Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 22-уми июн

Як-рузи-таърих-22-06-2023Соли 1527 дар Флоренсия дар синни 58-солагӣ мутафаккир, ходими сиёӣ, файласуф ва нависандаи аҳли Италия Никколо Макиавеллӣ чашм аз олам пӯшид. Никколо Макиавелли, файласуф, шоир, муаррих ва намоишноманависи итолёвӣ 3 майи соли 1469 дар Флоренсия-шаҳре воқеъ дар соҳили дарёи Арнои Италия таваллуд шуда, 21 июни соли 1527 дар 58-солагӣ тарки олам кардааст.

Зиндагии худро сарфи сиёсат ва меҳанпарастӣ кард. Аммо зумрае аз таҳлилгароне, ки осори ӯро мутолиа кардаву зиндагиномаи ӯро омӯхтаанд, мегӯянд бархе аз ҳамзамононаш ӯро ба ҳимоят аз ҳукумати золиму ситамкор муттаҳам кардаанд.  Иллати он навиштани китобе бо номи “Шаҳриёр” (Principe) аст, ки барои ҳимояи хонаводаи ҳокимони Флоренсия иншо карда буд.

“Шаҳриёр” машҳуртарин китоби Макиавелли аст. Он соли 1513 милодӣ ба ришати таҳрир даромад, вале то соли 1532 ба чоп нарасид. Баъди итмоми китоб онро муаллиф ба ҳокимони вақти дудмони Медичи (хонадони сармоягузор ва сиёсатмадое, ки нимаи аввали қарни понздаҳум дар ҷумҳурии Флоренсия зуҳур карданд) пешниҳод намуд.  Ҳадаф дарёфти ҳақе барои пешбурди зиндагонӣ буд.

Чанде пеш нонандаи мо Шаҳзод Ғаниҷонов китоберо аз Никколо  Макиавелли дархост намуда буд ва дар бойгонии Китобхонаи миллӣ аз ин адиб танҳо ҳамин китоби “Шаҳриёр” (Государь) пайдо шуд, ки бо забони русӣ аст.

Хоҳишмандон метавонанд онро аз ин ҷо пайдо ва мутолиа намоянд: Никколо Макиавелли – Шаҳриёр

Зенон-КосидовскийСоли 1898 дар Иноврослав нависандаи лаҳистонӣ, эссенавис Зенон Косидовский таваллуд шуд. Ӯ муаллифи китобҳои илмӣ-оммавӣ оид ба фарҳанг ва тамаддунҳои қадим буд. Асарҳои ӯ бо забонҳои булғорӣ, чинӣ, сербиву хорватӣ, словакӣ, украинӣ ва маҷорӣ тарҷума шудаанд.

Солҳои 1919-1920 адабиёти олмониву лаҳистониро дар донишгоҳҳои Познан ва Ягеллон (Краков) омӯхт. Дар мактаби Лодзи (яке аз калонтарин шаҳрҳои Лаҳистон) муаллимӣ кард. Солҳои 1928-1939 дар радиои Polskie Radio муҳаррир буд.

Солҳои аввали Ҷанги дуюми ҷаҳон вай аз тариқи Португалия ба Амрико рафт ва муддати беш аз як даҳсола он ҷо зист. Соли 1951 ба Лаҳистони сотсиалистӣ баргашт ва ба кори рӯзноманигорӣ машғул шуд.

Хонандагони Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо ду китоби ӯро дар бораи инҷил ва ривоёти он медонистанд ва ин ду китоб ба забони русӣ борҳо нашр шудааст.

Эрих-Мария-РемаркСоли 1898 дар Оснабрюк нависандаи машҳури олмонӣ Эрих Мария Ремарк зода шуд. Ӯро маъруфтарин намояндаи “насли гумшуда” меноманд. “Насли гумшуда” ба насле гуфта мешавад, ки дар тӯли Ҷанги ҷаҳонии аввал ба синни булуғ расиданд. Ин ибораро бори аввал Эрнест Хемингуей-нависандаи барҷастаи амрикоӣ дар романи худ бо номи “Хуршед ҳамчунон медурахшид” истифода кардааст.

Ремарк адибе буд, ки бештар ба хотири романи зиддиҷангиаш бо номи “Дар ҷабҳаи Ғарб хабаре нест” машҳур шуд.

Романҳои “Бозгашт”, “Назикони худро дӯст бидор”,, “Се дӯст”, “Шарораи зиндагӣ”, “Вақти зистан, вақти мурдан”, “Шаб дар Лиссабон” низ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Ремакр 25-уми сентябри соли 1970 дар синни 72-солагӣ дар Швейтсария аз олам гузашт.

Соли 1926 нависанда, рӯзноманигор, коргардони синамо ва филмноманависи лаҳистонӣ Тадеуш Конвитский ба дунё омад. Вай филми «Рӯзи охирини тобистон»-ро бо маблағи хеле кам ва бо иштироки ҳамагӣ ду ҳунарпеша ба навор гирифтааст.

Аз соли 1976 асарҳои худро дар нашрияҳои махфӣ ва ё дар хориҷа нашр кардааст.

Октавия-Батлер7 январи соли 2015 дар Варшава  дар синни 88-солагӣ вафот кард.

Соли 1947 дар Пасадин, иёлати Калифорния нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Октавия Батлер ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаҳои “Небюлло”, “Ҳюго” ва “Локус” буд.  Ӯро аз шинохтатарин занони адабиёти тахайюлӣ меноманд.

Бозмонда”, “Сапедадам”, “Маносики бузургсолӣ”, “Хешовандӣ”, “Тарки ошёна” номгӯи баъзе асарҳо ва китобҳои ӯ мебошанд.

алишер-мухаммадиСоли 1977 дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт шоир, пажӯҳишгари тоҷик Алишери Муҳаммадӣ таваллуд шуд. Соли 1994 таҳсилоти миёнаи умумиро фаро гирифта, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардидааст. Баъди хатми мактаби олӣ фаъолияташро дар мактаби №1 шаҳраки Ғарм оғоз бахшида, сипас дар вазифаҳои директори мактаб, мушовири шуъбаи маориф, мудири шуъбаи фарҳангу маънавиёти дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт, сармутахассиси Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» фаъолият бурдааст. Солҳои 2001-2005 котиби масъули рӯзномаи соҳавии шуъбаи маорифи ноҳия «Маърифат» будааст.

Аз моҳи феврали соли 2010 то августи 2014 директори КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон дар «Маркази тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси корманди шартномавӣ фаъолият варзидааст. Аз августи соли 2014 ба вазифаи мудири «Маркази тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллӣ таъин гардидааст.

Нахустин шеърҳояшро солҳои донишҷӯйӣ эҷод намуда, баъдтар дар рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ба табъ расондааст. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Никоҳи аҷуза» (2013), «Ранги ҳавасҳо» (2005) ва «Сафинаи зиё» (2009)-ст.

Соли 2013 барои маҷмӯаи ашъори «Сафинаи зиё» Барандаи Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Солҳои 2007-2011 аспиранти Пажӯҳиш­гоҳи фалсафаи Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2012 асари муътабар «Возеҳ-ул-баён»-ро ба хатти форсӣ ва соли 2013 дар алифбои кириллӣ ба табъ расондааст.

Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Аз соли 2005 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 2007 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

16 ноябри соли 2020 вафот кард.