Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 20 – уми сентябр

Як-рузи-таърих-20-09-2023Соли 1805 дар шаҳри Москав дар синни 25-солагӣ бар асари бемории сил  шоир ва нависандаи рус Мария Поспелова аз олам гузашт. Вай 17 январи соли 1780 таваллуд шуда буд. Падараш дар шаҳри Москав як мансабдори хурд буд. Поспелова зеҳни тез дошт ва хеле ба зудӣ хондану навиштанро омӯхт.

Аз хурдӣ ба эъҷози табиат ба чашми ҳайрат менигарист, хулосаҳо мебаровард ва хеле баъдҳо, вақте аввалин навиштаҳояшро чоп кард, табиати афсункорро устоди худ номид.

Соли 1809 дар шаҳри Санкт-Петербург шоири рус Нестор Куколник зода шуд. Вай муаллифи беҳтарин романсҳои русӣ дар замони худ буд.

Соли 1863 дар шаҳри Берлин дар синни 78-солагӣ афсонанавис, ҳуқуқдон ва забоншиноси аҳли Олмон Якоб Грим аз олам рафт.  Вай 4 январи соли 1785 таваллуд шуда буд.

Якоб Гримм бештар барои гирдоварии қиссаҳои қавмӣ ва фолклори Олмон миёни ҳаводорони каломи баъед машҳур шудааст. Якоб Гримм бо кӯмаки бародараш Вилгелм беш аз 210 қиссаи қавмии сарзамини Олмонро гирдоварӣ карданд. Ин достонҳо, ки имрӯз ба номи қиссаҳои Бародарон Гримм шинохта мешаванд, маҷмуае аз дсӯтдоштатарин қиссаҳои кӯдакон аст.

Соли 1898  дар шаҳри Берлин дар синни 78-солагӣ нависанда ва шоири олмонӣ  Теодор Фонтане вафот кард. Вай 30 декабри соли 1819 зода шуда буд.

Романи таърихии худро баъди шастсолагӣ бо номи “Пеш аз тӯфон” навиштаву чун як нависандаи хувшбаён маъруфият пайдо кардааст. Китобҳои “Тобистон дар Лондан”, “Ҷангзада. Мушоҳидоти соли 1870”, “Қабл аз тӯфон”, “Зери дарахти гулобӣ”, “Дарҳам барҳам” ва ғайра аз навиштаҳои ӯ мебошанд.

Ҷалол-ИкромӣСоли 1909 дар шаҳри Бухоро нависанда, романнавис, мақоланавис, намоишноманавис, тарҷумон, донишманди маъруф Ҷалол Икромӣ ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон буд.

Аввалин қиссааш бо номи “Тирмор” солҳои 1931-1934 чоп шудааст. Ҷалол Икромӣ муаллифи пурхонандатарин романҳо, аз қабили сегона “Духтари оташ”, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”, “Тахти вожгун” аст.

Романҳои “Шодӣ”, “Зоғҳои бадмур”, “Хатлон”, «Саргузашти Сафармахсум»,  «Сафармахсум дар Бухоро» (бо шарикмуаллифии Ҳабибублло Назаров), қиссаи “Тори анкабут” ва ғайра маҳсули қалами ӯянд.

МУФАССАЛТАР ДАР БОРАИ АДИБИ МАЪРУФ БА ИН МАТОЛИБ ТАВАҶҶУҲ ФАРМОЕД:

Соли 1923 дар шаҳри Киев шоири яҳудӣ Натан Йонатан зода шуд. Дар тӯли умри худ вай 9 маҷмуаи шеър, ҳикояҳо барои бачаҳо ва наврасон ва маҷмуаи асарҳои насрии худро интишор додааст.

Вай ҳамчунин шеърҳоро аз забони идиш (забони яҳудии гурӯҳи олмонӣ) ба иврит (забони яҳудӣ, забони давлатии Исроил) баргардон кардааст.

Гулназар КелдӣСоли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ шоир, нависанда, хотиранавис, тарҷумон, филмноманавис ва рӯзноманигори тоҷик Гулназар Келдӣ ба дунё омад.  Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода буд.

Гулназар Келдӣ муаллифи беш аз чиҳил маҷмуаи ашъор аст, ки «Расми сарбозӣ», «Дастархон», «Нардбон», «Паҳно» «Табхола», «Ҳар мисраи шеър Тоҷикистони ман аст», «Фариштаи бомдод», «Фасли оғоз» «Тулӯи беборӣ», «Туву хубиву раъноӣ», «Оғуши саршор», «Дар чодари сафеди маҳтобӣ»(дар ду ҷилд), «Лолаҳо дар ёлаҳо», «Аз барои Гулизор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Се кулчаи танӯрӣ» ва ғайра аз он ҷумлаанд.

Барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст.

Дар бисёре аз навъу намудҳои адабӣ қувваозмоӣ карда, дар ин раванд ба офаридани намунаҳои назаррасе нойил гардидааст.

Нурмуҳаммад НиёзӣСоли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ба дунё омадааст. Вай таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз карда, дар шаҳри Хуҷанд анҷом додааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, ду сол дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз бахшида, баъдан дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва ҳафтавори «Маданияти Тоҷикистон» ба ҳайси мухбир фаъолият бурдааст. Чанде ходими Маркази тарғиби адабиёт, солҳои 1989-1994 котиби масъул ва аз соли 1994 то охири умр раиси шуъбаи Суғди Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ буд.   Барои китоби шеърҳои «Аз ҳама дур» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст.

Офаридаҳояш дар авроқи китобҳои «Ниҳоли навбар», «Санги сабз», «Оташи санг», «Аз ҳама дур», «Офтоби сӯхта», «Сафари шаҳри ишқ», «Васли танҳо», «Зангӯла зан!», «Реша дар санг», «Дарёи дигар», манзумаҳои «Ангораи тавонгардил», «Тахти тоҷик» ва ғайра чоп шудаанд. Соли 2012 Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил (Хуҷанд) «Девони ғазалиёт»-и ӯро дастраси хонандагон намудааст.

Барои саҳми шоёнаш дар рушди адабиёти муосир бо ордени «Шараф» (2004) ва унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (2012) қадршиносӣ шудааст.

Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Нуралӣ-НурзодНурмуҳаммад Ниёзӣ 10 октябри соли 2018 аз олам даргузашт

Соли 1948 дар Бейонн, иёлати Ню-Ҷерси романнавис, филмноманавис ва нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Ҷорҷ Мартин зода шуд.  Ӯ муаллифи сислсиласарҳои “Таронаҳои Ях ва Оташ” мебошад. Барандаи ҷоизаҳои зиёди адабӣ буда, солҳои 1970-1980 ба шарофати ҳикояҳои тахайёлии илмиаш машҳур шуд.

Баъзе мунаққидон асари ӯ “Бозии тоҷу тахт”-ро ба унвони яке аз беҳтарин офаридаҳои ӯ медонанд.

“Марги нур”, “Руъёи таболуд”, “Оташ ва хун”, “Бозии тоҷу тахт”, “Тӯфони шамшерҳо”, “Набарди подшоҳон”, “Рақсе бо аждаҳо”, “Бодҳои зимистон”, “Руъёе аз баҳор” номи чанд асари машҳури ӯст.

Соли 1974 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ шоир, адабиётшинос, муҳаққиқ, мунаққиди адабӣ Нуралӣ Нурзод (Нуров Нуралӣ Норович) зода шуд.

Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров солҳои 1996-1999 дар аспирантураи донишгоҳ таҳсил карда, соли 2002 дар мавзуи «Маърифат ва шарҳи ашъори Бедил» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Солҳои 2002-2009 мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ, ҳамзамон, дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ будааст. Солҳои 2009-2011 докторанти кафедраи адабиёти классикӣ буда, дар мавзуи «Поэтикаи ашъори Бедил» рисолаи докторӣ таълиф намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2011 мудири кафедраи адабиёти классикии донишгоҳи номбурда мебошад.

Ширкатвари нахустин Ҳамоиши байналмилалии чашмандози шеъри муосири форсӣ (Теҳрон, 2004), Кунгураи байналмилалии «Фарҳангу тамаддуни Эрон дар асри Элхонӣ» (Табрез, 2005), Анҷуманҳои панҷуму ҳаштуми устодони забону адабиёти форсӣ (Душанбе, 2006, 2011), дувумину савумин Кунгураи байналмилалии «Урси Бедил» (Теҳрон, 2006, 2008), дувумин Иди ҷаҳонии Наврӯз (Теҳрон, 2011), Ҳамоиши «Дурнамои рушди забони форсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» (Алмаато, 2012) мебошад.

Силсилаи мақолаҳояш дар маҷаллаву маҷмӯаҳои илмӣ ва электронии хориҷӣ, аз ҷумла, Эрон, Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Англия, Ҳоланд ва ғ. ба дасти чоп расидаанд.

Маҷмӯан, муаллифи 8 китоб, аз ҷумла, 2 дафтари ашъор – «Азони танҳоӣ», (Хуҷанд, 2005), «Меҳроби шукуфаҳо» (Хуҷанд, 2010) ва беш аз 300 мақолаи илмӣ ва илмии оммавӣ мебошад, ки ба нақду баррасии масоили назму насри муосири форсӣ, аз ҷумла, пайванди адабии кишварҳои форсизабон ихтисос ёфтаанд. Намунаҳое аз ашъори номбурда дар чанд маҷмӯаи дастҷамъии шоирони форсизабон (дар Эрону Афғонистон) низ мунташир гардидаанд.

Барои хидматҳои шоиста сазовори нишонҳои ифтихории Аълочии фарҳанг (2002)-у маориф (2012) ва матбуоти Тоҷикистон (2012), Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2004) гардонида шудааст.

Аз соли 2005 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Сен-Жон ПерсСоли 1975 дар департаменти Вари Фаронса дар синни 88-солагӣ шоир ва дипломати фаронсавӣ, барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт  дар соли 1960 Сен-Жон Перс аз олам гузашт. Вай 31-уми майи соли 1887 дар Пуэнт-а-Питр таваллуд шуда буд.

Номи аслии ӯ Алексиа Леже буда, бори аввал соли 1924 бо тахаллуси “Сен – Жон Перс” навишт.

Муддати 7 сол муншии кулли Вазорати умури хориҷии Фаронса буд ва дар Конфронси Мюнхен зидди гузаштҳо ба Олмони фашистӣ садо баланд кард.

Баъди шикасти Фаронса дар ҷанг бо Олмон чун як сиёсатмадори зидди фашизм аз вазифа барканор шуд ва чун ба ҷонаш хатар ҳис кард, ба ИМА фирор намуд.

Ҳукумати Фаронсаи Вишӣ шаҳрвандии ӯро лағв намуд ва ордени Шарафи Легионро низ аз ӯ бозппас гирифт. Достони ҳанӯз чопнашудаи ӯро нобуд сохтанд.

Сен-Жон Перс ҳатто баъди торумор шудани Олмони фашистӣ ҳам дар ИМА монд ва дар китобхонаи Конгрес кор мекард. Гоҳ-гоҳе ба ватан меомад, вале зуд бозмегашт ба ИМА.

27 сентябри соли 1975 дар департаменти Вари Фаронса аз олам гузашт.

Искандар_ХатлонӣСоли 2000 шоир, тарҷумон ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Искандари Хатлонӣ дар шаҳри Москав кушта шуд. Вай 12 октябри соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб зода шудааст. Дар Омӯзишгоҳи сохтмони Душанбе, Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав; 1976-1981) таҳсил кардааст.

Солҳои 1985-1988 тарҷумони мутахассисони шӯравӣ дар Афғонистон, муддате ходими адабии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва корманди Радиои «Озодӣ» будааст.

Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Парвоз» (1981), «Шукуфаҳо» (1986), «Садои пойи вожаҳо» (Кобул, 1988) ва ғайра ба табъ расидаанд.

Иддае аз шеърҳояш ба забони халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

20 сентябри соли 2000 дар Маскав ба ҳалокат расид.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ