Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 22 феврал
Соли 1943 нависанда Эдуард Вениаминович Лимонов таваллуд шуд.
Соли 1953 нависандаи Шӯравӣ Михаил Казовский ба дунё омад. Ӯ аз соли 1975 то соли 2000 сардабири маҷаллаби “Крокодил” буд. Нависандаи ҳаҷвнигор аст ва навштаҳояш дар китобҳои “Ниқоб, ман туро мешиносам”, “Ба Максим занг занед”, “Майор Пронин”, “Камарбанди Титимити” ва ғайра чоп шудаанд. Вай ҳамчунин муаллифи романҳо ва повестҳои таърихие чун: “Қасоси Аделгейдҳо”, “Екатерина, хирад ва муҳаббат”, “Меросхӯри Ломаносов”, “Лермонтов ва бонувони ӯ”, “Маъшуқаи Дюма”, “Асрори наққоши кох”, “Ду Пушкин” мебошад.
Соли 1674 дар Порис дар синни 78-солагӣ шоир ва мунаққиди адабии фаронсавӣ Жан Шаплен аз олам гузашт. Ӯ ба унвони яке аз созмондеҳандагон ва узви бунёди Académie française шинохта мешавда. Шаплен шоири шеъри ҳамосӣ, яке аз таъсирпазирандагони Ҳаким Умари Хайём буд.
Соли 1797 барон Карл Фридрих Иероним фон Мюнхаузен аз олам гузашт. Вай як шахсияти достонӣ ва шоири зодаи Олмон аст, ки соли 1785 тавассути нависандаи оламонӣ Рудолф Эрих Распе китоби ривояти барон Мюнҳаузен аз сафари шигифтангези худ ва муборизоташ дар Русия сохта шудааст, чоп шуд.
Распе аввал ин китобро бидуни ном соли 1785 дар Лондон ба забони англисӣ бо номи “Ривоёти барон Мюнҳаузен аз сафарҳо ва ҷангҳои аҷибаш дар Русия” нашр намуд. Соле баъд тарҷумаи олмонии китоб чоп шуд, ки онро шоири олмонӣ, муаллифи балладаи “Ленора” – Готфрид Август Бюргер тарҷума карда буд.
Бюргер китобро дар ду қисм сохт ва бо иловаҳо бо номҳои “Саргузашти Мюнҳаузен дар Русия” ва “Моҷароҳои баҳрии Мюнҳаузен” мунташир кард. Ва ин китоб дар як муддати кутоҳ дар саросари Аврупо машҳур шуд ва маҳз ҳамин тарҷума образи ин гардишгарро ба ҳадди афсонаву ривоятҳои хонданиву шуниданӣ такмил дод.
Дар бораи шахсияти барон ва сарнавишти китобшудаи ӯ метавон хеле зиёд ҳарф зад, ки ин корро ба вақти дигар мавқуф мегузорем.
Соли 1819 дар Кембриҷ, иёлати Массачусетс шоир, тарбиятгар, эссенавис ва дипломати амрикоӣ Ҷеймс Расселл Лоуэлл ба дунё омад. Вай хатмкардаи бахши ҳуқуқи донишгоҳи Гарвард буд. 12-уми августи соли 1891 дар зодгоҳаш чашм аз олам пӯшид.
Соли 1866 нависандаи озарбойҷонӣ ва бунёдгузори маҷалла “Рӯзномаи Мулло Насриддин” Ҷалил Муҳаммадқулзода ба дунё омад. “Қурбоналибек”, “Мурдагон”, “Китоби модрам”, ”Маҷмуъи девонагон” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1937 дар шаҳри Ню-Йорк нависандаи амрикоии асарҳои тахайюлӣ Ҷоанна Расс ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаҳои адабии “Небюлло”, О. Ҳенри ва Хюго мебошад.
Соли 1942 дар Петрополис дар синни 60-солагӣ нависанда, намоишноманавис, рӯзноманигор ва мунаққиди аҳли Австрия Стефан Свейг даст ба худкушӣ зад. Вай бо шахсиятҳои маъруфе чун Эмил Верхарн, Ромен Роллан, Франс Мазерел, Огюст Роден, Томас Манн, 3игмунд Фрейд, Ҷеймс Ҷойс, Герман Гессе, Герберт Уэллс, Пол Валери, Максим Горкий, Рихард Штраус, Бертолт Брехт робитаҳои наздики дӯстона дошт.
Соли 1934 баъди ба қудрат расидани Ҳитлер дар Олмон Свейг Автрияро тарк мекунад ва ҳамроҳ бо ҳамсараш муқими шаҳри Ню-Йорки ИМА мешавад. Соли 1940 бошад, ба шаҳри Петрополис, ки наздик ба Рио-де-Жайнеро буд, мекӯчад.
Афсурдаҳоливу рӯҳафтодагӣ ӯро ба танг меорад ва 22 феврали соли 1942 ҳамроҳ бо занаш меъёри марговари доруи веронал мехӯранд ва ҳардуро дар ҳоли даст ба дасти ҳамдода дар хонаи худ мурда меёбанд.
Баъдҳо хонаи ӯ дар Бразилия ба осорхонаи адиб табдил дода мешавад ва ҳоло бо номи Casa Stefan Zweig вуҷуд дорад.
Соли 1945 дар наздикии шаҳри Варшава шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ ба ҳалокат расид. Вай ҳамагӣ 29 сол дошт. Дар бораи Ҳабиб Юсуфӣ матлаби дигар бо номи “79 сол пеш дар ин рӯз. Ҳабиб Юсуфиро тири фашистон дар остонаи Варшава дарёфт ва ҷоми шаҳодат нӯш кард” дорем, ки лутфан ба он таваҷҷуҳ кунед.
Соли 1945 Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Аюбӣ аз олам даргузашт. Вай соли 1945 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё о мада буд. Нахустин шеърҳои ӯ аз аввали солҳои 70-уми асри гузашта дар рӯзномаю маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Помир», «Маориф ва маданият», «Тоҷикистони Советӣ», «Адабиёт ва санъат», дигар расонаҳои хабарию адабӣ мунташир гардидаанд.
Муаллифи маҷмӯаҳои «Гули гандум» (1980), «Роҳи сафар» (1984), «Шохаи барқ» (1986), «Фалаки роғӣ» (1990), достонҳои «Хоҳиши дарё» (1990), «Мунзим» (1990), «Вафои Зарробӣ» (2001), «Маснавии мирӣ» (2001), «Шаҳриёрнома» (2002) ва ғайра мебошад.
Бештар аз 200 драмаи манзум офаридааст, ки аз он ҷумла «Фишор» (1984)-у «Заволи Чамбули Мастон» (1997) дар Фестивали театрҳои касбии Тоҷикистон беҳтарин шумурда, соҳиби ҷоизаи олии фестивал «Гран-при» гардонида шудаанд.
Ҳамчунин, асарҳои манзуми драмавии ӯ «Хатои охирини Афлотун» (1990, дар Душанбе), «Алии Сонӣ» (1994, дар Қаратоғ), «Меъроҷи Шоҳин (1995, дар Қайроққум), «Айюби Собир дар шаҳри бесуннат» (1996, дар Қайроққум), «Амир Балъамӣ» (1997, дар Панҷакент) дар машварат-озмунҳои драманависони касбии Тоҷикистон ғолиб омадаанд.
Драмаҳои манзуми «Дақиқӣ», «Торикӣ»,«Фиғони чашмҳои пардашин», «Сакароти Қорун», «Ҳайкал», «Алии Сонӣ», «То қафас бишкаст, булбул пир шуд», «Камоли Хуҷандӣ», «Харобот» ва ғ. дар театрҳо ва телевизиони мамлакат аз ҷониби беҳтарин режисёрон саҳнагузорӣ шуда, сазовори баҳои баланди мухлисон гардидаанд.
Ашъори ҷудогонаи Н.Доризо, Р. Рождественский, М.Геттуев, Миртемир ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Оҳангсозони тоҷик ба бештар аз 200 шеъри ӯ оҳанг бастаанд, ки аз ҷониби сарояндагони мумтози кишвар суруда мешаванд.
Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1995), Шоири халқии Тоҷикистон (1999), Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000), Ҷоизаи олии Иттиҳодияи арбобони театрии Тоҷикистон «Ноҳид» (1994).
Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1981 узви Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон буд.
22 феврали соли 2011 аз олам даргузашт.
Таҳияи Б.Шафеъ