Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 19-уми июл
Соли 1374 дар деҳае бо номи Арква дар синни 69-солагӣ шоир ва сарвари инсонгароии ренесанс, инсоншиноси итолёӣ Франческо Петрарка аз олам гузашт. Вай 20-уми июли соли 1304 ба дунё омада буд.
Дониши васеъи ӯ аз нависандагони классик ва эҳёи дубораи забони лотин боис шуда, ки ӯро ба унвони аввалин ва бузургтарин инсоншинос ёд кунанд. Вай ҳамчунин нақши муҳиме дар пешрафти забони итолёӣ ба унвони як забони адабӣ дошт.
Яке аз корҳои машҳуртарини вай ҷамъоварии шеърҳои итолёӣ буд, ки ба номи китоби тарона мунташир шуд ва бо номи ғазалиёти Петрарк ба англисӣ тарҷума шудааст. Маҷмуаи муросилоти вай, ки ба лиҳози ҷузъиёти таърихӣ ва иҷтимоӣ муҳим ҳастанд, низ ба забони лотинист.
Яке дигар аз осори вай “Асри зулмат дар Аврупо” ба шумор меравад.
Ин шоири номдор дар соли 1341 милодӣ нишони ифтихори шоирони Итолиёро дарёфт кард. Осори Петрарка дар 35-солагӣ ӯро ба шуҳрат расонд ва дар саросари Аврупо аз эҳтиром ва ситоиши бузурги адабӣ бархурдор шуд. Ин осор ба итолёвӣ ва лотинӣ ба риштаи таҳрир даромад.
Петрарка дар назм ва наср устод буд ва боиси эътибори забони лотинӣ шуд. Ӯ буд, ки бо заҳмати зиёд осори нависандагон ва андешамандони қадимро ҷамъоварӣ кард. Шуруи асри ренесанс дар охири қарни чордаҳум сабаби рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва пешрафти фарҳангии зиёде дар Италия шуд ва аз ин замон буд, ки китобҳои сарфу наҳви итолёвӣ таҳия шуд ва дар канори тараққии забони итолёвӣ аз равнақи забони лотин коста шуд.
Франческо Петрарка яке аз машҳуртарин шоирон ва нависандагони ин давра аст, ки ба забонҳои итолёвӣ ва лотинӣ осори муҳиме таълиф кардааст.
Соли 1698 дар Грейфензе, наздикии Сюрих нависанда, адабиётшинос, мунаққиди адабии аҳли Швейтсария Иоҳанн Якоб Бодмер зода шуд. Дар оғоз вай ба омӯзиши илоҳиёт дода шуд, вале баъдан пурра ба кори адабӣ гузашт ва таърихи адабиётро мавриди омӯзиш қарор дод.
Соли 1725 дар гимназияи Сюрих мақомои профессори таърих ва сиёсатро соҳиб шуд.
Вай тарҷумони асарҳои Ҳомер ва Милтон буд, мубаллиғи адабиёти англис буд. Зидди классисизме, ки дар адабиёти Олмон ҳоким буд, мубориза бурд. Дар ташаккули истеъдоди наққоши швейтсарӣ Иоҳан Ҳенрих Фюсли нақши муҳим дошт.
Иоҳанн Якоб Бодмер 2 январи соли 1783 дар синни 84-солагӣ тарки олам кард.
Соли 1799 Санги рузто ё Санги рашид кашф шуд, ки ба омӯзиши забони мисриёни бостон кумак кард. Он сангнавиштае аз замони Мисри бостон аст, ки дар пешрафти муосир ва дарки навиштори ҳироглафӣ судманд буд. Ин санг яке аз муҳимтарин кашфиёти дунёи бостоншиносӣ аст, ки дар осорхонаи Британияи Кабир воқеъ дар шаҳри Лондан нигоҳ дошта мешавад.
Илми бостоншиносӣ замоне оғоз шуд, ки Аврупои навин дар охири садаи ҳаждаҳум Мисрро аз нав кашф кард. Миср нахустин мавзӯи кофишҳои бостоншиносӣ қарор гирифт ва пас аз он тамаддунҳои бостонии Даҷлаву Фурот аз зери хок берун оварда шуданд.
Соли 1839 шоири демократ ва олими забоншиносу файласуфи рус Иван Алексеевич Куратов зода шуд.
Соли 1851 дар Каковчин дар синни 54-солагӣ аз бемории менингит шоири аҳли Лаҳистону Белорус Томаш Зан фавтид. Вай 21 декабри соли 1796 дар деҳаи Мясотаи ноҳияи Ошмяний шоири ба дунё омада буд.
Томаш аз соли 1816 муноҷот, манзума, сегона, шеър, асарҳои ҳаҷвӣ навиштааст, ки миёни онҳо достони мазҳакавии «Марги тамокудон» машҳур аст.
Соли 1893 дар Боқдотити губернияи Кутаисии империяи Русия шоир, намоишноманавис, филмноманавис, ҳунарманд ва наққоши маъруфи рус Владимир Маяковский ба дунё омад.
Маяковский яке аз машҳуртарин чеҳраҳои адабии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ҳеч касе дар даврони Шӯравӣ ва дар қаламрави кишвари Шӯроҳо ба ҳадди ӯ шеъри сиёсиро ба мазмуни баланд насурудааст. Аммо вай замоне чун шоир шуҳрат ёфт, ки ҳоло инқилоби болшевикӣ пирӯз нашуда буд.
Тарафдори инқилоби коммунистӣ буд ва ба болшевикҳо меҳр ва дӯстӣ меварзид, бо онҳо аз соли 1908 пайваст ва то охир ба ғояҳои ленинӣ содиқ монд. Ҳукумати подшоҳӣ борҳо ӯро барои фаъолиятҳои пинҳонкории ноширӣ боздошт кардаву муддате пас озод намудааст.
Аввалин маҷмӯаи ашъораш бо номи “Ман” (“Я”) соли 1913 чоп шуд.
Владимир Маяковский дар 20 солагӣ ба унвони яке аз маъруфтарин намояндагони футуристҳои рус ба шуҳрат ва маъруфият расид. Вай аз ҳеч василае барои интишори афкор ва осори худ бок надошт ва ҳатто дар кӯчаҳо қадам мезад ва барои мардум шеър мехонд. Ҳикоят мекунанд: «Дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Русия ӯ ба ҷабҳаҳо мерафт ва дар сангарҳо ашъори худро барои сарбозон мехонд. Мардум аз ашъори ӯ илҳом гирифта, нотарсона ба ҷанг мешитофтанд.
Нотиқи хуб буд, шеърро олӣ мехонд ва тавре мехонд, ки ҳамагонро шефта мекард. Мегӯянд аз шеваи шеърхонии Маяковский сарбозон дар ҷабаҳот дилбастаи адабиёт мешуданд.
Мунаққидон ба ин назаранд, ки ӯ адабиёти манзум ва шеърро бо воқеият наздик карда, онро дар хидмати ниёзмандиҳои муосир гузошт. Ва табдил ба силоҳе барои мубориза дар ростои ҳадафҳои худ намуд.
Маяковский аз сермаҳсултарин шоирони даҳаи аввалу дуюми таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Кулли осори ӯ дар сендаҳ ҷилд гирдоварӣ шудааст ва аз ин дувоздаҳ ҷилдаш маҳсули қалами ӯ дар баъди пирӯзии болшевикон аст.
Маяковский 14-уми апрели соли 1930 ба таври асроромез даст ба худкушӣ зад ва пеш аз марг ин навиштаро гузошт: “Барои ҳама мемирам…”
Соли 1896 дар Кардросс нависанда ва духтури шотландӣ Арчибалд Кронин таваллуд шуд. Хонандагон ӯро бештар бо романҳояш “Қалъаи Броуди”, “Ситораҳо ба поён менигаранд”, “Солҳои наврасӣ”, “Арк”, “Роҳи Шеннон”, “Пайкара ба салибдор” мешиносанд.
Соли 1930 ин нависандаи оянда, ки муддати даҳ соли охир кори духтурӣ мекард ва ба табобати беморон машғул буду ба ҷуз дорухат ва ягон-ягон мақолаҳои илмӣ чизи дигаре нанавишта буд, дар рӯдааш захм кашф карданд ва ноилоҷ ба деҳа рафт, то муддате дур аз корҳои ҳаррӯза ба муолиҷаи худ фурсат ёбад. Ва баногаҳ ин фикр ба сараш омад, ки як орзуи то кунун амалинашудаи худро амалӣ созад ва ба даст қалам гирифт ва ба эҷоди асарҳои адабӣ оғоз намуд. Ва муваффақ ҳам шуд.
Дар се моҳи аввали фаъолияти адабӣ аввалин романаш “Қалъаи Броуди”-ро навишт. Роман барояш шуҳрати чашмгир овард ва ӯро ба навиштани асарҳои нав таҳрик дод.
Романи дуюми ӯ “Ситораҳо ба поён менигаранд” дар жанри драмаи иҷтимоӣ навишта шуд ва аз ҳаёти кӯҳкане ҳикоят мекунад, ки мехоҳад худро аз чанги фақириву нотавонӣ бурун кашад.
Коргардони англис Кэрол Рид аз рӯи он филми хубе офарид, ки ҳунарманди машҳур Майкл Редгрейв нақши асосӣ бозид. Ин филм баъдан ба қатори филмҳои классикии олам дохил шуд. Нависандаи англис Грем Грин баъдҳо навишта буд: “Ҳеч филми англисиро ёд надорам, ки ба мисли филм аз рӯи романи доктор Кронин ҷолиб бошад”.
Кронин 6-уми январи соли 1981 дар синни 84-солагӣ дар Швейтсария аз олам гузашт.
Соли 1937 дар шаҳри Ленинград шоир, нависанда, филмноманавис, муҳаррири маҷаллаҳои «Ёж» ва «Чиж» Николай Олейников ба иттиҳоми ҷосусӣ ва душмани халқ боздошт гардид. 25 ноябри соли 1937 бо қарори додгоҳ ва имзои шахсии Сталин парронда шуд.
Ба ҳамсараш Лариса Олейникова бардурӯғ иттилоъ доданд, ки шавҳараш чун “душмани халқ” 10 сол ҳабс шудааст ва ӯро иҷборан аз Ленинград берун карда буданд. 2 октябри соли 1956 хабарномаи марги ӯро ба ҳамсараш расонданд, ки гӯё соли 1942 бар асари домана аз олам гузаштаст.
13 сентябри соли 1957 сафед шуд.
Соли 1963 дар Мелбурн нависандаи тахайюлнависи аҳли Австралия Горт Никс зода шуд. Ӯро бештар барои навиштани маҷмуаи панҷгонаи “Подшоҳии куҳан” мешиносанд.
Вай дар Канберр, пойтахти давлатии Австралия ба воя расид. Муддате дар ҳукумат кор кард ва баъдан ба як сафари дурудароз ба Аврупо рафт. Соли 1983 ба зодгоҳаш баргашт ва дар донишгоҳи Канберр ба омӯзиши истеъдоди адабӣ машғул шуд. Чор соли дигар сарбози қувваҳои захриравии артиши кишвараш ҳам буд.
Ғайр аз панҷгонаи ёдшуда асарҳои “Маҷмуаи даруни сандуқча”, “Дар тӯли девор…”, “Суқут”, “Қалъа”, “Бар фарози ҳиҷоб”, “Дар ҳоли набард”, “Санги бунафша”, “Оқои душанбе”, “Бонуи чаҳоршанбе”, “Олиҷаноб панҷшанбе”, “Ҷумъаи тиллоӣ”, “Шанбеи воломақом”, “Кӯдакони соя”, “Сируно ва ҳаюлои дарёӣ”, “Ҳаюлои ҷонварсифат”, “Эътирофи шоҳзодагон” низ аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1969 дар Майами, иёлати Флорида нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Келли Линк зода шуд. Вай барандаи ҷоизаҳои “Небюлло” ва “Ҳюго” мебошад.
Хатмкардаи Донишгоҳи Колумбияи Ню-Йорк ва Каролинаи Шимолӣ дар Гринсборо мебошад.
Ҳамроҳ бо шавҳараш сарварии нашриёти «Small Beer Press»-ро ба уҳда дорад.
Соли 1972 дар Вудленд-Хиллзе, иёлати Калифорния дар синни 74-солагӣ нависанда ва филмноманависи машҳури амрикоӣ хонум Салли Бенсон аз олам гузашт.
“Одамон дилкашанд”, “Эмили”, “Таърихи худоён ва одамон”, “Хонуми хурдӣ”, “Маро дар Сент-Луис мулоқот кун”, “Аввал занону кӯдакон” номгӯи чанд асари ӯ мебошад.