Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 19 – уми феврал

Як-рузи-адабиёт-19-02-2024Соли 1812 шоири лаҳистонӣ Зигмунт Красинский ба дунё омадааст. Аввалин асари худ «Қабри оилаи Рейхсталҳо»-ро  (1828) аз рӯи анъанаи «романи даҳшатбор» замони зиндагӣ дар Варшава офаридааст.

Асарҳои муҳимтаринаш солҳои 1830 эҷод шудаанд. Драмаи «Маҳзакаи ғайриодӣ» (1835) ўро машҳур гардонд. Дигар асарҳои ӯ аз қабили драмаи «Иридион» (1833-1836) (он ба замони таназзули Руми Қадим мансуб аст),  романи таърихии «Оғойхон» (1834), «Пеш аз бомдод» (1843) достони рӯъёӣ «Забӯрҳои оянда» (1845-1848) мансуби ўянд. Зигмунт Красинский инчунин ба забони фаронсавӣ ҳам эҷод кардааст.

Ованес Тадевосович ТуманянСоли 1869 нависанда ва шоири арман Ованес Туманян таваллуд шудааст. Туманян аз соли 1887 ба навиштани асарҳои лирикию насрӣ, тарҷума, маколаҳои адабӣ-танқидӣ ва публитсистӣ  оғоз кардааст. Баъди эҷоди ду маҷмуаи «Шеърҳо» (1890-1892) миёни мардум шуҳрат пайдо кард. Аксарияти асарҳои Туманян аз ҷумла афсонаҳои «Саг ва гурба», «Марги Кикос», «Назари далер», «Ануш», «Дар кўҳҳои арман», «Паноси бадбахт», «Дуруғгўй» ва ғайраҳо ба рўйхати шоҳасарҳои адабиёти арман дохил мешаванд. Туманян дар достонҳои «Мору» (1887), «Лоретси Сако» (1889) ва «Ануш» (1890) деҳаи арманиро, ки аз рўйи анъанаҳои кӯҳнашуда зиндагӣ мекунанд, тасвир кардааст. Достонҳои «Ахтамар» (1892), «Парвона» (1903), «Қатраи асал» (1909), «Забти қалъаи Тмук» (1902), «Довуди Сосунӣ» (1902), «Шоҳ ва савдогар» (1917) дар асоси ривоятҳои арманию шарқӣ, афсонаҳои халқӣ ва достонҳои миллӣ эҷод шудаанд. Корней Чуковский дар бораи Туманян чунин навиштааст: “Он нафареро, ки «Қатраи асал», «Саг ва гурба», «Марги муш»-ро навиштааст, дар воқеъ, кас наметавонад дар қатори устодони аввалиндараҷаии санъати ҷаҳонӣ ҷой надиҳад.

Соли 1884 нависандаи гурҷӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ Лео Киачели (Леон Михайлович Шенгелая) ба дунё омадааст.

Аз соли 1905 ба фаъолияти адабӣ машғул шуда, аслан ҳикояҳои кўтоҳ менавишт. Соли 1917 романи таърихӣ-инқилобии ў «Тариэл Голуа» (1915) дар бораи воқеаҳои соли 1905 дар Гурҷистон аз чоп баромад, ки он ибтидои инкишофи ҳақиатнигории сотсиалистӣ  дар адабиёти Гурҷистон гардид. Дар соли 1927 қисми якуми романи инқилобии «Хун» аз чоп баромад, ки дар бораи корҳои зеризаминӣ дар Гурҷистон баъд аз инқилоби якуми рус дар солҳои 1905-1907 нақл мекунад.

Романи «Гвади Бигва» (1938) дар бораи ғалабаи сохти колхозӣ дар қишлоқи Гурҷистон, романи «Одами кўҳсор» (1945) ба мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст. Повестҳои «Малика Мая» (1927), «Алмасгир Кибулан» (1928), «Хаки Адзба» (1933), «Крейсер Шмидт» (1933), марги синфҳои иртиҷоӣ ва ғалабаи сохти нави ҳаёти сотсиалистиро тасвир мекунанд. Филмномаҳои «Водии тиллоӣ» (1937), «Дар зери як осмон» (1961) мансуби ўянд. Асарҳои нависанда ба бисёр забонҳо тарҷума шудаанд.

Соли 1896 шоир ва нависандаи фаронсавӣ Андре Бретон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ў асосгузори сюрреализм (сюрреализм – равияи иртиҷоии шаклпарастӣ дар санъату адабиёти буржуазӣ, ки воқеияти реалиро инкор карда, манбаи эҷодиётро дар чизҳои аз шуур беруну ғайритабиӣ мебинад) мебошад.

Асарҳои «Майдонҳои магнитӣ» (1919), «Моҳии ҳалшаванда, (1924), «Надя. Зане, ки ба китоб табдил ёфтааст», (1928-1963) “Киштиҳои алоқа” (1932), «Субҳ» (1934), “Ишқи маҷнунвор», (1937), «Аркан 17» (1945), «Чароғ дар соат» (1948) ва ғайраҳоро эҷод кардааст.

Соли 1899 филмноманавис, шоир, намоишноманавис ва рӯзноманигори Шӯравии рус Юрий Карлович Олеша ба дунё омадааст. Вай соли 1924 аввалин асари калони насрии худ – романи афсонавии «Се шикамкалон»-ро навишт, ки он танҳо баъди чор сол рӯи чопро дид. Ин асар дар бораи инқилоб нақл мекунад, дар он мардуми камбағалу қавиирода ба муқобили ҳукмронии се ҳокими хасис ва чашмгурусна  ҷасурона мубориза мебаранд.

Романи «Ҳасад»-и ў яке аз беҳтарин асарҳои адабиёти шуравӣ ба шумор меравад, ки дар бораи мавқеи зиёиён дар Русияи баъдиинқилобӣ нақл мекунад. Аксар адабиётшиносон «Ҳасад»-ро қуллаи эҷодиёти Олеша ва бешубҳа, яке аз қуллаҳои адабиёти руси асри ХХ меноманд. Нависанда соли 1929 аз рўи ин роман пйесаи «Сӯиқасди ҳиссиёт»-ро эҷод кардааст.

Яан КроссСоли 1920 нависандаи эстонӣ  Яан Кросс  ба дунё омадааст. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Ғижжарҳои сангин» (1964), «Сурудҳо дар болои чалак» (1966), «Борон муъҷиза дорад» (1969), «Селоб ва соскан» (1971) мебошад.

Романҳо ва ҳикояҳои таърихии Кросс, ки қаҳрамононаш шахсони ҳаёташон бо Эстония алоқаманд буд, шуҳрати калон пайдо карданд. Кросс дар асарҳои худ аз таҷрибаи таърихӣ (асарҳояш бо диққати зиёд ба эътимоднокии воқеаҳо фарқ мекард), дар бораи муносибати сахтгирӣ ва созиш, идеализм ва амалия андеша ронда, кўшиш кардааст, ки қаҳрамонони худро маҳкум накарда, балки дунёи мураккаби ботинии онҳоро дарк кунад.

Яан Кросс  ба унвонҳои нависандаи шоистаи РСС Эстония (1971) ва нависандаи халқии ҶШС Эстония (1985) сарфароз гардонида шудааст.

Соли 1921 шумораи аввалини рӯзномаи «Труд» аз чоп баромад.

Соли 1947 дар Маскав шоир, библиограф ва очеркнависи рус Лев Рубинштейн таваллуд шудааст. Бо қалами Рубинштейн китобҳои шеъру очеркҳои «Мусиқии хонагӣ», «Таъқиби  кулоҳ ва матнҳои дигар», «Аломатҳои таваҷҷуҳ», «Тамоми сол. Тақвими ман» эҷод шудаанд, ки баъдан ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, шведӣ, лаҳистонӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудаанд.

Нависанда дар маҷаллаҳои «Итоги» ва «Еженедельный журнал» ба ҳайси хабарнигор фаъолият кардааст. Соли 2012 барои китоби «Аломатҳои таваҷҷуҳ» Лев Семёнович сазовори ҷоизаи адабии «НОС» гардид.

Андре ЖидСоли 1951 дар Порис нависанда, насрнавис, намоишноманавис ва очеркнависи фаронсавӣ Андре Жид дар синни 81-солагӣ вафот кард.

Ба эҷодиёти Жид нобоварӣ нисбат ба ҷомеа ва ахлоқи суннатии ғарбӣ хос аст. Ба ақидаи муаллиф, карахтӣ ва парастиши кӯр-кӯрона ба мақомот барои дарёфти роҳи худшиносӣ ва баёни ҳақиқии шахсияти озод монеа эҷод мекунад. Нависанда ба адабиёти рус таваҷҷуҳи хоса дошт. Андре ҳатто дар бораи Фёдор Достоевский китоб навиштааст.

Асарҳои худи Жид ҳамеша аз ҷониби ҷомеа мавриди баррасӣ қарор мегирифтанд ва рўйдодҳои он ба иқтибосҳо табдил меёфтанд. «Дарвозаҳои танг», «Набаҳрасозон», «Бадахлоқпараст»-ро метавон аз машҳуртарин асарҳои адиб донист.

Охирин китоби навиштаи ў  «Ва акнун дар Ту мемонад» пас аз маргаш нашр шуд ва дар паи дигар асарҳои муаллиф фонди тиллои адабиёти ҷаҳонро ғанӣ гардонд.

Андре Жид на танҳо ба адабиёти фаронсавии асри ХХ, балки ба тафаккури чанд насли мардуми Фаронса таъсири назаррас расонидааст. Ў барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1947) ба шумор меравад.

Зиндагиномаи Жид саҳфаҳои дигаре ҳам дорад, ки ин ҷо ёдоварӣ аз онҳоро зарар надонистем.

Рю МуракамиСоли 1952 дар Сасебо нависандаи ҷопонӣ, эссеист ва коргардони синамо Рю Мураками таваллуд шудааст.

Номи аслии ӯ Рюносуке Мураками аст. Романҳои ӯ табиати инсонро тавассути мавзӯъҳои ноумедӣ, истеъмоли маводи мухаддир, сюрреализм, куштор ва ҷанг, ки дар пасманзари торикии Ҷопон рух медиҳанд, таҳқиқ мекунад. Романҳои машҳури Рю Мураками инҳоянд: «Ҳама рангҳои кабуд», «Озмоиши филм», «Кудакон аз бағоҷхона» ва «Мисо-шӯрбо».

Соли 1952  дар Гримстади Норвегия нависандаи норвежӣ Кнут Ҳомсун дар синни 92-солагӣ даргузашт. Соли 1920 Ҳамсун барои асари бузургаш «Шарбати замин» (норв. Markens Grøde) барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт гардид. Соли 1943 Ҳомсун медали ҷоизаи Нобелии худро ба вазири таблиғоти рейхи сеюм Геббелс  дод.

Дар бораи Ҳомсун матлаби дигаре дар сомона дорем, ки лутфан ба он ҳам таваҷҷуҳ фармоед.

Соли 1964 нависанда ва намоишноманависи рус Дмитрий Липскеров таваллуд шудааст.

Дмитрий Липскеров муаллифи ёздаҳ роман, даҳҳо повесту ҳикояҳо буда, инчунин зиёда аз бист пйеса навиштааст. Романҳои «Чил соли Чанчжоэ», «Хоби охирини ақл», «Хешовандон», ҳикояҳои «Ангуштон барои Керолайн», «Интизори Соломеи» мансуби ўянд.  Ў ҳаммуассиси мукофоти адабии муаллифони ҷавони «Дебют» мебошад.

Умберто-ЭкоСоли 2016 дар Милан, нависандаи итолиёвӣ Умберто Эко дар синни 84-солагӣ, аз саратони ғадуди зери меъда даргузашт.

Умберто Эко дар саросари ҷаҳон ҳамчун нависанда, файласуф, муҳаққиқ ва омӯзгор маъруф аст. Умберто Эко дар синни 42-солагӣ ба эҷодиёт машғул шуд ва аввалин романшро  «Номи садбарг» унвон кард, ки ин романи фалсафию детективӣ  ҳаёти ўро куллан тағйир дод: дар тамоми ҷаҳон нависанда машҳур гардид. Ҳама амалҳои асар дар дайри асримиёнагӣ сурат мегиранд.

Дар миёни асарҳои мухаққиқи  итолёвӣ даҳҳо асарҳои илмӣ, ҳикояҳо, афсонаҳо, рисолаҳои фалсафӣ мавҷуданд.

Умберто Эко дар Донишгоҳи Ҷумҳурии Сан-Марино шӯъбаи тадқиқоти ВАО ташкил кард. Нависанда инчунин президенти Мактаби олии гуманитарии Донишгоҳи Болония таъин гардид. Ў узви Академияи илмҳои Линси ба шумор мерафт.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА.