Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 15-уми июл
Соли 1852 Лев Толстой аз Қафқоз дар маҷаллаи “Современник”-и Некрасов аввалин асари бадеии худ – повести “Бачагӣ”-ро фиристод. Ин аввалин бахши асари сегонаи тарҷумаҳолии адиби маъруф мебошад.
Ҳарчанд “Бачагӣ” як асари тарҷумаиҳоист, вале он на чун китоби хотирот аст, балки асари комилан бадеист. Адиб бар пояи саргузаштҳои худ бо иловаи образҳои зиёд тавонист як асари мондагор нависад. Лев Толстой бармаҳал модарашро аз даст дода буд, аз ин рӯ вай дар ин асараш образи модарро аз тахайюл меофарад ва рӯйдодҳои баъди марги ӯро ба қалам меорад.
Образи падар низ дар “Бачагӣ” ҳеч умумияте бо падари адиб надорад ва он симои ҳамсояи онҳо Александр Исленйев аст, ки ҳатто худро дар ин повест шинохтааст. Ва чанд образи дигари офаридаи Толстой дар “Бачагӣ” асл нестанд, балки прототип доранд.
Соли 1904 дар Баденвайлер дар синни 44-солагӣ нависанда ва намоишноманависи маъруфи рус Антон Павлович Чехов аз олам гузашт. Вай 29-уми январи соли 1860 дар Таганрог ба дунё омада буд.
Чехов классики адабиёти ҷаҳон ва яке аз маъруфтарин намоишноманависҳои дунёст. Академики фахрии Академияи илмҳои Император дар бахши адабиёти зебо (1900-1902) буд.
Асарҳои ӯ ба зиёда аз сад забон тарҷума шудаанд. Пйесаҳои ӯ, ба хусус «Моҳихӯрак», «Се хоҳарон» ва «Боғи олуболу» беш аз сад сол боз дар бисёр театрҳои ҷаҳон ба саҳна гузошта шудаанд.
Чехов дар давоми 25 соли эҷодиёти худ зиёда аз панҷсад асари гуногун офаридааст, ки қисми зиёди онҳо ба классикаи адабиёти ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Махсусан асарҳои «Биёбон», «Ҳикояи дилгир», «Дуэл», «Хобгоҳи № 6, «Хонаи болохонадор», «Ҷонона», «Беқарор», «Нақли марди номаълум», «Мардон» «Одам дар ғилоф», «Дар ҷарӣ», «Бачаҳо» ва песаҳои «Фалокат дар шикор»; «Иванов», «Моҳихӯрак», «Ваня–амак», «Се хоҳарон», «Боғи олуболу» хеле ҷолибу шавқоваранд.
Чехов ба ғайр аз кори адабӣ ва тиббӣ ба фаъолияти хайриявӣ аз ҷумла ёрӣ расондан ба кўдакон ва деҳқонони гурусна, бечорагон ва беморони сил аҳамияти калон медод.
Дар Тоҷикитсон низ Антон Чехов ба унвони як нависандаи маъруф шинохта мешавад ва повесту ҳикояҳояш борҳо аз ҷониби адибони шинохтаву мутарҷимони пуртаҷриба тарҷума ва чоп шудаанд. Охирин китобе, ки аз Чехов ба дасти хонандаи тоҷик расид, “Панҷоҳ ҳикоя” ном дошт, ки бо талоши адиб, пажӯҳишгар ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Обид Шакурзода ба чоп расид.
Соли 1915 дар шаҳри Рум дар синни 77-солагӣ нависандаи итолёвӣ Рафаэлло Ҷованоли тарки олам кард. Ӯ бештар бо романи “Спартак” машҳур шуд ва ин асар боис гардид, ки адиб баъдтар як силсила романҳои таърихӣ дар бораи гузаштаи империяи Рум навишт.
Соли 1919 дар Дублин нависанда ва андешаманди британиёиву ирландӣ Айрис Мёрдок зода шуд. Ӯро ба хотири романҳояш дар бораи хайру шар, ахлоқ, равобити ҷинсӣ ва қудрати зеҳни нохудогоҳ мешиносанд. Донишомӯхтаи фалсафа аз донишгоҳи Оксфорд буд.
Ба адабиёт дар синни 35 солагӣ ворид шудааст, вале то ин дам чанд романе навиштаву чун шоистаи чоп надонистааст, бо дастони худаш аз байн бурдааст.
Романҳои “Зери тур”, “Парвози хушбахтӣ”, “Занг”, “Гули сурхи ғайрирасмӣ”, “Духтари итолёӣ”, “Сурх ва сабз”, “Даврони фариштагон”, “Зебо ва хуб”, “Шикасти обрӯманд”, “Марди тасодуфӣ”, “Шоҳзодаи сиёҳ”, “Дарё, дарё”, “Шогирди файласуф” мутааллиқ ба қалами ӯ мебошанд.
Ғайр аз роман Мёрдок боз асарҳои фалсафӣ ва намоишномаҳо дорад. Замоне, ки издивоҷҳои ҳамҷинсгароён дар Британияи Кабир ҷиноят дониста мешуд, Мёрдок ба ин масъала ҳам таваҷҷуҳ кард ва асар офарид.
Солҳои охири умр адиб гирифтори бемории заволи асабӣ (Алсгеймер) шуда буд.
8 феврали соли 199 дар хонаи пиронсолон аз олам гузашт ва бойгонии вай ба Донишгоҳи иёлати Айова тааллуқ гирифт.
Дар зиндагии шахсӣ муваффақ набуд. Солҳои ҷавонӣ ишқварзиҳои зиёду парешоне чӣ бо мардон ва чӣ бо занон доштааст ва дар миёни ошиқонаш барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1981 Элиас Канетти –нависанда, намоишноманависи британиёиву австралиёӣ низ будааст.
Боре издивоҷ ҳам кардааст ва аввалину охирин шавҳари ӯ профессори соҳаи адабиёт Ҷон Бейли будааст. Аммо бефарзанд аз ҳам ҷудо шудаанд.
Соли 1921 дар шаҳри Мариан дар синни 50-солагӣ шоири намодгарои аҳли Бразилия Алфонс де Гимарайнс аз олам гузашт. Вай 24 июли соли 1870 дар иёлати Минас-Жерайс таваллуд шуда буд.
Соли 1954 дар шаҳри Панҷекенти вилояти Суғд адиби маъруфи тоҷик Баҳманёр Аминӣ чашм ба олам кушод. Пас аз хатми донишгоҳ соли 1977 ба унвони муҳандиси тарҳрез (инжинер-методист) дар Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография машғули кор шуд.
Соли 1981 ба рӯзномаи навтаъсиси “Маданияти Тоҷикистон” ҳамчун рӯзноманигори бахши ҳунар ба кор даъват гардид.
Аз соли 1983 то соли 1985 дар Либиё ба сифати тарҷумон аз русӣ ба арабӣ ва аз арабӣ ба русӣ адои хидмати ҳарбӣ намуд. Пас аз бозгашт ба Ватан дар рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон”, ки ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” табдили ном карда буд, корро идома дод.
Аз соли 1987 то соли 1993 ба унвони мудири бахши насри моҳномаи “Садои шарқ” машғули кор буд.
Бо вуқӯъи воқеаҳои нохуш ночор ба зогоҳаш баргашт. Он ҷо сардабири рӯзномаи “Самандар” ва моҳномаи “Дайри муғон” таъйин гардид. Соли 1997 барои қиссаи “Заринаи Зарнигор”, ки дар моҳномаи мазкур чоп шуда буд, барандаи ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ дониста шуд.
Соли 2003 ба Душанбе баргашт.
То охири умр ҷонишини сардабири моҳномаи “Садои шарқ” буд.
Маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номҳои “Ишқи сайёд”(1984), “Аспи обӣ”(1988), “Дуди ҳасрат”(1994), “Сармаддеҳ”(2002) ба чоп расиданд. Соли 1991 мунтахаби ҳикояҳояш ба забони русӣ бо номи “Песень идюшего в петлю” дар тарҷумаи Хуршеда Даврондухт нашр гашт. Маыаллаи “Согласие”-и шаҳри Маскав нӯҳ ҳикояи ӯро бо пешгуфтори Темур Зулфиқоров ба табъ расонид.(Соли 1995 № 1).
Нахустин романаш бо номи “Шоҳаншоҳ” аввал дар моҳномаи “Садои шарқ” баъд аз тариқи нашриёти “Истеъдод” манзури хонандагон гашт.
Соли 2014 ду китобаш, яке бо номи “Сармаддеҳ” (Китоби дувум) ва “Турфаҳо”(Баргадон, тарҷума ва гирдоварӣ аз Баҳманёр) ба чоп расиданд.
“Сармаддеҳ” соли 2015 бо ҳуруфи форсӣ дар Лондон ба табъ расид.
Ҳикояҳояш ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд.
Узви Иттиҳодияи нависандагони СССР аз соли 1987 буд.
Баҳманёр 10-уми ноябри соли 2020 дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.
БАҲМАНЁР: Асари комил ҳамин Қуръон аст, ки онро Худованд офаридааст.
Соли 1986 дар синни 49-солагӣ нависанда, ҳаҷвнигор ва рӯзноманигори Шӯравӣ Евгений Дубровин вафот кард. Вай муаллифи повестҳои зиёд ва даҳ соли охир сардабири маҷаллаи “Крокодил” буд.
“Дар интизори буз”, “Ҳайвонҳои ваҳшии олам”, “Дафтари шотландӣ”, “Мизе дар шакли трамвай”, “Ҷияни соҳир”, “Бонуе аз Миррих”, “Хонаи булӯрӣ”, “Суҳбати сари чой дар оила”, “Афсонаи аблаҳона”, “Ғори аҷиб” ва ғайра номҳои китобу асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1995 дар синни 66-солагӣ шоири тоҷик Бурҳон Фаррух (Маҳкамов Бурҳон) аз олам гузашт. Вай 10 августи соли 1929 дар деҳаи Саримазори ноҳияи Конибодом зода шуда буд. Соли 1948 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст. Чанде дар омӯзишгоҳ ва мактабҳои зодгоҳаш дарси забон ва адабиёт гуфтааст.
Солҳои 1950-1953 дар хизмати ҳарбӣ будааст. Баъдан дар созмонҳои ҳизбӣ вазифаҳои гуногунро адо кардааст. Соли 1956 котиби КМ ЛКСМ Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз соли 1957 муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва моҳномаи «Машъал» будааст. Муддате мудирии шуъбаи нашриёти «Ирфон» ва ҷонишинии сармуҳаррири нашриёти «Маориф»-ро бар уҳда доштааст.
Китобҳои зиёдаш ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон «Субҳи баҳор» (1964), «Асрори як мактуб» (1965), «Ҷавониро месароям» (1970), «Гунбади сеҳрнок» (1974), «Суруди зиндагӣ» (1976), «Хандаи бахт» (1979), «Хандаи иқбол» (1981), «Хатои охирин» (1984) ва ғайра мебошанд.
Ба русӣ маҷмӯаҳои «Поэма о слепом друге» (1969) ва «Мелодия молодости» (1984)-аш чоп шудаанд. Иддае аз шеърҳояш ба бисёр забонҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд. Китоби «Гунбади сеҳрнок» (1983) ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва мунташир гардидааст.
Бо чанд нишону ифтихорномаи ҳукуматӣ сарфароз гардидааст.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 1999 дар синни 63-солагӣ доктори илмҳои филология, профессор Аълохон Афсаҳзод аз олам гузашт. Ӯ аз ҷумлаи маъруфтарин пажуҳишгарони кишвар буд. Донишманди шинохта, матншиноси барчаста. Ҳамагӣ 63 сол умр дид, вале аз худ осори гаронбаҳое ба мерос гузошт.
Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод 10- ўми ноябри соли 1935 дар деҳаи Воруи ноҳияи Панҷакент дар оилаи деҳқон зода шудааст.
Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон чанд муддат омўзгор буд. Соли 1961 дар вазифаи лаборант ва баъд ходими хурд ва калони илмии Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон ( солҳои 1962-1968) кор кардааст. Аз соли 1971 то охири умраш мудирии шуъбаи матншиносӣ ва нашри осори адабии Пажўҳишгоҳи осори хатии АУ ҷумҳуриро ба ўҳда дошт.
Мавсуф таълифоти зиёд ва гуногунсоҳа дорад. Муаллифи қариб 30 рисолаву китоб ва беш аз 500 мақола буда, бештар ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Абдураҳмони Ҷомиро ҳаматарафа таҳқиқ кардааст. Дар асарҳояш мавқеъи зиндагӣ ва фаъолияти адабии шоирро вобаста ба ҳаёти иҷтимоиву сиёсии давр таҳлилу баррасӣ менамояд. Чанде рисолаҳои илмию оммавиаш таҳқику омўзиши эҷодии Абўабдулло Рўдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, адибони муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҷало Икромӣ, Ғанӣ Абдулло ва дигарон бахшида шудаанд.
Дар бисёр мақолаҳои Афсахзод масъалаҳои драматургия ва театр ҳаллу фасли худро ёфтаанд. 12 асари саҳнавӣ, аз ҷумла драмаҳои Жан Жак Руссо, “Ашрофтарош”- и Моллер, “Ҷои сердаромад” ва “ Гирдоби бало”, “ Варта”- и А. Н. Островский, “ Шоҳи уриён”- и Е. Шварс, “Гули сиёҳ”- Соҳиб Ҷамол асари С. Азимов ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Афсаҳзод яке аз мураттибони тазкираи шуарои муосири Эрон “Амвоҷи қорун”( соли 1973) ва таҳиякунандаи чанд китобу мақола мебошад, ки онҳо дар Маскав, Кобул ва Тошканду Боку ба табъ расидаанд.
Афсаҳзод доктори илми филология ( соли 1881) мебошад ва ба унвони илмии профессорӣ (соли 1988) ноил гаштааст. Саҳми устод дар инкишофи илму фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст. Зери назари ў нахустин ҷилди “Феҳрасти дастнависҳои тоҷикию форсӣ”-и Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаст.
Ў узви Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ (1989) ва Арбоби Шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ( 1995) мебошад.
15-уми июли соли 1999 дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.
Маълумоти бештар дар бораи олими шинохта инҷост:
СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ АЪЛОХОН АФСАҲЗОД
Таҳияи Б.Шафеъ