Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 18 – уми август

Рузи адабиётСоли 1450 дар Сплите шоир ва инсондӯст, “падари адабиёти хорват” Марко Марулич ба дунё омад. Асарҳояшро бо номҳои «Marko Marulić Splićanin» (Марко Марулич Сплитянин), «Marko Pečenić» (Марко Печенич), «Marcus Marulus Spalatensis» ва ё «Marcus de Marulis Spalatensis» менавишт.

Соли 1850 дар шаҳри Порис дар синни 51-солагӣ нависанда ОнореБалзак, яке аз асосгузорони реализм (реализмусули дарки бадеии воқеият ва ҳаққонӣ тасвир карданӣ он) дар адабиёти Аврупо тарки олам кард. Вай 20 майи соли 1799 дар шаҳри Тури Фаронса ба дунё омада буд.

Оноре де Балзак дар оилаи деҳқон ба воя расидааст. Машҳуртарин асари нависанда «Мазҳакаи инсонӣ» мебошад. Ин силсилаи роману ҳикояҳоест, ки дар мавзуи ҳаёти ҷамъияти Фаронсаи ҳамонвақта навишта шудааст. Эҷодиёти Балзак ба бисёр нависандагони боистеъдод, аз ҷумла Диккенс, Эмил Золя, Достоевский таъсири худро расондааст.

onore-de-balzakВолидайн аз хурдсолӣ, Балзакро барои касби ҳуқуқшиносӣ омода мекарданд. Барои ин, ӯ дар Коллеҷи Вендом, дар Мактаби Ҳуқуқии Порис  таҳсил карда, сипас дар нотариус ба ҳайси котиб кор кардааст. Вале ин дер давом накард ў аз касби ҳуқуқшиносӣ ба зудӣ дилгир шуда, худро ба адабиёт бахшид.

Аввалин асарҳои нависанда солҳои 1820 пайдо шудаанд. Ин романҳо дар рӯҳияи романтизм эҷод шуда буданд.  Аввалин китоб бо имзои «Балзак» соли 1829 аз чоп баромад. Ин романи таърихии «Шуанҳо» буд. Баъд аз ин ў очерку ҳикояҳои зиёде навишт, ки ниҳоят диққати мунаққидонро ба худ ҷалб кард. Асари навбатии ҷиддӣ – романи «Пӯсти Шагрен» соли 1831 пайдо шуд. Пас аз як сол, қисман романи тарҷумаиҳолии «Луи Ламбер» нашр шуд.

Бо вуҷуди он, ки Балзак ҳамчун нависанда сарватманд шуда наметавонист, вай кори пурҷўшу хурушро давом дода, соле чанд китоб нашр мекард. Натиҷаи асосии эҷодиёти ў силсилаи очеркҳои «Маҳзакаи инсонӣ» дар мавзуи ҳаёти франсуз буд. Эҷодиёти нависанда дар солҳои 1820-1830 ба авҷи худ расид. Дар давоми умри худ Балзак борҳо ба Русия сафар карда буд.

Дар соли 1832 вай бо завҷаи ояндааш Эвелина Ганская, мулкдори лаҳистонӣ ва табаъаи рус шинос шуд. Солҳои охири умраш Оноре де Балзак дар мулки ҳамсараш дар Верховна, дар қаламрави Украинаи муосир зиндагӣ мекард. Вай дар «Нома дар бораи Киев», ки он нотамом мондааст хотираҳояшро дар бораи Украина нигоштааст. Нависандаи бузург 18 августи соли 1850 дар Порис вафот кард.

Балзак яке аз пуркортарин нависандаи дунёст. Вай дар тӯли умри нисбатан кутоҳаш беш аз сад мақола, , роман ва намоишнома ба риштаи таҳрир даровард. “Гобсеки рибохӯр”, “Ишқи кимёгар”, “Ёдгориҳои ду наварӯс”, “Духтари чашмтилоӣ”, “Пирдухтар”, “Кашиши деҳкада”, “Домгустар”, “Зани сисола”, “Орзуҳои барбодрафта”, “Деҳқонон”, “Оташпора” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

sergej-snegovСоли 1910 дар шаҳри  Одесса нависандаи тахайюлнависи аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ Сергей Снегов зода шуд. Вай барандаи ҷоизаи  адабии “Аэлита” (1984) дар самти адабиёти тахайюлӣ буд.

Аввалин навиштаҳояш охири солҳои 1950 рӯи чоп омаданд ва нахустин повести тахайюлии вай “Сиву ду чеҳраи профессор Крен” ном дошт, ки соли 1964 мунташир шуд.

Аммо машҳуртарин асари тахайюлии адиб сегонаи “Одамони худогуна”:Кашфи Каҳкашон””, “Ҳамла ба Форс”, “Ҳалқаи вақти бозгашт” мебошад. Ин сегона ҳарчанд сабаби баҳсҳои зиёд ҳам шуд, вале дар эҷодиёти адиб ҷойгоҳи хос дорад.

Вале на ҳама медонанд, ки асоси ин сегона рисолаи нотамоми Снегов  “Тафсири физикии  фазоҳои ғайриуқлидусӣ” мебошад ва аз  мавҷудияти ин рисолаи нотамом худи муаллиф дар посухаш ба номаҳои хонандагон иброз доштааст.

Сергей Снегов 23 феврали соли 1994 дар синни  83-солагӣ аз олам рафт.

brajan-oldissСоли 1925 яке аз бузургтарин муаллифони достонҳои илмӣ-тахайлӣ дар қарни бистум Брайан Олдисс зода шуд. Вай бо интишори асарҳои зиёди тахайюлӣ борҳо исбот кард, ки устод дар ин жанри адабист ва миёни ҳамзамононаш ҳамтое надорад.

Вай дорандаи Нишони салтанатии Инглистон (OBE) буд. Солҳои 1962 ва 1965 дар дарёфти ҷоизаҳои адабии Ҳюго ва Небюлло мушарраф шудааст.

“Бидуни истгоҳ”, “Экватор”, “Тарҷумон”, “Гармхона”, “Ҳама осори Замин”, “Боғи вақт”, “Озодкардаи Франкенштейн”, “Абарқудрат”, “Даҳшатҳои Оксфорд” номгӯи чанд асари ӯ мебошанд.

Брайан Олдисс 19 августи соли 2017 дар синни 92 – солагӣ аз олам рафт.

 

Соли 1929 дар шаҳри Киев нависандаи Шӯравӣ Анатолий Кузнетсов таваллуд шуд.  Вай 24-уми июли соли 1969  ба Лондон сафари хидматӣ рафт ва 28-уми июл эълон кард, ки дигар ба ватан барнамегардад ва расман ба ҳукумати Британияи Кабир барои паноҳандагӣ муроҷиат намуд.

Баъдан борҳо дар мусоҳибаҳояш бо нашрияҳои мухаталифи хориҷӣ иброз дошт, ки барои он ки баҳонаи фирор аз Иттиҳоди Шӯравӣ барояш фароҳам ояд, муддати ним сол агенти КГБ шуд ва дар бораи дӯстони қаламкаши худ Евгений Евтушенко, Василий Аксёнов ва дигарон маълумотҳои бардурӯғ медод. Дигарандеш Андрей Амалрик дар “Номаи боз”-и худ ин рафтори Кузнетсовро маҳкум намуд. Аммо фаъолияти ӯро дар КГБ ҳатто худи Юрий Андропов дар як ҳисоботаш ба КМ КПСС тайид карда буд.

Анатолий Кузнетсов 13 июни соли 1979 дар Лондон вафот кард.

“Идомаи афсона”, “Дар як рӯзи офтобӣ”, “Селенга”, “Як рӯзи августӣ”, “Дар хонаи худ”, “Бабий Яр” номе чанде аз повесту романҳо ва китобҳои ӯ мебошанд.

nazri-yazdoniСоли 1949 дар ноҳияи Сангвори Вахё (ҳозира Тавилдара) Шоир, тарҷумон, пажӯҳишгари шинохтаи тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ таваллуд шудааст. Хонадонашон соли 1953 ба ноҳияи Сталинобод (Рӯдакии ҳозира) кӯчида, дар деҳаи Маҳмадшоҳ маскун шудааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар ҳамин ҷой (деҳаи Маҳмадшоҳи колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Рӯдакӣ) ба фарҷом расондааст. Соли 1967 ба шуъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе дохил шуда, соли 1971 хатмаш намудааст. Аввалин шеъру мақолаи илмиаш дар даврони донишҷӯйӣ ба чоп расидаанд.

Дар бораи Назри Яздонӣ муфассалтар ба матлаб таваҷҷуҳ кунед:

Соли 1954 дар Торун (шаҳре дар Лаҳистон) нависандаи лаҳистонӣ  Януш Леон Вишневский таваллуд шуд.

Аввалин романи ӯ бо номи “Танҳои дар Шабака” соли 2001 навишта шуд, ҳарчанд ғояи он соли 1987 ба сараш омада буд. Ин роман аз ишқи маҷозие оғоз мешавад ва баъдан ин ишқ ба воқеъият табдил меёбад. Роман ба ҳадде машҳуру маъруф шуд, ки муддати се соли аввал пурфурӯштарин китобҳо дар Лаҳистон ба ҳисоб мерафт. Танҳо дар ватани адиб ин роман борҳо чоп шудаву беш аз 300 ҳазор нусха фурӯхта шудааст.

Китоб нигоҳи марди муосирро ба зани муосир тағйир дод. Қаҳрамонони асар аввал дар Интернет бо ҳам шинос мешаванд, қиссаҳои худро ба ҳам мегӯянд, аз шаҳвоният ҳарф мезананд, онро бо воқеъият ба ҳам меомезанд.

Муаллиф дар бораи қаҳрамони асосии китобаш Ёқуб ҳикоят мекунад, ки ин як марди аз назари ӯ идеалист, ингунаҳо дар ҳаёти воқеъӣ вуҷуд надоранд ва пурра маҳсули тахайюли ӯст. Вале касоне, ки романро хонданду дар шабакаҳо атрофаш баҳс карданд, ки навиштанд, ки Ёқубе, ки адиб тасвир кардааст, на як шахси идеалист, балки тарсончак, заъиф ва касест, ки дар зиндагӣ ҳама чизро аз даст додааст.

Януш Леон Вишневский романи дигаре бо номи “Такрори сарнавишт” дорад, ки низ машҳур шудааст.

nohidСоли 1966 дар шаҳри Панҷакент шоири тоҷик Ноҳид (Норинисо Фозилова) зода шуд.  Аз хурдсолӣ ба адабиёт ва шеъру шоирӣ рағбат дошта, таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома бахшидааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар соҳаҳои мухталиф кор кардааст.

Муаллифи маҷмуъаҳои ашъори «Нигоҳи аввал» (1994), «Нома» (2000), «Сатрҳои нафассухта» (2002) ва «Тасбеҳ» (2014) мебошад.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1977 дар Петропавловск нависандаи фантазиянависи рус Инна Живетева ба дунё омад. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Омск ба номи Достоевский мебошад. Асарҳояш аз соли 2004 чоп мешаванд.

inna-zhivetevaТо кунун китобҳояш бо номҳои “Арзиши озодӣ”, “Кӯҳи уқоб”, “Регҳои сиёҳ”, “Вейн” мунташир шудаанд

Таҳияи Б.Шафеъ