Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 20 – уми ноябр
Соли 1813 дар Веймар дар синни 80 – солагӣ нависандаи олмонӣ Кристоф Мартин Виланд аз олам гузашт. Вай 5 сентябри соли 1733 дар Ахштеттен (Олмон) зода шуда буд. Кристоф Мартин Виландро қатори Лессинг, Шиллер ва Ҳуте аз маъруфтарин чеҳраҳои адабии асри XVIII Олмон медонанд.
“Дон Силвио де Розалва”, “Агатон”, “Дон Кихоти нав”, “Сарнавишти шоҳзода Брибинкер”, “Оберон шоҳи соҳирон”, “Оберон, Музарион” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1858 дар Морбакк (Шветсия) нависандаи шведӣ, барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1909 Селма Лагерёф таваллуд шуд. Вай 81 сол умр дид ва 16 марти соли 1940 тарки олам кард. Селма Лагерёф нахустин зане буд, ки ба ҷоизаи Нобели адабиёт шарафёб шуда буд.
Селма дар хонаводаи заминдор мутаваллид шуд ва ба камол расид. Баъди марги падар маликияти ӯро бародараш ба ирс бурд, аммо варшикастагии вай боис шуд, ки мулк дар 31-солагии Селма ба фурӯш гузошта шавад.
Селма Лагерёф танҳо соли 1910 бо пули ҷоизаи Нобели худ, ки соли 1909 дарёфт карда буд, мулки аздастрафтаи падарро дубора харид. Барои Селма ин мулки падар хеле азиз буд ва дар асарҳояш аз тасвирҳои ҷовидонӣ дорад. Баъдан то охири умр дар ҳамин замини падарӣ зиндагӣ кард.
Нахустин романи ӯ бо номи “Афсона дар бораи Ийесте Берлинг”, ки решаи достонҳои тахайюлӣ дар бораи кашише бо номи Ийесте Берлинг аст, дар соли 1891 чоп шуд. Вай ба навиштани ин роман замоне оғоз кард, ки ҳамчун муаллиф кор мекард.
Осори Селма шомили достонҳои кутоҳ, романҳо, сафарномаҳо мебошад. Аз ҷумла ин асарҳо ба қалами ӯ мутааллиқанд: “Муъҷизаҳои Анти Кристо”, “Байтулмуқаддас”, “Афсонаҳои Масеҳ”, “Моҷароҳои шигифтангез”, “Пулҳои ҷаноби Арне”, “Императори Португалӣ”, “Ёддоштҳо”, “Хонаи Лилекрунҳо”, Аробаи марг”…
Соли 1869 дар Белёв (империяи Русия) шоир, нависанда, намоишноманавис ва мунаққиди адабии рус Зинаида Гиппиус таваллуд шуд. Ӯро аз дурахшонтарин адибони “Асри нуқра”-и рус медонанд. Яке аз чеҳраҳои аслӣ дар намодгароии русӣ ба ҳисоб меравад.
Достони издивоҷи ӯ бо Дмитрий Мережковский (шоир, нависанда, мунаққид ва тарҷумони рус), ки 52 сол ба тӯл анҷомид дар китоби нотамоми вай “Дмитрий Мережковский” шарҳ дода шудааст.
Инқилоби Октябрро қабул накард ва борҳо талош мекард ашъори зиддиболшевикӣ сарояд. Соли 1918 Гиппиус дар хотироти худ дар бораи оғози як гуруснагии шадид навишт. Дар бораи ваҳшонияти ЧК, қатли афсарони подшоҳӣ, кӯдакон ва ғайра сатрҳои дилошӯбе иншо кард.
Соли 1920 ҳамроҳи шавҳараш ба Порис рафт, вале бо вуҷуди ҳисси нафрат ба болшевизм дар макони нав худро беватану бе ёру дӯстон ёфтанд ва ин бештар ба рӯҳияи ӯ таъсир гузошт. Аммо батадриҷ одат кард, дар Порис як фазои Петербругӣ ҳоким шуд, чун аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфу донишмандони хеле зиёд ба ин шаҳр мустақар шуда буданд.
Гиппиус сиёсати давраи сталиниро пайгирӣ мекард. “Муоҳадаи Мюнхен” миёни Олмон, Британияи Кабир, Фаронса ва Италия”-ро маҳкум кард. “Паймони Молотов-Риббентроп”, дар мавриди ба ҳам ҳамла анакардани Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмонро “сӯхтор дар хонаи девонаҳо” номид. Аммо баъди ҳамлаи Олмон ба СССР дар радиои олмонӣ суханронӣ кард ва ҳамагонро ба мубориза зидди болшевизм даъват намуд.
Зинаида Гиппиус 9 сентябри соли 1945 дар синни 75-солагӣ дар шаҳри Порис аз олам гузашт.
Соли 1910 дар истгоҳи роҳи оҳани Астапово, губернияи Рязони Русияи подшоҳи як аз маъруфтарин нависандагони олам, граф Лев Николаевич Толстой аз олам гузашт. Вай 82 сол дошт, ки тарки олам кард.
Лев Толстой 9 сентябри сол 1828 мавзеъ бо номи Ясная Поляна дар хонаи ашрофзода дида ба олам кушод. Вазъи онаводагии худ ва бародарону хоҳарашро дар асари сегонаи худ «Бачагӣ”, “Наврасӣ”, “Ҷавонӣ” тасвир кардааст.
Маълумоти ибтидоиро ӯ дар зодгоҳаш соҳиб шуд ва баъдан ба Донишгоҳи Қазон, ба факултаи фалсафа, дертар ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил мешавад. Аммо ӯ донишгоҳро тарк мекунад. Дар шаҳри Севастополи Қафқоз хидмати ҳарбӣ кардааст. Дар он ҷо маҳорати эҷодии Толстон сайқал меёбад. Пас аз хидмат ба саёҳати Аврупо мебарояд
Асарҳои бузургтарини Толстой романҳои мондагораш «Ҷанг ва Сулҳ» ва «Анна Каренина» ба шумор мераванд. Баъдтар Толстой ба Маскав мекӯчад ва системаи динӣ-фалсафии худро асос мегузорад. Ақидаҳои фалсафии ӯ оид ба муҳаббати ҳамагон, кӯшишу такомули инсон дар мақолаҳо ва ҳикояҳояш дарҷ ёфтаанд.
Лев Толстой инсони воқеан хоксору самимӣ буд ва кӯшиш мекарда, ки ба мардуми бенаво кумак расонад, бо роҳҳои гуногун бар зидди беадолатиҳо мубориза барад. Дар охири умраш аз сарвату дороӣ даст мекашад ва пас бемории сармохӯрӣ вафот мекунад.
“Ҳирс боиси ҳалокат аст”, “Ҷанг ва сулҳ”, “Растохез”, “Анна Каренина”, “Ҳоҷӣ Мурод”, “Марги Иван Илич”, “Саодати заношӯӣ”, “Арбоб ва банда” аз ҷумлаи повесту романҳои ӯ мебошанд.
Соли 1923 дар Спрингс нависандаи машҳури аҳли Африқои Ҷанубӣ Надин Гордимер ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1991 буд. Надин Гордимер 90 сол умр дид ва 13 июли соли 2014 дар шаҳри Йоҳаннесбург чашм аз олам пӯшид.
Надин Гордимер аз муборизони сарсахти табъизи нажодӣ буд.
Хатмкардаи донишгоҳи Ёҳаннесбург; дар донишгоҳҳои ИМА таърихи адабиёту ҳунарро дарс медод. Аз наврасӣ ба навиштан пардохт ва нахустин ҳикояаш «Эй фардо, баргард» дар маҷаллаи «Форум» (1939) ба табъ расид. Дар маҷуаи ҳикояҳои «Рӯ ба рӯ» (1949), «Забони ширини мор» (1952), «Шаш фут аз деҳкада» (1956) таъсири модернизм (М. Пруст, В. Вулф ва дигарон) ба назар мерасад. Дар ин ҳикояҳо муноқишаҳои равоние тасвир карда шудаанд, ки дар партави онҳо воқеияти опортеид (табъизи нажодӣ) ҳувайдост.
Дар романҳои «Рӯзҳои фиребанда» (1953), «Сарзамини бегонагон», «Охирин дунёи буржуозӣ» (1966) ба буҳрон дучор омадани ғояҳои либерализми сафедпӯстон инъикос ёфтааст.
Дар романҳои дигари Надин Гордимер «Меҳмони фахрӣ» (1970), «Духтари Бургер» (1979), «Хонаводаи Жулия» (1981) муаллиф аз сиёсатҳои давр кардааст.
Романҳои “Фурсате барои дӯст доштан”, “Муҳофизакор”, “Як варзиши табиӣ”, “Саргузашти писарам”, “Ҳеч кас ҳамроҳам нест” низ аз ӯ мебошад.
Соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод шоир, хотиранавис, тарҷумони маъруфи тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон устод Бозор Собир ба ҷаҳон омадааст. Маҷмӯаи нахустини осораш бо номи “Пайванд” соли 1972 рӯи чоп дидааст. Баъдан офаридаҳояш дар маҷмӯаҳои «Оташбарг» (1974), «Гули хор» (1978), «Каменная кладка» (Маскав, 1979), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Оташбарг» (ба ҳуруфи форсӣ; 1984), «Бо чамидан, бо чашидан…» (1987), «Листья огня» («Оташбарг»; 1990), «Чашми сафедор» (1992), «Гулчини ашъори устод Бозор Собир» (ба ҳуруфи форсӣ; Теҳрон, 1993), «Симхор» (Маскав, 1995), «Аз «Гули хор» то «Симхор» (Маскав, 1997), «Хонавода пароканда шуд» (чаҳор мақола; Маскав, 2000), «Чорчашм» (2001), «Шоиру шеъре агар ҳаст…» (2006), «Хуни қалам» (2010), «Бист шеърак барои Ардашерак» (2010), «Лолаи сиёҳ» (2013), «Хӯша-хӯша аз ҳар гӯша барои Анӯша» (2013), «Боғи момаи ангур» (2015) ва ғ. ба табъ расидаанд.
Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1988).
Барои хидматҳояш дар ривоҷу равнақи адабиёт ва рушди ҳаёти ҷомеа соли 2013 бо ордени «Ситораи Президент» мушарраф гардонида шудааст.
Соли 1953 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) адабиётшинос ва пажӯҳишгари маъруфи тоҷик Абдулманнони Насриддин ба дунё омад. Абдулманнони Насриддин аз шинохтатарин адабиётшиносони соҳиб мактаби кишвар буд. Соли 1990 дар мавзӯи «Проблемаҳои маърифати бадеӣ ва шарҳу тафсири осори адабиёти форсу тоҷик» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст, ки дар эроншиносии дунё зуҳуроти тоза ба ҳисоб меравад. Аз соли 1991 профессор, аз соли 1992 то поёни умраш мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров будааст.
Профессор Абдулманнони Насриддин дар ин замина мактаби қавии намунавии илмии худро ба вуҷуд оварда, 30 нафар аз шогирдони ӯ ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология соҳиб гардидаанд. Бо ибтикори бевоситаи ӯ дар вилояти Суғд маҳфили адабии «Ганҷи сухан» роҳандозӣ шудааст, ки т о ба имрӯз идома дорад.
Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 2011 бо ҷаҳон падруд гуфт.
Соли 1959 шоир Маликнеъмат Неъматзода дар ноҳияи Масчо зода шудааст. Навиштаҳояш дар китобҳои «Нилуфари Моҳтоб», «Одамасп», «Эҳёи Мадрушкат» (ҳамроҳи Олимхон Исматӣ), «Ин дарахтон…», «Маснавии навӣ», «Нешу нўш», «Хуршедҳои гумшуда», «Пионерия», «Сурмаи дил», «Ҳақталош» ва «Деҳхудо» ба чоп расидаанд.
Соли 2009 дар мавзўи «Рашаҳот айн-ил-ҳаёт»-и Фахриддин Алии Сафӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Соли 1971 дар Афина шоири шинохтаи Юнон Йоргос Сефферис бар асари бемории илтиҳоб шуш, ки ба тадриҷ ба сактаи қалбӣ оварда расонда буд, вафот кард. Юнон Йоргос Сефферис барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт (1963) буд.
Соли 1953 дар деҳаи Афардии ноҳияи Балҷувон Сайф Раҳимдоди Афардӣ дида ба олам кушодааст. Муаллифи китобҳои «Ситораҳои сари танӯр» (1984), «Аз ёдҳо, азёдҳо» (1987), «Васвасаҳои Зикривайҳ» ё «таронаҳои хоки тӯтиён», (1999), «Падруду пайғом» (2000), «Доғҳои Офтоб» (2003), «Чашми саҳар» (2014), қиссаҳои «Таронаҳо ва тавбаҳо» ва «Доғистон» мебошад, ки дар матбуоти даврӣ ба чоп расидаанд.
Намунаҳое аз осораш ба русӣ, украинӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва нашр шудаанд.
Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1995).
Пас аз вафоташ, соли 2002, сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.
20 майи соли 2005 ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид.
Соли 2020 нависандаи асарҳои тахайюлӣ Исай Давидов дар синни 93-солагӣ тарки олам кард. Давидов муаллифи асарҳои “Ман баъди ҳазол бармегардам”, “Аз баҳор то баҳор” буд. Вай 24-уми октябри соли 1927 дар шаҳри Москав ба дунё омада буд.
Соли 2005 дар шаҳри Москав дар синни 85-солагӣ нависанда, намоишноманависи Шӯравӣ Лазар Карелин аз олам гузашт.
Таҳияи Бобоҷон Шайеъ