Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 20-уми декабр
Соли 1868 дар Таганрог нависанда, тарҷумон, намоишноманавис ва шоири рус Нестор Василевич Куколник аз олам гузашт. Вай 20 сентябри соли 1809 дар Санк-Петербург ба дунё омада буд.
Куколник муаллифи беҳтарин романсҳои русӣ дар замони худ буд.
Соли 1875 дар шаҳри Москав муаррих, мақоланавис, рӯзноманигор, нависанда ва ношири рус Михаил Петрович Погодин дар синни 75-солагӣ вафот кард. Вай 23 ноябри соли 1800 дар Москав таваллуд шуда буд.
Солҳои 1826-1844 профессор Донишгоҳи Маскав буд. Узви фахрии Донишгоҳи Москав (1845). Дидгоҳи консервативӣ дошт.
Соли 1873 шоир ва нависандаи турк Муҳаммад Окиф Эрсой ба дунё омад. Вай сарояндаи Марши истиқлол, шоир ва нависандаи машҳури турк буд. Ӯ дар аввалин давраи Маҷлиси миллии кабири Туркия (1933-1920) намоянда ва Вазири маорифи замонаш буд, Марши истиқлоли кишварашро ӯ навишт ва он ба унвони суруди миллии Туркия интихоб шуд. Аз тарафдорони демократияи исломӣ ва панисломизм буд.
Соли 1875 нависанда, файласуф, виростор, ношир ва муаррихи аҳли Империяи Русия Михаил Петрович Погодин аз олам рафт.
Соли 1905 нависанда, филмноманавис, нависанда ва рӯзноманигори Иттиҳоди Шӯравӣ Галина Иосифовна Серебрякова ба дунё омад. Вай муаллифи романҳо дар бораи Карл Маркс ва Фридрих Энгелс буд. Галина Серебрякова дар оилаи инқилобиён ба дунё омада буд ва падараш Иосиф Моисеевич Бик-Бек каби духтурӣ дошт ва замоне дар Хоразм кор кардаву баъдан директори осорхонаи Пушкин буд. Падараш ва шавҳараш соли 1936 ба иттиҳоми “ҷонибдорӣ аз Тротский”парронда шуданд. Худаш низ то муддатҳо таҳти озори НКВД қарор дошт. Соли 1937 ӯро бо ҳамроҳии ду духтар ва модараш ба Семиплатинск бадарға карданд. Соли 1939 аъмолашро муҳокима намуданд ва ба муддати 8 сол дар ГУЛАК зиндонӣ шуд. Соли 1945 озод гушт, вале соли 1949 муҷаддадан дастгир шуд ва боз 10 соли дигар ҳабс карданд.
Бар пояи романи ӯ бо номи “Соле ба дарозии зиндагӣ” филме бо ҳамин ном ба навор гирифтанд.
Заҳматҳояш танҳо баъди марги Сталин қадр шуд ва барои саҳмаш дар адабиёт бо ордени Ситораи Сурхи Меҳнат қадрдонӣ шуд.
Соли 1941 дар шаҳри Таллин дар синни 54-солагӣ аз сактаи қалбӣ шоири рус Игор Северянин аз олам гузашт.
Соли 1943 нависанда, мунаққиди адабӣ, мутарҷим, муҳаққиқ ва филмноманависи Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Николаевич Тинянов аз олам гузашт. “Марги Вазир Мухтор”, “Пушкин” (нотамом) аз ҷумлаи романҳои ӯ мебошанд.
Соли 1945 Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000), Ҷоизаи олии Иттиҳодияи арбобони театрии Тоҷикистон «Ноҳид» (1994) Сафармуҳаммад Айюбӣ ба дунё омад.
Нахустин шеърҳои ӯ аз аввали солҳои 70- уми асри гузашта дар рӯзномаю маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Помир», «Маориф ва маданият», «Тоҷикистони Советӣ», «Адабиёт ва санъат», дигар расонаҳои хабарию адабӣ мунташир гардидаанд.
Муаллифи маҷмӯаҳои «Гули гандум» (1980), «Роҳи сафар» (1984), «Шохаи барқ» (1986), «Фалаки роғӣ» (1990), достонҳои «Хоҳиши дарё» (1990), «Мунзим» (1990), «Вафои Зарробӣ» (2001), «Маснавии мирӣ» (2001), «Шаҳриёрнома» (2002) ва ғайра мебошад.
Бештар аз 200 драмаи манзум офаридааст, ки аз он ҷумла «Фишор» (1984)-у «Заволи Чамбули Мастон» (1997) дар Фестивали театрҳои касбии Тоҷикистон беҳтарин шумурда, соҳиби ҷоизаи олии фестивал «Гран-при» гардонида шудаанд.
Ашъори ҷудогонаи Н.Доризо, Р. Рождественский, М.Геттуев, Миртемир ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Оҳангсозони тоҷик ба бештар аз 200 шеъри ӯ оҳанг бастаанд, ки аз ҷониби сарояндагони мумтози кишвар суруда мешаванд.
22 феврали соли 2011 аз олам даргузашт.
Соли 1948 дар Занзибар нависандаи машҳури Танзания, барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт (соли 2021) Абдулраззоқи Гурна ба дунё омад.
Яке аз романҳои ӯ “Биҳишт” (1994), мебошад, ки сазовори ҷоизаи баргузидатарин осори мухтасари Букер ва ҷоизаи Whitbread гардида аст. Ӯ 7 октябри соли 2021 «барои таҳқиқи оштинопазир ва дилсӯзонаи таъсири мустамликадорӣ ва сарнавишти паноҳандагон дар тақсимоти фарҳангҳо ва қитъаҳо» сазовори Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шуд.
“Роҳи зоирон”, “Биҳишт”, “Канори дарё”, “Фирор аз хидмати сарбозӣ”, “Охирин ҳадия”, “Зиндагии пас аз марг” аз ҷумлаи романҳо ва “Модарам дар мазрае дар Африқо зиндагӣ мекард” аз достонҳои кутоҳи ӯст.
Соли 1965 филмноманавис, намоишноманавис, адабиётшинос, ходими театр Ксения Викторовна Драгунская аз олам рафт.
Соли 1967 дар шаҳри Москав нависанда, шоир, публистист, мунаққиди адабӣ, барандаи телевизион, журналист ва мунаққиди синамо Дмитрий Быков ба дунё омад. Ӯро имрӯз яке аз пурмаҳсултарин адибони рус меноманд. Аз соли 1993 дар маҷаллаи “Огонёк” кор мекунад.
Соли 1968 дар шаҳри Ню-Йорк дар синни 66-солагӣ нависандаи амрикоӣ Ҷон Стейнбек тарки олам кард. Сабаби марги ӯ бемории қалбӣ эълон шуд. Ӯ яке аз шинохтатарин ва барҷастатарин нависандагони қарни бистуми Амрико, барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт ва ҳамчунин яке аз муҳимтарин намояндагони мактаби адабии натурализм мебошад. Аз муҳимтарин осораш метавон ба “Хӯшаҳои хашм” ишора кард.
Соли 1976 шоир ва муҳаққиқи тоҷик Баҳром Мирсаидов ба дунё омадааст.
Соли 1980 нависандаи украин Юлия Остапенко дида ба олам кушод.
Соли 1983 дар София дар синни 69-солагӣ нависанда ва намоишноманависи булғор Павел Вежинов фавтид.
Таҳияи Б.Шафеъ