Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 2-уми октябр

Як-рузи-таърих-02-10-2023Соли 1879 дар Рединг, иёлати Пенсилвания шоир, намоишноманавис ва вакили мудоеаи амрикоӣ Уоллес Стивенс ба дунё омад. Аз шеъри ӯ истиқболи дерҳангоме сурат гирифт ва нахустин маҷмуаи омораш бо номи “Ҳармониум” соли 1923 нашр шуд. Он вақт Стивенс ба синни 44-солагӣ расида буд.

Маҷмуаи баъдии ӯ “Идеяҳое дар бораи назм” сездаҳ сол баъд, соли 1936 чоп шуд ва ба дунболи он чандин асари дигари ӯ, ки авҷашон “Маҷмуаи ашъор”-и ӯ дар соли 1955 буд, ба чоп расид. Барои ҳамин маҷмуа Стивенс барандаи  ҷоизаи Плутсер шуд ва дуввумин ҷоизаи  китоби шеърро аз худ кард.

Ашъораш дар шакли комилтар дар маҷмуаи “Нахл дар интиҳои зеҳн” соли 1967, баъди 12 соли фавти ӯ бо виростории духтараш ба нашр расид.

Ин китобҳо аз ӯстанд, ки дар солҳои гуногун чоп шудаанд: “Арғунун”, “Андешаҳои назм ва тартиб”, “Марде бо гитори обӣ”, “Истиқбол ба тобистон”, “Сапеда дар хазон”.

Уоллес  Стивенс 2 августи соли 1955 дар синни 75-солагӣ аз олам рафт.

Хершедбону НотавонСоли 1897 дар шаҳри Шуш дар синни 65-солагӣ шоири озарбойҷонӣ Хершедбону Нотавон вафот кард. Хуршедбону яке аз барҷастатарин ғазалсароёни турк аст, ки бештар бо туркӣ, озарӣ ва форсӣ эҷод кардааст. Вай духтари    Маҳдиқулихони Ҷавоншер-охирин ҳокими Хоноти Қарабоғ буд.

Ӯ дар наққошҳӣ низ моҳир буд ва дар канори ашъораш тасвирҳоеро дар иртибот ба шеър мекашид.

Романнависи машҳури фаронсави Александр Дюма  дар сафарномаи худ аз мулоқоташ бо Хуршедбону дар Боку ишора кардааст.

Дар ашъораш худро бо тахаллуси Нотавон ёд кардааст.

Хуршедбону тақрибан бист сол роҳбарии як анҷумани адабиро ба уҳда дошт. Ва аксар шеърҳояш билофосила баъди суруданаш аз ҷониби даҳҳо шоири бузург ва саршинос мавриди истиқбол қарор мегирифт.

Грем ГринСоли 1904 дар Беркхэмстед нависандаи англис Грем Грин зода шуд.  Ӯ дар тӯли умри тӯлониаш дар дар ағлаб маъракаҳои сиёсӣ ва  инқилобии гӯшаву канорҳои олам ҳозиру нозир буд ва моҷароҳои достонҳояш умдатан дар асоси ҳамон воқеъаву рӯйдодҳо сохта мешуданд.

“Сафари бебозгашт”, Аслиҳае барои фурӯш”, “Маъмури муътамад”, “Қудрат ва ҷалол”, “Вазорати тарс”, “Поёни робита”, “Амрикоии ором”, “Сафарҳоям бо холаҷон”, “Марди даҳум”, “Бохти пинҳон” аз ҷумлаи асарҳои ӯ  мебошанд.

Грем Грин 3 апрели соли 1991 дар Швейтсария дар синни 86-солагӣ вафот кард

Соли 1911 дар шаҳри Милуоки, иёлати Висконсин нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Ҷек Финней таваллуд шуд. Ӯ бештар дар навиштани асарҳои илмӣ-тахайюлӣ машҳур шуд ва “Рабояндагони ҷасад”, “Миёни ду замон” аз пурхонандатарин китобҳои ӯ мебошанд.

Аз рӯи аксари асарҳои ӯ филмҳо бардошта шудаанд.

chek-londonСоли 1916 нависандаи маъруфи армикоӣ Ҷек Лондон охирин ҳикояи худро бо номи “Бачаҳои об” ба анҷом расонд. Ҷек Лондон аз ҷумлаи шинохтатарин адибони ҷаҳон аст. Осори ӯ монанди “Овои вуҳуш”, “Сапеддандон”, “Гурги дарё” ба истиқболи гарми хонандагон рӯбарӯ шуд. Вай аз аввалин нависандагони Амрико буд, ки аз роҳи навиштан ба сарвати зиёд даст ёфт.

Бурди навсандагӣ дар Ҷек Лондон он аст, ки аксари сужаи достонҳои худро аз ҳаёти воқеъӣ гирифтаву аксари қаҳрамононаш касонеанд, ки бо ӯ ҳамсуҳбат шуда буданд.

“Духтари барфҳо”, “Бозӣ”, “Мартин Иден”, “Моҷароҷӯ”, “Тоъуни сурх”, “Писари офтоб”, “Ситораи гирд” аз ҷумлаи дигар романҳои машҳури ӯянд.

Як силсила аз асарҳои Ҷек Лондон, аз ҷумла романи машури ӯ “Мартин Иден” тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд.

Соли 1944 дар Уокешо, иёлати Висконсин риёзидон, муҳандиси роёна, падидовар ва романнависи аҳли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Вернор Виндж зода шуд.

Ӯ нависандаи асарҳои илмӣ-тахайюлӣ ва устоди бознишастаи амрикоӣ аст, ки риёзиёт ва илми роёнаро омӯхт.ю

Вернор Виндж барандаи ҷоизаи адабии Ҳюго барои романҳои “Оташе дар аъмоқ” (1992), “Амиқӣ дар осмон” (1999), “Поёни рангинкамон” (2006) ва ғайра мебошад.

Соли  1954 дар деҳаи Чохии Ҷумҳурии Гурҷистон коргардон ва филмноманависи аҳли ин кишвар Чохели Годердзи ба дунё омад. Ӯ муаллифи китобҳои «Нома ба арча», «Дараи туман» буд. 2 октябри соли 1954 дар Гурҷистон таваллуд ёфтааст.

“Парандаи зард”,  “Нақли халабони собиқ”, “Сафари бузург барои арӯс”, “Бегона”, “Парандаҳои биҳиштӣ”, “Инҷили Луққо”, “Ритсарҳои басташуда” аз ҷумлаи чанд филмномаи ӯ мебошанд. Чохели Годердзи 16 ноябри соли 2007 дар синни 53-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт.

Василий-Макарович-ШукшинСоли 1974 дар синни 45-солагӣ нависанда, филмноманавис, коргардон ва ҳунарманди машҳури Шӯравӣ Василий Шукшин тарки олам кард. Вай 25 июли соли 1929 таваллуд шуда буд.

Василий Шукшин барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Ленин, Ҷоизаи давлатии ИҶШС буд. Аз ҷумлаи машҳуртарин қаламкашони Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт.

Романҳои “Любавина”, “Ман омадам, ки ба шумо ихтиёр диҳам”, повестҳои “Ва субҳ онҳо бедор шуданд”, “Нуқтаи назар”, пйесаҳои “Одамони неруманд”, “Бум бум”, ҳикояҳои “Артист Фёдор Грай”, “Бевиҷдонҳо”, “Боря”, “Ванка Тепляшин”, “Гургҳо”, “Мусибат”, “Бегонаҳо”, “Додгоҳ”  ва ғайра аз ӯ мебошанд.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ