Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 18 – уми феврал

Соли 1404 дар Генуя нависанда, олим, наққош, ҳунарманд, файласуф, забоншинос ва меъмори итолиёвӣ Леон Баттиста Алберти ба дунё омадааст.

Алберти аввалин асарҳои худро солҳои 1920 навиштааст, аз он ҷумла мазҳакаҳои «Филодокс» (1425), «Дейфира» (1428) ва ғайра Дар аввали солҳои 30-юм ва ибтидои солҳои 40-ум як қатор асарҳое ба забони лотинӣ зери унвонҳои «Дар бораи бартарият ва норасоиҳои илм» (1430), «Дар бораи ҳуқуқ» (1437), «Понтифекс» (1437) «Дар бораи оила» (1434-1441), «Дар бораи оромии дил» (1443) эҷод кардааст.

Асарҳои асосии дар соҳаи адабиёт навиштаи Алберти силсилаи ҳаҷвӣ-тамсилии «Суҳбатҳои сари миз» (1450-1460) ба шумор меравад, ки намунаҳои насри инсондўстии лотинии асри XV гардидаанд. Асарҳои охирини Алберти: «Дар бораи шартҳои тартиб додани рамзҳо» (рисолаи риёзӣ, ки он баъдтар гум шудааст) ва муколама дар волгар «Домострой» (1470) мебошанд.

Алберти яке аз аввалинҳое буд, ки дар кори адабӣ истифодаи забони итолиёвиро ҷонибдорӣ кардааст. Муноҷотҳо ва эклогҳои (эклога – навъи назм дар адабиёти антиқӣ ва баъдтар Аврупо, ки ба тарзи суолу ҷавоб иншо шуда, ҳаёти деҳотӣ, чӯпонону подабонҳои беғами хушбахтро иғроқомез мадҳ мекунад) ӯ аввалин намунаҳои ин жанрҳо бо забони итолиёвӣ мебошанд.

Соли 1475 ҳайкалтарош, рассом, меъмор ва чакомасарои итолиёвӣ, шоири давраи Эҳё Микеланҷело Буонарроти аз олам чашм пўшид.

Ашъори Микеландҷело яке аз барҷастатарин намунаҳои давраи Эҳё ба ҳисоб меравад. Аз ашъори ў танҳо 300 шеъраш то имрӯз боқӣ мондааст. Мавзӯҳои асосӣ эҷодиёташ ғаму талхии ноумедӣ ва танҳоии санъаткор мебошанд. Микеландҷело дар айёми кудакӣ ба навиштани шеър шуруъ кардааст, вале теъдоди хеле ками онҳо боқӣ мондааст, зеро соли 1518 худи ў аксари ашъори аввалашро сўзонда, қисми дигарашро баъдтар, пеш аз маргаш нобуд кардааст.

Ҳамин тавр, дар замони зиндагӣ маҷмўаи ашъори ў нашр нашудааст ва маҷмўаи аввалинаш танҳо соли 1623 аз ҷониби ҷиянаш Микеландҷело Буонарроти (хурдӣ) бо унвони «Шеърҳои Микеландҷело, ки ҷиянаш ҷамъоварӣ кардааст» дар нашриёти Флорентина нашр шудааст. Нашри мазкур нопурра ва дорои баъзе носаҳеҳиҳо буд. Омӯзиши ашъори Микеландҷело, аз ҷумла, аз ҷониби нависандаи олмонӣ Вилҳелм Ланг, ки дар ин мавзӯъ рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст, соли 1861 нашр шудааст.

Соли 1780 дар Толминген шоири литвонӣ, кашиши лютеранӣ, асосгузори адабиёти бадеии Литва, Кристионас Донелайтис дар синни 66-солагӣ даргузашт.

Донелайтис ба забони олмонӣ чаҳор шеър навиштааст: “An der Amstrath Donalitius nach dem Verlust seiner Gattin” (“Дар бораи Амстрат Доналитиус пас аз вафоти ҳамсараш”), “Ihr Schatten schneller Zeit” (“Вақт чӣ қадар зуд мегузарад”), ” Der Gott der Finsterniss (“Худои зулмот”) ва “Unschuld sei mein ganzes Leben” (“Тамоми умри ман бегуноҳ мегузарад”).

Солҳои 1765-1775 достони гекзаметрии (гекзаметр – шеъри ҳар мисрааш шашрукна дар адабиёти қадими Юнону Рим ва тақлиди ин шеър дар асрҳои сонӣ)  «Фаслҳо»-ро  дар 2968 мисраъ ва чор қисм, дар бораи чор фасли сол эҷод кардааст. Дар он асолати табиат, зиндагии сокинони деҳоти Литва тасвир ёфтаанд. Дар  мулоҳизаҳои худ Донелайтис, дар бораи зиштӣ ва фазилатҳои инсонӣ тавонистааст ба масъалаҳои амиқ ва абадии метафизикӣ дахл кунад.

Шеър яке аз асарҳои баландтарини адабиёти Литва ба шумор меравад, Донелайтис бошад, яке аз аввалин нависандагони литвонист, ки сазовори эътироф гардидааст.

Соли 1849 дар Ставангер нависанда ва намоишноманависи норвегӣ Александр Ҳелланн таваллуд шудааст.

Александр Ҳелланн намояндаи боистеъдоди равияи ҳақиқатбинонаи адабиёт мебошад, ки таъсири зиёнрасони маданияти бегонаро ба ватани худ тасвир кардааст. Яке аз намояндагони «Чоргонаи бузург»-и Норвегия (аз ҷумла бо Ибсен, Ли ва Бернсон) ба шумор меравад. Дар  тамоми дунё асарҳои зиёди ў «Новеллаҳо»,  романҳои «Тӯҳфа», «Гарман ва Ворше», «Иди мардумӣ», «Элсе», романҳои таърихии «Шкипер Ворше», «Заҳр», «Иқбол», «Сне», «Иди Иоанни муқаддас», «Якоб»  васеъ паҳн шуда, ба забонҳои дигар тарҷума шуданд.

Баъдтар Ҳелланн драмаҳои  “Tre par”, “Bettis Formynder” ва ғайра низ эҷод кардааст.

Асари охирини Ҳелланн тадқиқоти таърихӣ ва публитсистии «Дар атрофи Наполеон»  буд, ки ў барои он чандин сол маводд ҷамъ овардааст.

Соли 1854 дар Дарлингтон шоири англис Томас Эббот дар синни 85-солагӣ вафот кард.

Соли 1930 дар Эванстон, иёлати Иллинойс нависандаи асарҳои илмӣ-тахайюлӣ ва рассоми амрикоӣ Гэхан Уилсон ба дунё омадааст.

Ба қавли нависанда, ӯ аз кӯдакӣ дунёи худро дошт, танҳо бозӣ мекард, танҳо дар олами тахайюлоти худ буд ва хондани қиссаҳои даҳшатоваре, ки дар маҷаллаи «Саргузаштҳои аҷоиб» чоп мешуданд, дӯст медошт. Зери таъсири ҳикояҳои Лавкрафт ва комиксҳои (комикс – силсилаи расмҳои матндор, ки мазмуну мундарҷаи пайвастае доранд ва дар нимаи асри ХХ дар ИМА хеле маъмул гардида ақидаҳои зӯроварию сангсӯиро тарғиб мекунанд) Чарлз Аддамс ӯ ба тасвири комиксҳои шахсии худ, ки дар саҳифаҳои маҷаллаи номбурда пайдо мешуданд ва баъдан дар нашрияҳои дигар аз қабили «Колерс уикли», «Взгляд», «Национальная сатира», «Ньюйоркер» ва  «Плейбой»  (Ду маҷаллаи охирин то ба имрӯз комиксҳои аслӣ ва хандаовари ўро нашр мекунанд.).

Илова ба фаъолияти худ ҳамчун рассоми комикс, Вилсон худро ҳамчун нависандаи боистеъдод муаррифӣ кардааст, ки бо романҳои ҳаҷвии “Кори охирини Эдди Деко” (1987) ва “Мурғобии дӯстдоштаи ҳама” (1988), романҳои тахайюлӣ  барои кӯдакон «Гарри, хирси фарбеҳи ҷосус» (1973), «Гарри ва мори баҳрӣ» (1976) ва «Гарри ва нўри сеҳрнок» (1978), зиёда аз понздаҳ китоби комикс ва ҳикояҳои хеле маъмулаш дар нашрияҳои гуногун чоп шудаанд. Вай инчунин бозии компютерии «Gahan Wilson the Ultimate Haunted House»-ро эҷод кардааст.

Уилсон ҷоизаи Конвенсияи фантастикаи ҷаҳонӣ (1981) ва ҷоизаи Милтон Каниффро барои саҳми бомуваффақият дар жанр аз  Ҷамъияти карикатуристони миллӣ (2005) сазовор шудааст.

 

Соли 1931 дар Лорен нависандаи амрикоӣ хонум Тони Моррисон, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1993 таваллуд шудааст.

Моррисон баъди иштирок дар маҳфили ғайрирасмии нависандагон ва шоирон дар Донишгоҳи Ҳовард, ки барои муҳокимаи осори аъзоёни он ҷамъ омада буд, ба фаъолияти нависандагии худ оғоз кард. Вай ба яке аз чунин вохӯриҳо бо ҳикояаш дар бораи духтари сиёҳпӯсте, ки чашмони кабуд доштанро орзу мекард, омад. Ин ҳикоя баъдтар асоси аввалин романи Моррисон зери унвони “Чашмони кабуд” (1970) гардид.

Соли 1972 романи «Сула»-ро ба табъ расонд, ки он низ дар бораи сарнавишти сангини зани сиёҳпўсти  ҷавон ҳикоят мекунад. Соли 1973 романи «Сула» ба Ҷоизаи китоби миллии ИМА пешбарӣ гардид.

Дар соли 1987 ӯ романи «Маҳбуба»-ро нашр кард, ки он дар соли 1988 сазовори ҷоизаи Пулитсер шуд.

Соли 1964 дар Ленинград мурофиаи судии шоир ва тарҷумон Иосиф Бродский оғоз ёфт.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА