Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 14-уми ноябр

як-рузи-таърихСоли 1812 дар шаҳри  Верони Италия шоир  Алеардо Алеарди ба дунё омад.

Соли 1823 дар Санкт-Петербург нависанда, шоир, адабиётшинос, хотиранавис, библиограф, адабиётшинос Михаил Лонгинов таваллуд шуд. Ӯ ҳамзамон як фаъоли давлатӣ, соҳибмансаб ҳам буд. Муддати чор сол дар вазифаи губернатори Орлов кор кард. Сарсонсори Русия буд ва дар вазифаи сардори сарраёсати табу нашри Вазорати корҳои дохилӣ ҳам кор кардааст.

Соли 1847 дар шаҳри Прага дар синни 74-солагӣ шоир ва адабиётшиноси чех Йозеф Юнгман аз олам гузашт. Вай 16 июли соли  1773 ба дунё омада буд.

Астрид-ЛиндгренСоли 1907 дар Виммербю нависандаи швед Астрид Линдгрен таваллуд шуд. Хонум Линдгрен нависандаи кӯдакон ва навҷавонон буд, ки теъдоди зиёде аз китобҳояш ба 75 забон тарҷума ва дар беш аз сад кишвари олам нашр шудааст.

Астрид Линдгрен  соли 2002 дар синни 94-солагӣ тарки олам кард. Ҳукумати Шветсия ба гиромидошти хотираи адиби маъруф “Ҷоизаи ёдбуди Астрид Линдгрен”-ро таъсис дод. Ин ҷоиза, ки маблағи он беш аз 5 миллион крони шведӣ мебошад, бузургтарин ҷоизаи нақдии ҷаҳон дар робита ба адабиёти кӯдакону навврасон дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Соли 1940 шоири Шӯравиву Русия Алексей Хвостенко ба дунё омад. Вай таронанавис, наққош ва намоишноманавис ҳам буд. Муаллифи беш аз 100 суруд ва чандин намоишнома буд. Песаҳои худро бо шарикмуаллифии Анри Волохонский-шоир, нависанда, намоишноманавис, файласуф ва олими эколог  эҷод кардааст.