Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 2-уми август

Як-рузи-таърих-02-08-2024Соли 1862 дар Оттава шоири канадиёӣ Дункан Кэмпбелл Скотт ба дунё омад. Вай аз соли 1913 то соли 1932 ҷонишини сардори Департаменти кор бо ҳиндуҳо буд. Ҷонибдори ашадии ба ҳам овардани насли сокинони бумӣ ва омадагон.

Вай аз ибтидо мехост духтур шавад, вале вазъи молии хонавода имкон надод, аз ин рӯ соли 1879 ба хидмати федералӣ камар баст.

Охири солҳои 1880 Скотт дар маҷаллаи машҳури Scribner’s шеърҳои худро чоп мекард. Аввалин маҷмуъаи ҳикояҳояш сол 1896 чоп шуд.

Соли 1947 дар синни 85-солагӣ дар Оттава аз олам гузашт.

Соли 1884 нависанда, рӯзноманигор ва маорифпарвари венесуэлӣ Ромуло Галегос таваллуд шуд. Вай соли 1948 президенти Венесуэла буд. Вале аз ҷониби вазири мудофиа Делгадо Чалбо сарнагун шуд ва ба Мексика муҳоҷират кард.

Ромуло-ГальегосРомуло Галегос нахустин нависандаи Амрикои Лотин буд, ки бо интишори романи “Доня Барбара” ба шуҳрати ҷаҳонӣ даст ёфт. Алоқа бо фарҳанги мардум ва адабу русуми мардуми русто дар осори Ромуло Галегос бармалост.

Вай ақидатан озодихоҳ буд ва аз сабаби мухолифаташ бо Висенте Гомес – диктатори Венесуэла табъид шуд. Соли 1948 ба барқарори як давраи хеле кутоҳӣ демократӣ дар Венесуэла вай ба унвони чилушашумин президент интихоб гардид, аммо дар муддати камтар аз як сол баъди як кудетои низомӣ барканор шуд.

“Ғуломи саркаш”, “Замин зери по”, “Кантакларо” аз ҷумлаи романҳои ӯ мебошанд.

Соли 1964 дар Венесуэла “Ҷоизаи Ромуло Галегос” барои романи беҳтарини сол таъсис шуд, ки бо гузашти солҳо ба як ҷоизаи муътабари адабӣ табдил гардид.

Вай 5 апрели соли 1969, замоне, ки 84 сол дошт дар Каракас аз олам рафт.

Соли 1892 тарҷумон ва мунаққиди рус Ефим Фёдорович Зарин дар синни 63-солагӣ вафот кард.

Ленч Леонид Сергеевич
Леонид Сергеевич Ленч

Соли 1905 нависандаи ҳаҷвнигор, филмноманавис, намоишноманавис, рӯзноманигор, танзнавис, хабарнигори ҳарбӣ, иқтисоддони аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ Леонид Сергеевич Ленч зода шуд.

Табассуми аввал”, “Павел Греков” (намоишнома), “Ром кардани зани саркаш”, “Се дил”, “Шура ва Шураҷон”, “Меҳмонони муҳтарам”. “Дар замини гунаҳгор” номи чанд китоби ӯст, ки солҳои гуногун чоп шудааст.

Леонид Сергеевич Ленч 28 январи соли  1991 дар синни 85-солагӣ вафот кард.

Джеймс Болдуин
Ҷеймз Болдуин

Соли 1924 дар шаҳри Ню-Йорк романнавис, мақоланавис ва намоишноманависи амрикоӣ Ҷеймз Болдуин зода шуд. Вай яке аз фаъолтарин муборизон барои ҳуқуқи инсон ва аз пайравони ростини Мартин Лютер Кинг буд.

“Кишвари дигар”, “Ба ман бигӯ, қатор кай рафт”, “Утоқи Ҷованни”, “Қайдҳои писари Амрико” номи чанд асари ӯ мебошад.

30 ноябри соли  1987 дар синни 63-солагӣ дар Фаронса тарки олам кард.

Isabel_Allende
Изабел Алйенде

Соли 1942 рӯзноманигор, нависандаи Амрикои Лотин Изабел Алйенде (исп. Isabel Allende) ба дунё омад. Ӯ дар равия ва сабки реализми ҷодуӣ баъзе асарҳояшро навиштааст.

Шуҳрати Изабел Алйенде баъди романаш “Хонаи арвоҳ” афзуд. Ва аз он пас аксари осораш, аз ҷумла ҷадидтарин романи ӯ ”Гулбарге аз дарё” ба истиқболи бисёр густардаи хонандаҳо рӯбарӯ шуд ва муҷиби таваҷҷуҳи ҷидди танқиди адабӣ гашт.

Алйендеро пурхонандатарин нависандаи испанизабон дар олам медонанд. Ӯ дар соли 2010 Ҷоизаи миллии  адабиёти Чилиро гирифт. Соли 2014 Борак Обамо, президенти собиқи ИМА ба ӯ “Нишони ифтихори озодии  Раиси Ҷумҳурӣ”-ро эъто кард.

Аз ишқу сояҳо”, “Духтари бахт”, “Инси рӯҳи ман”, “Тасвири кӯҳна”, “Ҳосили рӯзҳои мо”, “Сарзамини хаёлии ман”, “Ҷоизаи зери дарё”, “Шаҳри ҷонварон”, “Сарзамини аждаҳои тилоӣ”, “Ҷанги паканаҳо”, “Рӯҳи як зан” номи чанд асари дигари ӯст.

Таҳияи Б.Шафеъ