Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 14 -уми сентябр
Соли 938 адиб, нависанда, шоир Абулқосим Исмоил бинни Уббод, ибни Аббос Соҳиб дар Истахр ба дунё омад. Вай вазири шиамазҳаби дарбори Рукнуддавла ва Фахруддавла Дайламӣ буд. Дар чаҳоруми зилҳиҷҷаи соли 324 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба сентябри 938 милодӣ мутаваллид шуд.
Мегӯянд ҳангоме, ки Нӯҳ бинни Мансури Сомонӣ, ҳокими Бухоро аз ӯ даъват кард вазорати давлаташро ба уҳда гирад, бо чанд далел, аз ҷумла ин ки аҳднома дораду онро хилоф намекунад ва баъдан барои кашидани китобҳои китобхонаи таъсисдодааш ба чаҳорсад бори уштур ниёз аст, рад кард.
Аз ҷумлаи хадамоти арзишманди Соҳиб ин кушодани дари китобхонаҳо ба рӯи аҳли илм ва мардум будааст.
Соли 1321 дар Равенн дар синни 56-солагӣ аз бемории вараҷа шоири машҳури Италия, илоҳиётшинос Данте Алигери вафот кард. Ӯро яке аз поягузорони забони адабии Италия медонанд. Асари ӯ “Мазҳакаи Илоҳӣ” яке аз машҳуртарин асарҳои адабӣ дар Аврупо ва умуман адабиёти Ғарб ба шумор меравад ва худи ӯро аз муҳимтарин шахсони таъсиргузор дар Ғарб донистаанд.
Дар канори “Мазҳакаи Илоҳӣ” асарҳои дигари ӯ бо номҳои “Зиндагонии нав”, “Зиёфат”, “Салтанат” ва “Оҳангҳо” низ машҳуранд.
Таърихи дақиқи таваллуди Данте маълум нест. Бокаччо гуфтааст, ки ӯ моҳи майи соли 1265 ба дунё омад. Худи ӯ низ таваллудашро миёни 22-май ва 21 июни соли 1265 медонад.
Брунетто Латини аз устодони аввалини Данте буд. То ба имрӯз макони таҳсили адиб маълум нест, аммо он ки таърихи гузаштаро хуб медонист ва бо адабиёту фалсафаи қадим ошно буд, шаке вуҷуд надорад.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ аз Данте Алигери бори аввал солҳои 1296 ва 1297 ёд мешавад. Соли 1302 Данте ҳамроҳ бо кулли аъзои ҳизбе, ки ба он мутааллиқ буд, аз Флоренсия хориҷ карда шуд. Баъди ин шоир дигар ҳаргиз ба зодгоҳаш барнагашт ва дар мусофират аз олам гузашт.
Соли 1851 дар шаҳри Куперстаун, иёлати Ню-Йорк дар синни 61-солагӣ аз бемории ҷигар романнавис ва танзпардози амрикоӣ Ҷеймс Фенимор Купер тарки олам кард.
Ӯро классики адабиёти моҷароҷӯёнаи Амрико, яке аз поягузорони жанри адабиву ҳунарии вестерн медонанд.
Соли 1916 дар шаҳри Мадрид дар синни 84-солагӣ муҳандис, риёзидон, сиёсатмадор ва яке аз намоишноманависони пешрав ба забони испониёӣ Хосе Эчегарай-и-Эйсагирре вафот кард. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1904 буд.
Хосе Эчегарай-и-Эйсагирре 19 апрели соли 1832 дар Мадрид зода шуд. Сесола буд, ки хонаводаи онҳо ба шаҳри Мурсия, шарқи Испания кӯчид ва Хосе маълумоти ибтидоӣ ва олиро дар ҳамин шаҳр ба даст овард. Таҳсилро дар 14-солагӣ хатм кард ва соҳиби унвони бакалаври илмҳои фалсафа шуд ва баъдан ба Мадрид баргашт. Дар Омӯзишгоҳи техникии Мадрид ба омӯзиши илми риёзӣ пардохт ва онро соли 1853 хатм кард. Баъдан муддати чанд сол муҳандис кор кард ва сипас дар ҳамон омӯзишгоҳ чун муаллими риёзӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Аз миёнаи солҳои 1860 Эчегарай дар ҳаёти сиёсии Испания фаъолона иштирок намуд ва баъди Инқилоби бошукӯҳи Испания дар вазифаи вазири корҳои ҷамъиятӣ таъин гардид, соле баъд ба мансаби вазири тиҷорат расид. Соли 1869 ба парламони Испания интихоб гардид ва бо ташаббуси вай Бонки Испания таъсис шуд.
Аз 60 намоишномаи Эчегарай ниме аз он дар шакли шеърӣ сохта шуд. Яке аз инҳо драмаи романтикии “Ҳамсари қасосгиранда” буд. Аввалин намоишномаҳояш ба ӯ шуҳрат оварданд.
Соли 1927 дар Коллин д’Оро дар синни 41-солагӣ аз саратони меъда шоир, намоишноманавис, эссенавис ва рӯзноманигори аҳли Олмон Ҳуго Балл вафот кард. Вай асосгузори ҷараёни додоизм дар адабиёти Олмон буд.
Осори Шопенгауэр ва Нитчаро хуб омӯхта буд. Аз ҷумлаи ширкаткунандагони фаъоли ҳаёти адабии Берлин дар давраи то Ҷанги аввали ҷаҳон буд. Аз ҷабҳаи Швейтсария фирор карда буд.
Соли 1964 дар шаҳри Москав дар синни 58-солагӣ бар асари бемории саратони гурда нависанда, рӯзноманигор, хабарнигори ҳарбӣ Василий Гроссман аз олам гузашт. Вай 12 декабри соли 1905 дар Бардичев зода шуда буд.
Машҳуртарин романи ӯ “Ҳаёт ва саранвишт” аст, вале онро соли 1961 КГБ мусодира намуд. Вай ба номи Хрушев нома навишт, аз ҷумла гуфт: “Аз Шумо хоҳиш мекунам ба китоби ман озодӣ диҳед, хоҳиш мекунам дар бораи дастнависҳои ман муҳаррирон баҳс кунанд, на кормандони Кумитаи бехатарӣ. Чун ҳақиқат нест дар ин вазъ озодии ҷисмонии ман маъно надорад. Китобе, ки барои навиштанаш умр сарф кардам, зиндонист. Ман онро навиштам ва ман ҳаргиз аз он даст намекашам, рад намекунам, ки навиштаи ман нест. Ман озодӣ барои китоби худ мехоҳам”.
Вале аз Котиби идеологии КМ КПСС Суслов посух гирифт, ки мегуфт: “баргардонидани дастнавис маъно надорад ва ин китоб танҳо баъди 200-300 сол метавонад дар СССР нашр шавад, на ҳоло”.
Як нусхаи дигари дастнависи романро дӯсти ӯ шоир Липкин нигоҳ медошт ва охири солҳои 1970 бо кумаки А.Сахарова ва В.Войнович ба Ғарб бурда шуд ва соли 1980 дар Швейтсария зери таҳрири тарҷумон ва адабиётшинос Шимон Маркиш ва адабиётшиносу тарҷумони Шӯравиву фаронсавӣ Ефим Еткинд ба забони англисӣ чоп шуд ва мавриди таваҷҷуҳи мунтақидон қарор гирифт. Чун бо услуби Лев Толстой навишта шуда буд, мунаққидон онро “Ҷанг ва сулҳ”-и қарни бистум номиданд.
Замони бозсозии горбачёвӣ, аниқтараш соли 1988 ин роман дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам рӯи чоп дид.
Соли 1982 дар иёлати Пансилвания дар синни 49-солагӣ дар як сонеҳаи нақлиётӣ нависандаи амрикоӣ Ҷон Гарднер ба ҳалокат расид. Вай 21 июли соли 1933 дар Батвия, иёлати Ню-Йорк таваллуд шуда буд.
Ҷон Гарднер дар оилаи воиз ва омӯзгори забони англисӣ тарбия ёфтааст. Аз хурдӣ ба адабиёт ва мусиқӣ шавқ зоҳир мекард. Дар соли 1951, Гарднер ба Донишгоҳи Депо дохил шуд, аз донишҷӯи факултети химия сар карда, дере нагузашта ба омӯзиши адабиёт гузашт. Дар соли 1953, пас аз издивоҷ, ӯ аз Донишгоҳи Депо ба Донишгоҳи Вашингтон дар Сент-Луис гузашт ва пас аз ду сол онро хатм кард. Дар соли 1956 дар Донишгоҳи Айова унвони устоди санъатро гирифт.
Соли 1971 маҷмӯаи шеърҳои асримиёнагии англисӣ аз ҷониби Гарднер тарҷума ва нашр шуданд, ки миёни онҳо “Марги Артур” низ буд. Гарднер аз соли 1974 ба омўзиши достони Гилгамеш машғул шуда, соли 1976 ба тарҷумаи назми ин эпосро, ки барои оммаи васеъ мувофиқ шудааст, шуруъ намуд. Ин иқдомро ў соли 1982, чанде пеш аз маргаш анҷом дод.
Гарднер ба достони «Беовулф» таваҷҷӯҳи хоса дошт, ки дар ин мавзу ӯ дар донишгоҳҳои гуногун як қатор машғулиятҳо гузаронидааст.
Дар миёнаҳои солҳои 1970 Гарднер мубталои саратони рӯдаи рост шуд. Дар ибтидои солҳои 80-ум ӯ бо мушкилиҳои зиёд корашро идома медод. Бо вуҷуди ин, дар соли 1980 ӯ ба ҳамкори худ аз Донишгоҳи Ню-Йорк Лиз Розенберг издивоҷ кард. Оилаи ҷавон ба Сускеанна, Пенсилвания кӯчиданд ва дар бахши донишгоҳ корашонро идома доданд. Онҳо соли 1982 бар асари муносибати байни Гарднер ва нависанда Сюзан Шрев аз ҳам ҷудо шуданд.
Вале Ҷон Чемплин Гарднер 14 сентябри соли 1982, ду ҳафта пеш аз тӯйи таъиншудааш бо Сюзан Шрев дар садамаи автомобилӣ даргузашт. Пас аз марги Гарднер, ду дастурамал барои нависандагони оянда «Санъати адабиёт» ва «Чи тавр романнавис шавам?» рўйи чоп омаданд.
Соли 1982 нависанда, рӯзноманигор ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Ҷумъа Одина аз олам гузашт. Вай 13 марти соли 1930 дар деҳаи Нигноти Панҷекат ба дунё омада буд. Мактаби ҳафтсоларо дар кишвари Ставропол, ки аҳли оилаашон дар табъид буд, анҷом додааст. Муддате муаллимӣ кардааст. Соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм кардааст. Соли I956 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба поён расондааст. Солҳои гуногун муҳаррири нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи маҷаллаи «Тоҷикистон», муҳаррири Радиои тоҷик, мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», муовини сармуҳаррири Кумитаи табъу нашри Ҳукумати ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» ва ходими адабии рӯзномаи «Маориф ва маданият» будааст.
Асарҳояш аз солҳои 60-ум ба чопшавӣ cap кардаанд. Соли 1964 дар моҳномаи «Садои Шарқ» қиссаи аввалинаш «Авроқи рангин», соли 1968 қиссаи дигараш «Иншо дар мавзӯи озод» ба табъ расидаанд. Соли 1970 ҳар ду қисса бо номи «Авроқи рангин» дар як муҷаллад аз чоп баромадаанд. Соли 1973 маҷмӯаи ҳикояҳояш «Чанбари оташ» чоп шудааст. Соли 1978 романи «Гузашти айём»-ро навишт, ки рӯҳия ва мундариҷаи он ба сиёсати ҳукумати давр чандон созгор набуд. Романро нашриёти «Ирфон» чоп карда бошад ҳам, ба дасти хонандагон нарасид. Соли 1989 роман бори дигар аз тариқи нашриёти «Адиб» ба табъ расид ва муаллиф, пас аз маргаш, соли 1990, сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардонда шуд.
Пас аз вафоти нависанда бобҳое аз романи нотамоми «Искандари Мақдунӣ» дар матбуот чоп шуданд.
Дар тарҷумаи бадеӣ ҳам пешдаст буд. Зиёда аз 20 асари нависандагони шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст, ки романҳои В.Сабко «Кафолати сулҳ», И.Шамякин «Дил дар кафи даст», В.Латсис «Писари моҳигир», Г.Марков «Сибир» аз он шумуланд.
Аз соли 1966 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 1984 дар шаҳри Тифлис баъди чорумин сактаи қалбӣ нависандаи машҳури гурҷӣ Нодар Думбадзе аз олам гузашт. Вай 14 июли соли 1928 дар Тифлис дида ба олам кушода буд.
Волидони нависанда соли 1937 ба ҳабс гирифта шуданд ва барои Нодари хурдсол зиндагии сангини писари “душманони халқ” оғоз шуд. Онҳоро танҳо дар соли 1956 сафед карданд. Соли 1946 модари нависанда Анико Думбадзе-Бахтадзе аз қароргоҳ баргашт. То ин дам Нодар мактаби миёнаро дар деҳаи Хидистави хатм карда, дар он ҷо бо бобояш Кишварди Думбадзе ва модаркалонаш Олга Хинтибидзе зиндагӣ мекард.
Олга Хинтибидзе пас аз 14 сол қаҳрамони асосии достони машҳури «Ман, бибиам, Илико ва Илларион» (1960) мегардад, ки ба нависанда шуҳрати гўшношунид овард. Думбадзе баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тифлис, дар он ҷо чанд сол лаборант шуда кор кард. Дар вақтҳои холии худ ба адабиёт машғул шуда, аз соли 1957 худро ботамом ба он бахшидааст. Дар маҷаллаҳои гурҷии «Тулўъ» ва «Тимсоҳ» кор карда, чанд сол дар киностудияи «Грузияфилм» фаъолият доштааст. Аз соли 1965 то соли 1973 сардабири маҷаллаи «Тимсоҳ» ва аз соли 1981 то дами марг раиси Иттифоқи нависандагони Гурҷистон буд. Аввалин ашъори Нодар Владимирович соли 1950 дар алманахи Донишгоҳ «Нури аввалин» чоп шуда буд.
Дар солҳои 1956-1957 се китоби ҳикояҳои мазҳакавиаш аз чоп баромад, ки дарҳол ҳаводорони зиёд пайдо карданд. Баъди шеърҳои бачагона ва маҷмуаи ҳикояҳои солҳои 1960-1962 роману повестҳо пайдо шуданд, ки Нодар Думбадзе ҳамчун яке аз насрнависони барҷастаи замонаш шуҳратманд шуд. Аз он ҷумла: «Офтобро мебинам» (1962), «Шаби офтобӣ» (1967), «Натарс, модар». (1971), «Парчамҳои сафед» (1973), «Қонуни абадият» (1978) мебошанд. Ҳамаи ин романҳо ва бисёр достонҳои нависанда даҳҳо бор чоп шуданд. Нодар Думбадзе муаллифи шеъру достонҳо, асарҳои бачагона, мақолаҳои публитсистӣ ва ёддоштҳои зиёд аст.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ