Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17 – уми январ

Як-рузи-таърих-17-01-2024Соли 1820  дар Торнтон нависанда ва шоири англис  Энн ё Анна Бронте таваллуд шудаастЭнн Бронте муаллифи романҳои «Агнес Грей» ва «Бонуи ношинос аз Уайлдфелл-Холла» буд.

Энн Бронте духтари хурдии коҳини ирландӣ Патрик Бронте ва ҳамсараш Марии Бренуэлл буд. Модараш вақте тарки олам кард, ки Анна ҳатто дусола набуд. Вайро холаи хоҳарони Бронте Элизабет Бренуэлл ба воя расонидааст.

Соли 1884 дар Санкт-Петербург  шоири шӯравии рус Сергей Городетский таваллуд шудааст. Вай муаллифи китобҳои , «Перун» (1907), «Иродаи ваҳшӣ”(1908), «Рус» (1910), «Ива» (1914) буд.

Розия Озод Соли 1893 дар шаҳри Хуҷанд шоири тоҷик Розия Озод ба дунё омад. Вай модари донишманди оламшумули тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров аст.

Маълумоти ибтидоиро дар мактаби кӯҳна фаро гирифтааст. Баъди инқилоб дар мактаби русӣ хонда, фарзандонашро ҳам дар ҳамон мактаб хонондааст.

Ашъори нахустинаш дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ чоп шудаанд. Соли 1944 аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «Муҳаббат ба ватан» интишор ёфтааст. Баъдан китобҳои «Гулистони ишқ» (1946), «Аз водиҳои тиллоӣ» (1948), «Иқбол» (1951), «Зинда бод сулҳ!» (1954)-и ӯ ба дасти чоп расидаанд.

Китобҳои «Солнечный край» (1947) ва «Стихи» (1957)-и ӯ ба русӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Соли 1957 китоби «Шеърҳои мунтахаб», соли 1958 «Дӯстони ман», соли 1982 «Хотира»-ҳояш интишор ёфтаанд.

Аз соли 1944 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

10 декабри соли 1957 аз олам даргузашт.

Абдулқодири РаҳимСоли 1963 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ шоир, нависанда, Пажӯҳишгар ва рӯзноманигори тоҷик Абдулқодири Раҳим дида ба олам кушод. Вай соли 1979 Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявӣ (ҳоло Коллеҷи ҷумҳури­явии фарҳанг), соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Баъди хатми донишгоҳ муддате дар Телевизиони Тоҷикистон ва баъдтар, дар мактаби №29 ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) фаъолият бурда, дар рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ ва маҷаллаи «Фарҳанг» идома додааст. Аз соли 1993 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» кор мекунад.

Китобҳояш бо номи «Дурӯғи шабнам» (1993), «Чароғи ошноӣ» (1997), «Ҷилваи як нола» (1998), «Нусхаи парешонӣ» (2000), «Рӯшноӣ» (2003), «Фиреби меҳр» (2003), «Хилвати оина» (2005), «Духтари афсонаҳо» (2006), «Пайванди марзҳо ва дилҳо» (2011), «Домони абр» (2014), «Ашки сари мижгон» (2014), «Назари лутф» (2014) чоп шудаанд.

Муаллифи беҳтарин мақолаҳои публистистист.

Соли 1995 барандаи Ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон гардидааст. Соли 2010 бо медали «Хизмати шоиста» қадр шудааст.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Теренс-УайтСоли 1964 нависандаи инглис Теренс Уайт дар синни 57-солагӣ бар асари сактаи дил дар як киштӣ дар Пирей даргузашт. Уайт барои навиштани силсилакитобҳо дар бораи шоҳ Артур машҳур шуд. Аввалин бор дар соли 1958 дар қолаби китобе ба унвони “Подшоҳи пешин ва оянда” мунташир шуд.

Яке аз ба ёдмондатарин достонҳояш аввалин қисмат аз ҳамин маҷмуа бо номи  “Шамшер дар санг аст”, ки дар соли 1938 дар қолаби китоби ҷудогона чоп шуда буд.

Соли 1977  Лев (Лин) Лобарев, нависанда ва навозанда, ношири антологияи «Анҷоми як давру замон» таваллуд шудааст. аз соли 2012 то 2015 сардабири маҷаллаи  “Мир фантастики”буд.  Шеър ва насри илмӣ-таҳайюлӣ менависад.

Ду маҷмӯаи ашъори ӯ бо номҳои «Сайёди парандагон” (1997) ва «Омодагӣ ба зиндагӣ» (2003) ба табъ расидааст.

Села Камило ХосеСоли 2002  нависанда ва публицисти испанӣ Камило Хосе Села дар синни 85-солагӣ дар беморхонаи Centro дар Мадрид даргузашт. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт  дар соли 1989 буд.

Романҳои “Хонаводаи Паскуаля Дуарте”, “Канду”, “Афлесунҳо меваҳои зимистонӣ” мутааллиқ ба ӯ мебошанд.

Соли 2010 нависанда ва филмноманависи амрикоӣ, муҳаққиқи адабиёти қадим, профессор Эрик Сигал  дар синни 72-солагӣ дар Лондон бар асари сактаи дил даргузашт. Яке аз машҳуртарин романҳои ӯ «Ҳикояи муҳаббат» ба 40 забони олам тарҷума ва ба теъдоди 20 миллион нашр ва ба фурӯш рафтааст.  «Мард, зан ва кўдак», «Ҳамсинфон», «Муҳаббати шифобахш» романҳои дигари ӯ мебошанд.

Соли 2011 нависандаи рус, сардабири маҷаллаи “Нева”  (1984-2006) дар синни 79-солагӣ даргузашт. Николский аввалин хикояи худро дар рузномаи «Ленинские искра» чоп кардааст.

Солхои 1963—1964 аввалин китобхои ў «Масири монеъ”ва «Сесад рузи интизорӣ» аз чоп баромад. Аз он вақт инҷониб Борис Николский зиёда аз 20 китоб навишта ва нашр кардааст.