Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 2-уми ноябр
Соли 1950 – дар шаҳри Ҳертфордшир нависандаи бритониёӣ, драматург, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1925), Бернард Шоу дар синни 94-солагӣ вафот кард.
Ҷорҷ Бернард Шоу драматург, нависанда, адабиётшинос 26 июли соли 1856 дар Дублин, дар оилаи тоҷири ғалла Ҷорҷ Шоу ва Лусинда Шоу, овозхони ҳирфаӣ таваллуд шудааст.
Ҷорҷ Бернард Шоу соли 1925 ба ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт сарфароз гардидааст. Соли 1939 бошад, ӯ ҷоизаи Оскарро барои сенарияи филми “Пигмалион” (Pygmalion) ба даст овард.
Шоу аз 21 то 31 июли соли 1931 аз Иттиҳоди Шӯравӣ дидан кард ва рӯзи 29-уми июл бо Иосиф Сталин мулоқот намуд. Аз Шӯравӣ бо таассуроти хуб баргашт ва борҳо онро дар навиштаҳо ва суханрониҳояш васф кардааст.
Солҳои охир драматург дар хонаи худаш зиндагӣ мекард ва дар синни 94-солагӣ аз бемории гурда даргузашт. Тибқи васият ҷасади ӯро сӯзонданд ва хокистарашро бо хокистари ҳамсараш пош доданд.
****
Соли 1808 дар ин рўз – рӯзноманигор, мақоланавис, шоир, адабиётшинос, муаррих, нависандаи фаронсавӣ Жюл Амеди Барбет д‘Оревили (фарон. Jules Amédée Barbey d’Aurevilly) ба дунё о мадааст. Вай дар Нормандия таваллуд шуда, ба воя расидааст. Падараш деҳқоне буд, ки соли 1765 ба худаш унвони дворянинро харидааст. Модараш аз асилзодагони куҳани норман буд.
Навиштаҳои Барбет д’Оревили то имрӯз дар Фаронса пайваста нашр мешаванд. Аз рўи аксари онҳо филмҳои телевизионӣ офарида шудааст.
23 апрели соли 1889 вафот кардааст.
***
Соли 1889 нависандаи рус Николай Успенский аз дунё гузашт. Николай Василевич Успенский соли 1837 дар дехаи Ступинои ноҳияи Ефремовскийи вилояти Тула дар оилаи коҳин таваллуд ёфтааст. Нависандаи оянда аввал дар семинарияи теологӣ ва баъдан дар Академияи тиббию ҷарроҳии Донишгоҳи Санкт-Петербург таҳсил мекунад, вале онро хатм накардааст.
Фаъолияти адабии Успенский соли 1857, вакте ки повести «Пиразан» дар журнали «Писари Ватан» чоп шуд, оғоз меёбад. Баъдтар Николай Успенский бо Некрасов ва Чернышевский шиносоӣ пайдо мекунад ва корманди маҷаллаи «Современник» мегардад. Дар соли 1861 Успенский бо маслиҳат ва дастгирии Некрасов ба Порис ва Италия сафар карда, бо ҳаёти Аврупои Ғарбӣ шинос мешавад.
Пас аз низоъ бо Некрасов, Успенский аз «Современник» ҳам меравад. Муддате омӯзгорӣ ҳам кардааст.
Зиндагии хонаводагии хуше надоштааст, баъди вафоти ҳамсараш бо духтарчааш сарсону саргардон дар фақру бенавоӣ мезост. Ба ҳар шуғле даст мезанад, то гурусна намонад. Вале ба навиштан ҳам идома медод. Моҳи октябри соли 1889, замоне, ки майзада ҳам шуда буд, дар хиёбоне бо захмӣ корд худкушӣ мекунад.
ВА БОЗ:
Соли 1890 – нависандаи шведӣ Ҳелга Мария Мартинсон (Helga Maria Martinson) таваллуд шудааст.
Соли 1899 – нависандаи Ҳолландия Чарлз Эдгар дю Перрон ба дунё омадааст.
Соли 1902 – шоир, нависанда, тарҷумон ва ходими ҷамъиятии маҷорӣ Дюла Иес, яке аз пешвоёни равияи “адибони халқӣ” дар Толна таваллуд шудааст.
Соли 1903 – шумораи аввалини рӯзномаи англисии «The Daily Mirror» аз чоп баромад.
Соли 1911 дар Ҳраклион шоири юнонӣ Одисеас Элит таваллуд шудааст. Элит соли 1979 барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт шудааст.
Соли 1923 нависанда ва драматурги рус Иван Георгиевич Лазутин таваллуд шудааст.
Соли 1949 – дар Колумбус, иёлати Огайои Амрико нависандаи асарҳои тахайюлӣ Лоис Макмастер Будҷолд ба дунё омадааст. Лоис Макмастер Будҷолд се мартиба соҳиби ҷоизаи Небюло шудааст. Ҷоизаи адабии Небюло (анг. Nebula Award) аз маъруфтарин ҷоиза дар заминаи достоннависии имлӣ-тахайюлӣ ва хаёлпардозӣ аст, ки ҳар сол аз тариқи “Анҷумани нависандагони илмӣ-тахайюлии Амрико” ба беҳтарин осори мунташиршуда дар ин ҳавза дар ИМА эъто мешавад.
Соли 1964 дар Маскав, нависандаи шӯравии рус Елена Илина дар синни 63-солагӣ даргузашт. Ӯ муаллифи асарҳое чун «Бемаънигӣ дар чархҳо», «Кӯҳи хирс», «Убури марз», «Мусофири бисту сеюм», «Баландии чаҳорум» ва ғайра буд.
Соли 1972 – Дар Маскав, дар синни 69-солагӣ, нависандаи шӯравии рус, хабарнигори ҳарбӣ Александр Бек вафот кард.
Соли 2002 дар Роквилли иёлати Мэриленди Амрико нависандаи асарҳои тахайюлӣ Чарлз Шеффилд тарки олам кард. Ӯ 67 сол дошт.
Соли 2015 – нависандаи руси тахайюлнавис Игор Пронин дар Маскав аз бемории саратон даргузашт. Пронин бо достони «Мао» (2002), ки диққати ҳам мунаққидон ва ҳам хонандагонро ба худ ҷалб карда буд, аввалин маротиба машҳур шуд.
Таҳияи Сафаргул Ҳусейнова, сармутахассиси Шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ.