Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 19 – уми октябр
Соли 1745 дар Дублин дар синни 77-солагӣ нависандаи танзнавис, шоир, мақоланавис, файласуф ва муаллифи рисолаҳои сиёсии аҳли Ирланд Ҷонатан Свифт аз дунё гузашт. Вай 30 ноябри соли 1710 таваллуд шуда буд.
Ҷонатан Свифт бештар барои романи тахайюливу танзии “Саёҳати Гулливер” машҳур шуд.
Свифт дар Дублин мезист. Бовуҷуди он ки англис буд, вале аз ҳақу ҳуқуқҳои ирландиҳои фақиру нодор ҳимоя мекард ва миёни онҳо маҳбубият дошт.
Свифт кулли асарҳои худро, ба истиснои “Пешниҳод дар бораи ислоҳ ва беҳсозии забони англисӣ” бе нишон додани ному насабаш чоп кард ва ё ба баъзеи онҳо тахаллусҳои сохтаву бофта мегузошт. Дар миёни ҳама осораш мазҳака, танз, памфлету достонҳои ҳаҷвӣ мақоми хоса дорад. Ӯро ҳатто “устоди памфлети сиёсӣ” меноманд. Ҳарчанд бо гузашти як муддати басо кутоҳ муҳтаво ва арзиши сиёсии он навиштаҳо куҳна мешуд, вале танзи намакини он чун моли мондагори адабиёт боқӣ мемонд.
Романи саргузаштӣ ва тахайюливу танзии вай “Саёҳати Гулливер” дар замони зинда будани муаллиф шуҳрат ёфт ва то кунун дар аксар забонҳои халқҳои олам, аз ҷумла тоҷикӣ низ тарҷума ва нашр шудааст.
“Ҷанги китобҳо”, “Афсонаи бушка”, “Рӯзнома барои Стелли”, “Саёҳати Гуливер” номгӯи китобҳои ӯ мебошанд.
Соли 1899 дар Гватемала нависанда, намоишноманавис ва дипломат Мигел Астуриас зода шуд. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1967 буд.
Хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Гватемала (1923). Солҳои 1923—1933 берун аз ватан дар Лондон, Порис зиндагӣ кардааст. Ба ҷараёни адабии сюрреализм майл намуд. Солҳои 1940—1954 чун дипломат дар Мексика, Аргентина, Фаронса, Салвадор, 1966—1970 чун сафир дар Фаронса кор кардааст. Соли 1930 дар Порис китоби Астуриас бо номи «Қиссаҳои Гватемала» ба табъ расид, ки дар заминаи эҷодиёти шифоҳии мардум офарида шудааст.
Соли 1933 романи «Ҷаноби Президент» ва соли 1949 романи «Одамҷуворӣ»-ро ба табъ расонд. Асари сегонаи Астуриас — «Боди шадид» (1950), «Падари сабз» (1954), «Чашмони майитҳо» (1960), ки аз тақдиру қисмати халқи Гватемала дар садаи XX қисса мекунад, саршор аз ғояҳои миллӣ-озодихоҳӣ мебошад ва ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овард.
Романи «Зани дунажода» (1964) ва китоби ривоятҳо «Оинаи Лида Сол» низ маҳсули қалами ӯст.
Мунаққидон эҷодиёти Астуриасро ифодагари ормонҳои мардуми таҳҷоии Гватемала — ҳиндуҳои майя ва эҷодиёти шифоҳии онҳо медонанд. Дар асарҳои Астуриас устураҳои ҳиндуҳо бо воқеияти муосир омезиш дода шуда, тасвир ёфтаанд. Астуриас бо Ҷоизаи байналмилалии ленинӣ «Барои таҳкими сулҳи байни халқҳо» (1966) низ сарфароз гардидааст.
“Сохтори як зиндагии ҷадид”, “Тӯфон” низ асарҳои ӯст.
Мигел Астуриас 9 июни соли 1974 дар синни 74-солагӣ дар Мадрид аз ҷаҳон рафт.
Соли 1913 дар Флоренсия нависанда, шоир, филмноманависи аҳли Италия Васко Пратолини таваллуд шуд. Вай машҳуртарин намояндаи неореализм дар адабиёти баъдиҷангии Италия буд. Дар даврони ҷанг аз зиндагии фақирони Флоренсия менавишт ва ин ӯро ба зинаи шуҳрат боло кард.
Нахустин романаш “Хиёбонҳои бараҳна”- ро соли 1944 мунташир кард. “Достони хонаводагӣ” дар соли 1947 чоп шуд, ки қаҳрамони он бародари аз дунёгузаштаи худаш буд.
“Достони ошиқи фақир” яке аз беҳтарин намунаҳои неореализми итолёӣ номида шудааст. Он соли 1947 мунташир шуд ва аз пурфурӯштарин китоби он сол ба шумор мерафт.
Пратолини нависандаи зиддифашистӣ буд ва дар асараш “Қаҳрамони замони мо” ба фашизм ҳамлаи лафзӣ бурд.
Вай миёни солҳои 1955 то 1966 се китобро дар як маҷмуа бо номи “Достони итолёӣ” муташир кард ва рӯйдодҳои байи солҳои 1875 то 1945-ро дар бар мегирад.
Васко Пратолини 12 январи соли 1991, замоне, ки 77 сол дошт, дар Рум даргузашт.
Соли 1936 дар Шонҳой (Чин) дар синни 55-солагӣ бар асари бемолии сил нависандаи чинӣ Лу Син тарки олам кард. Вай 25 сентябри соли 1881 дар уезди Куайсзи вилояти Чжэсзян ба дунё омада буд.
Лу Син дар рушди адабиёт ва тафаккури ҷамъиятиву сиёсии Чин нақши бориз доштааст. Машҳуртарин асарҳои ӯ “Зиндагиномаи воқеъии А-Кю”, “Ёддоштҳои девона” мебошад.
Соли 1904 Лу Син да Академияи тиббии Сэндай дохил шуд ва аввалин донишҷӯи хориҷӣ дар таърихи ин донишгоҳ буд. Баъдҳо аз устод ва муаллими хубаш Фудзино Гэнкуро борҳо ситоиш кардааст ва ҳатто як эссе бо номи “Ҷаноби Фудзино” ҳам ба ӯ бахшидааст.
Аммо соли 1906 баногаҳ ва бо сабабҳои номаълум таҳсилро тарк кард ва аз муассисаи таълимӣ хориҷ шуд. Вале баъдан сабаби хориҷ шуданашро дар сарсухани маҷмуаи машҳураш “Тамос бо аслиҳа” навишт: Боре баъди анҷоми дарсҳо яке аз муаллимони ҷопонӣ суратҳои қатли ҷосусони эҳтимолии Чинро дар замони ҷанги русу ҷопон нишон дод. Дар ин слайдҳо вай баногаҳ яке аз дӯстони худро ҳам шинохт, ки ба ин куштор ва ҷосусӣ муттаҳам дониста мешуд. Ӯ ба эъдом маҳкум шуда буд. Лу Син навишт, ки дӯстону ҳаммиллатонаш ба ин гуна расмҳои даҳшатнок бепарво менигаристанд ва онро як чизи муқаррарӣ медонистанд. Вай ба хулосае омад, ки табобати бемории рӯҳу равони ҳамммилатонаш муҳимтар аз муоллиҷаи ҷисмонии онҳост.
Соли 1906 ба Токио рафт ва зери таъсири адабиётдон Чжан Тайяня ва бародараш даст ба тарҷумаи ҳикояҳои адибони рус зад. Муддати се соли дигар дар Токио зист ва эҷод кард.
“Тамос бо аслиҳа” машҳуртарин маҷмуаи осори ӯст, ки шеърҳо ва достонҳои “Хотироти марди девона”, “Дору”, “Фардо”, “Ҳодиса”, “Моҷарои мӯ”, “Зодгоҳ”, “Ҷашнвораи ду панҷум”, “Нури сафед”, “Харгӯшҳо ва гурба”, “Мазҳакаи урдакҳо”, “Қурбонии соли нав”, “Саргардонӣ”, “Орзуҳои хуб”, “Дар маҷлиси нӯш”, “Як хонаводаи шод”, “Собун”, “Шуълаи ҷовидон”, “Талоқ” ва ғайра мебошад.
Лу Син маҷмуаи дигаре дорад бо номи “Бозгӯии қиссаҳои қадимӣ”.
Соли 1938 дар шаҳри Москав дар синни 56-солагӣ нависандаи шӯравии рус, гардишгар ва муҳаққиқ Борис Житков вафот кард.
Вай муаллифи беҳтарин ҳикояҳо ва повестҳо аз ҳаёти ҳайвонот буд. Романи ӯ “Виктор Вавич” дар бораи инқилоби соли 1905 рус нақл мекунад.
Житков 11 сентябри соли 1882 дар шаҳри Новгород ба дунё омада буд.
“Бодбонҳои сиёҳ”, “Баҳри шарир”, “Мори печон”, “Саргузаштҳои баҳрӣ”, “Ман чӣ дидам”, “Фармондеҳи сурх”, “Дар бораи фил” номи чанд асар ва китоби ӯст.
Соли 1967 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара шоир ва рӯзноманигори тоҷик Назруллоҳи Азизиён (Азизов Назрулло Мираҳмадович) таваллуд шуда. Вай дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишоҳи миллии Тоҷикистон (1991) аст.
Солҳои 1991-1992 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» муҳаррири шуъба ва котиби масъул, солҳои 1992-2001 омӯзгори мактаби деҳаи Ворух, 2001-2003 корманди газетаи «Нилуфар» ва муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Лочин» будааст.
Ашъораш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Чил қалам», «Армуғони ғазал» ва рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расидаанд.
Соҳиби маҷмӯаҳои шеърии «Ҷоми чашм» (2007), «Сояҳои офтобӣ» (2007) ва «Аз гил ва гул» (2008) мебошад.
Барои силсилаи шеърҳои «Хоҳам, ки дар рагҳои гул ҷорӣ шавам чун хуни гул» беҳтарин муаллифи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар соли 1991 дониста шудааст.
Соли 2003 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Соли 1999 ҳуқуқдон, романнавис ва назарияпардози яҳудии фаронсазабон Натали Саррот аз олам гузашт.
Саррот яке аз машҳуртарин нависандагони романи нав дар Фаронса аст.
“Тасвири марди ношинос”, Меваҳои заррин”, “Миёни марг ва зиндагӣ”, “Садои ишонро мешунавед?” аз ҷумлаи чанд асари ӯ мебошанд.
Натали Саррот умри дароз дидааст. Вай 18 июли соли 1900 дар шаҳри Ивановои Империяи Русия таваллуд шуда, зиндагиро дар 99-солагӣ дар Порис хатм кардааст.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ