Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 15-уми ноябр

Иоанн Секунд Соли 1511 дар Гаага шоири недерландӣ Иоҳан Секунд ба дунё омад. Вай ҳамагӣ 24 сол умр дид ва 15 сентябри соли 1536 дар Сент – Аман даргузашт.

Номи аслии ӯ Ян Эверартс буд ва дар хонаводаи ҳууқшинос дида ба олам кушода буд. Ду бародари калонии вай бо номҳои Николай Грудий ва Адриан Марий низ шоир буданд. Ҳанӯз даҳсола буд, ки аввалин шеърашро ба забони лотинӣ навишт. Ҳамроҳ бо бародараш дар донишгоҳи Буржи Фаронса таҳсил кард ва аз ҳуқуқшиноси итолёвӣ Андреа Алчиато дарси ҳуқуқ омӯхт.

Ду сол дар вазифаи дар Толедо котиби усқуф буд.

То зинда будан ҳеч маҷмуаи ашъор аз ӯ мунташир нашуд ва аввалин китобашро баъди маргаш бародаронаш бо номи “Бӯсаҳо” нашр карданд.

Мадлен де Скюдери Соли 1607 дар Гаага нависанда, шоир, соҳиби солони адабии фаронсавӣ Мадлен де Скюдери таваллуд шуд. Дар синни шашсолагӣ ятим шуд, аммо бо талошҳои зиёди тағояш соҳиби илм гашт. Соли 1630 ба Порис, назди бародараш Жорж де Скюдери омад. Аз солони хонум Рамбуйе дидан кард. Баъди аз миён рафтани ин солон вай солони худро боз кард, ки батадриҷ шахсиятҳои маъруфе чун хонаводаи машҳури Ларошфуко, нависандаи фаронсавӣ хонум де Лафайет, нависандахонуми фаронсавӣ де Севине аз он дидан намуданд.

Дар муборизаҳои зиддиҳукуматӣ аз шоҳзода Конде ҳимоят намуд.

Вай дар умри худ ҳагиз издивоҷ накард ва аз пайравони феминизм (як ҷунбиши сиёсӣ-идеологӣ) буд. Баъдҳо ба ҳадде маъруф шуд, ки Людовики IV – шоҳи Фаронса бо акси вай медал сохт.

Чун нависанда аз соли 1641 шуҳрат касб кард ва ҳамаи романҳои қаҳрамониашро зери номи бародараш интишор медод.

Романҳои “Иброҳим ва ё подшоҳи Бузург”, “Артамен ва ё Куруши Кабир”, “Клелия, таърихи Рум”, “Алмаҳида ва ё шоҳдухтар-барда”, рисолаҳои “Суҳбатҳо дар мавзуъҳои гуногун” ва “Суҳбатҳои нави ахлоқӣ” асарҳое мебошанд, ки барояш шуҳрат оварданд.

Иоганн Каспар Лафатер Соли  1741– нависанда, шоири швейсарӣ, ходими дин, поягузори антропологияи ҷиноӣ Иоҳан Каспар Лафатер ба дунё омад. Вай бо забони олмонӣ эҷод мекард.

Соли 1862 нависандаи маъруфи олмонӣ, барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1912 Герҳорт Ҳауптман ба дунё омад. 83 сол умр дид ва 6 июни соли 1946 бар асари бемории илтиҳоби шуш тарки олам кард.

Герҳорт Ҳауптман аз маъруфтарин намояндагони сабки натурализм, аммо дар иншо дар сабкҳои дигар низ маъруфият пайдо карда буд.

Романи Ҳауптман “Атлантида”, ки соли 1912 навишта шуд, муҷиби бо ҳамин ном ба навор омадани филми беовоз дар Дания шуд. Ин роман ҳамагӣ моҳе қабл аз фоҷеаи киштии “Титаник” интишор  ёфт, филм аз рӯи он соли 1913 пайдо шуд, яъне каме пештар аз солгарди ҳалокати Титаник. Дар роман лаҳзаи романтикӣ дар киштии ба фалокатдучоршудаи уқёнус тасвир шудааст, ки шоҳидон умумиятҳое дар он ва киштии Титаник дидаанд. Ин мувофиқатии сужаи роман ва фоҷеаи киштии азим ва филми беовоз боиси моҷаро шуд. Норвеж тамошои филмро манъ кард.

Жюль Верн Соли 1878 романи Жюл Верн “Капитани 15-сола” чоп шуд. Ин роман достони Дик Сондро ривоят мекунад. Як писари 15-сола, ки   бо киштӣ дар ҳоли сафар аст. Вай дар ин сафар бо моҷароҳои бисёре рӯбарӯ мешавад, аз ҷумла набард бо дуздони баҳрӣ, шикори моҳӣ, ғарқ шудани киштӣ ва наҷот додани худ ва дигарон ва ғайра.

Ин романро яке аз шоҳкорҳои адабиёти Фаронса меноманд, ки таъсири зиёде ба романҳои моҷароӣ доштааст.

Жюл Верн, нависандаи ин роман бо истифода аз сафарҳои зиёди баҳрии худ достонҳои бисёр ҷолиби моҷароӣ навиштааст.

Соли 1912 дар Санкт-Петербург дар синни 60-солагӣ нависанда ва намоишноманависи рус Дмитрий Мамин-Сибиряк тарки олам кард. Вай 25-уми октябр (6 ноябр)-и соли 1852 таваллуд шудааст.

Соли 1916 дар шаҳри Вевеи Швейтсария дар синни 70-солагӣ нависандаи лаҳистонӣ Генрик Сенкевич аз олам гузашт. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1905 буд. 5 майи соли 1846 таваллуд шуда буд.

“Оташ ва шамшер”, “Селоб”, “Ба дур аз таассуб”, “Ҳавасҳои император”, “Бачаҳои хок”, “Тасвире аз Амрико”, “Бо оташ  ва шамшер”, “Тӯфони Нӯҳ” аз ҷумлаи офаридаҳои ӯ мебошанд.

Соли 1925  нависанда Юлий Маркович Даниэл таваллуд шуд. Юлий Макарович Даниэл шеър ҳам менавишт, тарҷумонӣ ҳам мекард ва яке аз адибони дигарандеш ба ҳисоб мерафт. Вай дар оилаи марди яҳудӣ, нависанда ва намоишноманавис Марк Наумович Меерович ба дунё омада буд.

Соли 1930 дар рӯзномаҳои «Правда» ва «Известия» нависандаи маъруфи рус Максим Горкий мақолаи машҳури худ “Агар душман таслим нашавад, ӯро маҳв мекунанд”-ро чоп кард.

Ғаюр АшӯрСоли 1951 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) адиб, тарҷумон, намоишноманавис ва филмноманависи тоҷик Ғаюр Ашӯр таваллуд шуд. Баъди хатми синфи ҳаштуми мактаби деҳа, соли 1965, донишомӯзи Омӯзишгоҳи фарҳангу маърифати ноҳияи мазкур, баъдан (соли 1968) шогирди факултаи санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко шуда, баъди хатмаш, соли 1973, дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси коргардон ва муҳаррир фаъолият бурдааст.

Барои намоишҳои ҳунарӣ саҳначаҳо навишта, намоишномаи адиби доғистонӣ Рамазон Қониевро аз русӣ ба тоҷикӣ баргардон ва саҳнагузорӣ кардааст. Соли 2011 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. 14 сентябри соли 2012 аз олам даргузашт.

Аз ибтидои солҳои 2000-ум ба драманависӣ иштиғол варзида, солҳои 2005—2006 дар заминаи филмномааш силсилафилми «Пой дар гил» (иборат аз панҷ қисм) ба навор гирифта шудааст.

Соли 2008 аз рӯи сенарияи ӯ филми ҳунарии «Қиссаи орзуҳои осмонӣ» таҳия гардидааст.

Намоишномаҳои ӯ «Гурги нодон», «Дузди ҳайвондара» ва «Дод аз дасти Афандӣ» дар Театри давлатии академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳнагузорӣ шудаанд. Асарҳои дигараш, монанди «Рӯдакӣ дар Самарқанд», «Асҳоби қиёс», «Макри зан ҷуволи арзан» ва ғ. дар театрҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ пешкаши умум гардидаанд.

Соли 2010 маҷмӯаи нахустини намоишномаҳояш бо номи «Рӯдакӣ дар Самарқанд» ба табъ расидааст.

14 сентябри соли 2012 аз олам даргузашт.

Руслан Абуевич Ахтаханов Соли 2011 дар шаҳри Москав шоири чечен, узви Иттиҳоди нависандагони Русия Руслан Ахтахонов ба қатл расид. Вай поягузори ҳизби пешрави демократӣ буд, ки чандин фаъолони ҷамъиятиеро, ки ҳадаф доштанд Чеченистонро як кишвари мустақил бинанд, ба ҳам овард. Вақте Доку Завгаев сари қудрат омад, ин ҳизб ба ҳизби сиёсии мухолифи давлат табдил ёфт. Дар замони қудрати Аслан Масҳадов вай дигар мухолифи давлат набуд. Руслан Астахонов аз мушовирони иқтисодии Ҷавҳар Дудаев ва Аслан Масҳадов ба шумор мерафт ва намояндаи тиҷоратии Дудаев дар Латвия буд.

Аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуда, 47 рӯзро дар асорат гузаронда буд. Баъди озодӣ ба шеърнависӣ идома дод. Аз ҷонибдорони боқӣ мондани Чечченистон дар ҳайати Русия буд ва ин мавзеъгирӣ муборизони чеченро хуш намеомад ва билохира нимишабии рӯзи 15-уми ноябри соли 2011 кушта шуд.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ