Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 18-уми ноябр

Як-рузи-таърих-18Соли 1307 бино ба ривоятҳо Вилгелм Телл тири каммонғӯларо ба себи сари писараш мерасонад. Дар ин рӯйдод худи себу нишонзании Телл бароямон шояд ҷолиб набошад, вале донистани ин ки ин қаҳрамони устуравӣ кист, то андозае барои маърифат муҳим аст. Вилгелм Телл як қаҳрамони устуравии Шветтсария дар асри чаҳордаҳум аст. Тирандози моҳир буд ва муборизи матини истиқололи кишвараш аз Австрия ва империяи Руми муқаддас буд. То дергоҳ ба унвони як шахсияти таърихӣ шинохта мешуд, вале ҳоло ҳақиқати афсонаву ривоятҳо дар бораи ӯ мавриди баҳс қарор гирифтааст.  Вилгелм Тел дар баробари намоде, ки истилогарони кишвараш гузошта буданд, сар хам накард ва онро ба ҳеч гирифт. Маҷбур шуд рӯи  сари писари хурдакакаш себе гузорад ва аз камонғӯла ба он тир андозад, ки метавонист дар сурати як хатои кӯчак фарзандашро ба қатл бирасонад.

Вилгелм Телл қаҳрамони миллии ҳамосаӣ барои дифоъ аз рустоиён ба муқобили низоми феодалии замона талош мекунад ва ҳамеша дар набардҳо бар золимон пирӯз меояд.

Соли 1477  Вилям Кекстон – нахусти ношир ва чопхонадори англисӣ китоби “Ҳикмати файласуфон”-ро чоп мекунад ва ин аввалин василаи чопие дар Англия буд, ки таърихи нашр дошт.

Соли 1827 дар Штутгарт дар синни 24-солагӣ афсонанависи олмонӣ Вилгелм Гауф бар асари бемории домана тарки олам кард. Вай нависанда, новелланавис, доктори илмҳои фалсафа ва фиқҳ буд. Кулли эҷоди адиб дар се маҷмуаи афсонаҳои гирд омадааст, ки охирини он баъди маргаш рӯи чоп омадааст.

Соли 1847 дар шаҳри Прага нависанда, шоир, намоишноманавис, либреттонавис ва тарҷумони чех Элишка Красногорская ба дунё омадааст. Аз ҷумлаи фаъолзанони замонаш буд, ки дар ҷунбишҳои бонувон иштирок мекард ва дар ҷамъияти коргарие, ки Каролина Светлой (номи мустаори як романнависи чех) асос гузошта буд, нақши муҳим бозид.

Соли 1865 аввалин ҳикояи Марк Твен “Қурбоқаи паррони машҳур” дар  рӯзномаи «Saturday Press» чоп шуд. Ин ҳикоя ба нависандаи оянда шуҳрати аввалинро оварда буд. Ҳикояро аз нашрияи ёдшуда чандин нашрияҳои дигари ИМА чоп карданд.

Соли 1892 шоири гурҷӣ Галактион Василевич Табидзе ба дунё омад. Табидзе Шоири халқии Гурҷистон ва академики Академияи илмҳои ин кишвар буд.

Соли 1900 навсанда ва намоишноманавис, филмноманависи рус Иосиф Прут ба дунё омад.

Соли 1906 нависандаи аҳли Олмон Клаус Манн таваллуд шуд. Клаус писари Томас Манн, нависандаи олмонӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт буд. Клаус Манн сарнавишти талхе дорад. Бар асари истеъмоли аз меъёр беши давои оромбахшу таскиндиҳанда дар Канн (Фаронса) дар синни 43-солагӣ аз олам гузашт. Бино ба гуфтаи дигар вай худкушӣ карда буд, аммо дар бораи сабаби даст ба худкушӣ задани адиб маълумот нест.

Маргарет Этвуд Соли 1922 дар Порис адиб, новелланавис, мунаққид Марсел Пруст аз олам гузашт. Вай ҳамагӣ 51 сол дошт. Машҳуртарин асари ӯ “Дар ҷустуҷӯи вақти гумшуда” ном дорад.

Соли 1939 дар Оттава адиби аҳли Канада ва мунаққиди адабиёт Маргарет Этвуд ба дунё омад. Аз навиштаҳои хуби ӯ “Нақли пешхидмат”, “Қотили нобино”-ро ном мебаранд. Барандаи ҷоизаи ба номи Артур Кларк, ҷоизаи Франс Кафка мебошад. Хонум Маргарет Этвуд яке аз нависандаҳои машҳури англисзабон ба шумор меравад.

Таҳияи Б.Шафеъ