Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 20 – уми апрел
Соли 1492 дар Аретсо нависанда, ҳаҷвнигор, мақоланавис ва намоишноманависи итолёвӣ Петро Аретино ба дунё омад. Номи падари ӯро дар ҳеч маъхазе дақиқ пайдо накардаанд, аммо баъзе манбаъҳо аз ӯ ба унвони Луқо ном бурдаанд. Ҳеч маълумоти ибтидоӣ нагирифт, дар 14-солагӣ аз хона рафт ва оворагардӣ мекард. Баъдан ба касбҳои гуногун машғул шуд, ба навъе рӯз мегузаронд. Мудате дар донишгоҳ таҳсил кард, вале аз он ки озодандеш буд, ба зудӣ ихроҷ шуд.
Баъдан ба адабиёт рӯ овард, асарҳои ҳаҷвӣ менавишт. Аммо соли 1559 хондани осори Аретино манъ шуд.
Соли 1525 аввалин намошиномаи худро навишт.
Соли 1821 нависанда ва муаррих Фёдор Бюлер ба дунё омад.
Соли 1841 аввалин ҳикоя дар жанри детективӣ дар таърихи адабиёт чоп шуд, ки мансуб ба Эдгар По буд ва “Куштор дар кӯчаи Морг” ном дошт.
Аз Эдгар По ба унвони яке аз поёгузорони ҷунбиши романтикӣ дар адабиёт ёд мекунанд. Достонҳои По аз он ки ҳавлангез ва тарсноканд, дар замонаш машҳур шуданд. Аввалин нависандагони достонҳои кутоҳи амрикоӣ низ Эдгар По мебошад.
По инчунин аз ҷумлаи аввалин касоне буд, ки аз жанри илмӣ-тахайюлӣ истифода кард. Ӯ инчунин аввалин аз зумраи он нависандагони амрикоист, ки қалами худро барои таъмини рӯзгораш истифода кард ва танҳо аз пули чопи асарҳояш зиндагӣ намуд.
“Гурбаи сиёҳ”, “Достонҳои шигифтангез”, “Қалби розгӯ”, “Заволи хонадони Ошур”, “Қурбоқа”, “Марди тӯда”, “Ниқоби марги сурх”, “Калоғ” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.
Эдгар По 7 октябри соли 1849, замоне, ки ҳамагӣ 40 сол дошт, дар Балтимор вафот кард.
Соли 1888 дар шаҳри Москав шоир ва намоишноманвиси рус Николай Агнивсев зода шуд. Ӯ ҳамчунин барои кӯдакон асарҳои зиёд навиштааст. “Таронаҳои донишҷӯӣ”, “Зери садои шамшерҳо”, “Сурудҳои ман”, “Намоишномаҳо”, “Ҷанги бозичаҳо”, “Шиносҳои ношинос”, “Пиёлаи чой”, “Офтоб ва шамъ” ва ғайра номҳои китобҳои ӯ мебошанд.
Николай Агнивсев 29 октябри соли 1932 дар бемористон бар асари кассалии сил аз олам даргузашт.
Соли 1901 дар шаҳри Порис нависандаи фаронсавӣ Мишел Лейрас таваллуд шуд.
Соли 1933 Нашриёти “Молодая гвардия” бо ташаббуси Максив Горкий ба чопи асарҳо аз силсилаи “Ҳаёти одамони наҷиб” оғоз кард ва аввалин китоб аз ин бахш “Ҳенрих Ҳейне”-и Александр Дейч буд.
Соли 1934 дар деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара рӯзноманигор, нависанда ва намоишноманавис ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Абдусалом Атобоев ба дунё омад.
Соли 1958 факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро ба поён расондааст.
Муддате дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ва маҷаллаи «Машъал» кор кадааст, чанде сармуҳаррири бахши репертуари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон будааст.
Аз солҳои 60-ум ба кори эҷодӣ пардохтааст.
Аввал очерку ҳикоя менавиштааст, ки чанде аз онҳо дар моҳномаҳои «Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», «Гулистон», «Машъал» ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ нашр шудаанд.
Осори мансураш дар китобҳои «Вохӯрӣ бо падар» (1976) ва «Шиносоӣ» (1978) ба табъ расидаанд.
Муваффақияти ӯ бештар дар драматургия ба чашм мерасид, ки намоишномаҳои «Суруди нотамом» (1991); «Иллоанта» (1972), «Бонги хатар» (1974), «Парвози уқоб» (ҳамроҳи Ғанӣ Абдулло, 1975), «Телеграмма ба Ленин» (ҳамроҳи Ғанӣ Абдулло, 1976), «Имтиҳон» (1977), «Қиссаи аввалин» (1978) ва «Қиёми Лоҳутӣ» (1976) гувоҳи онанд.
Матни чанде аз намоишномаҳояш дар китоби «Вохӯрӣ бо падар» (1975), «Намоишномаҳо» (1977) ва моҳномаи «Садои Шарқ» ба табъ расидаанд.
Барои радио повести Садриддин Айнӣ «Ятим»-ро инсенировка кардааст.
Асарҳои алоҳидаи Ю.Бондарев, И.Вазов, О.Вайлд ва И.Қосумовро ба тоҷикӣ гардондааст.
Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
24 апрели соли 1986 аз ҷаҳон даргузашт.
Соли 1935 дар деҳаи Зери Ҳисори ноҳияи Панҷакент шоир, тарҷумон ва намоишноманависи маъруфи тоҷик Мастон Шералӣ ба дунё омад.
Асарҳояш аз ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта чоп шуда, диққати ҳамагонро ҷалб намудаанд. Муаллифи китоби ашъори «Мавҷи Зарафшон» (1964), «Илҳом (1969), «Реша дар об» (1970), «Ситора» (1972), «Ташнагӣ» (1975), «Суруди роҳ» (1983), «Ихлос» (1986) ва ғ. мебошад, ки ба туфайли забони суфтаву пухта, образҳои хотирнишин, банду басти қавӣ ва шеърияти баландашон мақоми ӯро дар адабиёти шӯравии тоҷик шоиста гардондаанд.
Иддае аз ашъорашро суруду таронавор мехонанду месароянду лаззату ҳаловати эстетикӣ мебардоранд.
Китоби шеърҳои ба русӣ тарҷумашудаи ӯ «Жажда» соли 1981 дар Маскав ба чоп расидааст. Драмаҳои «Золу Рудоба», «Зебуннисо», «Тоҳиру Зуҳро» ба қалами ӯ тааллуқ доранд, ки дар чанде аз театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.
Китоби шеърҳои В.Сосюра, Р.Ҳамзатов, А.Кешоков, Д.Кугултинов, Ш. Петефи, «Домод»-и А.С.Пушкин, достонҳои Ю.М. Лермонтов, шеъру таронаҳои алоҳидаи Т.Лорка ва П.Нерударо ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое аз шеърҳояш ба чанд забони халқҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд.
Аз соли 1964 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 1988 аз олам даргузашт.
Соли 1939 дар шаҳри Ню-Йорк нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Питер Бигл ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи “Небюло” буд.
Соли 1948 дар як садамаи мошин шоир ва тарҷумони рус Сергей Яковлевич Олимов ба ҳалокат расид. “Ҳамовозии олам”, “Таронаҳо”, “Ҳама чиз барои ғалаба” номгӯи нопурраи китобҳои ӯ мебошанд.
Таҳияи Б.Шафеъ