистон ҳамчун як қисми Русия баромад кард ва аз ин сабаб  маъруф шуда буд, ки боиси норозигии ҷудоихоҳони радикалӣ гардид.

Ӯро дар Маскав 15 ноябри соли 2011 нисфи шаб бо зарби чанд тир куштанд.

Ребекка РоанхорсСоли 1971 дар Конвей, Арканзас нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ Ребекка Роанхорс, барандаи ҷоизаҳои Ҳуго ва Небула таваллуд шуд.

Ребекка Роанхорс ҳикояҳои кӯтоҳ ва романҳои тахайюлӣ навиштааст, ки дар он қаҳрамонҳои қабилаи Навахо ҳастанд. Ребекка дар Техаси Шимолӣ ба воя расидааст ва мегӯяд, ки “дар Форт Уорт ба кӯдаки сиёҳпӯсти маҳаллӣ дар солҳои 70 ва 80-ум хеле душвор буд“, аз ин рӯ вай ба хондан ва навиштан, бахусус адабиёти илмӣ-бадеӣ рӯ овард. Ўро аз хурдсолӣ як оилаи сафедпўст ба фарзандӣ қабул кард. Падараш профессори иқтисод ва модараш муаллими забони англисӣ дар мактаби миёна буданд. Модари Ребекка аввалин шуда,  ӯро дар навиштани ҳикояҳо ҳавасманд мекард. Вай баъдтар бо модари биологии худ шинос шуд, гарчанде ки онҳо хеле кам муошират мекунанд. Нависанда ҳоло дар Ню-Мексико бо шавҳар ва духтараш зиндагӣ мекунад.

 

Соли 1984 дар Ереван шоири арман Ҳованнес Шероз, классики назми арман дар синни 69-солагӣ даргузашт.

Ҳованес дар шаҳри Александропол (Гюмрӣ), дар авҷи Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, дар замони наслкушии арманиҳо, ки аз ҷониби туркҳои ҷавон оғоз шуда буд, ба дунё омадааст. Моҳи май соли 1918 Александропол аз тарафи туркҳо забт гардид. Падари Ҳованнес ҳангоми кор аз ҷониби сарбозони турк дар саҳро кушта шуд. Дар моҳи декабри ҳамон сол Александропол ба Арманистон баргардонида шуд. Ҳован дар ятимхона калон мешуд ва рӯзе тасодуфан дар бозор модараш Астгикро пайдо кард. Дар айёми наврасӣ Ҳованес ёвари кафшдӯз буд ва дар комбинати нассоҷии Ленинакан кор мекард.

Нахустин асараш «Оғози баҳор» соли 1935 ба табъ расид, ки баъд аз он нависанда Атрпет ба Ҳувании ҷавон тахаллуси «Широз»-ро дода, ашъори ӯро бо садбаргҳои шаҳри форсзабони Шероз муқоиса мекунад.

Солҳои 1937-1941. Шероз дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Ереван ва соли 1956 дар Донишкадаи адабии Маскав таҳсил кардааст.

Ҳованн Шероз классики назми арман аст. Мавзӯҳои асосии эҷодиёти ӯ романтика, ватандӯстӣ ва меҳри  модар мебошад. Шеърҳои Шероз бахшида ба кўҳи Арарат, генотсиди арманҳо, шаҳри таърихии Ани ва қаҳрамони миллӣ Андраник дар Арманистони Шўравӣ ва дар диаспораи арман бо теъдоди калон чоп шудаанд. Муаллифи шеъри фалсафии «Инҷилӣ» (1944) мебошад, ки ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст.

Аз ӯ маҷмӯаҳои «Оғози баҳор», «Садои шоир», «Лири Арманистон», «Симанто ва Хджезарэ», «Муҷассамаи модар», «Данте арманӣ» ва ғайраҳо чоп шудааст. Маҷмуаи «Умумиинсонӣ» соли 1975 сазовори Мукофоти давлатии РСС Арманистон гардид.

 

Тэмсин Мьюир 1Соли 1985 дар Уэлси Нави Ҷанубӣ, Австралия нависандаи асарҳои жанри тахайюлӣ Тэмсин Муир чашм ба олами ҳастӣ кушод.

Тамсин Муир бештари умри худро дар Ҳавик, як канори Оклэнди Зеландияи Нав сипарӣ кард ва инчунин дар Вайку ва маркази Веллингтон зиндагӣ мекард. Ҳоло ӯ дар Оксфорди Британияи Кабир ҳаёт ба сар мебарад.

Муир муаллифи силсилакитобҳои «Қабри қулфшуда» мебошад. Аввалин романи ин силсила  «Гидеон аз хонаи нӯҳум» ҷоизаи Locus 2020-ро  «барои беҳтарин романи аввалин» ба даст овард ва инчунин ба ҷоизаҳои Ҳуго ва Небюла  пешниҳод гардид.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА