Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 19 – уми июн
Соли 1786 шоир, мақоланавис, насрнавис, афсар ва ширкаткунандаи ҷунбиши ҷамъиятии декабристони рус Фёдор Глинка ба дунё омад. Аз оғоз марди ҳарбӣ буд. Дар фаъолияти “Иттиҳоди наҷот”, ки як ҷунбиши декабристон буд, ширкат кард ва баъдан ҳамроҳ бо М.Ф.Орлов ва А.Н. Муравёв “Иттиҳоди накукорӣ”-ро поягузорӣ намуд. Ин ҳамаи иттиҳоду созмонҳо ташкилотҳои пинҳонкоре буданд, ки бо мақсади ислоҳот дар Русияи подшоҳӣ созмон ёфтаву ба ҳайати он бештар афсарони таҳсилдида ва касоне, ки бештар ба хориҷ рафтаву бо низомҳои мухталифи давлатӣ ошно буданд, шомил буданд.
11 марти соли 1826 боздошт шуд ва дар Қалъаи Петропавловский нигаҳдорӣ мешуд. 15 июни соли 1826 озод шуд, вале аз афсариву хидмати ҳарбӣ барканор гашт.
Соли 1830 достони худ “Карелия ва ё ҳабси Марфа Ионовна Романова”-ро навишт.
Виссарион Белинский ба эҷодиёти ва баҳои баланд дод.
23 феврали соли 1880 дар синни 93-солагӣ дар шаҳри Твер аз олам гузашт.
Соли 1837 дар димоғаи Адлер шоир, мунаққид, мақоланависи даврони романтизм ва декабристи рус Александр Бестужев-Марлинский ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 39 сол дошт ва аз шинохтатарин пайравони назми Байрон дар адабиёти рус дониста мешавад.
Барои иштирокаш дар ҷунбиши пинҳонкори декабристон ва сӯиқасд аз ҷониби ин созмон боздошт ва соли 1825 ба Якутся бадарға карда шуд. Соли 1829 ба чун сарбоз ба минтақаи Қафқоз эъзом гардид. Дар ҷангҳои зиёд ширкат кард ва то рутбаи унтер-афсар расид. Соҳиби Солиби Георгиев ҳам шуд.
Ҳангоми як бархурд бо муборизони Қафқоз кушта шуд. Аммо ҷасади ӯро пайдо накарданд.
Беҳтарин повестҳои Александр Бестужев-Марлинский “Киштии Надежда”, “Аммолатбек”, “Мулло Нур”, “Фоли даҳшатнок” дониста мешавад. Повести дуюмӣ аз корномаҳои Умолатбек Буйнакский – яке аз муҳитарин муборизони Қафқоз, ноиби Имомати Қафқози Шимолӣ, маъруфтарин иштирокдорони шӯриши солҳои 1818-1819 нақл мекунад.
Соли 1855 дар Вологда дар синни 68-солагӣ шоири рус Константин Батюшков вафот кард. Ӯро яке аз бунёдгузорон ва муҳимтарин муаллифони анъанаҳои романтикии охири асри 19 меноманд. Батюшков ҳамчунин шоири ҳаҷвнавис ва тарҷумон ҳам буд.
Аз соли 1805 навиштаҳояш дар матбуоти даврӣ чоп мешуд ва соли 1817 асари дуҷилдаи худро бо номи «Таҷрибаҳо дар назм ва наср» интишор дод.
В.Г.Белинский эҷодиёти ӯро чунин арзёбӣ карда буд: “Батюшков хеле зиёду зиёд мусоидат кард, ки Пушкин ҳамин гунае, ки ҳоло мешиносем, зуҳур кард”.
“Хонаводаи ман”, “Соати хушнудӣ”, “Тасси дар ҳоли марг” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1874 нависанда, мунаққид ва рӯзноманигори фаронсавӣ Жюл Габриел Жанен аз олам гузашт. Вай узви академияи Фаронса буд. Александр Пушкин ба Жанен ба унвони намояндаи “романтизми хушунатомез” мароқ зоҳир намуд. Романи “Хари мурда ва зани гиюнтинӣ” дар китобхонаи ӯ вуҷуд дошт. Пушкин дар номае ба шоҳзодахонум Вяземская (моҳи апрели соли 1830) онро “яке аз барҷастатарин осори замон” номид.
Маврид ба ёдоварист, ки ин роман беимзо мунташир шуд ва чун Пушкин ҳам намедонист нависандаи он кист, дар нома тахмин зад, ки муаллиф Виктор Гюгост. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба Жанен ҳамчун рӯзноманигор Пушкин назари интиқодӣ дошт.
Муҳаққиқони Пушкин имрӯз аз таъсири осори Жанен ба адиби маъруф ишораҳо доранд.
Соли 1909 дар Канаги нависандаи маъруфи Ҷопон Осаму Дозой ба дунё омад. Вай аз саршиностарин ва таъсиргузортарин нависандагони ҷопонӣ аст. Як қатор аз асарҳои ӯ, ба монанди “Офтоби рӯ ба ғуруб”, “Заволи башарӣ” дар адабиёти Ҷопон чун асарҳои классикӣ эътироф шудаву борҳо рӯи чоп дидаанд.
Дар осори Осаму Дозой таъсири адибоне чун Акутагаво, Мурасаки Сикибу ва Фёдор Достаевский бузург аст.
13-уми июни соли 1948, замоне, ки ҳамагӣ 38 сол дошт, худкушӣ кард. Иллати худкушии адиби маъруф пурра таҳқиқ нашудааст. Аммо гуфтугӯҳо дар ин боро зиёданд.
Соли 1919 нависанда, санъатшинос, шоир ва фаъоли ҷамъиятии булғор Богомил Райнов таваллуд шуд. Вай писари Николай Райнов – нависанда, наққош ва академики Булғористон ва бародари ҳайкалтароши шинохтаи ин кишвар Боян Райнов буд.
Осораш аз миёнаи соли 1930 чоп мешуд. Соли 1941 аввалин китоби шеърҳояш нашр шуд. Соли 1944 ба сафи ҳизби коммунисти Булғористон пайваст. Солҳои 1953-1960 сарвари намояндагии фарҳанги Булғористон дар шаҳри Порис буд.
Дар ватанаш ва дигар кишварҳои ҳавзаи сотсиалистӣ асари ӯ дар бораи ҷосус Эмил Боев ва нозири тафтишот майор Пётр Антонов шуҳрат дошт.
Соли 1924 дар вилояти Витебск нависандаи шинохтаи белорус Васил Биков ба дунё омад. Вай ширкаткунандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Нависандаи халқии Белорус, барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Белорус, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ буд. Аксари асарҳои ӯ дар мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷод шуд ва дар тасвири саҳнаҳои ҷанг, сарнавишти одамон дар он рӯзҳои мудҳиш, ишқ, фоҷеа, умед ҳамтое надорад.
Замоне ҷанг оғоз шуд, вай дар Украина саргарми корҳои мудофеа буд. Ҳангоми ақибнишинӣ ба самти Белгород аз колоннаи худ ақиб монд ва дастгир шуд. Қариб буд ӯро ба гумони ҷосуси олмониҳо будан, ба қатл мерасонданд. Солҳои 1941-1942 дар шаҳри Аткари вилояти Саратов зист ва соли 1942 ба сафи артиш даъват шуд.
Повестҳои “Ҷанговари охирин”, “Садои турна”, “Мушаки сеюм”, “Ба мурдагон дардовар аст”, “То субҳ бояд зинда монд” ва ғайра аз навиштаҳои ӯ мебошанд.
Аксари повестҳои ӯ баъдан филмсозӣ шудаанд ва беҳтарин филмҳо ҳам аз рӯи онҳо офарида шуданд.
Соли 1932 навсандаи англия Брайан Н. Болл таваллуд шуд.
Соли 1937 нависанда, намоишноманавис, романнавис, муаллифи асарҳои афсонавӣ дар бораи Питер Пэне Ҷеймс Барри тарки олам кард. Вай 77 сол дошт.
Соли 1885 ба фаъолияти адабӣ пардохт ва як силсила повестҳо дар бораи Олд Лихта навишт. Романи ӯ “Вақте ки инсон танҳост” ба кори рӯзноманигорӣ бахшида шудааст. Вале баъдан як асари ишқии ноком бо номи “Мурдан беҳтар аст” ҳам навишт.
Соли 1897 ба намоишноманависӣ рӯ овард. Пйесаи “Кволити-стрит”, мазҳакае, ки аз ҳаёти Англияи асри 19 ҳикоят мекард, барояш шуҳрат овард. Сипас, асарҳои драмавии “Он чиро, ки ҳар зан медонад”, “Крайтони олиҷаноб”, “Мери Роуз” ӯро машҳур карданд.
Соли 1947 дар шаҳри Бомбайи Ҳинд нависандаи британиёии ҳиндутабор Салмон Рушдӣ таваллуд шуд. Ин нависанда бо изҳори назарҳояҳш дар бораи ислом ва китобаш “Ояҳои шайтонӣ” машҳур аст. Марҳум Оятуллоҳ Хумайнӣ баъди дар Эрон қудрат расиданд, ҳукми қатли ӯро содир кард ва ба ҳар касе, ки ӯро ба қатл мерасонад, пули калон ваъда кард. Ин фатво 19-уми феврали соли 1989 содир шуд ва ҳукумати Британияро водор крад, ки амнияти адибро таъмин кунад.
Аз он рӯз то ба ҳоло ин фатво лағв нашудааст. Борҳо мақомоти расмии эронӣ дар посух ба талаби лағви фатво гуфтанд, ки фатвои қатл аз ҷониби Оятуллоҳ Хумайнӣ содир шудааст ва чун ӯ дар қайди ҳаёт нест, касе ҳақи лағви онро надорад.
Аслан фатвои қатли Рушдӣ ӯро бештар маъруф кард. Ҳатто шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ҳам байте дорад, ки мегӯяд:
Дидаам ҷилди китобамро
Дар қиратхонаи Салмони Рушдӣ,
(Гарчи ман безорам аз Салмони Рушдӣ)…
Соли 1993 дар деҳаи Перранауортали Британияи Кабир дар синни 81-солагӣ нависанда, шоири англия Уилям Голдинг вафот кард. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1983 буд. Маъруфтарин асари ӯ “Солори магасҳо” мебошад ва ин романро бузуртарин асари адабиёти ҷаҳон дар асри ХХ меноманд.
“Меросхӯрон”, “Афтиши озод”, “Шпил”, “Аҳром”, “Худо-ақраб”, “Одамони коғазӣ”, “Ҳамсоягии наздик”, “Сӯхтор дар поён” аз ҷумлаи асарҳои машҳури ӯ мебошанд.
Таҳияи Б.Шафеъ