Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 20 – уми январ

ruzi-adabiyotСоли 1857 Александр Островский ба навиштани мазҳакаи «Хоби идона – пеш аз наҳорӣ» оғоз кард.

Соли 1873 дар Фарсё нависанда ва шоири даниягӣ Йоханес Вилҳелм Йенсен, таваллуд шудааст. Соли 1944 ӯ ба  ҷоизаи Нобел дар бахши адабиётбарои қудрати нодир ва ғании тахайюлоти шоирона, донишдўстӣ ва асолати услуби эҷодӣ” сазовор гаштааст. Аз Йенсен ба унвони  бузургтарин адиби даниягии қарни бистум ёд мешавад.

Соли 1882 дар Клеранс адабиётшинос ва намоишноманависи рус, шахсияти барҷастаи ҷунбиши нигилистии  солҳои 60-уми асри XIX, Варфоломей Зайтсев  дар синни 39-солагӣ вафот кард. Ҳамасронаш аксар вақт ӯро бо Ҳенри Рошефорт баробар мекарданд.

Соли 1884 дар Беверли, иёлоти Ню Ҷерсӣ нависандаи жанри илмӣ-тахайюлӣ, рӯзноманигор ва муҳаррири амрикоӣ Абраҳам Мерритт ба дунё омадааст.

Асарҳои Абраҳам Меррит, ки одатан дар жанри тахайюлӣ  дар бораи ҷаҳон ва тамаддунҳои гумшуда ё дар жанри детективи ирфонӣ навишта шудаанд, хеле маъмуланд. «Киштии Иштар», «Бисўз, албастӣ, бисўз!», «Чеҳра дар варта» аз ҳамин қабиланд.

Соли 1922 шоир ва нависандаи рус Велимир Хлебников (1885-1922) достони “Пеш аз ҷанг”-ро  навиштааст.

nensi-kressСоли 1948 дар Буффало, иёлати Ню – Йорк нависандаи амрикоӣ Нэнси Кресс, барандаи ҷоизаҳои Небула ва Ҳуго чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Соли 1976 повести аввалинаш бо номи «Сокинони Замин» аз чоп баромад. Дар соли 1981 аввалин романи ӯ зери унвони “Шоҳзодаи зангўлаҳои субҳ нашр шуд. Аз соли 1990 ба навиштани жанри асарҳои тахайюлӣ гузашта, достони «Гадоҳои испанӣ»-ро навиштааст.

Соли 1952 дар деҳаи Шаҳринави ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт (Ғарми пешин) адиб ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик  Муҳаммадраҳими Сайдар дида ба олам кушод. Пас аз хатми мактаби миёнаи №25 ноҳия ва факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Душанбе (ДОТ)-и ҳозира ба фаъолияти меҳнатӣ пардохтааст. Солҳои 1975-1978 муаллими мактаби миёнаи зодгоҳаш, солҳои 1978-1990 муҳаррири бахши адабии Радиои Тоҷикистон, солҳои 1990-1992 муҳаррири бахши насри маҷаллаи «Садои Шарқ» будааст.

muhammadrahimi-sajdarАз соли 1995 хабарнигори радиои «Садои Хуросон»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав, яке аз созмондиҳандагони мактаби тоҷикӣ ва устоди забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги миллии мактаби мазкур дар Маскав, сардабири нашрияи фарҳанги тоҷикони бурунмарзӣ «Паём» ва хабарнигори бахши тоҷикии «Радиои Озодӣ» дар Маскав будааст.

Ба навиштани қиссаву ҳикоя аз овони мактабхонӣ ва донишҷӯиаш оғоз кардааст. Ҳикояи нахустинаш «Гаҳвораи ноз» соли 1986 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба табъ расидааст. Минбаъда қиссаву ҳикояҳояш пайи ҳам дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ», «Помир», «Сомон», «Навиди бозаргон» ва маҷмӯаи «Шафақи субҳ» (1986-1992) интишор ёфтаанд.

Ҳикояву мақолаҳои ӯ пас аз маргаш дар маҷмӯаҳои «Гаҳвораи ноз» (2011; Тоҷикистон) ва «Хостам дар Эрон гум шавам» (2011; Ҷумҳурии Исломии Эрон) ба табъ расидаанд.

Муҳаммадраҳими Сайдар бо асарҳои навоварона ва диду шинохти вижаи суханварӣ дар таҳаввули насри бадеии солҳои 80-90-ум саҳми шоиста гузошта, адабиёти имрӯзаи тоҷикро ғановат бахшид. Сабку шеваи тозаи эҷодии Сайдарро даҳҳо нависандагони ҷавону ҳаводорони эҷодиёташ идома дода, бо ҳамин васила, ному осорашро зинда медоранд.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1985 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 2000 узви Иттифоқи журналистони Федератсияи Русия буд. Чанде ҳикояҳояш ба забонҳои дунё, аз ҷумла, русӣ ва украинӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Худи ӯ низ асарҳои бисёре аз адибони машҳури ҷаҳонро ба тоҷикӣ гардондааст.

3 январи соли 2010 ҷаҳонро падруд гуфт.

ziyo-rahmonСоли 1954 дар ноҳияи Маскав (ҳозира Мир Сайидалии Ҳамадонӣ) шоири тоҷик Зиё Раҳмон ба дунё омад. Соли 1992 факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1995 то 1999 дар дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ба ҳайси муовини сардор ва сардори раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва умури сафарбарнамоӣ кор кардааст. Дар баробари ин, ба корҳои илмӣ машғул шуда, соли 1998 дар Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии вирусологияи ба номи академик Ивановскийи Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

Соли 2009 нашрияи расмии Вазорати тандурустии ҶТ «Шифобахш»-ро таъсис додааст, ки дар болобурди савияи маърифати тиббию беҳдоштӣ ва ташвиқу тарғиби тарзи солими зиндагии аҳолӣ саҳми арзанда мегузорад.

Соли 1995 маҷмӯаи аввалини ашъораш «Қатраборон», баъдан «Пайки ошноӣ» (1997) ва «Дар хилвати танҳоӣ» (2003) ба табъ расидаанд.

Чанде аз шеърҳояш дар маҷмӯаҳои умумии «Гулбонги Истиқлол», «Анҷумани саодат», «Азизи дилу дида» ва ғ. ба дасти чоп расидаанд.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1960 дар Ҳарлан, иёлоти Айова нависандаи асарҳои илмӣ-тахайюлии амрикоӣ Киҷ Ҷонсон, барандаи ҷоизаи Небула ва Ҳуго таваллуд шудааст.

Киҷ Ҷонсон муаллифи се роман ва зиёда аз 30 достони кӯтоҳ мебошад. Вай бо мутобиқгардонии асотири ҷопонӣ аз давраи Ҳейан маъруф аст.

Пас аз фурӯши аввалин асари худ дар соли 1987, Ҷонсон ҳикояҳои худро дар маҷаллаҳо, аз қабили «Amazing Stories», «Analog», «Asimov’s», «Duelist Magazine», «Fantasy & Science Fiction» ва «Realms of Fantasy» нашр кард.

Романҳои нашршудаи ӯ ду ҷилди трилогияи (асари адабӣ, ки аз се ќисми мустаќил иборат аст) Ҳейан Love/War/Death» – «The Fox Woman» «Fudoki» ва романи муштараки «Шарафи аждаҳо»-и Star Trek, ки дар якҷоягӣ бо Грег Кокс навишта шудаанд, иборатанд.

Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова.