Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 21– уми август

1йСоли 1871 ромманнавис, ҳикоянавис, намоишноманависи аҳли Русия Леонид Андреев ба дунё омад. Намояндаи Асри нуқра дар адабиёти рус аст. Яке аз пешоҳангони сурати ранга дар Русия буд. Ӯро ҳамчунин поягузорони экспрессионизми (ҳаяҷоннамоӣ, баёнгароӣ) дар адабиёти рус меноманд.

Сабки адабии Андреев таркибе аз унсурҳои  макотиби адабии реализм, табиатгароӣ ва  намодгароии русӣ аст.

Шуҳрат барои Андреев соли 1901, баъди интишори ҳикояаш “Буд-набуд” дар маҷаллаи “Жизнь» омад.

Соли 1905 аз Инқилоби аввали рус пуштибонӣ кард ва ҳатто чанде аз аъзои ҳизби коммунисти Русияро, ки ҳукумати подшоҳӣ таъқиб мекард,дар манзили худ паноҳ дод. 9 феврали ҳамон сол вақте ба хонаи ӯ узви Кумитаи Марказии ин ҳизӣ Шеколдин омад, пулис ҳамроҳ бо Андреев ӯро боздошт кард. 25 феврал бо гарав озод шуд. Ҳамон сол ҳикояи “Губернатор”-ро навишт, ки вокунише буд ба қатли эсер Каляев.

Соли 1906 ба Олмон рафт ва он ҷо дуюмин писари ӯ, нависандаи оянда Даниил ба дунё омад. Бадъд ба Каприи Италия рафт ва муддате бо Горкий ҳамроҳ зист. Чун ҳамсараш аз олам гузашта буд, дубора хонадор шуд.

Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ аз артиши рус пуштибонӣ кард ва мегуфт шикасти Олмон ногузир аст, бояд шикаста шавад. Аммо инқилоби Октябрро ҷонибдорӣ накард ва баъди ҷудо шудани Финландия аз Русия ба муҳоҷират рафт. Асарҳои баъдии ӯ саропо зиддиболшевикӣ буд.

12 сентябри соли 1919 соати 18 бар асари сактаи қалбӣ аз олам гузашт.

Номгӯи баъзе ҳикояҳои ӯ: “Дар сардиву тилло”, Ҳимоя”, “Фариштаҳак”, “Дӯст”, “Дар назди тиреза”, “Ҷавонон”, “Марди хориҷӣ”, “Ханда”, “Китоб”, “Шаҳр”, “Афкор”, “Дузд”, повесту романҳояш: “Ҳаёти Василий Фивейский”, “Хандаи сурх”, “Хотираҳои ман” ва ғайра.
Anatoly_GladilinСоли 1935 дар шаҳри Москав нависанда ва дигарандеши рус Анатолий Гладилин таваллуд шуд. Аз соли 1976 то охири умраш дар шаҳри Порис зиста буд. 24 октябри соли 2018 дар синни 83-солагӣ аз олам гузашт.

Дуд дар чашм. Повест дар бораи иззатталабӣ”, “Сафари хидматии ҳамешагӣ”, “Рӯзи аввали соли нав”, “Таърихи як ширкат”, “Пешгӯии фардо”, “Соҳили қаҳрабоӣ”, “Ду сол то баҳор”, “Сирри Женя Сидоров”, “Бабр аз кӯча мегузарад”, “Сояи савора”, “Шамшери Темурланг”, “Кӯчаи генералҳо”, “Авбошон, марҳамат ба Порис”, “Бачаи бабр” номи чанд китоб ва асарҳои ӯст.
Соли 1943 дар Шарлоттенлунд, наздикии Копенгаген дар синни 83-солагӣ нависандаи машҳури Дания Ҳенрик Понтоппидан вафот кард. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1917 буд. Дар тӯли умр бештар саргарми навиштани романҳо будааст.

Ба унвони беҳтарин осори вай метавон аз “Сарзамини мавъуд”, “Подшоҳии мурдагон”  ва маҷмуаи романҳои “Пири хушбахт”, ки байни солҳои 1898 ва 1904 нигошта шудааст, ном бурд.

“Болҳои қатъшуда”, “Тасвирҳоре аз русто”, “Абрҳо”, “Биҳишти башар”, “Рӯзи қазоват” номи чанд асари дигари ӯст.
Henrik_PontoppidanСоли 1943 дар Линчберг, иёлати Вирджиния нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Люсиус Шепард зода шуд. Вай барандаи ҷоизаҳои адабии Небюлло, Ҳюго ва Локус буд.
Соли 1943 дар Индиан-Рокс-Бич, иёлати Флорида дар синни 59-солагӣ нависандаи тахайюлнавис, рӯзноманигор ва муҳаррири амрикоӣ Абраҳам Меррит аз олам гузашт. Асарҳои ӯ маъмулан дар жанрҳои адабии тахайюлӣ офарида шуда, бештар дар бораи оламу ҳайвоноту набототи гумшудаи олам нақл мекунанд ва ё дар жанри детективи муаммобарангез навишта шуд, дар замони худ машҳур гардиданд.
Осори Меррит ба адибоне чун Г. Ф. Лавкрафт, Ҷек Уилямсон, Фритс Лейбер, Л. Спрэга Де Камп, Рэя Брэдбери ва дигарон таъсир дошт.
Абраҳам Меррит 20 январи соли  1884 дар оила меъмор таваллуд шуд. Дар эҷоди адабӣ вай ҳеч ҳадафи мушаххас надошт ва ният ҳам надошт, ки як нависандаи касбӣ шавад. Эҷоди асарҳои адабӣ барояш  тафреҳе миёни ҷусторҳои рӯзноманигорӣ буд, на аз ин беш.
Солҳои охири ҳаёташ вай бештар ба кори таҳриру танзими асарҳояш саргарм шуд, асарҳои калонҳаҷме, ки чоп накард. Романи “Чархи сиёҳ”, ҳикояҳои “Зан-рубоҳ” ва “Ҳавои сабз” баъди маргаш чоп шуданд.
Абрахан-МерритСоли 1992 дар шаҳри Боку нависанда, филмноманависи озарбойҷонӣ Рагим Ҷаъфаров таваллуд шуд. “Марк ва Эра”, “Ҳамлаи мурдагон”, “Сато”, “Намоди Сархан”, “Солҳои охири умри ӯ” номи чанд асари вай мебошад.
Соли 2022 дар Пенсилвания дар синни 82-солагӣ нависанда, мунаққиди амрикоӣ Алексей Паншин аз олам рафт. Вай муаллифи чанди асарҳои танқидӣ дар риштаи адабиёт ва романҳо дар жанри адабиёти тахайюлист. Ба дарёфти ҷоизаи адабии Ҳюго ҳам ноил шудааст.

Баъзе асарҳояш дар ҳамммуалифӣ бо ҳамсараш Кори Паншин навишта шудаанд.

Таҳияи Б.Шафеъ