Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 18-уми ноябр
Соли 1647 дар Карлат нависанда, намоишноманавис ва файласуфи фаронсавӣ Пйер Бейл чашм ба олами ҳастӣ кушод. Пер Бейл дар оилаи ҳуқуқшинос ба воя расидааст. Бо исрори наздикон ӯ ҳуқуқшиносиро аз худ карда, ҳатто таҷрибаи ҳуқуқӣ гирифтааст, аммо шавқу рағбати ў бештар ба эҷодиёт банд буд.
Бейл соли 1629 аввалин ҳаҷвияи назмии худро бо номи «Мелита» ба ҳунарманди начандон машҳури он замон ва роҳбари гурўҳи театр Гийом Мондори, ки дар музофотҳои Фаронса баромад мекард, нишон дод. Худи ҳамон сол Мондори «Мелита»-ро дар Порис ба саҳна гузошт. Муваффақияти намоишнома ҳам ба ҳунармандон ва ҳам ба муаллиф ин гуна имкониятро фароҳам овард, ки дар пойтахт қарор гирифтанд. Гурўҳи Мондори инчунин якчанд пйесаи навбатии Бейл – «Бевазан», «Саҳнаи суд», «Субретта», «Майдони шоҳона»-ро ба саҳна гузошт.
Соли 1634 Мондори бо дастгирии кардинал Ришеле ва бар хилофи монополияи театри меҳмонхонаи Бургундӣ театри Мараисро ташкил кард. Ришеле ба эҷодиёти Бейл диққати ҷиддӣ медод ва ҳатто ўро ба «гурўҳи» шоироне дохил мекард, ки аз рўи нақшаи худи кардинал пйесаҳо менависанд. Бо вуҷуди ин, Бейл зуд ин гурӯҳро тарк кард: ӯ роҳи худро дар драма меҷўст. Бейл дар баробари ҳаҷвияҳо аввалин фоҷиа бо номҳои «Клитандер» ва «Медея»ҳам навишт.
Аммо намоишномаи навбатии Корней «Сид» (1636) на танҳо барои намоишноманавис, балки барои таърихи тамоми театри ҷаҳон таҳаввулот кард. «Сид» миёни мардум муваффақияти калон пайдо карда, барои намоишноманавис ва ҳунармандон шуҳрати ҳақиқӣ овард. Баъди ин Пйер аз кардинал Ришеле табақаи дворянӣ ва нафақаҳои деринтизорашро соҳиб шуд. Аммо, ӯ танҳо бо кӯшиши сеюм тавонист ба Академияи Фаронса дохил шавад.
Мавзуи пйесаҳои «Родогуна», «Гераклий», «Дон Санчо аз Арагонӣ», «Никомед» ва «Пертарит», ки давоми солҳои 1648-1653 эҷод шудаанд, аслан дар бораи мубориза барои ҳокимият нақл мекунанд.
То ин дам шавқу ҳаваси тамошобинон ба пйесаҳои Пйер оҳиста-оҳиста кам мешуд ва дар баробари ин нахустнамоиши «Пертарит» дар меҳмонхонаи «Бургундия» нобарор омад. Намоишноманавис боз ба Руан меравад ва тасмим мегирад, ки аз эҷодиёт даст кашад.
Аммо пас аз 7 сол, соли 1659 вай бо даъвати вазири молия Фуке ба Порис баргашт ва бо худ фоҷиаи нав – «Эдип»-ро овард.
15 соли минбаъда марҳалаи охирини эҷодиёти драмавии Бейл гардид, ки ў дар давоми он якчанд фоҷиаи сиёсӣ «Серторий», «Софонисба», «Оттоон», «Аттила», «Тити ва Береника», «Сурена» ва ғ. эҷод кард.
Пйер Бейл давоми даҳ соли охири умраш барои театр навиштааст, гарчанде, ки дар соли 1682 маҷмуаи нави пйесаҳои худро аз чоп баровард.
Намоишноманавис 1 октябри соли 1684 дар Порис вафот кард.
Соли 1828 дар Верона шоири итолиёвӣ Ипполито Пиндемонте дар синни 75-солагӣ вафот кард.
Соли 1836 дар Странд намоишноманависи бритониёӣ, либертист, шоир ва мусаввир Вилям Швенк Гилберт ба олам омад. Вилям Швенк Гилберт ҳамчун муаллифи либреттоҳои чордаҳ операи ҳаҷвӣ, ки дар ҳамкорӣ бо оҳангсоз Артур Салливан навишта шудааст, маълум аст. Гилберт дар Мактаби Ealing ва Коллеҷи Кинг дар Лондон таҳсил карда, баъдан шаш сол (то соли 1862) ҳамчун котиб дар Шӯрои хусусӣ фаъолият кардааст. Аз соли 1861 сар карда, даҳ сол дар маҷаллаи «Фан» шеърҳои ҳаҷвиашро бо тасвирҳои худаш нашр кард. Аввалин асари ба саҳна гузошташудаи ў «Дулкамара» (1866) — тақлиди операи Г.Донитсетти «Нўшобаи ишқ» мебошад. Дар давоми сӣ соли дигар Гилберт тақлидҳо, фарсҳо, мазҳакаҳо, пйесаҳои мусиқӣ ва операҳои ҳаҷвӣ офаридааст. Соли 1871 Гилберт ҳамроҳи А.Салливан аввалин операи мазҳакавиашон «Феспис»-ро офариданд, ки баъд аз он сенздаҳ асари дигар пайдо шуд. Дар тӯли 25 сол, то соли 1896 – соли охирини басаҳнагзории «Ҳертсоги Бузург» – онҳо маҳбуби мардум буданд. Гилберт ва Салливан бо муваффақияти ғайриоддии пйесаҳои «Микадо», «Фрегата ва алоҳазрат Пинафор», «Сабри Гондолиён» пас аз Шекспир, дар саҳнаи Англия шӯҳрат пайдо карданд. Инчунин, Гилберт маҷмӯаи ашъори «Балладаҳои Беб»-ро бо расмҳои ҳаҷвии худ тасвир кард. Ӯ дорои беш аз 75 пйеса ва либретто, ҳикояҳои сершумор, шеърҳо, матни суруд ва дигар асарҳои ҳаҷвӣ ва ҷиддӣ мебошад. Пйесаҳо ва услуби реалистии режиссёрии ў ба бисёр намоишноманависон, аз ҷумла Оскар Уайлд ва Ҷорҷ Бернард Шоу илҳом бахшиданд.
Соли 1847 дар Прага нависанда, тарҷумон, шоир, намоишноманавис ва муаллифи либреттои чех Елишка Красногорская ба дунё омад.
Соли 1882 дар Порис файласуфи фаронсавӣ Жак Маритен, яке аз асосгузорон ва намояндагони барҷастаи неотомизм таваллуд шуд.
Соли 1892 дар Чквиши шоири гурҷӣ Галактион Табидзе, шоири халқии ҶШС Гурҷистон (1933), яке аз шоирони барҷастаи ин кишвар дар асри ХХ ба олам омад.
Галактион Табидзе дар оилаи омўзгори деҳот ва ҳамзамон коҳин ба воя расидааст. Аз соли 1908 дар семинарияи рўҳонии Тифлис таҳсил карда, соли 1914 аввалин маҷмуаи ашъори худро нашр кард. Дар соли 1915 ва охири соли 1916 ба Маскав омада, бо А.А.Блок, В.Я.Брюсов ва К.Д.Балмонт вохўрд. Соли 1919 маҷмуаи «Шеърҳои бадеӣ»-ро аз чоп баровард ва дар соли 1924 яке аз асосгузорони журнали «Мнатоби» («Нур») гардид. Муаллифи достонҳо ва шеърҳои “Ҷон Рид“ (1924), “Синну сол“ (1930), “Гурҷистони инқилобӣ” (1931), “Ғоя“ (1923), «Ба ҷанг, бародарон!», “Мо ғалаба хоҳем кард!”, «Иттифоқи дилҳо» (1941-1945) ва ғайра мебошад.
Табидзе, ки дар солҳои 1930-уми асри гузашта аз поккории сталинӣ наҷот ёфт, вале дар даврони пас аз Сталин таҳти фишори мақомоти шӯравӣ қарор гирифт, ки ӯро ба рўҳафтодагӣ ва майзадагӣ бурд. Дар натиҷа, ӯро дар дармонгоҳи бемориҳои рӯҳӣ ҷойгир карданд ва дар он ҷо аз тирезаи ошёнаи сеюм худро партофта, дар натиҷа ҳалок шуд.
Асарҳои машҳури Табидзе шеърҳои «Дунё аз кўҳҳо иборат аст…» ва «Шамол мевазад» ба ҳисоб мераванд.
Соли 1900 дар Таганрог намоишноманавис ва филмноманавис шӯравӣ Иосиф Прут, Ҳунарпешаи шоистаи РСФСР (1983) ба дунё омад. Асарҳои «Маршали далер» (1932), «Марҳилаҳои ҳаёти инсон» (1934), «Баталони шарқӣ» (1935), «Ман туро дӯст медорам» (1935), «Соли нуздаҳум» (1937), «Ду шаб» (1940), «Роҳ ба ҷануб» (1940), «Гвардияи ҷавон» (1940) ва ғайраҳо мансуби ўянд.
Соли 1906 дар Мюнхен нависандаи олмонӣ, намоишноманавис, мунаққид, хабарнигори ҷабҳа Клаус Манн, писари калонии Томас Манн ба олам омад.
Клаус то соли 1922 дар гимназияи Вилгелм (Мюнхен) таҳсил кардааст. Ба ибораи худаш он қадар шавқи мактаб рафтан надошт ва онро дўст намедошт, гарчанде ки дар хондан азоб намекашид. Вай хеле кўдаки шўх буд, ки бо ин рафтор падарашро нороҳат мекард. Волидайн тасмим гирифтанд, ки писари худро ба мактаб-интернати хусусӣ супоранд. Ҳамин тавр Клаус бо хоҳараш Эрика дар мактаб-интернати Ҳохвалдхаузен таҳсил кардааст. Пас аз баста шудани мактаб, Эрика ба Мюнхен баргашт ва Клаус ба мактаби хусусии Салем гузашт. Дар он ҷо ӯ ҳамчун як писарбачаи боғайрат, босавод ва қобилиятнок, ки аз ҳамсолон хеле пеш рафта буд, худро муаррифӣ кард.
Нахустин пйесаи Клаус Манн «Аня ва Эстер» ҳаёти ўро дар мактаб-интернатҳои хусусӣ тасвир мекунад. Пас аз мактаб-интернат, Клаус Манн бо хоҳараш Эрика ба Берлин меравад. Ҳамин тавр зиндагии ӯ дар Берлин ӯ бо шабнишиниҳо дар ҳалқаи дӯстон оғоз меёбад. Баҳори соли 1925 Клаус ба Порис сафар карда, ошиқи ин шаҳр мешавад. Дар синни 18-солагӣ ӯ ба ҳайси мунаққид дар рӯзномаи «12-Ур-Блатт» дар Берлин ба кор даромад. Аз соли 1924 ба навиштани ҳикояҳо шуруъ намуд. Аввалин асари адабии ӯ соли 1925 нашр шудааст. Соли 1924 ӯ бо Памела Ведекинд издивоҷ кард. Аллакай дар соли 1925 нахустнамоиши филми “Аня ва Эстер”-и ӯ дар Гамбург бо ҳамроҳии Памела Ведекинд, Эрика Манн ва ҳунарманд Густаф Грундгенс баргузор шуд.
Соли 1933 Клаус Манн Олмонро тарк карда, ба Порис ва сипас ба Амстердам рафт. Соли 1936 ба Амрико муҳоҷират кард ва соли 1943 шаҳрвандии ИМА-ро соҳиб шуд. Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ӯ дар артиши Амрико хидмат карда, дар Африқои Шимолӣ ва Италия меҷангад. Клаус Манн дар Канн бо истеъмоли аз меъёри зиёди доруи хоб (худкушӣ) даргузашт.
Соли 1906 дар Адапазарӣ нависандаи турк Саид Фоиқ Обосяник ба дунё омад.
Саит Файк Абасяник дар оилаи тоҷири сарватманд ба воя расидааст. Соли 1928 ба факултаи туркшиносии Донишгоҳи Истанбул дохил шуд, аммо соли 1930 бо раҳнамоии падараш барои таҳсил ба Швейтсария рафт. Пас аз хатми мактаб, ӯ се сол дар Фаронса, дар Гренобле зиндагӣ кард. Баъди бозгашт ба Туркия дар мактаби арманӣ барои кӯдакони ятим аз забони туркӣ дарс додааст. Кӯшишҳои ӯ барои тиҷорат муваффақ набуданд. Аз соли 1934 худро ба адабиёт бахшидааст. Аввалин маҷмуаи ҳикояҳояш «Самовар» соли 1936 аз чоп баромад. Абасяник дар инкишофи насри муосири турк, махсусан жанри ҳикоя нақши калон бозида, бо тасвири тезу тунд, вале инсондустии меҳнаткашон, кўдакон, фақирону камбағалон ба он ҳаёти нав бахшид. Нависанда дар тасвири худ, олами мураккаби ботинии «одамони майда»-ро ба майдон оварда, маҳорати баланди худро нишон додааст.
Асарҳои «Муҳаррикҳои гардиши ҳаёт» (1944), “Ҷустуҷӯи гумшудаҳо“ (1953), «Самовар» (1936), “Обанбор” (1939), «Одами зиёдатӣ» (1948),«Қаҳвахона дар маҳалла» (1950), «Абр дар осмон» (1951), «Ширкат» (1951), «Дар назди обанбор» (1952), “Парандаҳои охирин“ (1952), «Мор дар кӯҳи Алемдаг» (1954), “На чандон ширин” (1954) ва “Писарбача дар нақб” (1955) мансуби ўянд.
Сайид Фоиқ маҷмӯаи ашъори «Вақти ишқ фаро расид» (туркӣ: Şimdi sevişme vakti, 1953)-ро низ навиштааст.
11 майи соли 1954 дар Истамбул бар асари майзадагӣ аз сиррози ҷигар вафот кард.
Аз соли 1954 Туркия барои беҳтарин маҷмӯаи ҳикояҳо ҷоизаи ҳарсолаи адабии ба номи Сайид Фоиқро (туркӣ: Sait Faik Hikâye Armağanı) таъсис дод.
Соли 1918 дар Маниса шоир ва мутарҷими турк Илҳон Берк, яке аз пешвоёни ҷунбиши постмодернистӣ дар назми туркии «Насли нави нав» чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Берк Илҳон хатмкардаи шӯъбаи фаронсавии Донишкадаи омӯзгории Анқара Газӣ (1945) буд. Ӯ узви гурӯҳи адабии «Сепоя» ба шумор мерафт, ки ин гурўҳ мухолифи ҷудоии шеър аз зиндагӣ буд. Шеърҳои Берк дар маҷмӯаҳои «Саломи онон, ки офтобро равшан мекунанд» (1935), «Истанбул» (1947), «Салом, замин» (1952), «Суруди Туркия» (1953), «Короғлу» (1955) гирд оварда шудаанд. Таҳти шиори «Шеърҳои бемаъно» чанд маҷмуа: «Хати мехӣ» (1960), «Хайма» (1961), «Мисир-калонйне» (1962) ба табъ мерасонад. Берк инчунин «Тазкираи назми турк»-ро тартиб дода, ашъори шоирони фаронсавиро ба туркӣ тарҷума кардааст.
Соли 1921 дар шаҳри Каунаси Ҷумҳурии Латвия шоир, тарҷумон Лия Франк таваллуд шудааст. Соли 1940 Гимназияи шаҳри Рига ва соли 1944 Институти ҳуқуқшиносии Свердловск (ҳозира Екатиренбург)-ро хатм кардааст. Аз соли 1960 муаллимаи забонҳои лотинӣ ва олмонии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) будааст. Ҳамзамон, машғули таълифи дастурҳои таълимии забони олмонӣ ва фаъолиятии эҷодӣ гардидааст.
Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Афсунҳо» (1976), «Бадеҳаҳо» (1983), «Ҳавои хуб» (1985) – ба забони олмонӣ ва «Акнун ман огоҳам» (1986) – ба забони русӣ буда, силсилаи шеърҳояш дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.
Ашъори шоирони литвонӣ Зиёдонис ва Ватметис, адиби японӣ Исикава Токубоку ва чанд рубоии Умари Хайёму шеъри Мӯъмин Қаноатро ба олмонӣ гардондааст.
Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 2012 дар шаҳри Берлин аз олам гузашт ва дар қабристон яҳудиён ноҳияи Вайсезееи шаҳри Берлин ба хок супурданд.
Соли 1939 дар Оттава нависанда, шоир ва адабиётшиноси канадагӣ Маргарет Этвуд, барандаи Ҷоизаи Артур Кларк, Ҷоизаҳои Букер дар солҳои 2000 ва 2019 ва Ҷоизаи Франтс Кафка ба дунё омад.
Маргарет Этвуд фаъолияти адабии худро дар синни 16-солагӣ оғоз кардааст. Соли 1957 вай ба Коллеҷи Викторияи Донишгоҳи Торонто дохил шуда, соли 1961 ӯ дараҷаи бакалаврро бо забони англисӣ соҳиб шуд. Соли 1962 Маргарет дар Коллеҷи Рэдклифф дар Донишгоҳи Ҳарвард дар Массачусетс дараҷаи магистрро гирифт. Ду сол боз таҳсилро идома дод, аммо рисолаи докториро ба анҷом нарасонд. Асарҳои Маргарет Этвуд ба зиёда аз 20 забон тарҷума шудаанд. Нависанда мавзуҳоеро ба миён мегузорад, ки ба хонандагони тамоми дунё наздиканд – ташаккули хислат, нафаҳмидани ҳамдигар аз тарафи наздикон, фурсатҳои аз даст рафта ва орзуҳои иҷронашуда. Ба ҷуз аз китобҳои бадеӣ, Маргарет Этвуд муаллифи асарҳои зиёди илмӣ низ мебошад. Ба онҳо танқиди адабӣ, тадқиқот, очеркҳои тарҷумаиҳолӣ, баррасии китобҳо, очеркҳои сиёсӣ ва экологӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд. Этвуд инчунин муаллифи китобҳои сершумори кӯдакон аст ва яке аз маъруфтарин нависандагони инглисзабон дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Асарҳои «Афсонаи каниз», «Қотили нобино» ва «Васиятҳо» мансуб ба ўянд.
Соли 1946 дар Ню Йорк нависандаи амрикоӣ Алан Дин Фостер, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Аэлита (2021) ба олам омад.
Алан Дин Фостер давраи кӯдакии худро дар Лос-Анҷелес гузаронида, пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи Калифорния дохил мешавад. Аввалин романи Фостер соли 1972 ба табъ расида буд ва аз он вақт нависанда беш аз яксаду бист китоб нашр кардааст. Онҳо ба даҳҳо забон тарҷума шудаанд ва дар саросари ҷаҳон соҳиби ҷоизаҳои адабии гуногун шудаанд. Алан Дин асарҳои жанри тахайюлӣ, даҳшат, корогоҳӣ, бадеӣ,таърихӣ ва муосир менависад. Фостер ҳамчун филмноманавис дар филмҳо ва силсилафилмҳои телевизионӣ кор кардааст: “Ҷанговарони ситораҳо“, се қисмати силсилаи “Бегона“, “Ахбори Риддик“, “Роҳи ситорадор“, “Терминатор: Наҷотдиҳанда биёяд“, “Трансформерҳо“. Айни замон дар Калифорния зиндагӣ мекунад.
Соли 1950 дар Филаделфия иёлати Пенсилвания нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ Майкл Суонвик, барандаи ҷоизаҳои «Небула», «Ҳюго» ва «Аэлита» чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Майкл Суонвик аз соли 1980 – нависандаи касбӣ ба шумор меравад. Ду достони аввали нависанда барои ҷоизаҳои олии тахайюлӣ пешбарӣ шуда буданд ва ин ду асар маҷбур буданд бо ҳам рақобат кунанд. Дар тӯли якчанд сол, Майкл Суонвик бо нашри як ҳикоя пас аз дигаре дар маҷаллаҳои фантастикӣ миёни хонандагон шӯҳрат пайдо кард, аммо “монеаи” муайян боқӣ монд – ба ў романнависӣ муяссар намешуд. Дар охир, бо маслиҳати яке аз дӯстонаш, Суонвик дар асоси достони худ «Бӯсаи Муммер», якчанд ҳикояҳои ба ҳам алоқаманд навишт ва ба ин васила аввалини романи худ «Дар минтақаи партоб»-ро рӯи кор овард (1985). Ҳамин тавр, нависанда монеаи психологиро бартараф карда тавонист.
Пас аз ду сол, романи дуюми Суонвик “Гулҳои вакуумӣ” ба табъ расид. Асари “Духтари аждаҳои оҳанин” барҷастатарин ва шояд тавонотарин асари нависанда ба шумор меравад. Ин роман ҳанӯз соли 1993 дар Русия аз ҷониби АСТ нашр шуда буд, аммо мутаассифона, дар байни хонандагони рус муваффақияти зиёд ба даст наовард.
Майкл Суонвик борҳо бо Гарднер Дозойс ва Ҷек Данн ҳамкорӣ карда, як ҳикояи “Ҷанг“-ро бо Вилям Гибсон ва “Сайёраҳои бостонӣ: Нӯҳ иқтибос аз Энсиклопедияи Галактика” -ро бо писараш Шон Суонвик навиштааст. Майкл Суонвик ҳамчунин ду асари нотамоми Аврам Дэвидсонро, ки дар Русия бо романи тахайюлии “Қуқнус ва оина“ маъруф аст, ба анҷом расонд. Ҳоло нависанда дар Филаделфияи Пенсилвания зиндагӣ мекунад, бо ҳамсараш Марион Портер ва писараш фаъолона эҷод мекунад.
Соли 1952 дар Порис шоири фаронсавӣ Пол Элюар дар синни 56-солагӣ аз сактаи қалб даргузашт.
Соли 1957 дар деҳаи Фидокори ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон шоир, рӯзноманигори тоҷик Усмон Билолӣ ба дунё омад. Соли 1975 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1980 соҳиби диплом гаштааст.
Аз соли 1981 корро дар рӯзномаи «Вахш»-и ноҳияи Вахш шурӯъ карда, то марти соли 1982 фаъолият бурдааст.
Аз моҳи майи соли 1989 то августи 1989 мудири шуъбаи эҷодиёти халқи Маркази эҷодиёти халқи вилояти Қӯрғонтеппа, аз августи 1989 то майи 1990 муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №16 ноҳияи Вахш, аз майи 1990 то сентябри 1992 мудири шуъбаи ахбори радиои вилояти Хатлон будааст.
Моҳи октябри соли 1997 котиби масъули рӯзномаи «Бохтар»-и ноҳияи Бохтар таъин шуда, аз январи соли 1998 то феврали 2002 сармуҳарририи онро бар уҳда доштааст.
Сипас, аз моҳи марти 2002 то августи 2006, ба ҳайси муҳаррири калони Кумитаи телевизиони вилояти Хатлон ифои вазифа намудааст.
Аз августи 2006 то июни 2009 мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи вилоятии «Хатлон» будааст.
Моҳи июли соли 2009 ба сифати котиби матбуоти раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ба кор пардохта, моҳи июли соли 2011 сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа» таъин гардидааст.
Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Бистари хор» (2003), «Ширинтарин таронаи оғоз» (2005), «Сад шукри Рӯдакӣ» (2008), «Замини сабзи ҳавасҳо» (2011)-ст.
Барои маҷмӯаи ашъори «Сад шукри Рӯдакӣ» сазовори Ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳин (2009) гардидааст.
Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1987 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Соли 1978 дар Ленинград нависандаи илмии рус Татяна Томах ба олам омад.
Соли 2019 дар Екатеринбург, нависандаи рус Игор Сахновский, барандаи ҷоизаҳои миллии бестселлер, дар синни 61-солагӣ даргузашт.
Игор Сахновский 17 июли соли 1958 дар шаҳри Орски вилояти Оренбург таваллуд шуда, соли 1981 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Уралро хатм кардааст. Соли 1999 аввалин романи Сахновский «Эҳтиёҷи муҳими мурдагон» дар маҷаллаи «Новая мир» нашр шуд. Дар соли 2000 роман ба Ҷоизаи ба номи Аполлон Григорев пешбарӣ шуда, соли 2002 ба забони англисӣ тарҷума ва бо ҷоизаи байналмилалии адабии Fellowship Hawthornden International Writers Retreat (Бритониё) сарфароз гардид.
Дар соли 2003 силсилаи ҳикояҳои «Хушбахт ва девона» сазовори ҷоизаи умумирусиягии «Декамерони Русия» гардид. Соли 2005 маҷмӯаи «Хушбахт ва девона» аз ҷумла романи «Эҳтиёҷи муҳими мурдагон», ҳикояву очеркҳо ба табъ расид. Дар соли 2007 Сахновский романи “Одаме, ки ҳама чизро медонист” нашр кард, ки ба рӯйхати ниҳоии Ҷоизаи миллии адабии “Китоби бузург” ва Ҷоизаи “Букери Русия” барои солҳои 2006-2007 дохил карда шуд. Соли 2009 ин романро коргардон Владимир Мирзоев ба навор гирифт. Дар соли 2008 романи “Одаме, ки ҳама чизро медонист” бо Ҷоизаи биринҷии Стругатский сарфароз шуд. Дар соли 2009 нашриёти АСТ маҷмӯаи Сахновский “Ҳикояи пинҳонии ишқ“ ва романи “Суиқасди фариштаҳо” – ро нашр кард.
Соли 2023 дар Ҳейделберг филолог ва нависандаи рус Михаил Безродний, муҳаққиқи адабиёти руси асри XIX ва ибтидои асри ХХ дар синни 66-солагӣ вафот кард.
Асарҳои «Охири иқтибос» (1996, сазовори ҷоизаҳои Букери хурд ва Андрей Синявский), «Фикр кун, ки аз даст рафт» (2003), «Рангинкамон ва ҳаштпо» (2016) ва «Қуттии сеюм» (2019) мансби ўянд.
Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова