Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 20 – уми октябр
Соли 1821 дар Англия аввалин шумораи рӯзномаи «The Sunday Times» нашр шуд. Дар айни замон ин пурфурӯштарин газета дар Британия ба ҳисоб меравад. Дар моҳи марти соли 2020 The Sunday Times бо теъдоди 647 622 чоп шуда буд.
Соли 1824 дар шаҳри Санк-Петербург нависанда, мунаққиди адабӣ ва тарҷумони рус Александр Дружинин таваллуд шуд. Вай аз тарҷумонҳои муваффақи осори Байрон ва Шекспир дар Русия мебошад.
Аввалин повесташ дар маҷаллаи “Современник” соли 1897 бо номи “Полинка Сакс” чоп шуд. Дар повест бо услуби Тургенев аз ишқи зан ривоят кардааст.
Дар ҳикояҳои «Фрейлейн Вилгелмин», “Наққош”, романи “Жюли”, мазҳакаи “Бародари худакак”, “Ба ҳар овоза бовар макун”, ки ҳамагӣ дар маҷаллаи “Современник” чоп шуда буданд, масъалаҳои иҷтимоӣ ва мушкилоти ҷомеаи муосир мавриди тасвиру қарор гирифтаанд.
Александ Дружинин 26 январи соли 1864 дар синни 39-солагӣ дар шаҳри Санк-Петербург бар асари бемории сил тарки олам кард. Марг ва гӯручӯби вай номаълум гузашт. Дар таъзияе, ки Тургенев навишт, аз хидматҳояш дар адабиёти рус ситоиш шудааст.
Қабраш бо мурури замон гум шуд.
Соли 1854 дар Шарлевил шоири фаронсавӣ Артюр Рембо ба дунё омад. Ӯро яке аз асосгузорони равияи намодгароӣ (символизм) ва намояндаи “шоирони лаънатшуда” меноманд.
Дар соли 1868 нахустин шеърашро ба забони лотинӣ суруд ва соле баъд омӯзгори вай се қитъа аз ашъорашро мунташир кард, ки яке барандаи ҷоиза шуд.
Рембо танҳо дар айёми наврасӣ шеър эҷод кард ва баъдан аз эҷод даст кашид. Танҳо ду китоби ӯ, яке маҷмуаи шеърҳояш бо номи “Як тобистон дар ҷаҳаннам” (соли 1873) ва осори насриаш бо номи “Биниш” дар замони зинда буданаш нашр шуд.
Бино ба навиштаи ҳамзамононаш Рембо аз 21-солагӣ комилан аз эҷоди шеър канор рафт.
Падараш сарбози тӯпхона буд. Модарашро зани хашине мегӯянд, ки ҳеч муомилаи хубе бо фарзандаш надошт. Вай дуюмин фарзанди хонавода буд ва пас аз ду соли издивоҷи падару модараш ба дунё омад.
Ба мушкилоти хонаводагӣ тоб наёвард ва хеле бармаҳал аз хона фирор кард. Ба Порис рафт ва дар ҷанги Фаронсаву Прусия ширкат кард. Баъдан аз сарбозӣ ҳам фирор намуд. Ба ҷурми гурез ва оворагардӣ муҳокима шуд ва муддатеро дар зиндон гузаронд. Модраш ӯро аз ҳабс озод кард ва ба хона бурд, вале дар хонаи падарӣ беш аз даҳ рӯз ҳам тоб наёвард ва боз ҳам фирор кард.
Аслан як ҳаёти пурмоҷаро ва берун аз ахлоқ дошт. Даст ба ҳамҷинсгароӣ ҳам задаву бо шоир Пол Верлен муддате чунин иртиботе дошта, ба ҳадде ки Верлен ӯро Порис даъват кард ва бадъи ширкати фаъолонаи Рембо дар шӯриши Порис, аз оилааш ҷудо шуд ва ӯро бо худ ба Лондон бурда буд.
То соли 1880 Рембо дар кишварҳои дуру наздик сайру саёҳат мекунад, ба қораи Африқо меравад, муддате дар Миср ва Эфиопия зиставу баъдан ба Яман омадааст. Маҳз дар Яман гирифтори зонудард мешавад ва ҳамин дард батадриҷ ӯро ба ҳалокат мерасонад.
Соли 1906 нависанда, намоишноманавис ва мақоланависи рус Иван Николаевич Захарин аз олам гузашт.
Соли 1946 дар Авсрия нависанда, шоир, намоишноманавис ва мунаққиди адабии ин кишвар хонум Элфрида Елинек ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 2004, барандаи ҷоизаи Ҳенрих Бёлля дар соли 1986, ҷоизаи Георг Бюнхер дар соли 1998, ҷоизаи Ҳенрих Ҳейне дар соли 2002 ва ҷоизаи чехии Франс Кафка дар соли 2004 мебошад.
Соли 1967 дар шаҳри Порт-Джефферсони ИМА нависандаи тахайюлнависи чинитабори Амрико Тед Чан зода шуд. Вай чор маротиба ба дарёфти ҷоизаҳои адабии “Небюлло”, “Ҳюго” ва “Локус” мушарраф шудааст.
Аз рӯи повести “Зиндагиномаи ту” филми “Вуруд” ба навор гирифта шуд, ки дар он Эми Адамс, Ҷереми Реннер, Форест Уитакер, Майкл Стулбарг, Си Ма ва дигарон нақш офариданд.
“Бурҷи Бобил”, “Тақсим бар сафар”, “Фаҳм”, “Достони зиндагии ту”, “Мавҷудоти фарозаминӣ”, “Такомули илми инсонӣ”, “Ҳафтоду ду ҳарф”, “Дӯст доштани он чӣ мебинед”, “Чӣ аз мо интизор меравад” ва ғайра аз ҷумлаи чанд асари ӯ мебошад.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ