Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 15-уми ноябр

Як-рузи-таърих-15Соли 1741 Иоҳан Каспар Лафатер – нависанда, шоири швейсарӣ, ходими дин, поягузори антропологияи ҷиноӣ ба дунё омад. Вай бо забони олмонӣ эҷод мекард.

Соли 1862 нависанда, намоишноманависи аҳли Олмон Герҳорт Юҳонн Роберт Ҳоутмон таваллуд шуд. Вай барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт дар соли 1912 буд. Аз маъруфтарин пайравони сабки натуриализм ба шумор мерафт, вале дар эҷодиёти худ аз сабкҳои дигар низ истифода мекард.

 

Соли 1878 романи машҳури Жюл Верн Капитани 15-сола чоп шуд.  Мавзӯъи аслии ин роман бардадорӣ ва тиҷорати барда дар Африқо мебошад. Киштии “Пилигрим”, ки ба як марди сарватманд бо номи Ҷеймс Уелдон мутааллиқ буд, аз Зеландияи Нав ба самти Амрикои Шимолӣ ҳаракат мекард.  Кулли рӯйдодҳо дар ҳамин киштӣ мегузаранд ва нависанда саҳнаҳои фурӯши ғуломонро аз тариқи ауксион ва мушкилоти дигари ин сафарро моҳирона тасвир кардааст.

Капитан

Соли 1912 дар Санкт-Петербург дар синни 60-солагӣ нависанда ва намоишноманависи рус Дмитрий Мамин-Сибиряк тарки олам кард. Вай 25-уми октябр (6 ноябр)-и соли 1852 таваллуд шудааст.

Соли 1916 дар шаҳри швейсарии Веве нависандаи лаҳистонӣ Генрик Сенкевич аз олам гузашт. Вай 70 сол дошт. Ин адиби маъруф соли 1905 барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт шуда буд.

Соли 1925 нависанда Юлий Маркович Даниэл таваллуд шуд. Юлий Макарович Даниэл шеър ҳам менавишт, тарҷумонӣ ҳам мекард ва яке аз адибони дигарандеш ба ҳисоб мерафт. Вай дар оилаи марди яҳудӣ, нависанда ва намоишноманавис Марк Наумович Меерович ба дунё омада буд.

Соли 1930 дар рӯзномаҳои «Правда» ва «Известия» нависандаи маъруфи рус Максим Горкий мақолаи машҳури худ “Агар душман таслим нашавад, ӯро маҳв мекунанд”-ро чоп кард.

Соли 1972 нависандаи асарҳои тахайюлии рус Вадим Панов ба дунё омад. Асари машҳури “Клуби Москав” мутааллиқ ба ӯст. Панов барандаи ҷоизаи “Аэлита” дар соли 2018 мебошад. Ин ҷоиза ҳамасола барои беҳтарин асарҳои тахайюлӣ эъто мешавад.

Соли 1992 адиб Сезар Самойлович Солодар аз олам рафт.

Ахтаханов_РусланСоли 2011 дар шаҳри Москав шоири чечен, узви Иттиҳоди нависандагони Русия Руслан Ахтахонов ба қатл расид. Вай поягузори ҳизби пешрави демократӣ буд, ки чандин фаъолони ҷамъиятиеро, ки ҳадаф доштанд Чеченистонро як кишвари мустақил бинанд, ба ҳам овард. Вақте Доку Завгаев сари қудрат омад, ин ҳизб ба ҳизби сиёсии мухолифи давлат табдил ёфт. Дар замони қудрати Аслан Масҳадов вай дигар мухолифи давлат набуд. Руслан Астахонов аз мушовирони иқтисодии Ҷавҳар Дудаев ва Аслан Масҳадов ба шумор мерафт ва намояндаи тиҷоратии Дудаев дар Латвия буд.

Аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуда, 47 рӯзро дар асорат гузаронда буд. Баъди озодӣ ба шеърнависӣ идома дод. Аз ҷонибдорони боқӣ мондани Чечченистон дар ҳайати Русия буд ва ин мавзеъгирӣ муборизони чеченро хуш намеомад ва билохира нимишабии рӯзи 15-уми ноябри соли 2011 кушта шуд.

Таҳияи Б.Шафеъ