Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 21-уми феврал

ruzi_adabiyotСоли 1943 дар Давлеканово нависанда, тарҷумон ва филмноманависи рус Людмила Улитская ба дунё омад. Ӯро яке аз насрнависони бузурги муосир дар Русия медонанд, ки осораш бо 32 забони халқҳои олам тарҷума ва нашр шудааст ва ҷоизаҳои зиёди русиву хориҷиро дарёфт кардааст.

Соли 1990 китоби ӯ бо номи “Сонечка” ба табъ расид, ки хеле ба зудӣ ба забони фаронсавӣ тарҷума шуд ва соҳиби ҷоизаи адабии ин кишвар гашт. Аз ӯ то кунун китобҳои зиёде нашр шудаанд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд: Хешовандони фақир”. “Казус Кукотский”, “Одамони шоҳи мо”, “Партоби муқаддас”…

Соли 1874 шоири абхозӣ Дмитрий Гулиа ба дунё омад.

Соли 1907 шоири англис Уистен Хю Ден таваллуд шуд. Ӯ дар Англия зода шуд, вале баъдан ба Амрико кӯчид ва шаҳрванди ИМА шуд. Бисёриҳо ӯро яке аз бузургтарин нависандагони асри бситум меноманд.

chak-palanikСоли 1962 дар Песко, иёлати Вашингтон нависандаи амрикоӣ Чак Паланик зода шуд. Ӯ пас аз чопи романи “Бошгоҳи мубориза” дар соли 1996, ки коргардони маъруфи амрикоӣ Девид Финчер бар асоси он филми ҳамноме сохт, машҳур шуд. “Бошгоҳи мубориза”, “Бозмонда”, “Лолоӣ”, “Дафтарчаи хотирот”, “Ҷинзада”, “Малъун” аз ҷулаи навиштаҳои ӯ мебошанд.

Соли 1964 дар шаҳри Киеве нависанда ва адабиётшиноси рус  Евгений Водолазкин ба дунё омад. Вай доктори илмҳои филологӣ мебошад.

Соли 1972 шоир ва мунаққиди шинохтаи рус  Георгий Викторович Адамович аз олам гузашт.

mihail-sholohovСоли 1984 дар Вешенскии вилояти Ростов дар синни 78-солагӣ яке аз бузургтарин адибони даврони Шӯравӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт Михаил Шолохов аз олам рафт.

Машҳуртарин асари ӯ “Дони ором” буд, ки аз рӯи он филми хуби ҳунарӣ ҳам бардошта шудааст. Романҳои “Онҳо барои Ватан ҷангиданд”, “Замини навобод”, “Ҷабҳаи ҷануб” аз ҷумлаи дигар асарҳои Шолохов мебошад, ки бо кулли забонҳои халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Таҳияи Б.Шафеъ