Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17 – уми май

Соли 1837 аввалин шумораи нашрияи амрикоии “Балтимор Сан” аз чоп баромад. Ҳоло ҳам ин рӯзнома пурфурӯштарин дар иёлати Мэриленд ба ҳисоб меравад. Соли 2010 нашри он ба 201 ҳазору 830 адад расида буд. Ин нашрия аз ҷониби Арон Шепардсон Абелл таъсис шуда буд.

Аз соли 1996 шакли электронии газета барои хонандагони маҷозӣ қобили дарёфт шуд.

Соли 1873 дар Анйер-сюр-Сен нависанда, рӯзноманигор ва ходими сиёсӣ Анри Барбюс ба дунё омад. Вай узви ҳизби коммунисти Фаронса ва аъзои фахрии хориҷии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

“Азодорон”, Дуокунандагон”, “Ҷаҳаннам”, “Оташ”, “Сталин: Дунёи ҷадиде, ки  аз тариқи як мард дида мешавад” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1912 нависандаи рус Павел Владимирович Засодимский аз олам рафт. Вай 68 сол дошт.

majakovszkijСоли 1913 маҷмӯаи шеърҳои Владимир Маяковский “Ман” чоп шуд. Владимир Маяковский дар таърихи 19 июли соли 1893 дар Гурҷистон ба дунё омад. Қабл аз инқилоби соли 1917 ба шуҳрат расид. Тарафдори инқилоби коммунистӣ буд ва ба болшевикҳо меҳр ва дӯстӣ меварзид.

Маяковский бо болшевикон аз соли 1908 пайваст ва то охир ба ғояҳои ленинӣ содиқ монд. Ҳукумати подшоҳӣ борҳо ӯро барои фаъолиятҳои пинҳонкории ноширӣ боздошт кардаву муддате пас озод намудааст.

Соли 1935 филмноманавис ва рӯзноманигори англис Деннин Поттер таваллуд шуд. Ӯ бештар бо сериалҳои телевизионии Би-би-сиаш машҳур аст. Дар драмаҳои телевизионии ӯ тахайюл ва воқеият, шахсият ва иҷтимоъ ба ҳам омезиш ёфта, ӯро бештар соҳибшуҳрат гардондааст.

dennis-potterВай фаъолияти кории худро дар оғоз чун рӯзноманигор сар кардааст. Соли 1964 аз ҷониби ҳизби лейбористҳо дар интихоботи парламонии Британия иштирок намуд. Баъдтар даст аз сиёсат кашид ва бештар ба телевизион рӯ овард.

Поттер соли 1994 бар асари бемории саратони ғадуди зери меъда аз олам рафт.

Соли 1788 дар Швайнфурт шоир, тарҷумон, олим, профессори адабиёти Шарқ дар донишгоҳҳои Эрланген ва Берлин Фридрих Рюккерт ба дунё омад. Дар баъзе асарҳояш худро Фраймунд Раймар муаррифӣ кардааст. Як ҷоизаи адабӣ бо номи Фридрих Рюкерт низ вуҷуд дорад, ки ҳар сол ба нависандае эъто мегардад.

friedrich_rueckert.Рюккерт дар тайи солҳои фаъолияти худ осори бисёре аз забони форсиро ба олмонӣ тарҷума кардааст, ки аз он миён метавон ба таронаҳои маҳаллии Гелон ва Мозандарон, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, бахшҳои аз Гулистони Саъдӣ ва рубоиёти Хайём, “Ҳафт пайкар”-и Низомӣ,  Қуръони Карим ва чандин асари дигар ишора кард.
Ӯ бахшҳое аз “Шоҳнома”-и  Фирдавсиро низ тарҷума кард. Аммо ин тарҷума баъди маргаш интишор ёфт. Онро аз беҳтарин тарҷумаи “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ба забони олмонӣ медонанд.
Муфассалтар дар ин бора: 235 соли шарқшинос, тарҷумони олмонии “Шоҳнома”-ву Қуръони Карим

Соли 1934 дар шаҳри Ургути вилояти Самарқанд шоир ва тарҷумони ӯбекзабони Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол таваллуд шуд. ба ҷаҳон омада, ду соли аввали мактаби миёнаро дар ҳамон ҷой хатм кардааст. Соли 1947 ба Душанбе омада, мактаби миёнаро бо медали биринҷӣ ба итмом расондааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардааст. Чанд сол муаллим будааст. Баъдан ба рӯзноманигорӣ пардохта, котиби масъули рӯзномаи «Регар» (Турсунзода), корманди шуъбаи ӯзбекии радиои тоҷик будааст. Аз соли 1964 то ба нафақа баромадан дар рӯзномаи «Совет Тоҷикистони» (ҳозира «Халқ овози») дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

ulmas-jamolМаҷмӯаҳои зерини ашъораш дар Душанбеву Тошканд ба табъ расидаанд: «Чашмаи муҳаббат» (1969), «Гӯш ба дил» (1973), «Даъват ба дуродур» (1978), «Дар васфи Офтоб» (1980), «Фасли накукорӣ» (1984), «Эҳсос» (1985), «Ситораи орзу» (1988), «Гули ороста» (1988), «Дӯстнома» (2001), «Ӯлмас Ҷамол. Ҳаёт ва эҷодиёт» (2002), «Сарҳисоб» (2002), «Як нигоҳ» (2002).

Соли 1986 дар Маскав китоби русияш «Писари Офтоб» аз чоп баромадааст. Соли 1993 қиссаи «Ҷоми шароб»-аш дастраси умум гардидааст. Соҳиби чаҳор девон аст, ки дар он тамоми ашъори шоир фароҳам омадаанд: «Сурур» (Тошканд, 2004), «Масрур» (2009), «Манзур» (2011) ва «Маъмур» (2013).

Бисёр ғазалҳояш оҳангбандӣ шуда, онҳоро овозхонони машҳури тоҷику ӯзбек месароянд.

Шеърҳои алоҳидаи М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, М. Қаноат, Л.Шералӣ, А. Қаҳҳорӣ, Қ. Киром, Мавҷуда, Гулназар, Гулрухсор, А. Сомонӣ маҷмӯаҳои ашъори А. Ҳаким ва М. Бахтӣ, иддае аз ашъори С. Михалков, Л. Ошанин, Р. Ҳамзатов, Е. Евтушенко, драмаҳои Р. Ҷалил, М. Назаров, А. Атобоев, Ҳ. Содиқ, Ш. Қиёмов, Ш. Солеҳ ва дигаронро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Шеърҳои алоҳидааш ба забонҳои тоҷикӣ, украинӣ ва қирғизӣ тарҷума шудаанд.

Бо нишону ифтихорномаҳои ҳукуматӣ қадршиносӣ шудааст. Соли 1999 бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардидааст.

Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

28 июни соли 2017 вафот кард.

Таҳияи Б.Шафеъ