Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 21-уми декабр

Як-рузи-адабиёт-21Соли 1375 дар Черталдо, дар наздикии Флоренсия,  нависандаи итолиёвӣ, яке аз аввалин намояндагони адабиёти башардӯстии замони Эҳё, Ҷованни Боккаччо, дар синни 62-солагӣ даргузашт. Ӯро канори Данте яке аз ислоҳгарони забони итолёвӣ медонанд. Бокаччо муаллифи достонҳо дар мавзуъҳои асотири антиқӣ мебошад.

Асарҳои аввалини Боккаччо (давраи Неаполитан) аз достонҳои «Филострато» (тақрибан 1335), “Декамерон”, “Рисолае дар сурдҳои Данте”, «Тезеида» (тақрибан 1339-1341), “Руъёи ошиқона”, “Дар бораи занони номӣ”, “Таронаҳои шубонӣ”,  ва романи «Филоколо» (тақрибан 1336-38) мебошанд, ки дар асоси сужаҳои романҳои асримиёнагӣ эҷод шудаанд.

Соли 1639 дар Ла-Ферте-Милон намоишноманависи фаронсавӣ ЖанБатист Расин, ба дунё омадааст. Ў яке аз се намоишноманависи барҷастаи асри XVII-и Фаронса дар баробари Корнел ва Молйер ба ҳисоб меравад.

Ҳамчун пайрави анъанаи классикӣ, эҷодиёти Расин аз мавзӯъҳои таърихӣ ва асотири антиқӣ иборат аст. Сужаҳои намоишномаҳои ў дар бораи ошиқи оҷиз ва ишқи боэҳтирос нақл мекунанд. Намоишномаҳои ӯ одатан ҳамчун фоҷиаи неоклассикӣ тасниф карда мешаванд; дар онҳо қоидаҳои анъанавии жанр: панҷ амал, макони доимӣ ва замон (яъне вақти  вокеаҳои тасвиршуда ба як рўз рост меояд ва онҳо дар як макон рўй медиҳанд) риоя мешаванд. Хусусиятҳои асосии назми Расин содагии амал ва намоишнома аст, ки комилан дар асоси шиддати дохилӣ сохта шудааст.

Песаҳои «Андромаха», «Британик», «Ифигения», «Федра» мансуби ўянд.

Соли 1796 дар деҳаи Мясотаи ноҳияи Ошмяний шоири лаҳистонӣ Томаш Зан ба дунё омадааст. Томаш аз соли 1816 муноҷот, манзума, сегона, шеър, асарҳои ҳаҷвӣ навиштааст, ки миёни онҳо достони мазҳакавии «Марги тамокудон» машҳур аст.

Соли 1900 нависандаи рус ва шӯравӣ, филмноманавис ва намоишноманавис, рўзноманигор, хабарнигори ҳарбӣ, барандаи мукофоти сталинӣ (1949), Всеволод Виталиевич Вишневский таваллуд шудааст.

Соли 1903 дар Ню Йорк нависандаи амрикоӣ, яке аз муваффақтарин адибони нависанда дар жанри пулисӣ Лоренс Трит ба дунё омадааст.

Ҳенрих БёллСоли 1917 дар Кёлн  нависандаи олмонӣ ҲенрихБёлл  барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1972 ба дунё омадааст.

Бёлл шояд аввалин ва машҳуртарин нависандаи Олмони ғарбии насли  баъдиҷангӣ буд, ки китобҳояш ба тарҷумаи русӣ нашр шудаанд. Аз соли 1952 то соли 1973 зиёда аз 80 ҳикоя, повест, роман ва мақолаҳои нависанда ба забони русӣ ба табъ расидааанд,  ки дар муқоиса ба ватанаш Олмон бо тиражи хеле зиёд чоп шудаанд. Дар Иттиҳоди Шўравӣ чандин миллион нусха асарҳои ў фурухта шудаанд.

Нависанда борҳо ба Иттиҳоди Шӯравӣ сафар доштааст, ў ҳамчун мунаққиди ҳукумати шӯравӣ низ маъруф буд.

Асарҳои Ҳенрих Бёлл ба 48 забони ҷаҳон тарҷума шудаанд.

Қатор ба мавқеъ расид”, “Гӯсфандони сиёҳ”, “Одам, куҷо будӣ?”, “Ва ҳатто як калима ҳам нагуфт”, “Хонае бе сарпараст”, “Нони солҳои ҷавонӣ”, “Ҷудоӣ аз гурӯҳ” аз ҷумлаи асарҳои ӯянд.

Соли 1940 дар Ҳолливуд, нависандаи амрикоӣ, бузургтарин намояндаи ба истилоҳ “насли гумшуда” дар адабиёт, Фрэнсис Скотт Фитзҷералд дар синни 44-солагӣ аз сактаи қалб даргузашт. Вай аз ҷумлаи нависандагони муваффақи роман ва достонҳои кутоҳ буд ва чун як нависандаи бузурги асри бистум мешиносанд.

Фитзҷералд бо асари “Гэтсбии бузург” (1925) ва як қатор романҳо ва ҳикояҳои кӯтоҳе, ки дар бораи «асри ҷаз»-и амрикоии солҳои 1920 эҷод кардааст, маъруф аст. Истилоҳи “даврони ҷаз” ё “асри ҷаз” аз ҷониби худи Фитсҷералд таҳия шудааст ва давраи таърихи Амрикоро аз охири Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ то таназзули бузурги солҳои 1930 ифода мекунад.

Аз Фрэнсис Скотт Фитзҷералд панҷ роман ва маҷмуаи достонҳои кутоҳи ӯ ба форсӣ тарҷума ва дар Эрон чоп шудааст. “Ин сӯи Биҳишт”, “Зебо ва малъун”, “Гэтсӣии бузург”, “Латиф аст шаб”, “Охирин Қорун”, “Руъёҳои зимистон” низ асарҳои ӯянд.

Соли 1949 дар Черноветс шоир ва мутарҷими исроилии рус Игор Бялский ба дунё омадааст. Ў муҳаррири маҷаллаи “Байтулмуқаддас” ва вебсайти “Антологияи Иерусалим” мебошад.

Лион-ФейхтвангерСоли 1958 нависандаи яҳудтабори олмонӣ Лион Фейхтвангер (Lion Feuchtwanger)  вафот кард. Ў яке аз муаллифони серхонандатарини ҳикояву романҳо ба забони олмонӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.  Бо асарҳои зиддифашистӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрат ёфт ва бо даъвати Ҳукумати Шӯравӣ  соли 1937 ду моҳ дар СССР буд ва ҳатто И. Сталин ўро ба ҳузури худ пазируфт. Китоби «Москва. 1937 ”, ки дар бораи зиндагии Иттиҳоди Шӯравӣ, Сталин ва мурофиаҳои намоишӣ дар СССР нақл мекунад, дар Маскав ба теъдоди зиёд чоп шуд. Ҳатто бо супориши Иосиф Сталин  В.С.Молодсов бо   дар як рӯз чопи китобро ташкил кард.

Иржи БечкаСоли 2006 ховаршиноси маъруф Иржи Бечка аз олам гузашт. Ӯ 91 сол дошт.

Иржи Бечка 16 – уми октябри 1915 шаҳри Прагаи Чехия ба дунё омад. Тоҷикшиноси барҷастаи чех, доктори илмҳои фалсафа ва адлия, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1990), дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 1945 Донишгоҳи Карли шаҳри Прагаро хатм карда, як умр корманди илмии Институти шарқшиносии АИ Чехия буд. Аз муҳаққиқони номвари забоншиносии эронӣ, донандаи хуби забони урду ба шумор мерафт, аммо пеш аз ҳама чун тоҷикшинос ва тарғибгари адабиёти муосири тоҷик мартаба ёфт.

Ҳанўз соли 1955 дар бораи «Марги судхўр»-и устод Садриддин Айнӣ чун инъикосгари ҳаёти ҷамъиятии Осиёи Миёнаи охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ таҳқиқоти судманде ба чоп расонд. Минбаъд ба осори сардафтари адабиёти тоҷик ҳаматарафа таваҷҷўҳ намуда, очерку мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ, аз қабили «С. Айнӣ ва Чехос-ловакия», «Юлиус Фучик ва Садриддин Айнӣ», «Айнӣ ва адибони дигари Осиёи Миёна», рисолаҳои «Садриддин Айнӣ-падари маданияти муосири тоҷик», «Нависанда ва олим»-ро навишт.

Таҳқиқоташ «Адабиёти тоҷик дар асрҳои ХVI-XX» дар Аврупо аввалин асарест, ки мушаххасоти ин давраи адабиётамонро таъин намудааст ва он ба забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, полякӣ, форсӣ, урду тарҷумаю нашр шудааст.

Повести «Марги судхўр»-и С.Айнӣ, «Муш ва гурба»-и Убайди Зоконӣ, баёзи назми классикии форсу тоҷик (бо номи «Ситораҳои наздик»), маҷмўаи шеърҳои М.Турсунзода (бо номи «Салому алайкум»), осори зиёди адибони муосири тоҷикро ба чехӣ тарҷума намудааст. Дар матбуоти Чех ва дигар давлатҳои Аврупо оид ба ҳаёти адабию фарҳангии Тоҷикистон пайваста мақолаҳои илмию оммавӣ ба табъ мерасонд, дар маҷаллаҳои шарқшиносии мамолики Аврупо  перомуни осори адибони тоҷик тақризу китобиёти зиёд дарҷ намудааст.

Кам касон ба дараҷааш дар тарғибу ташвиқи адабиёту маданияти муосири тоҷик саҳм гирифтаанд. Ў бо донишмандони тоҷик  Бобоҷон Ғафуров, Абдулғанӣ Мирзоев, Соҳиб Табаров, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Аълохон Афсаҳзод ва дигарон робитаи хуби илмӣ дошт ва борҳо ба Тоҷикистон сафар карда, меҳру муҳаббаташро ба халқамон пинҳон надоштааст. Дар ҷашнвораҳои Ибни Сино, Ҳофиз, Ҷомӣ, Айнӣ ва дигарон, ки дар пойтахти Тоҷикистон доир шудаанд, иштирок ва суханронӣ кардааст.

Соли 1985 70-умин солгарди зодрўзаш дар шаҳри Душанбе бо ширкати бевоситаи донишманди беназири чех ботантана таҷлил шудааст.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА