Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 20-уми май

loi-sheraly-va-mumin-anoatЗодрӯзи ду шаҳсутуни шеъри тоҷик, устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ба ҳама шефтагони назми оламгир муборак бод!

Соли 1799  дар шаҳри Тури Фаронса нависанда ОнореБалзак, яке аз асосгузорони реализм (реализмусули дарки бадеии воқеият ва ҳаққонӣ тасвир карданӣ он) дар адабиёти Аврупо чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Оноре де Балзак дар оилаи деҳқон ба воя расидааст. Машҳуртарин асари нависанда «Мазҳакаи инсонӣ» мебошад. Ин силсилаи роману ҳикояҳоест, ки дар мавзуи ҳаёти ҷамъияти Фаронсаи ҳамонвақта навишта шудааст. Эҷодиёти Балзак ба бисёр нависандагони боистеъдод, аз ҷумла Диккенс, Эмил Золя, Достоевский таъсири худро расондааст.

Волидайн аз хурдсолӣ, Балзакро барои касби ҳуқуқшиносӣ омода мекарданд. Барои ин, ӯ дар Коллеҷи Вендом, дар Мактаби Ҳуқуқии Порис  таҳсил карда, сипас дар нотариус ба ҳайси котиб кор кардааст. Вале ин дер давом накард ў аз касби ҳуқуқшиносӣ ба зудӣ дилгир шуда, худро ба адабиёт бахшид.

onore-de-balzakАввалин асарҳои нависанда солҳои 1820 пайдо шудаанд. Ин романҳо дар рӯҳияи романтизм эҷод шуда буданд.  Аввалин китоб бо имзои «Балзак» соли 1829 аз чоп баромад. Ин романи таърихии «Шуанҳо» буд. Баъд аз ин ў очерку ҳикояҳои зиёде навишт, ки ниҳоят диққати мунаққидонро ба худ ҷалб кард. Асари навбатии ҷиддӣ – романи «Пӯсти Шагрен» соли 1831 пайдо шуд. Пас аз як сол, қисман романи тарҷумаиҳолии «Луи Ламбер» нашр шуд.

Бо вуҷуди он, ки Балзак ҳамчун нависанда сарватманд шуда наметавонист, вай кори пурҷўшу хурушро давом дода, соле чанд китоб нашр мекард. Натиҷаи асосии эҷодиёти ў силсилаи очеркҳои «Маҳзакаи инсонӣ» дар мавзуи ҳаёти франсуз буд. Эҷодиёти нависанда дар солҳои 1820-1830 ба авҷи худ расид. Дар давоми умри худ Балзак борҳо ба Русия сафар карда буд.

Дар соли 1832 вай бо завҷаи ояндааш Эвелина Ганская, мулкдори лаҳистонӣ ва табаъаи рус шинос шуд. Солҳои охири умраш Оноре де Балзак дар мулки ҳамсараш дар Верховна, дар қаламрави Украинаи муосир зиндагӣ мекард. Вай дар «Нома дар бораи Киев», ки он нотамом мондааст хотираҳояшро дар бораи Украина нигоштааст. Нависандаи бузург 18 августи соли 1850 дар Порис вафот кард.

Балзак яке аз пуркортарин нависандаи дунёст. Вай дар тӯли умри нисбатан кутоҳаш беш аз сад мақола, , роман ва намоишнома ба риштаи таҳрир даровард. “Гобсеки рибохӯр”, “Ишқи кимёгар”, “Ёдгориҳои ду наварӯс”, “Духтари чашмтилоӣ”, “Пирдухтар”, “Кашиши деҳкада”, “Домгустар”, “Зани сисола”, “Орзуҳои барбодрафта”, “Деҳқонон”, “Оташпора” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1830 нависандаи фаронсавӣ, муаллифи китобҳо барои кӯдакон ва ҷавонон Гектор Мало  таваллуд шудааст.

Гектор Мало фаъолияти адабии худро ҳамчун корманди маҷаллаи «Тарбия ва фароғат», ки муҳарриронаш Пиер Этзел ва Ҷул Верн буданд, оғоз кардааст. Мало ба анъанаи «таълиму тарбия  бо дилхушӣ» дар маҷалла пайравӣ карда, китоби аввалини бачагонаи худ «Ромен Калбри»-ро дар бораи саргузашти писараки ёздаҳсола эҷод кард.

ektor-anri-maloПовест бомуваффақияти калон ноил шуд ва Этсел ба муаллиф китоби дуюмро «фармоиш» дод, ки он на танҳо шавқовар, балки маърифатӣ ҳам буд. Ҳамин тавр ҳикояи беҳтарини Гектор Мало «Бепарастор» рўйи чоп омад. Саргузашти сарсонии писари оворагард Реми, ки замоне ўро аз падару модараш рабуда буданд ва ба ҳунарманди оворагард ва навозанда Виталис фурӯхтанд, ки дар натиҷа ў дӯст ва мураббии Реми шуд. Тамоми ҳаёти қаҳрамони ҷавон бо асрор фаро гирифта шудааст, ки ин шиддати сужаро зиёд мекунад, вале пас аз саргардонии тулонӣ дар интиҳо писарак оилаашро пайдо карда, бахту саодат ва муҳаббати худро меёбад.

Повести сеюми Мало – «Дар оила» дар бораи ятимдухтари меҳрубон ва далер Перрин, ки барои пайдо кардани хешу табораш ба сафари дуру дароз ва хавфнок мебарояд, нақл мекунад.

Китобҳои нависанда моли адабиёти Аврупо гардида, ба забони русӣ тарҷума шуданд ва дар Фаронса достони «Бепарастор» ба китоби классикии бачагона табдил ёфтааст, ки тибқи он дар мактабҳо забони модарии худро меомӯзанд.

Ҳамчунин ин китоб бо забони тоҷикӣ тарҷума шудааст ва хонадагон метаонанд онро аз Китобхонаи миллӣ дастрас кунанд.

Аз  рӯи асари Гектор Мало «Бепарстор» якчанд филм ба навор гирифтаанд ва филмҳои тасвирӣ ҳам таҳия  гардидаанд.

Соли 1864 дар Порис шоир ва адабиётшиноси рус Степан Шевирёв, профессор ва декани Донишгоҳи Маскав, академики Академияи улуми Санкт-Петербург бар асари варами шуш дар синни 57-солагӣ даргузашт.

Степан Шевирёв дар хона таълим гирифта, мактаб-интернати дар назди Университети Москваро бо медали тилло хатм кардааст (1816-1822). Дар ташкил ва нашри маҷаллаи адабии «любомудров» «Московский вестник» (1827-1830) иштирок кардааст.

Вай аз январи соли 1834 дар Донишгоҳи Маскав аз фанни таърихи адабиёти умумӣ дарс медод. Шевирёв барои очерки «Назарияи назм дар инкишофи таърихии он дар байни халқҳои қадим ва нав» (1836) унвони доктори илми фалсафаро сазовар гардидааст ва аз соли 1837 профессори Университети Маскав буд.

Солҳои 1835-1837 мунаққиди асосии маҷаллаи “Московский наблюдатель” буд, ки якҷоя бо М.П.Погодин маҷаллаи «Москвитянин»-ро (1841-1856) нашр ва таҳрир мекард.

Тобистони соли 1847 вай ба дайри Кирилло-Белозерский сафар карда, дар бораи он китоби «Саёҳат ба дайри Кирилло-Белозерский. Рўзҳои таътили профессор С.Шевирев соли 1847» эҷод кард.

Ҳангоми задухурд бо граф Бобринский дар маҷлиси ҷамъияти рассомони Москва (1857) қабурғаашро шикаст ва ўро аз хидмат озод карданд, ки дар натиҷа соли 1860 Русияро абадан тарк кард.

sigrid_undsetСоли 1882 дар Калундборг нависандаи норвегӣ Сигрид Унсет, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1928 ба дунё омадааст.

Падари Сигрид Унсет норвегӣ, модараш аз Дания буд. Дере нагузашта онҳо ба Норвегия кӯч бастанд. Ҷавонии Сигрид дар пойтахт гузашт. Вай зуд-зуд ба Осорхонаи таърихӣ ташриф меовард, аз хурдӣ ӯ ба фарҳанг ва афсонаҳои Норвегия муҳаббат пайдо кард. Пас аз марги падараш дар соли 1893 барои модари танҳо бо се фарзандаш мушкилиҳо оғоз ёфт. Сигриди дар орзуи адабиёт ва санъат маҷбур шуд, ки ба мактаби тиҷоратӣ ба сифати котиб дохил шавад. Тақрибан даҳ сол вай дар Осло ба ҳайси котиб кор кард. Ин кор умуман таъби дили Сигрид набуд. Барои аз ноумедӣ баромадан ў ба шеърнависӣ шуруъ кард. Пас аз нашри китобҳои аввал, Сигрид кори нафратангезашро тарк кард. Соли 1910 вай ба Рум рафт ва баъди бозгашт маҷмӯаи «Ҷавонӣ» ва романи «Йенни»-ро нашр кард, ки ин ба ӯ шӯҳрат ва эътирофи хонандагонро ба бор овард.

vo-lfgang-bo-rhertСоли 1921 дар Гамбург нависанда, намоишноманавис ва шоир Волфганг Борхерт таваллуд шудааст.

Волфганг Борхерт шоир ва нависандаи олмонист, ки песаи ў «Он ҷо, пушти дар» яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои адабии Олмони асри ХХ буд ва шоир дар даврони абадӣ будани фарҳанги Олмон, ки баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ «соати сифр» ба вуқӯъ пайваст, ҷои намоёнро ишғол кардааст. Волфганг Борхерт дар Ҳамбург, шаҳре, ки дар лирикаи ӯ ҷои муҳимтаринро ишғол кардааст, ба дунё омадааст. Вай ҳанўз дар ҷавониаш шеърҳои худро чоп мекунад, ки диққати гестапоро ба худ мекашад, зеро онҳо ба чорчўбаи мафкураи империалистӣ мувофиқ набуданд.

Соли 1941 шоири бистсоларо, ки орзуи театр дошт, пас аз хатми мактаби театр ба артиш – ба Фронти Шарқӣ,  ба қушунҳои тирандозӣ даъват карданд. Борхерт дар Русия захмдор ва гирифтори бемории зардпарвин шуд. Мақомот ин бемориро саркашӣ аз артиш дониста, ӯро ба ватанаш – ба зиндони Нюрнберг фиристоданд ва бо ҳукми додгоҳ ба қатл маҳкум карданд. Ўро на танҳо барои як бемории “қасдан” балки барои он, ки Борхерт дар мактубхои худ партия, давлат ва вермахтро танқид мекард, гунаҳкор мекарданд.

Аммо баъдан ҳукми қатлро ба зиндон иваз карданд. Бо вуҷуди ин, ӯ хеле зуд аз ҳабс озод шуд – ҷанг ба сарбозон ниёз дошт. Соли 1943 Борхерти дар наздикии Смоленск сармозада ва гирифтори бемории вазнин барои табобат ба Олмон фиристода шуд. Баъди аз беморхона баромадан, ба гурӯҳи театри ҷабҳа дохил мешавад. Вале хеле ба зудӣ бори дигар бо иттиҳоми вайрон кардани ахлоқ ба ҳабс гирифта шуд.

Боршертро танҳо дар баҳори соли 1945 нерӯҳои Фаронса озод карданд. Ӯ ҳамагӣ 17 моҳ хидмат кардааст, ки дар натиҷа саломатиашро тамоман аз даст дод. Пас аз анҷоми ҷанг ӯ дар театр ба кор шуруъ кард, ҳикояҳо, масалҳо ва песаи “Он ҷо, пушти дар“-ро навишт, ки нахустнамоиши он як рӯз пас аз марги Борхерт, ки 20 ноябри соли 1947 баргузор шуд.

mumin-anoatСоли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ Муъмин Қаноат бадунё омад. Нахустин ашъорашро ҳангоми таҳсил дар мактаб-интернати Ғарм суруда, дар рӯзномаи ноҳиявӣ ба чоп расондааст. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод (1951) муҳассили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин шуда, дар баробари омӯхтани донишҳои бунёдӣ, ҷиддан ба шеърофаринӣ машғул гардидааст. Адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро дар муқоиса бо осори адибони бузурги ҷаҳон омӯхта, маҳз дар ҳамин айём ба зарфияту ҳинҷори «шеъри нав» даст ёфтааст.

Маълумоти бештар ин ҷост: МУЪМИН ҚАНОАТ

Соли 1940 дар мулки Овралид нависандаи шведӣ Вернер фон Ҳейденстам, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1916 дар синни 80-солагӣ даргузашт.

Писари ягонаи волидайни наҷиб Ҳейденстам 6 июли соли 1859 дар Олшаммар таваллуд шудааст. Вай дар Стокҳолм мактаб хонда, аввал ба Итолиё, баъдан ба Шарқ рафта, ҳамагӣ даҳ сол дар хориҷа ба сар бурдааст. Аввалин маҷмӯаи ашъори Ҳейденстам «Саёҳат ва солҳои саргардонӣ» (1888) дар солҳои 1880-ум ӯро дарҳол ба қатори мухолифони асосии натурализм (натурализм –равияест дар санъат ва адабиёти нимаи дуюми асри 19 Аврупо ва Амрико, ки ҷараёни ҳаётро дар заминаи зуҳуроти дақиқи биологию физиологӣ ба қалам медиҳад) овард. Вай дар муқаддимаи романи «Эндимион» (1889) ақидаҳои натуралистиро ифода намуда, баъд рисолаи «Эҳё»-ро (1889)  нашр карда, дар навиштааст, ки адабиёт аз шартҳои натурализм даст кашидааст. Дар мазҳакаи «Тӯйи Пепита» (1890; якҷо бо О.И. Левертин, 18621906) низ натурализмро интиқод кардааст.

Ҳейденстам кӯшидааст, ки барномаи адабии худро дар романи “Ҳанс Алиенус” (1892), ки баъзе он бо назм навишта шудааст, амалӣ созад. Аз ҷиҳати адабӣ маҷмуаи «Шеърҳо» (1895), ки дар он шоири ҷавон ҳамчун устоди баркамол баромад кардааст, то ҳол асари барҷастаи ў ба шумор меравад. Идеализм ва миллатчигии амиқ ба романҳои таърихии ӯ “Муборизони Карл XII” (1897–1898), “Зиёрати Биргиттаи муқаддас” (1901), Дарахти фолкунгон” (1905-190) ва “Шведҳо ва сарваронашон” (1908–1910) хос аст. Дар соли 1915 Ҳейденстам маҷмуаи «Шеърҳои нав»-ро нашр кард, ки дар он инсонпараварии динӣ ва хоксории олиаш ифода ёфтааст. Соли 1912 узви Академияи Шветсия интихоб шуда, дар соли 1916 сазовори ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт гардид.

Ҳейденстам 20 майи соли 1940 дар Эвралиде (музофоти Остерйотланд) вафот кард.

loiq-sheraliСоли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Лоиқ Шералӣ таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби ҳафтсолаи деҳа таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент идома додааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм карда, солҳои 1963-1965 муҳаррири шуъбаи адабиёт, мусиқӣ ва драмаи Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон, 1965-1966 ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» солҳои 1967-1975 мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои 1975-1991 мушовири назми Иттифоқи нависандагон, сармуҳаррири «Садои Шарқ», аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ будааст.

Маълумоти бештар ин ҷост: ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

Соли 1942 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд адиб ва тарҷумони русзабони Тоҷикистон Леонид Чигрин таваллуд шуд.

leonid-chigrinДар тӯли сӣ сол ба тарҷумаи асарҳои адибони тоҷик ба забони русӣ машғул будааст. Асарҳои тарҷумакардааш дар Тоҷикистон ва дар нашриёти «Советский писатель»-и Маскав ба табъ расидаанд.

Аз рӯи асарҳояш ду филми бадеӣ ба навор гирифта шудааст. Якумӣ киномазҳака дар бораи Хоҷа Насриддин – «Гляди веселей!» (“Хушҳолона нигар!»), дуюмӣ филми дастҷамъӣ оид ба Ҷумҳурии Халқии Хитой буда, мазҳакаи хурде ҳам бо номи «Ищите женщину!» (Занро ҷустуҷӯ намоед!») эҷод кардааст, ки ҳар се дар Киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудаанд.

Дар ҳаммуалифӣ бо Ато Хамдам бист романи таърихӣ таълиф кардааст, ки «Спитамен» (доир ба ҳаракати Искандари Мақдунӣ ба Осиё) «Ҳаёти Чян Сян ё Роҳи бузурги абрешим», «Венетсиягии дӯстдори Помир” (оид ба саргузашти Марко Поло дар Помир), «Озар аз Истаравшан ё шамшери Спартак» (дар бораи устои аслиҳасози суғдӣ нақл мекунад, ки дар Руми Қадим ғулом буда, мушкилиҳои зиёдеро паси сар намудааст) аз қабили онҳо мебошанд. Ҳамчунин дар ҳаммуалифӣ даҳҳо қиссаи таърихию муосир ва асарҳои драматургӣ эҷод кардааст.

Аз соли 1970 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Барандаи ҷоизаи адабии ба  номи Садриддин Айнӣ (2019).

3 октябри соли 2020 аз олам даргузашт.

Соли 1956 дар Зестафони нависандаи гурҷӣ, олими ҷопонӣ, адабиётшинос, мутарҷим, арбоби ҷамъиятӣ Борис Акунин ба дунё омадааст.

Номи аслиаш Григорий Шалвович Чхартишвили. Соли 1973 мактаби амиқи забони англисиро хатм кардааст. Соли 1978 соҳиби дипломи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Маскав гардидааст. Аз соли 1994 то соли 2010 ба ҳайси муовини сардабири маҷаллаи адабиёти хориҷӣ кор кардааст. Соли 2014 ба далели фишорҳои сиёсӣ дар Русия ӯ маҷбур шуд, ки ба Лондон сафар кунад. Асарҳои «Азазел», «Гамбити туркӣ», «Мушовири давлатӣ», «Пелагия ва булдоги сафед», «Аробаи алмосӣ», «Тахайюлот» ва ғайра мансуби ўянд.

Соли 1960 нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ АдамТрой Кастро таваллуд шудааст.

Адам-Трой Кастро  муаллифи романи «Вакили мурдагон» аст, ки бо вуҷуди унвонаш он на қиссаи зомбӣ, балки як детективи кайҳонӣ мебошад.

Илова бар ин, Кастро се роман дар бораи Одам-анкабут” навиштааст, ки миёни ҳаводорони жанри тахайюлӣ маълуму машҳуранд. Асарҳои ӯ ба ҷоизаҳои гуногун, аз қабили Ҳуго, Небула, Ҷоизаи Брам Стокер пешбарӣ шудаанд.

Соли 2003 Ватикан луғати лотинии муосирро нашр кард, ки ба он мафҳумҳое аз қабили видеофон, Интерпол, ФБР, бестселлер ва бисёр вожаҳои дигаре, ки румиёни қадим тасаввуроте надоштанд, илова гардиданд.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА