Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 22 – уми декабр

Як-рузи-таърих-22-12-2022Соли 1792 дар деҳаи Шаево, ноҳияи Кологривскии вилояти Кострома, шоир, намоишноманавис, адабиётшинос, мутарҷим, арбоби театр, муаллифи доимии «Литературная газета» Павел Катенин таваллуд шудааст. Соли 1815 қиссаҳои «Наташа», «Қотил», «Ғӯли ҷангал», соли 1816 — «Олга» (тарҷумаи озоди қиссаи Г. А. Бургер «Ленора»), ки бо усулҳои бадеии худ аз назми карамзиниҳо ба куллӣ фарқ мекунад, ба табъ расонд.

Соли 1876 дар Искандария нависандаи итолиёвӣ, асосгузори футуризм, яке аз идеологҳои фашизм Филиппо Маринетти (Filippo Tommaso Marinetti) ба дунё омадааст. Чуноне ишора рафт, ӯро асосгузори футуризм, яке аз идеологҳои фашизм меноманд. Бо Муссолини – нахуствазири подшоҳии Италия аз замони ба қудрат расидани фашистҳо дар октябри соли 1922 то соли 1943 робитаҳои хеле наздик дошт.

Филиппо Маринетти як қатор маҷаллаҳои футуристӣ «Lacerba», «Poesia» ва нашриёти «Poesia»-ро таъсис додааст. Муаллифи аввалин манифести футуризм мебошад, ки 20 феврали соли 1909 дар рўзномаи «Фигаро»-и Порис нашр шудааст.

Николай ОстровскийСоли 1936 дар Маскав нависандаи аҳли Украина дар Иттиҳоди Шӯравӣ, иштирокчии ҷанги шаҳрвандӣ Николай Островский дар синни 32-солагӣ бар асари бемории домана даргузашт. Ӯ аз пайравони сабки реализми сотсиалистӣ буд.

Островский дар таърихи адабиёт ҳамчун муаллифи романи «Пӯлод чӣ тавр обутоб ёфт?”машҳур аст. Ӯ ин китобро бо ёрии зану рафиқонаш навишта буд, зеро он замон бемори вазнин буд. Роман дарҳол шӯҳрат пайдо накард, вале дар ниҳоят дар солҳои 1930 дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо теъдоди рекордӣ нашр шуд ва ҳатто ба бисёр забонҳои дигар, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид. Аз рўйи асар якчанд бор филм ба навор гирифта шудааст: қаҳрамони роман Павел Корчагин бо корнамоиҳояш ба халқи шўравӣ илҳом мебахшид.

Эдуард-УспенскийСоли 1937 дар Егоревски вилояти Маскав нависандаи шўравӣ ва рус, намоишноманавис ва филмноманавис, муаллифи китобҳои бачагона Эдуард Успенский таваллуд шудааст. Қаҳрамонҳои асарҳои ӯ ба мисли тимсоҳ Гена ва Чебурашка, саг Шарик ва гурба Матроскин, амаки Федор, хаткашон Печкин, Тр-тр Митя, бародарони Колобок миёни хурдсолон ва калонсолон машҳуранд.

Эдуард Успенский яке аз офарандагони барномаҳои «Хоби хуш, хурдтаракон!», «АБВГДейка», «Радиомураббӣ», инчунин барнома дар бораи суруди муаллифии «Киштиҳо ба бандари мо омаданд» мебошад, ки соли 2000 сазовори ҷоизаи TEFI гардид.

Соли 2010 Успенский аз рӯи бахши асосӣ «Барои дастовардҳои барҷастаи эҷодӣ дар адабиёти бачагонаи рус», ба ҷоизаи Корней Чуковский, ки барои нависандагони кӯдакона таъсис ёфтааст, сарфароз гардонида шуд.

Соли 1940 дар Эл Сентро нависанда, намоишноманавис ва филмноманавис, рўзноманигори амрикоӣ Натанаэл Уэст дар синни 37-солагӣ дар садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расид.

Уэст дар тӯли умри худ на дар адабиёт ва на дар ҷаҳони синамо, боқадр набуд, танҳо  пас аз нашри насри мукаммалаш дар соли 1957 машҳур гардид. Ҳаролд Блум достони “Дугонаи мотамдорон”-и ўро дастоварди баландтарини санъати Амрико дар асри ХХ унвон кардааст.

Соли 1943 нависандаи бачаҳо ва рассоми англис Беатрикс Поттер аз дунё гузашт. Дар замони шӯравӣ танҳо як афсонаи хурди нависанда (англ. The Tale of Mrs. Tiggy-Winkle),  ба забони русӣ нашр шуд, ки бо тарҷумаи Олга Образстсова «Ухти-Тухти» ном дошт. Он соли 1958 бо тасвирҳои Борис Калаушин ба табъ расида, соли 1961 дубора нашр шуд. Нашри навбатии ин афсона (бо тасвирҳои Ирина Нахова) танҳо пас аз солиёни зиёд – соли 1989 иттифоқ уфтод.

Соли 1947 дар Маскав шоир, нависандаи рус Вадим Делоне чашм ба олами ҳастӣ кушод.  Вадим Делоне иштирокчии намоиши 25 августи соли 1968 дар Майдони Сурхи Маскав ба шумор меравад.

Соли 1956 дар Форт Гордон нависандаи амрикоӣ, профессори шинохтаи забони англисӣ дар Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ, Персивал Эверетт таваллуд шудааст.

Дана-Сидерос

Соли 1985 дар Қазон шоира, намоишноманавис ва рассоми рус Дана Сидерос  (номи асосиаш Мария Викторовна Кустовская) ба дунё омадааст.

Дана дар Маскав зиндагӣ мекунад. Вай аз соли 2005 то 2011 бидуни ифшои номи аслиаш ва ошкор кардани худ дар шабакаи ҷаҳонии интернет шеърҳояшро бо тахаллус нашр мекард. Тамоми эҷодиёташ дар ин давра бо тарҷумаи ҳоли сохтаи шоираи булғорӣ  Данута Сидерос муаррифӣ мешуданд.

Ў барандаи ҷоизаи Нова дар ҷашнвораи «Словонова», ки дар Перм соли 2013 баргузор шуд, ба шумор меравад. Дар соли 2014 вай бо намоишномаи “Девори зинда” дар бахшии “Намоишнома” ба рӯйхати тӯлонии Ҷоизаи Дебют шомил гардид.

Соли 1989 дар Порис нависанда, шоир ва намоишноманависи ирландӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт дар соли 1969, Сэмюэл Беккет (Samuel Barclay Beckett) дар синни 83-солагӣ вафот кард.

Ў намояндаи модернизм дар адабиёт ба шумор мерафт. Сэмюэл бо песаи «Интизори Годо» (фр. En exitant Godot), ки яке аз барҷастатарин асарҳои драматургияи ҷаҳонии асри ХХ шинохта шудааст,  шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Бештари умри худро дар Порис гузаронида, ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ эҷод кардааст.

Таҳияи
Сафаргул ҲУСАЙНОВА