Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 19 –уми январ

Як-рузи-таърих-19-01-2024Соли 966 шоири ҷопонӣ Фудзивара но Асатада вафот кард. Падари ӯ Фудзивара но Садаката шоир ва вазир буд. Фудзивара но Асатада дар рўйхати «Сию шаш шоири абадзинда»  дохил мешавад. Ашъораш дар тазкираҳои гуногуни расмӣ, аз ҷумла «Госэн вакасю» ва «Хякунин иссю» ( 44) дохил шудаанд. Тазкираи «Асатадасю» ҳам  мансуби ўст.

Соли 1547 дар Лондон шоири англис Генри Говард (Henry Howard, Earl of Surrey), яке аз асосгузорони назми англисии давраи Эҳё аз олам гузашт.

Генри Говард писари Томас, гертсоги 3-юми Норфолк, пешвои мухолифони консервативии ислоҳоти англисии шоҳ Генрихи VIII буд. Генри то он андоза ба шоҳ наздикӣ дошт, ки аввали солҳои 1530 ҳатто дар бораи издивоҷи Генри бо духтари калонии Генрихи VIII Мэри Тюдор маслиҳат карда буданд. Дар соли 1542 Генри дар ҳуҷуми англисҳо ба Шотландия иштирок дошт ва солҳои 1543-1546 дар юришҳо ба  Фландрия ва Фаронса подшоҳро ҳамроҳӣ мекард.

Вақте ки ҷияни Генри, Кэтрин Говард, дар соли 1540 бо шоҳ Генрихи VIII издивоҷ кард, мавқеи Говардҳо дар додгоҳ мустаҳкам шуд, аммо пас аз маҳкум ва қатл шудани ӯ дар соли 1542, Сеймурҳо бартарӣ пайдо карданд. Эдвард Сеймур аз бемории шоҳ дар соли 1546 истифода карда, Генри Говардро дар кӯшиши ба даст овардани қудрат дар кишвар ва барқарор кардани дини католикӣ муттаҳам кард. Говардро зиндонӣ карданд ва соли 1547, нӯҳ рӯз пеш аз марги Генрихи VIII ба қатл расонданд. Падари ӯ, гертсоги Норфолк низ ба марг маҳкум шуда буд, аммо як рӯз пеш аз қатли ў подшоҳ даргузашт ва Норфолк авф гардид, гарчанде ки муддати тӯлонӣ дар зиндон буд.

Генри яке аз аввалин инсонпарастони англис аст. Парастиши хонум (сонетҳои ба Ҷералдина бахшидашуда) дар ашъори ӯ бо табъи ғамангез омехта шудааст. Як навоварии муҳими Генри истифодаи шеъри сафед буд (тарҷумаи сурудҳои 2 ва 4-и «Aeneid»). Назми  Генри сабук ва гуногунранг аст.  Возеҳият ва содагии услуби ў ба Чосер (шоири асри миёнаи англис, “падари шеъри англисӣ”)  наздик аст. Асарҳои Генри, ки дар замони зиндагии шоир бо нусхаҳои дастхат паҳн шуданд. Бори аввал пас аз 10 соли маргаш дар маҷмӯаи ашъори чанд шоир, ба истилоҳ «Маҷмӯаи Тоттел» «Сурудҳо ва сонетаҳои навиштаи Лорди муҳтарам Генри Говард, марҳум граф Суррей ва ғ.» (1557) пайдо шуданд. Баъдтар ин маҷмӯа борҳо нашр шуд.

Ганс-СаксСоли 1576 дар Нюрнберг шоири олмонӣ, майстерсингер ва намоишноманавис Ганс Сакс дар синни 81-солагӣ даргузашт. Майстерсингер -олмонии Meistersinger – шоир-навозандаҳои олмонӣ аз табақаи Бургерро меноманд, ки аз рӯи усули ҳунармандӣ дар ҷамъиятҳои адабӣ-сурудхонӣ муттаҳид шудаанд.

Ганс Сакс  соли 1494 дар Нюрнберг дар оилаи дӯзанда таваллуд шудааст. Вай дар мактаби лотинӣ хонда, баъдан солҳои 1509-1511 касби пойафзолдўзиро меомўзад.

Вай аз соли 1520 дар Нюрнберг муқимӣ шуд ва он ҷо устои кафшдўз, ҳамчунин иштирокчии фаъол ва дар як вақт раиси Анҷумани майстерсингерон гардид.

Аз аввал ӯ ислоҳоти Мартин Лютерро дастгирӣ мекард. Аз соли 1523 то соли 1526 вай муколама-варақаҳоро бо тафсири муқаррароти асосии таълимоти Лютер нашр кард, ки дар натиҷа шуҳрати аввалини худро ба даст овард. Барои ин Саксро аз фаъолияти адабӣ манъ карданд ва ӯ маҷбур шуд, ки аз кафшдӯзӣ даромади худро таъмин кунад. Соли 1529 Нюрнберг худро шаҳри протестантӣ эълон кард ва ин маҳдудият бекор карда шуд.

Дар миёнаҳои аср Ганс Сакс ба яке аз серхонандатарин муаллифони Олмон табдил ёфт ва осори ӯ дар саҳна намоиш дода мешуд. Дар соли 1558 ӯ ба нашри асарҳои худ шурӯъ кард.

Ганс Сакс беш аз 6000 шеър навиштааст, дар ҳоле, ки ў зиндагии худро на ҳамчун нависанда, балки ҳамчун кафшдӯз таъмин мекард, ин хеле ҷолиб аст. Эҷодиёти Сакс ба таври ҳайратангез васеъ ва гуногун аст. Масалан, дар байни таронаҳо ҳам сурудҳои рӯҳонӣ ва ҳам дунявӣ мавҷуданд. Як мавод аксар вақт дар шаклҳои гуногун пайдо мешавад. Сакс дар «Ситоиши шаҳри Нюрнберг» тарзи ҳаёти муқаррарии бургерии худро тасвир мекунад, дар бораи миқдор ва ҳолати кӯчаҳо, биноҳои шаҳр, ихтисосҳои косибон ва фурўшгоҳҳои маҳаллӣ нақл мекунад.

Илова бар ин, ӯ  мазҳака ва фоҷиаҳо низ навиштааст, ки сужаҳои онҳо ба асри қадим, асрҳои миёна ё анъанаҳои Инҷил бармегарданд. Онҳо аксар вақт табиати пандомез ва ё ҳаҷвӣ доранд. Машҳуртарин мазҳакаҳояш «Мактаббача дар биҳишт» ва «Сабади савдогар» ба шумор мераванд.

Ганс Сакс муаллифи сенздаҳ “оҳанги намунавӣ” (олмонӣ: Meistertöne) аст, ки ба онҳо ашъори на танҳо Сакс, балки бисёр дигар мейстерзингерҳо низ суруда шудаанд (аз рӯи усули контрфактура).

Эдгар Аллан ПоСоли 1809 дар Бостон нависанда, шоир, виростор ва мунаққиди адабии амрикоӣ Эдгар Аллан По ба дунё омад. Ӯро аз поягузорони ҷунбиши романтикӣ дар адабиёти Амрико меноманд. Достонҳои По ба хотири розолуд ва тарснок будан машҳур шудаанд.  По ҳамчунин аввалин нависандаи амрикоист, ки достонҳои кутоҳ навиштааст. Ӯро ҳамчунин поягузорони асарҳои корогоҳӣ (детективӣ) дар адабиёти Амрико мешиносанд. Гузашта аз ин аввалин касе буд, ки аз жанри илмӣ-тахайюлӣ истифода кард.

Дар мавриди адиби маъруф Эдгар По дар сомона матлаби дигар дорем, ки лутфан таваҷҷуҳ кунед.

Соли 1863 дар деҳаи Нижнекурмоярская нависандаи шӯравии рус Александр Серафимович (Попов), сармуҳаррири маҷаллаи «Октябрь» (1926–1929), барандаи Мукофоти сталинӣ, дараҷаи якум ба дунё омад.

Падараш казаки Дон, хазинадори полк, капитани артиш дар Дон буд. Ӯ солҳои кӯдакии худро дар Лаҳистон, ки падараш дар он ҷо хидмат мекард, гузаронидааст. Соли 1873 бо оилааш ба деҳаи Дони Уст-Медведитская баргашт.

Соли 1883 гимназияи Уст-Медведитскро хатм кардааст. Александр Попов соли 1883 ба факултаи физика-математикаи донишгоҳи Петербург дохил шуда, дар иҳотаи донишҷўёи инқилобӣ афтод ва дар маҳфиле бо марксизм шинос шуд. А. Попов барои иштирок дар ҳаракати инқилобӣ ва барои суиқасд ба  Александри III ба ҳабс гирифта, ба губернияи Архангелск бадарға шуд. Дар замони бадарға буданаш ӯ аввалин достонашро дар Пинега бо номи «Дар рўйи ях» навишт, ки бо тахаллуси Серафимович дар рӯзномаи «Русские ведомости» соли 1889 чоп шуда буд. Дар охири бадарға А.Серафимович дар Дон таҳти назорати пулис зиндагӣ карда, фаъолияти адабии худро давом медод. Соли 1902  ба Москва кўчид ва ба гурўҳи адабии «Среда» дохил  гардид.

Дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон Серафимович хабарнигори ҷангии «Русские ведомости» буд. Инқилоби Октябрро бечуну чаро қабул кард. Дар соли 1918 ба шуъбаи адабии рузномаи «Известия» роҳбарӣ мекард. Асари асосии Серафимович, ки ба яке аз падидаҳои барҷастаи адабиёти баъд аз Октябр табдил ёфт, повести «Селоби оҳанин» мебошад, ки соли 1924 чоп шудааст. Дар он воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ – юриши артиши Таман таҳти фармондеҳии Е.И.Ковтюх (дар роман Кожуха) дар тобистони соли 1918 тасвир шудааст. Аз ноябри соли 1926 то моҳи августи соли 1929 сармуҳаррири маҷаллаи «Октябр» буд.

Александр Серафимович 19 январи соли 1949 дар рўзи мавлуди худ вафот кард.

Густав МейринкСоли 1868 дар Вена нависанда, намоишноманавис, тарҷумон ва бонкдори австриягӣ Густав Мейринк таваллуд шуд.

Вай писари ғайриқонунии вазири давлатӣ Карл Варнбюллер фон Ҳемминген ва ҳунарпеша Мария Вилгелмина Аделхайд Майер буд. Дар соли 1919, вақте ки Мейринк аллакай нависандаи машҳур шуд, Варнбюллерҳо ба ў пешниҳод карданд, ки насабашро бигирад, аммо Густав ин таклифро боадабона рад кард. Азбаски модараш ҳунарпеша буд ва бисёр сафар кардааст, Мейринк давраи кӯдакӣ ва ҷавонии худро дар сафарҳои доимӣ гузаронидааст. Вай бо навбат дар гимназияҳои Мюнхен, Гамбург ва Прага таҳсил кардааст. Замони дар Прага ба сар бурданаш соли 1883 эҷодиёти нависанда оғоз ёфт. Мейринк бист сол он ҷо зиндагӣ карда, дар асарҳояш ин шаҳрро борҳо тасвир кардааст.

Соли 1892, Мейринк, ки бӯҳрони амиқи рӯҳиро аз сар мегузаронд, мехост худкушӣ кунад; ӯ аллакай дар даст таппонча гирифта, худро парронданӣ буд, ки касе варақаеро бо  унвони аҷиб –Ҳаёт пас аз марг” аз тарқиши дар ба хона партофт. Ин ҳодиса чунон таъсирбахш буд, ки ў нияташро якбора дигар кард. Пас аз ин, Мейринк ба омӯзиши ваҳдония, каббала ва таълимоти ирфонии Шарқ машғул шуд. Соли 1889, дар якҷоягӣ бо ҷияни шоир Кристиан Моргенштерн, Мейринк як бонки савдоро бо номи «Майер ва Моргенштерн» таъсис дод. Соли 1902 полиси Прага бар зидди Мейринк ба иттиҳоми истифодаи фолбинӣ ва ҷодугарӣ дар умури бонкдорӣ  ду моҳ зиндон шуд.

Дар солҳои 1900-ум, Мейринк дар маҷаллаи «Simplicissimus» ба нашри ҳикояҳои кӯтоҳи ҳаҷвӣ оғоз карда, онҳо бо номи модараш имзо мегузошт. Баҳори соли 1903 аввалин китоби Мейринк «Аскари оташинмиҷоз ва дигар ҳикояҳо» аз чоп баромад. Тақрибан дар ҳамон вақт ӯ ба Вена кӯчид ва баъди муддати кўтоҳ маҷмуаи нави ҳикояҳои ў «Саълаб. Саргузаштҳои аҷиб» нашр шуд. Мейринк дар Вена маҷаллаи ҳаҷвии «Der lieber Augustin»-ро нашр мекунад. Инчунин дар соли 1908 маҷмуаи сеюми ҳикояҳо «Ҳайкалҳои мумӣ» аз чоп баромад. Соли 1911 Мейринк ва оилаи ӯ ба шаҳраки хурди Старнберги Бавария кӯчид ва соли 1913 китоби «Шохи сеҳрноки ҳар марди олмонӣ» дар Мюнхен нашр шуд. То соли 1920 корҳои молиявии Мейринк хеле боло рафт ва ў дар Старнберг кўшк харид. Дар ин ҷо  боз ду романи дигараш – “Доминикани сафед” ва Фариштаи равзанаи ғарбӣ“-ро эҷод кард.

Густав Мейринк 4 декабри соли 1932 дар Старнберги Бавария вафот кард.

Соли 1900 дар Глотовкаи губернияи Смоленск нависандаи шӯравии рус Михаил Исаковский ба олам омад.

Михаил дар оилаи деҳқони камбағал ба воя расида, мактаби ибтидоиро хатм кардааст. Замони таҳсил дар гимназия,  бо сабаби вазъи вазнини молиявӣ маҷбур шуд, ки аз синфи 6 онро тарк карда, ба кор шурӯъ кунад. Дар соли 1919 Михаил Василевич муҳаррири рўзномаи шаҳри Елня шуд. Солҳои 1921-1930 дар Смоленск зиндагӣ карда, дар идораи рӯзномаи вилоятии «Рабочий путь» фаъолият карда, соли 1931 ба Москва мекўчад.

Исаковский барвақт ба эҷодиёт оғоз карда, дар Смоленск се китоби ашъораш нашр шуд, вале ў ибтидои фаъолияти адабии худро соли 1924, яъне баъди нашри шеърҳои «Наврасон», «Ватан» ва ғайра медонист. Соли 1927 китоби «Симҳо дар най» дар Маскав аз чоп баромад, ки ба он М. Горкий баҳои баланд додааст. Баъд маҷмуаҳои «Вилоят», «Устодони замин», «Чор хоҳиш» нашр шуданд. Ин шеърҳо асосан ба рустои шўравӣ бахшида шудаанд. Дар солҳои 1930-юм Исаковский сурудҳои зиёде эҷод кардааст, ки хеле маъмуланд: «Видоъ», «Гусел», «Кӣ медонад?», “Катюша”, “Дар кӯҳи сап-сафед” ва ғайраҳо.

Дар ашъори Исаковский Ҷанги Бузурги Ватанӣ мақоми бузургеро ишғол мекунад: шеърҳои «Ба зани рус», «Дар боби Русия», сурудҳои «То боздид, шаҳрҳо ва хонаҳо», «Дар ҷангали наздики фронт», «Эй тирагиҳои ман…», «Шарора», «Аз ин гул беҳтаре нест» ва ғайра. Дар солҳои баъдиҷангӣ  ба эҷоди сурудҳои дўстдоштаи тамоми мамлакат идома дод: «Маро бишнав, азизам», «Аз нав ҳама чи маҳв шуд…», «Паррандаҳои муҳоҷир мепаранд» ва ғайра. Шеъри Исаковский аз ҷиҳати шакл ва забон ҳамеша бо возеҳият, халқӣ ва мусиқии худ фарқ мекард. Исаковский аз забонҳои украинӣ, белорусӣ ва дигар забонҳо тарҷумаҳои бисёр дорад. Китоби ў «Дар бораи маҳорати шоирӣ» низ ҷолиби диққат аст.

Михаил Василевич Исаковский 20 июли соли 1973 вафот кард.

Соли 1911 дар Минск нависанда, шоир, филмноманавис ва намоишноманависи шӯравӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Огонёк» (1953–1986), «яке аз даҳшатноктарин ҷаллодони адабии замони Сталин» – Анатолий Софронов ба олам омад.

Ў барандаи ду Ҷоизаи Сталин (1948, 1949) ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1981) мебошад.

Aнатолий дар оилаи сардори шӯъбаи корҳои дохилии Харков ба воя расидааст. Соли 1937 шуъбаи адабии Донишкадаи омўзгории Ростовро хатм карда, дар соли 1929 ба нашр шурӯъ мекунад ва аввалин китоби ашъораш «Рўзҳои офтобӣ» соли 1934 рўйи чоп омад. Баъд маҷмуаҳои «Мо сурудро идома медиҳем», «Дар болои дарёи Дон», «Самти Дон» нашр шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мухбири махсуси рўзномаи «Известия»  ва аз соли 1953 то соли 1986 сармуҳаррири маҷаллаи «Огонёк» буд. Бисёре аз песаҳои Софронов дорои мазмуни сиёсӣ буда, аз нигоҳи як зумра мунаққидон ва адабиётшиносон, ба хусус, славянисти олмонӣ В.Казак, «тарғиботи ночизро ифода мекунанд».  Ба онҳо, песаҳои «Касби Бекетов», «Шахси ба истеъфо баромада», «Писарони зиндаатонро эҳтиёт кунед», «Муҳоҷирон», «Лабиринт» ва ғайра дохил мешванд. Ин песаҳо бар хилофи маҳзакаҳои ў, хеле кам ба саҳна гузошта мешуданд. Масалан, соли 1960 «Миллион барои табассум» 6015 маротиба, соли 1960 песаи «Кайвонӣ» 4637 маротиба намоиш дода шуд. Шӯҳрати «Кайвонӣ» Софроновро водор сохт, ки силсилафилмҳои «Кайвонӣ шавҳар кард» (1961), «Товус» (1964) ва «Кайвонӣ-бибӣ»-ро (1978) эҷод кунад, ки онҳо низ хонандагони сершумор пайдо карданд. Очеркҳои «Сафаре, ки такрор кардан мехоҳам» (1964) ва «Мерос» (1973)  низ мансуби ўянд. Баъзе асарҳои Софронов ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд.

Нависанда 9 сентябри соли 1990 дар Маскав вафот кард.

Патрисия ХайсмитСоли 1921 дар Форт-Уэрти Техас нависандаи амрикоӣ Патрисия Хайсмит ба дунё омад.

Патрисияро модаркалонаш ба воя расондааст, чунки ў бо модар, падар ва падарандараш он қадар муносибати хуб надошт, ки ин ҳама дар эҷодиёти ў инъикос ёфтааст. Таҷрибаҳои аввалини адабии ӯ ба замони таҳсил дар коллеҷи Ню Йорк алоқаманд буданд. Пас аз хатми коллеҷ, Патрисия каме дар донишгоҳ таҳсил карда, сипас лаёқати худро дар касбҳои гуногун – фурӯшанда, нависанда ва ғайра месанҷад. Аввалин асари нашршудааш ҳикояи «Қаҳрамон» буд – он дар саҳифаҳои маҷаллаи «Harper’s Bazaar» нашр шуд. Дар соли 1948 Патрисия ба ҷамъияти рассомон ва нависандагони Яддо дохил шуд ва дар он ҷо аввалин романаш «Ношиносон дар қатора»-ро навишт, ки баъдтар аз рўйи он аз ҷониби Алфред Хичкок филми олиҷаноб ба навор гирифта шуд. Машҳуртарин романи детективии ӯ бо номи «Ҷаноби Риплии боистеъдод» соли 1955 ба табъ расид, ки дар соли 1999 аз рўйи он маъмултарин филм рўйи навор омад. Пас аз шуҳратмандии ин китоб, Патрисия Хайсмит дар бораи Рипли  силсилаасарҳо эҷод кард. Дар маҷмӯъ, бо қалами нависанда беш аз 20 роман нашр шудааст. Патрисия Хайсмит солҳои охири умри худро дар Аврупо гузаронида, соли 1995 дар Швейтсария  вафот кард.

Соли 1941 дар Симферопол нависандаи шӯравӣ ва рус, намоишноманавис, филмноманавис, рӯзноманигор, асосгузори нашриёти «Хеликон плюс» Александр Житинский ба дунё омад.

Падараш Николай Степанович Житинский халабони авиатсияи ҳарбии баҳрӣ буд. Александр аввалин бор дар Маскав ба мактаб меравад, соли 1954 падарашро ба Владивосток мебаранд ва соли 1958 ў мактабро он ҷо бо медали тилло хатм мекунад. Александр Житинский ба факултаи электротехникии Донишкадаи политехникии Шарқи Дур дохил шуда, баъд ба курси дуюми Институти авиатсионии Маскав (шуъбаи радиотехника) ва баъди як сол ба факултаи радиоэлектроникаи Донишкадаи политехникии Ленинград гузашт, ки онро соли 1965 бо баҳои аъло хатм кард.

Соли 1978 худро комилан ба фаъолияти адабӣ бахшид. Аввалин китоби ашъораш соли 1976 ва пас аз як сол китоби насри «Садоҳо» аз чоп баромад. Соли 1979 Александр Николаевич Житинский ба аъзогии Иттифоқи нависандагони ИҶШС қабул шуд. То соли 1997 12 китоб ба забони русӣ ва 8 китобаш ба забонҳои дигар нашр шуданд. Соли 1983 аввалин филм аз рӯи филмномаи Житинский “Юникум ба намоиш гузошта шуд. То соли 1997 аз рӯи филмномаҳои ӯ 7 филми бадеӣ ва даҳҳо филмҳои илмӣ-оммавӣ, ҳуҷҷатӣ ва таълимӣ ба навор гирифта шуданд.

Дар соли 1982 дар маҷаллаи «Аврора» аввалин мақолаҳои ҳаваскорони рок пайдо шуданд. Александр Николаевич ҳангоми нашри мавод дар бораи мусиқии роки русӣ аз ин тахаллус истифода кардааст. Фаъолияти ҳаваскорони рок аслан дар соли 1990 бо нашри китоби «Саёҳати як дӯстдори рок» ба охир расид.

Александр Николаевич Житинский 25 январи соли 2012 дар Финландия даргузашт.

mehrinisoСоли 1950 дар шаҳри Панҷакент шоир, таронанвиси маъруф Меҳриннисо (Бобоекова Меҳриннисо) таваллуд шуд.

Солҳои 1972-1973  корманди илмии Институти шарқшиносӣ, 1973-1976 дар сафари хизматӣ дар Афғонистон, 1976-1985 муаллимаи таъриху ҷамъиятшиносӣ дар мактаби таҳсилоти умумии №41, 1985-1987 муаллимаи таъриху ҷамъиятшиносии Омӯзишгоҳи касбии №3, 1987-1989 коршиноси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, 1989-1991 муҳаррири шуъбаи илму маърифати маҷаллаи «Фирӯза», 1991-1996 мутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1996-2007 сарреференти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити мадании Тоҷикистон будааст.

Аз соли 1996 раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯй» мебошад.

Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, намунаҳои ашъораш то имрӯз дар авроқи маҷмӯаҳои «Хӯшаи Парвин» (1989), «Нафаси субҳ» (1991), «Шароби нур» (1996), «Исми шаби ишқ» (1999), «Замзамаи зебоӣ» (2001), «Тулӯи раҳоӣ» (2003), «Боли ҳумо» (2004), «Меҳроби меҳр» (2006), «Пурсадотар аз сукут» (2008), «Оини хуршед», «Дар партави ишқ» (2011), «Девони меҳр» (2011), «Гулбаргҳои ҳамдилӣ» (2012) ба табъ расидаанд.

Суруд гаштани беш аз 400 шеъри шоира ва садо додани онҳо дар иҷрои сарояндагони машҳури Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки сухани шоира ба дилҳо нишаставу ҳамроҳи шодиву ғами мардум гаштааст.

Меҳриннисо муаллифи беш аз 15 барномаи маърифатӣ-ҳуқуқӣ ва 150 очерку мақолаи публитсистӣ буда, ба сифати сарвари созмони ҷамъиятии «Хубони порсигӯй» дар тамоми нуқоти кишвар бо мардум мулоқоту машвараҳо гузаронда, дар раванди бунёд ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳиссаи сазовор мегузорад. Дар солҳои аввали истиқлолият, ки барои Тоҷикистон марҳалаи душворе буд, барои мукаммал намудани фазои иттилоотии кишвар, огоҳ намудани занони деҳот аз вазъи воқеъии ҷомеа ва рукнҳои давлати демократӣ моҳномаи «Сабо»-ро таъсис дода, китоби «Нақши зан дар раванди демократӣ»-ро ба табъ расондааст.

Дар чанд анҷуману конфаронси байналмилалӣ дар шаҳрҳои Бишкеку Остона, Самарқанду Тошканд, Маскаву Санкт-Петербург, Теҳрону Кобул ва Коҳираву Истамбул иштирок ва суханронӣ кардааст.

Дорандаи ордени «Шараф» (2011).

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

(Сомонаи Ит.нав).

Соли 1954 дар Ленинград нависанда, шарқшинос, тарҷумон Вячеслав Рибаков таваллуд шуд.

Соли 1976 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст.  Аввалин китобҳои нависанда маҷмӯаи «Яроқи ман» ва романи «Оташдони болои бурҷ» буданд, ки соли 1990 тақрибан дар як вақт нашр шуданд ва барои онҳо соли 1991 сазовори ҷоизаи «Старт» барои муаллифи беҳтарини аввалин китоби илмӣ-тахайюлӣ гардид.

Соли 1986 филми «Мактубҳои одами мурда» пайдо шуд, ки аз рўйи филмномаи Рибаков (бо ҳамкории Б. Стругатский) ба навор гирифта шудааст. Дар соли 2006, филми «Қўҳои зишт»-и Лопушанский аз рўйи филмномаи Рибаков ба навор омад.

Соли 1969 дар Челябинск шоир, нависанда ва адабиётшиноси рус Дмитрий Бавилский таваллуд шуд. Дмитрий дар оилаи табибон Владимир Фавелевич ва Нина Василевна ба воя расидааст

Аввалин романи Дмитрий Бавилский «Оилаи авранҷиҳо» ҳанӯз дар дастнавис буданаш ба ҷоизаи «Бестселлерҳои миллӣ» пешбарӣ шуда буд ва аз ҷониби Вячеслав Куритсин дар “Время МН” ҳамчун умеди асосии мавсими адабии соли 2001 ном бурда шуд. Барандаи ҷоизаҳои маҷаллаи «Новый мир» (2006, 2009) ва  Бунёди А.Н.Яковлев мебошад. Солҳои 1995-1999 муовини сардабири маҷаллаи «Уральская новь» буд. Аз соли 1997 то соли 1999 ба ҳайси ёрдамчии роҳбари бадеии Театри академии драмавии Челябинск дар шӯъбаи адабӣ фаъолият кардааст. Ҳоло дар шаҳрҳои Маскав ва Челябинск кору зиндагӣ мекунад. Сармуҳаррири шӯъбаи фарҳанги нашрияи интернетии «Взгляд» (2004-2007), нашрияи интернетии «Частный корреспондент» (2007 то ба имрӯз), муҳаррири бахши «Библиотечка эгоиста»-и маҷаллаи адабию интиқодӣ ва иҷтимоию фалсафии интернетии «Топос» (аз соли 2001 то имрӯз). Аз соли 2010 бахши насри  маҷаллаи интернетии «Окно»-ро роҳбарӣ мекунад.

Соли 1971 дар Вологда шоири рус Николай Рубтсов дар синни 35-солагӣ кушта шуд.

Николай Михайлович Рубтсов шоири шўравӣ, муаллифи якчанд маҷмуаи ашъор, муаллифи бисёр сурудҳои машҳур мебошад. Вай 3 январи соли 1936 дар оилаи Михаил Андрианович Рубтсов ба дунё омад. Ватани Николай Рубтсов деҳаи Еметск, як шаҳраки хурд дар шимоли Русия аст. Соли 1937 оила ба Няндома кўчид. Дар он ҷо падари Николай то соли 1941 сардори Ҷамъияти матлуботи шаҳр буд. Баъд онҳо ба Вологда рафтанд, ки он замон ҷанг сар шуд. Николай бо модар, хоҳар ва бародараш дар интизори падар монд, аммо аз ӯ хабаре набуд. Соли 1942 модари Коля ва баъд хоҳараш вафот карданд. Бародаронро ба хонаи бачагон фиристоданд.

Дар синни 6-солагӣ Николай Рубтсов ятим монд. Коля ва бародараш дар паноҳгоҳи Николаев, дар наздикии Вологда қарор гирифтанд. Гуруснагӣ ва танҳоӣ онҳоро як дақиқа ҳам тарк намекард. Кўдакон намедонистанд, ки падарашон зинда аст. Михаил Рубтсов захмӣ шуда, соли 1944 ба хона баргашт, вале фарзандонашро наёфта, зан мегирад. Писарашро танҳо пас аз 11 сол мебинад. Николай Рубтсов баъди мактаб, соли 1950 дар техникуми ҷангалпарварии Тотемро хатм кардааст. Аввалин асарашро соли 1957 нашр кардааст. Ин шеъри «Май омад» буд. Баъди хизмати артиш ба Ленинград меравад.

Рубтсов соли 1962 аввалин маҷмуаи ашъораш «Мавҷҳо ва кўҳҳо»-ро аз чоп баровард. Худи ҳамон сол ба Донишкадаи адабии Маскав дохил шуда, эҷодиётро идома медиҳад. Ў боз 2 маҷмуаи ашъор: «Назм» ва «Ситораи саҳро»-ро ба табъ расонд. Николай Рубтсов Ватан, деҳа, одамони оддиро дўст медошт. Сарояндагон шеърҳои ўро дўст медоштанд. Сурудҳояш рӯҳбаланд, романтикӣ ва ғамангез буданд. Дере нагузашта ӯ якчанд маҷмӯаҳои дигарро нашр кард, аз ҷумла «Қалбам ёд дорад» (1969), «Садои санавбар» (1970). Пас аз марги шоир боз чаҳор маҷмӯа аз он ҷумла «Сафинаи охирин» (1973) ва «Зуфтурунҳо» (1975) рўйи чоп омаданд. Аз ашъори Рубтсов садҳо суруд навишта шудааст.

Мария-ЗатуренскаяСоли 1982 дар Шелберн Фолс, Массачусетс шоири амрикоӣ Мария Затуренская, барандаи ҷоизаи Пулитсер (1938), дар синни 79-солагӣ даргузашт.

Мария 12 сентябри соли 1902 дар Киев таваллуд шудааст, аммо аллакай соли 1910 оилааш ба ИМА кӯчид. Вай дар Донишгоҳи Валпараисо (Индиана), Донишгоҳи Висконсин-Мэдисон ва Донишгоҳи Сиракуз таҳсил карда, соли 1925 вай бо шоир Хорас Григори оила барпо кард.

Соли 1934 нахустин маҷмуаи ашъораш бо номи «Дар остонаи дил» рўйи чоп омад. Барои маҷмӯаи дуюмаш «Осмони сарди субҳ» (1937) ҷоизаи Пулитсерро сазовр шуд. Вай баъдан чаҳор маҷмӯаи дигарро нашр кард, ки охиринаш дар соли 1974 нашр гардид.

Ӯ ҳамчунин муаллифи тарҷумаи ҳол ва муҳаррири маҷмӯаи осори мунтахаби Кристина Россетти мебошад. Дар соли 1946 ҳамроҳи шавҳараш асари «Таърихи шеъри Амрико, 1900-1940»-ро нашр кардааст.

Соли 2002 дафтарҳои хотиравии шоира аз  соли 1938 то 1944 ба табъ расиданд.

Таҳияи сафаргул ҲУСАЙНОВА