Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 22 – уми август

як-рузи-адабиёт-22-08-2023Соли 1891 дар шаҳри Прага дар синни 57 – солагӣ рӯзноманигор, шоир ва нависандаи аҳли Ҷумҳурии Чех Ян Неруда аз дунё гузашт. Вай аз саршиностарин нависандагони сабки реализм дар адабиёти чех буд.

Ян Неруда 9 июли соли  1834 дар шаҳри Прага дар хонаводаи аттори миёнаҳол таваллуд шудааст. Дар солҳои душвори умр ва мушкил барои ватанаш по ба арсаи адабиёт гузоштааст.

Барои нависандаи навқалам ҳаёти мушкили фақирону бенавоён худ мавзуи беҳтарини нигориш  буд, чун миёни онҳо бузург шудаву аз рӯзгорашон ба хубӣ хабардор буд. Ва ҳамин зиндагии мушкил, вале саропо аз муҳаббат дар шеърҳои аввалин маҷмуаи ӯ “Гулҳои қабристон” инъикос шудааст.

Маҷмуаи “Китоби шеърҳо”-и адиб соли 1868 мунташир шудааст ва бештар дар бораи ҳаёти иҷтимоӣ, зиддиятҳои дар ҷомеаи чехӣ баҳс кардааст.

Дороти ПаркерСоли 1893 дар Лонг-Бранч, иёлати Ню-Ҷерсии ИМА нависанда ва шоири амрикоӣ хонум Дороти Поркер зода шудааст.

Дороти Поркер нависанда ва шоири яҳудтабори Амрико буд, ки бо ҳазли нешдор, латофат ва дурандешӣ нисбат ба камбудиву нуқсонҳои ҳаёти шаҳрии асри ХХ маъруф шуд. Бо вуҷуди он, ки хонум Поркер дар замони кўдакиаш душворӣ зиёд кашидааст, муваффақият ва эътироф ба даст овард. Ў ба Ҳолливуд рафт ва дар он ҷо ба навиштани филмномаҳо оғоз кард. Муваффақияти Поркер дар он ҷо, аз ҷумла ду номзадии ў ба ҷоизаи Оскар дар ниҳоят маҳдуд буд, зеро иштироки ӯ дар ҳаракати зиддифашистӣ боиси он шуд, ки ӯро ба «Рӯйхати сиёҳ»-и Ҳолливуд шомил кунанд.

Поркер се даъфа издивоҷ кардаааст (ду даъфа ба як шахс) ва якчанд бор қасди худкушӣ ҳам карда буд, аммо дар оқибат ў майзада шуд. Ҳарчанд нависанда истеъдоди худашро ночиз мешумурд ва аз шўҳрати “зарофатгўй”-иаш таассуф мехӯрд, вале эҷодиёт ва зеҳни олиҷаноби ӯ аз имтиҳони замон гузашт ва пас аз маргаш муддати тӯлонӣ мавриди ниёз боқӣ мондааст.

Дороти Поркер 7 июли соли 1067, ҳангоме, ки 73 сол дошт, дар шаҳри Ню-Йрк даргузашт.  

Аз ҳаёти ӯ пас аз маргаш филме ҳам бо номи “Хонум Поркер ва маҳфили фисқ” ба навор гирифтаанд, ки филмномаи онро Рэнди Сю Коберн ва Алан Рудолф навиштаанд. Дар он ҳунармандони машҳуре чун Ҷеннефер Ҷейсон Ли, Кэмпбел Скотт, Марта Плимптон, Лили Тейлор ва дигарон нақш офаридаанд. Ҳадафи филм радди овозаву гӯмагӯҳо дар бораи ҳаёти шахсии нависанда буд, ки миёни мардум паҳн шуда буд.

анатолий КалининСоли 1916 дар истгоҳи Каменский (шаҳре воқеъ дар вилояти Ростови Русия) дар хонаводаи омӯзгори казакҳои Дон шоир, нависанда ва намоишноманависи рус  Анатолий Калинин зода шуд.

Баъди хатми мактаби миёни дар омӯзишгоҳ таҳсил кард ва аз соли 1932 ҳамчун рӯзноманигор ба кор оғоз намуд.

Аввалин романаш “Теппаҳо”-ро зери таъсири романи “Заминҳои навкорам”-и Михаил Шолохов эҷод намуд. Солҳои 1941-1945 хабарнигори ҳарбии рӯзномаи “Комсомолская правда” буд ва то рутбаи ҳарбии майор расида. Аз Соли 1946 узви ВКП(б) КПСС буд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боз ҳам ба сафи коммунистони Русия пайваст ва то охирин рӯзҳои умраш коммунист монд.

Ғайр аз романи “Теппаҳо”, ки болотар аз он ёд кардем, боз “Парчами сурх” (маҷмуъи повестҳои “Дар ҷануб”), “Рафиқон”, баъдан онро таҳрир кард ва дар шакли роман бо номи “Дӯстиву душманӣ” чоп кард, “Майдони сард”, “Лӯлӣ”, “Минтақаи мамнуъ”, “Акси садои ҷанг”, “Садои зангӯлаҳо”, “Роҳи бозгашт нест”, “Бедҳои хамӯш”, “Дар боғи Саид”, “Эркут” номҳои дигари романҳо, повестҳо, намоиномаҳо ва достонҳои ӯ мебошанд.

12 июни соли 2008 дар рустои Пухляковский дар синни 91-солагӣ   вафот кард.

Ray-BradburyСоли 1920 дар шаҳри Уокиган, иёлати Иллинойс нависандаи асарҳои тахайюлии армикоӣ РэйБрэдбери таваллуд шуд. Ӯро нависандаи гунаҳои хаёлпардозӣ, ваҳшат ва илмӣ-тахайюлӣ меноманд. Брэдбериро бештар барои асарҳои машҳураш “Фаренгейт 451 дараҷа”, “Солномар Марс” мешиносанд.

Дар тӯли умраш бештар аз 80 асари адабӣ навиштааст, ки як қисмати онҳо повест ва романҳо мебошанд. Вай ҳамчунин муаллифи садҳо ҳикоя, намоишнома ва шеърҳо мебошанд.

Ӯро бидуни шак аз классикони асарҳои илмӣ-тахайюлӣ меноманд. Ҳарчанд шеър ҳам менавишт, вале шеъраш маъруфият касб накард. Хидматҳои ӯро дар адабиёт дар он мебинанд, ки тавонист таваҷҷуҳи хонандаро ба асарҳои илмӣ-тахайюлӣ ҷалб созад.

Рэй Брэдбери 5 июни соли 2012 дар шаҳри Лос-Анжелес  вафот кард. Ӯ 91 сол дошт.

Соли 1939 дар шаҳри Москав нависанда ва филмноманависи аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ  Сергей Козлов ба дунё омад.

Машҳуртарин осори ӯ достону филми тасвирии Хорпушт дар туман, ҳикояҳои дигар дар бораи хорпушт ва хирсбача, ҳикояҳо дар бораи шербача ва сангпушт, шеърҳо барои филми тасвирии “Чӣ тавр Шербача ва сангпушт суруд месароянд» ба шумор мераванд.

Сергей Козлов 9 январи соли 2010 дар синни 70-солагӣ аз илтиҳоби шуш дар Маскав  даргузашт.

“Моҳигирӣ дар тирамоҳ”, “Агар ситораҳо афтанд”, “Афсонаи зимистон”, “Киштиҳо дар тирамоҳ”, “Бушкаи ғайриодӣ”, “Чӣ гуна хорпушт ва хирсбача осмонро иваз карданд” аз ҷумлаи беҳтарин филмномаҳои адиб мебошанд.

Соли 1958 дар Нёйи-сюр-Се (як комуна дар канораҳои Порис) дар синни 77-солагӣ нависандаи фаронсавӣ, барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1937 Роже Мартен дю Гар аз олам гузашт. Академияи Нобел ҷоизаро “Барои қудрати ҳунарӣ ва ҳақиқат дар тасвири инсон ва заруритарин ҷанбаҳои зиндагии муосир” ба ӯ тақдим намуд.

Дар синни 17-солагӣ ба Донишгоҳи Сорбонн дохил шуд, вале барои камдонишӣ ба зудӣ ихроҷ гардид. Баъди вай ба муассисаи олии таърих ва бойгонии Экол де Шарт дохил шуда, онро соли 1905 хатм мекунад. Соле баъд бо духтари як ҳуқуқшиноси Порис издивоҷ мекунад.

Ҳамин солҳо вай каме ба тақлид ба сабки Толстой ба эҷоди роман шуруъ мекунад. Вале чун аз кори худ розӣ набуд, зуд аз навиштан даст мекашад. Баъдтар романаш бо номи “Ташаккул”, ки бо услуби тарҷумаҳолӣ навишта шуда буд, бо пули муаллиф чоп мешавад. Ва баъди ин ҷиддан ба кори адабӣ дода шуд.

Дар Ҷанги якуми ҷаҳон хидмати сарбозӣ рафт ва дар ҷабҳаи Ғарб ҷангид. Баъди анҷоми ҷанг дар театри Порис ба кор даромад. Соли 1920 ба Фаронсаи Марказӣ рафт ва он ҷо кор сари романаш “Оилаи Тибо”-ро оғоз кард.

Жан Баруа”, “Оилаи Тибо”, “Фаронсаи куҳан”, “Қайдҳо дар бораи Андре Жиде”, “Хотираҳои сарҳанг Момора” номи чанд асари ӯст.

Таҳияи Б.Шафеъ