Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 15-уми март
Соли 1830 дар шаҳри Берлин нависандаи олмонӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт Паул фон Ҳейзе ба дунё омад. Падараш забоншиноси маъруф ва модараш ҷавоҳирсози дарбор буд.
Паул таҳсилоти худро дар Берлин ва Бонн дар риштаи забонҳои лотинӣ ва юнонӣ гирифт.
Аввал чандин шеър аз итолёвӣ тарҷума кард. Сипас, ба кори нависандагӣ ҷиддан машғул шуд. 60 намоишнома ва чандин роману достонҳои кутоҳ эҷод кард.
Соли 1910 сазовори ҷоизаи Нобели адабиёт шуд. Яке аз доварони ҷоиза дар бораи ӯ гуфт: “Баъд аз Ҳуте чунин нобиға надоштам”.
“Бачаҳои дунё”, “Еленаи бадбахт ва кӯрон”, “Маркиза”, “Интизории зан” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1924 дар шаҳри Орски вилояти Оребург нависандаи маъруфи Шӯравии рус ва филмноманавис Юрий Василевич Бондарев ба дунё омад. Вай дар вазифаҳои гуногуни Иттиҳоди нависандагони Шӯравӣ ва Федератсияи Русия кор кардааст. Узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои гуногуни адабӣ будааст.
“Барфи гарм”, “Соҳил”, “Интихоб”, “Бозӣ”, “Секунҷаи Бермуд”, “Ҷавонии фармондеҳон”, “Хешовандон” аз ҷумлаи романҳо ва повестҳои ӯ мебошанд.
Аз рӯи аксари асарҳои ӯ филмҳо бардошта шудаанд.
Бондарёв 29-уми марти соли 2020 дар синни 96-солагӣ аз олам рафт.
Соли 1924 аввалин шумораи маҷаллаи “Пионер”, ки замоне дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз машҳуртарин маҷаллаҳобарои атфол маҳсуб мешуд, аз чоп баромад. Он аз соли 1924 то соли 1916 муттасил чоп мешуд.
Дар саҳифаҳои ин маҷалла Н.Крупская, М.Калинин, А. Луначарский, Н.Семашко, С.Маршак, А.Гайдар, К.Паустовский, С.Есенин, С.Михалков барин шахсиятҳои сиёсиву адабӣ, шоирону нависандагони шинохта матолиби худро чоп кардаанд.
Соли 1980 дар деҳаи Ялдамичи ноҳияи Рашт шоири тоҷик Худойдоди Зайниддин таваллуд шудааст. Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои шеърии «Хандаи субҳ» (1999), «Диле, дил…» (2002), «Сапедоро» (2006) ба табъ расидаанд.
Барандаи Ҷоизаи ба номи Лоиқ Шералӣ «Падида» мебошад.
Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1945 адиби тоҷик Обид Исматӣ аз олам гузашт. Вай соли 1905 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Фаъолияти эҷодияш аз охири солҳои бистуми асри гузашта ҳамчун суруднавис ва драманигор оғоз ёфтааст. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Падидаҳои тоза» (1930), «Баҳори болшевикӣ» (1932), «Мо бунёдкоронем» (1934), «Маҷмӯаи сурудҳо» (1934), асари саҳнавии якқисмаи «Танбал» (1934) мебошад.
Ба ҷамъоварӣ ва омӯзиши адабиёти шифоҳии мардум ҳам шуғл варзида, соли 1934 китоби «Адабиёти халқии тоҷикӣ»-ро чоп кардааст.
Дар бораи сарфу наҳви алифбои нав чанд мақолааш дар рӯзномаҳои «Бедории тоҷик», «Овози тоҷик», «Тоҷикистони Сурх», моҳномаҳои «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалитӣ» ва ғайра чоп шудаанд. Дастури «Омӯзиши алифбои нави лотинӣ-тоҷикӣ» аз ӯст.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор шоир ва нависандаи тоҷик Ҳамид Обидӣ дида ба олам кушодааст. Соли 1928 муҳассили Донишкадаи муаллимини Тошканд шуда, баъди хатми он моҳи майи соли 1930, ба Душанбе омадааст. Дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Барои маорифи коммунистӣ», «Тоҷикистони Сурх», «Васияти Ленин», «Пионери Тоҷикистон», Нашриёти давлатии Тоҷикистон ва Трести совхозҳои ҷумҳурӣ кор кардааст. Аз моҳи августи соли 1942 дар хидмати ҳарбӣ (Ҷанги Бузурги Ватанӣ) буда, соли 1943 баъди захмӣ шудан, ба ватан баргаштааст. Муддате котиби КМ комсомоли ҷумҳурӣ ва муҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» будааст.
Фаъолияти эҷодияш аз соли 1932 сар шуда, нахустин шеъру ҳикояҳояш дар маҷмӯаҳои «Қадамҳои комсомол» (1933) ва «Садои мо» (1935) чоп шудаанд. Мақолаву очеркҳояш дар китоби «Тӯҳфа» (1938) фароҳам омадаанд. Соли 1939 драмаҳои «Пионер дар сарҳад» ва «Ғаюр» (дар ҳамқаламии А. Усмонов ва Б. Умарӣ)-ро ба қалам овардааст.
Достонҳои «Писари партизан», «Ҷавонӣ ва қаҳрамонӣ» ва «Депутатқаҳрамон»-аш солҳои ҷанг ба табъ расидаанд.
Бо нишонҳои ҷангӣ ва ифтихорномаҳои ҳукуматӣ мукофотонида шудааст.
Аз соли 1935 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
15 марти соли 1948 аз олам даргузашт.
Соли 1937 дар деҳаи Fаззаи ноҳияи Панҷекат, дар хонадони деҳқон Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод ба дунё омададааст.
Адабиётшиноси маъруф, профессор марҳум Худойназар Асозода дар бораи Ӯрун Кӯҳзод дар китобаш “Адабиёти тоҷик дар садаи 20” менависад:
“Ӯрун Кӯҳзод аз насли адибони солҳои шастум мебошад. Нахустин достонҳои кӯтоҳу (ҳикояву) очеркҳои ӯ оғози солҳои шаст чоп шудаанд. Тавре ки ишора рафт, муаллифи доимии маҷаллаҳои “Садои Шарқ” ва “Хорпуштак” будааст. Аввалин маҷмӯаи насрии ӯ соли 1972 таҳти унвони “Сареву савдое” чоп шуд, ки мундариҷаи онро асарҳои ҳаҷвиву мазҳакавӣ ташкил додаанд. Соли 1975 ду қисса бо номҳои “Роҳи ағба” ва “Писанддара” рӯи чопро диданд. Ин осор аз рӯзгори чӯпонҳо ва масъулиятмандии инсон дар назди ҷомеа ва бархе ҷиҳатҳои этнографии мардуми кӯҳистон баҳс менамояд. Баъд аз як сол қиссаи дигари ӯ – “Андешаҳо дар танҳоӣ” (“Кини Хумор”) дар мавзӯи ахлоқу маънавиёти инсонӣ тақдими алоқамандон мегардад. Соли 1978 нависанда дар паҳлӯи ин қисса чанде аз достонҳои кӯтоҳашро гузошта, таҳти унвони “Кини Хумор” маҷмӯае ба табъ расонд. Ҳамин солҳо ба муносибати ҷашни садсолагии устод Садриддин Айни дар “Садои Шарқ” қиссаи навашро бо номи “Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз” чоп кард, ки он дар мавриди рӯзгори Садриддин Айнӣ баҳс менамояд”.
Дар бораи Ӯрун Кӯҳзод дар сомона матлаби дигар дорем, ки лутфан таваҷҷуҳ намоед.
Соли 1945 дар деҳаи Ховалинги ноҳияи Восеъ шоир, тарҷумон ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Ҳабибулло Файзулло ба дунё омад. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе буда, дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Вечерний Душанбе» ходими адабӣ будааст.
Соли 1973 Донишкадаи адабиёти ба номи М. Горкийи Маскавро хатм кардааст. Ходими Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, корманди рӯзномаи «Маориф ва маданият», масъули Шӯрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.
Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-уми қарни гузашта чоп шуда, диққати хонандагон ва устодони назми муосири тоҷикро ҷалб намудаанд.. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Қатраи борон» (1966), «Дунёи ҷавонӣ» (1971), «Рози дарё» (1974), «Дидори орзуҳо» (1979), «Обшори Офтоб» (1981), «Чилчанор» (1982) ва ғайра мебошад. Пас аз маргаш китобҳои «Зи нав зинда шавем….» (1985) ва «Девон» (1995)-и ӯ чоп шудаанд.
Дар Маскав китобҳои ӯ «Яблонка» (1972) ва «Боль» (1990) ба чоп расидаанд.
Ашъори алоҳидаи А. Пушкин, М. Лермонтов, В. Шекспир, И. Гёте, П. Шиллер, А. Блок, Ю. Марсинкявичюс, И. Зиёдонис, фоҷиаи Эврипид «Медея»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаҳояш дар баёзи «Армуғон» (1987) гирд омадаанд.
Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
8 июни соли 1980 дар садамаи нақлиёт аз олам даргузашт.
Соли 1955 дар деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷекати вилояти Суғд нависандаи маъруфти тоҷик Юнус Юсуфӣ ба дунё омад. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1972, вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1976 ба итмом расондааст. Муддате чанд дар зодгоҳаш омӯзгорӣ ва дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Сипас дар Театри халқии Панҷакент мудири бахши адабӣ будааст. Пас аз сафари хидматӣ дар Афғонистон (солҳои 1987-2000) дар рӯзномаи ноҳиявии «Зарафшон» вазифаи мудири шуъбаи адабиётро бар уҳда доштааст.
Аз ҷумлаи носирони муваффақи ҷумҳурӣ буда, навиштаҳояш дар авроқи васоити ахбори умум, маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва мустақими «Садоҳо хомӯш намешаванд», «Зан ва анкабут», «Афсонаи Ҳафтдодарон», «Оташафрӯз», «Шинак» ва ғайра чоп шудаанд.
Романи «Оташафрӯз» дар мавзӯи ҷанги миёни артиши шӯравӣ ва чирикҳои афғонӣ баҳс мекунад ва ин фоҷиа дар мисоли пуштисаркардаҳои як нафар тоҷикписар дунболагирӣ ва, дар маҷмӯъ, ҷанг маҳкум карда мешавад. Романи «Шинак» ҷабру ситами бегонагон бар миллати мо ва аз роҳи маданияту фарҳанг посух гуфтани тоҷикон ба онҳоро бо ёрии рамзу тамсилу устура баён месозад ва ҳамагонро ба бедорӣ ва ҳамеша омода будан барои ҳифзи марзу бум даъват мекунад.
Забони офаридаҳои Юнус Юсуфӣ суфтаву равон, банду басташон қавӣ, ҳадафашон муайяну мушаххас буда, дар онҳо ҷаҳони ботини қаҳрамонон, тазодҳои рӯҳиву равонии онҳо дар лаҳзаҳои ҳассос ба ҳалқаи тасвир оварда шудаанд.
Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2022).
Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1959 дар деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон адабиётшинос ва ходими шинохтаи давлатӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода ба дунё омад. Соли 1991 дар мавзӯи «Консепсияи замон дар насри солҳои 70-80-уми тоҷик» рисолаи номзадӣ ва соли 1999 дар мавзӯи «Манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ» дар Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон бомуваффақият рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.
Соли 2000 ба сифати мудири шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 2002 дар ҳамин вазифа кор кардааст. Сипас ба шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ гузаронида шудааст. Соли 2004 раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз моҳи марти соли 2005 то январи 2012 вазири маорифи ҷумҳурӣ будааст. Аз январи соли 2012 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2014-2021 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, узви Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ мебошад.
Дар рисолаҳои «Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷик (1999), «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсии тоҷикӣ» (1999), «Заминаҳои асотириву маросимӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи ХХ» (2004) нахустин маротиба дар адабиётшиносии тоҷик проблемаҳои пайдоиш, ташаккул ва рушди устураҳоро таҳқиқ карда, доир ба манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ назари нав пешниҳод намудааст.
Ҳамчунин, дар омода ва чопи «Куллиёт-и Шамсиддин Шоҳин (2005) ҳиссаи муносиб гузошта, дар ҳамин асос рисолаи «Шамсиддин Шоҳин ва анъанаи ғазалсароӣ дар адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри ХIХ ва аввали асри ХХ»-ро (2006) таълиф намудааст.
Рисолаи ӯ «Дирӯз ва имрӯзи маорифи Тоҷикистон» (дар ҳаммуаллифии А.Расулов, Қ.Қодиров, Ҳ.Афзалов) аз таърихи ташаккули маориф ва рушди он дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маълумот медиҳад.
Чанде аз мақолаҳои Абдуҷаббор Раҳмонов ба забонҳои русӣ ва инглисӣ низ ба чоп расидаанд.
Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1937 дар Провиденсс, иёлати Род-Айленд дар синни 46-солагӣ нависандаи амрикоии достонҳои тарснок, хаёлпардозӣ ва илмӣ-тахайюлӣ Ҳовард Филипс тарки олам кард.
Вай адиби сабке буд, ки бо номи ваҳшати кайҳонӣ шинохта мешавад. “Кимиёгар”, Гӯр”, “Хотироти доктор Самуэл Ҷонсун”, “Ситораи қутбӣ”, “Он сӯи девори хоб”, “Хотира”, “Хиёбон”, “Пирамарди ҳавлнок”, “Маъбад”, “Аз дигар сӯ” номгӯи нопурра аз осори ӯ мебошанд.
Таҳияи Б.Шафеъ