Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 18 – уми сентябр
Соли 1750 дар Пуэрто-де-ла-Крус, воқеъ дар ҷазираи Тенерифе (исп. Tenerife. Ҷазирае дар уёқёнуси Атлас) шоир ва масалнависи испонӣ Томас Ириарте ба дунё омад. Вай ҷияни адабиётшинос Хуан Ириарте (1702-1771) буд.
18-сол дошт, ки намоишномаҳои фаронсавиро барои театри салтанатӣ тарҷума мекард. Соли 1770 аввалин мазҳакаи худро навишт. Асари Ҳоратсий «Ars poetica», чор китоби аввали “Энеида”-и Вергилия, “Робинзон Крузо”-и Дефо, шеъру достонҳо ва намоишномаҳои Волетрро низ тарҷума кард.
Маҳорати эҷодии ӯ бештар дар достони “Мусиқӣ” ва масалҳои ӯ дида мешавад.
Томас Ириарте 17 сентябри соли 1771 дар синни 40-солагӣ аз олам гузашт
Соли 1851 аввалин шумораи машҳуртарин нашрияҳои олам «Ню-Йорк таймс» аз чоп баромад. Ин рӯзнома дар шаҳри Ню-Йорки ИМА нашр мешавад ва номи он низ аз ҳамин аст. Он ҳамарӯза дар ИМА ва дигар нуқоти олам ҳамзамон чоп мешавад.
Рӯзнома мутааллиқ ба ширкати “Ню-Йорк тамс” аст. Ин сеюмин нашрияи пурфурӯш дар ИМА баъди USA Today ва The Wall Street Journal ва 40-умин дар олам ба шумор меравад.
Веб-сайти он дар дунё машҳуртарин аст, ки моҳе то ва баъзан бештар аз 30 миллион боздидкунанда дорад.
Шиори рӯзнома: “Ҳама навгониҳо шоистаи чопанд” мебошад.
Аввалин рӯзномаи олам аст, ки чопи офсет ва расми рангаро таҷриба кард.
“Ню-Йорк таймс” 117 маротиба барандаи ҷоизаи Пулитсеров шудааст.
Соли 1852 маҷаллаи “Современник” аввалин асари Лев Николаевич Толстойро бо номи “Бачагии ман” чоп кард. Ин повест баъдан шомили як сегона шуд ва номи “Бачагӣ” гирифт.
Соли 1905 дар шаҳри Кӯқанд нависанда, шоир, намоишноманавис, хабарнигори ӯзбек Собир Абдулло (Собирҷон Абдуллоев) таваллуд шуд. Ин шаҳр замони таваллуди адиби оянда тобеъи империяи Русия буд.
Собир Абдулло Ходими хидматнишондодаи ҶШС Ӯзбекистон, Шоири халқии Ӯзбекистон (1965), барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Ҳамза (1917) буд.
Вай чун як шахси босаводи замони худ аз донандагони хуби адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба шумор мерафт, аз пайравон ва донандагони хуби осори Бедил буд. Аз ҷумлаи шатранҷбозони машҳур ҳам буд, ҳарчанд дар мусобиқоти варзишӣ ширкат наркардааст.
Модараш Ҳоҷарбӣ бонуи босавод буд ва маҳз ӯ буд, ки писарашро бармаҳал ҳарф омӯхт, ба саводу дониш тарғиб намуд. Дар ҳаштсолагӣ вай басо озодона хати форсиро мехонд ва бо ашъори шуарои асрҳои пешин ошно мешуд, талош мекард ба маънии ғазалу достону қасидаҳо сарфаҳм равад.
Собир Абдуллоро филмноманависи соҳибистеъдод медонанд ва филми “Тоҳир ва Зуҳро” бар пояи филмномаи ӯ (бо шарикмуаллифии А. Спешнев) ба навор гирифта шудааст.
Аз пайравони вазни арӯз дар шеър буд.
Муаллифи чандин маҷмуаи шеърист.
Собир Абдулло 24 октябри соли 1972 дар синни 67-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1925 Сергей Есенин ва Софя Андреевна Толстой издивоҷ карданд. Софя набераи Лев Толстой буд. Вай 25 апрели соли 1900 дар Ясная Поляна ба дунё омад. Ҳамсари охирини Сергей Есенин буд. Баъдҳо осорхонаи давлатии Лев Толстой дар Москавро сарварӣ кард.
Соли 1904 падараш ҳамсар ва фарзандонашро тарк кард ва соли 1907 расман аз ҳам ҷудо шуданд. Баъдан Олга Толстой бо ду фарзандаш дар Англия зиндагӣ кард.
19 декабри соли 1921 Софя ба дӯсти хонаводаашон С.М. Сухотин ҳамбистар шуд. Баъди маросими издивоҷ Сухотин бемор шуд ва моҳи январи соли 1922 барои муолиҷа ба Порис фиристоданд. Баъди хатми донишгоҳ ғоибона аз шавҳар ҷудо ва 5 марти соли 1925 бо Сергей Есенин шинос шуд. Ва 8 моҳ баъди ақди никоҳ бастанд.
Аммо ҳаёти хушбахт насибашон нагашт. Есенин бармаҳал тарки олам кард ва Софя ягона касе монд, ки кулли осори шоирро нигоҳ дорад, хотираҳо чоп кунад ва барои абадзинда мондани шахси дӯстдоштааш корҳои зиёдеро анҷом диҳад.
29 июни соли 1957 дар синни 57-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1948 дар Ҳелсингборг нависандаи шведӣ Улф Нилсон зода шуд. Вай муаллифи асарҳое чун “Комиссар Гордон”, “Алвидоъ, ҷаноби Маффин!”, “Хубтарини олам”, “Сарградониҳои ҳамшира Кролчиха” ва ғайра мебошад. Барандаи ҷоизаи Астрид Линдгрен (2006) аст.
Соли 1960 дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ шоир, муҳаққиқ ва омӯзгори тоҷик Равшани Ҳамроҳ таваллуд шуд. Соли 1976 мактаби 8-солаи деҳаро хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент супурдааст. Соли 1980, баъди хатми омӯзишгоҳ, донишҷӯи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд шуда, соҳои 1984-1989 дар мактаби миёнаи №35 ноҳияи Ёвон омӯзгорӣ, солҳои 1989-1992 дар шуъбаи маорифи ноҳия мушовирӣ кардааст. Аз соли 1992 дар мактаби миёнаи зодгоҳаш муаллим буда, аз соли 1994 дар Коллеҷи омӯзгории Панҷакент дарс мегӯяд.
Шеърҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Гарди ситора» (1990), «Гули абр» (1997), «Андешаҳо аз решаҳо» (1999), «Таронаҳо ва хонаҳо» (2001), «Забони чашм» (2003), «Тафсири фиғони мурғ» (2004), «Оҳанги бедорӣ» (2006), «Ташнаи дидор» (2007), «Саду як ғазал» (2009), «Солнома» (2011) ва «Дарахти оҳ» (2013) мебошад.
Як маҷмӯаи ашъори ҳаҷвӣ дорад, ки бо номи «Витамини ханда» (1999) чоп шудааст.
Муаллифи чанд рисолаи илмию методӣ, аз ҷумла, «Саргузашти Ҳазрати Муҳаммад» (2009), «Қиссаҳо аз рӯзгори Имоми Аъзам» (2010), «Таълимгоҳи бузургон» (2010), «Қонуни зар ва дарёи пургуҳар» (2010), «Фарзанди қарни ХХ» (2011) ва «Рӯзгори омӯзгор» (2013) буда, бештар аз 50 мақолааш дар матбуоти маҳалливу марказӣ ба табъ расидаанд.
Соли 2013 «Тазкират-ул-авлиё»-и Шайх Атторро бо хати кириллӣ ба чоп расондааст.
Барандаи Ҷоизаи ба номи Қутбӣ Киром (2010).
Аълочии маорифи Тоҷикистон.
Аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
(Сом.Ит.Нав.)
Соли 1980 дар синни 90-солагӣ нависанда, рӯзноманигор вафаъоли сиёсии амрикоӣ Кэтрин Энн Портер аз олам гузашт. Вай 19-майи соли 1890 дар иёлати Техаси ИМА зода шуда буд.
Кэтрин Энн Портер соли 1930 бо чопи аввалин китоби худ маҷмуаи достонҳои кутоҳи “Яҳудои шукуфта” худро ба унвони як нависандаи соҳибсабк дар достони кутоҳ муаррифӣ кард. Соли 1966 соҳиби ҷоизаи Пулитсер ва Ҷоизаи миллии китоб шуд. Китоби “Киштии аблаҳон”-и ӯ аз пурфурӯштарин китоби ИМА дар ҳамон солҳо буд ва ин роман барояш шуҳрати зиёд овард.
“Аспи рангпарида, савори рангпарида”. “Бурҷи каҷ”, “Айёми гузашта”, “Киштии аблаҳон, “Яҳудои шукуфта”, “Духтарии Виолетта”, “Ресмон”, “Қабр” ва ғайра номгӯи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 2009 дар шаҳри Москав дар синни 92-солагӣ забоншиноси Шӯравӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики АИ Наталия Шведова тарки олам кард. Ӯ яке аз ҳаммуаллифони Луғати Ожегов ба шумор меравад.
Шведова духтари мунаққиди адабиёт Юлий Исаевич Айхенвалд буд, ки соли 1922 ҳамроҳ бо гурӯҳе аз олимони Русия ва фаъолони фарҳангу ҳунар ба хориҷ бадарға шуданд ва соли 1928 дар шаҳри Берлин аз олам гузашта буд.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ