Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 22-уми май

Як-рузи-таърих-21-05-2024Соли 1039 дар шаҳри Меншани Чин нависанда ва мнсабдори чинии даврони Сун Су Чже (гоҳе Су Сюн, Су Че низ номидаанд)  ба дунё омад. Вай писари яке аз мансабдорони маҳаллӣ, олим ва адабиётшинос Су Суян ва бародари шоири бузурги Чин Су Ши буд. Чун аз хонаводаи соҳибсарват буд, маълумоти хуб гирифт. Соли 1057 ҳамроҳи бародараш Су Ши тавонист имтиҳонҳои давлатиро супорад ва соҳиби дараҷаи олии илмии сзинши шавад.

Аммо марги ногаҳонии падараш дар соли 1065 ба шуҳрати минбаъдаи вай зарба зад. Соли 1070 вай мухолифати худро бо сиёсатҳои ҳокими вақт Ва Анши эълон кард ва аз ислоҳоти вай шадидан интиқод намуд. Барои ин аввал ба Шанси, баъдан ба Туйгуан ва соли 1076 ба Нанкин фиристода шуд.  Соли 1079 бародараш Су Широ ҳабс карданд. Су Чже зиёд талош кард, то ӯро озод кунад, вале ҳама кӯшишҳояш натиҷа надод.

Баъдан дар чанд вазифа дар минтақаҳои гуногун кор кард. Соли 1104 истеъфо дод ва дар шаҳри Инчуан мустақар шуд ва соли 1112 аз олам рафт.

Су Чжэ дар эҷод пайравӣ аз падараш ва бародараш кард ва ҳарсе дар қатори “Ҳашт нависандаи бузурги Чини даврони Тан ва Сун” дохил шудаанд. Аз миёни асарҳои ӯ эссе “Дар бораи подшоҳии заволёта” ва “Сешоҳигарӣ” машҳур аст. Дар ин асарҳо вай кӯшидааст сиёсатҳои шоҳони даврони гуногунро таҳлил ва бо ҳам қиёс кунад ва дар ниҳоят дар бораи моҳияти аслии сиёсат ибрози назар кунад.

Соли 1841 дар Бордо шоир, нависанда, намоишноманависи фаронсавӣ  Катюл Мендес ба олам омад.  Мендес яке аз поягузорони мактаби парнос  буд.

Парносс, парносиҳо ё парносионизм номи як мактаби адабие аст, ки дар қарни нуздаҳум дар Фаронса шакл гирифт. Истилоҳи парнос аз забони юнонӣ гирифтаа шудааст ва дар афсонаҳои юнони номи кӯҳе аст, ки дар он духтари Зевс – худои худоёни афсонаҳои Юнон, ки ҳофизи ҳунарҳои зебо буд, бо бародараш Оюлун, ки худои шеър буд, зиндагӣ мекунанд. Номгузории ин мактаб низ ба хотири алоқаи шоирони ин мактаб ба шеър ба унвони ҳунаре аст, ки  фақат ба худии худ арзиш дорад ва ҳадафе ҷуз зебоӣ ва камол надорад.

Соли 1866 як гулчини беҳтарин шеърҳо бо номи “Парноси муосир” (фр. Le Parnasse contemporain ) чоп шуд ва солҳои 1971, 1876 ду маротибаи дигар интишор ёфт. Дар он бештар достонҳои баландмазмуни классикӣ чоп мешуданд.

Дар оғоз шеърҳои Мендес  шакли тақлид ва пайравӣ ба услуби ашъори шоирони гуногунро ба худ гирифтанд. Аммо дар намоишноманависӣ хеле маҳорат дошт ва муваффақ шуд. Ҳамаи се намошиномаи ӯ дар саҳнаи театрҳои Порис гузошта шуданд ва мунаққидон баҳои баланд доданд. Бисёре аз асарҳои Мендес  тасвирҳои зиёди беҳаёӣ ва ҳатто шаҳвонӣ доранд.

Соли 1866 Мендес бо шоир ва романнависи маъруфи Фаронса Жюдит Готйе, ки духтари хурдии шоир ва насрнависи замони романтизми Фаронса Теофил Готйе буд, издивоҷ кард. Аммо ба зудӣ онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Баъдан муддатҳо бо бастакори ирландитабори фаронсавӣ Августина Олмес дар робитаи ошиқӣ буд. Он замон Августина соҳиби панҷ фарзанд буд.

18 феврали соли 1909 ҷасади Мендесро дар нақби Сен-Жермен пайдо карданд. Сабаби маргаш маълум нест. Аммо тафтишот гуфтааст, ки вай 7 феврал аз Порис сафар кард ва эҳтимолан нимишабӣ ба гумони он ки субҳ дамидааст ва ба истгоҳи худ расидааст, дари купеи худро дар нақб боз кардаву сарозер шудааст.

Артур Конан ДойлСоли 1859 дар Эдинбург нависандаи ирландитабори англис Артур Конан Дойл (анг. Sir Arthur Ignatius Conan Doyle) таваллуд шуд. Ӯ муаллифи асарҳои зиёди таърихӣ, публистистӣ, тахайюлӣ ва саргузаштист. Дар миёни ҳамаи ин асарҳо “Моҷароҳои Шерлок Холмс” хеле машҳур аст.

Пешаи аслии Артур Конан Дойл табибӣ буд, вале баъдтар ин ҳамаро гӯё як сӯ гузошт ва вақти бештари худро ба сохтани симои мондагори Шерлок Холмс – корогоҳи хусусӣ кард ва муваффақ шуд. Вай дар бораи Шерлок Холмс чор роман ва бештар аз панҷоҳ ҳикоя навишт. Достонҳои Конан Дойл дар бораи Шерлок Холмс дар адабиёти ҷиноӣ мавқеъи хос доранд ва шояд ҳеч қаҳрамони дигари ин гуна асарҳо ба ҳадди Шерлок Холм маъруфият пайдо накардааст.

Артур Конан Дойл дар замони худ аз ҷумлаи пуркортарин нависандагон буд ва илова ба достонҳо дар бораи Шерлок Холмс шеърҳо, намоишномаҳо ва романҳои бисёр дигар ҳам навиштааст.

Соли 1885 дар шаҳри Порис дар синни 83-солагӣ бар асари илтиҳоби шуш Виктор Мари Гюгонависандаи машҳури фаронсавӣ Виктор Ҳуго аз олам гузашт. Виктор Мари Ҳуго нависанда, шоир, намошноманависи фаронсавӣ 26 феврали соли 1802 таваллуд шуд. Вай севумин писар капитан Жузеф Леупулд Сижисбер Ҳуго буд. Дар ҷавонӣ зери нуфуз модараш қарор дошт. Модараш аз шоҳдӯстон ва пайравони мутаассиби озодӣ ба шеваи Волтер буд ва танҳо баъд аз марги модар буд, ки падараш тавонист ба тарбияи ӯ пардозад. Кӯдакии Виктор дар кишварҳои гуногун сипарӣ шуд. Муддати кӯтоҳе дар коллеҷи наҷибзодагон дар Мадриди Испониё дарс хонд.

Аз соли  1830 то 1843 Виктор Гюго танҳо дар театр кор мекунад, аммо бо вуҷуди масруфиятҳо дар корҳои театрӣ вай тавонист чанд маҷмуаи шеърҳояшро бо номҳои “Баргҳои хазон”, “Таронаи сояҳо”, “Садоҳои дохил”, “Шуо ва соя” чоп кард.

Повести ӯ “Охирин рӯзҳои як маҳкум ба қатл” ба нависандагони маъруфе чун Алберт Камю, Чарлз Диккенс ва Ф.Достоевский писанд омад.

Клод Гё” повести дигари адиб аст, ки системаи ҷиноят ва иҷроро зери танқид гирифтааст ва баъзе аз ҷузъиёти он баъдҳо дар романи “Бенавоён” муфассалтар таҳлил шудааст.

Романи “Бенавоён” аввалин бор соли 1862 мунташир шуд ва ба унвони яке аз бузургтарин романҳои қарни 19 шинохта мешавад. Ин роман то кунун бо бисёр забонҳои олам тарҷума ва нашр шудааст. Роман ба барарсии моҳияти қонун ва бахшиш, таърихи Фаронса,  меъморӣ ва тарроҳии шаҳри Порис, сиёсатҳо, фалсафаи ахлоқ, қазоватҳо, мазҳаб, навъ ва моҳияти ишқро шарҳ медиҳад.

Ҳуго дар синни 84-солагӣ дар Порис аз олам гузашт ва маросими видоъ бо адиби маъруф муддати 10 рӯз идома дошт ва дар он наздик ба 1 миллион нафар ширкат карданд.

Иоганнес Роберт БехерСоли 1891 шоир, нависандаи олмонӣ Иоҳаннес Роберт Бехер (олм. Johannes Robert Becher) ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи байналмилалии Сталин “Барои таҳкими сулҳ миёни халқҳо” (1952) буд. Муаллифи романи зиддиҷангии “Люизит ва ё Ҷанги ягонаи адолатнок” буд, ки соли 1926 навишта шудааст.

Муддате вазири фарҳанги Олмони демократӣ буд.

15  марти соли 1933 аз дасти миллигароён аз тариқи Вена, Прага, Сюрих ва Порис фирор кард ва ба ба Иттиҳоди Шӯравӣ омад ва бештар аз даҳ сол зист.

Соли 1905 дар деҳаи Грабов шоир ва нависандаи чех Вилем Завада зода шуд. Вай нависандаи хидматнишондодаи Ҷумҳурии Чех буд. Солҳои 1930—1932 сардабири маҷаллаи «Rozpravy Aventina», солҳои 19321937 сармуҳаррири маҷаллаи «Listy». Баъди торумор карда шудани фашизм дар Олмон ба узвияти ҳизби коммунист пайваст.

Клод МаккейСоли 1945 дар Чикаго дар синни 55 – солагӣ нависандаи зодаи Ҳинди Нав, классики адабиёти Ҳинди Нав ва яке аз фаъолони  Эҳёи Ҳарлем Клод Маккей аз олам рафт. Вай соли 1919 ба Лондон сафар кард ва то соли 1921 он ҷо зист. Бо Федератсияи коргарони сотсиалист иртибот гирифт. Шеърҳояшро дар ҳафтаномаи Cambridge Magazine , ки аз ҷониби нависанда ва файласуфи англис Чарлз Огден таҳияи мешуд, чоп мекард.

Солҳои 1922—1923  ба Иттиҳоди Шӯравӣ омад ва дар Конгреси чоруми Коминтерн дар Москав ширкат кард. Бо Тротсикй, Зиновев, Бухарин, Радек, Чуковский мулоқот намуд.

Солҳои 1930—1933 Маккей дар Марокаш зист. Соли 1940 шаҳрванди ИМА шуд. Солҳои охири умраш дар Чикаго зиндагонӣ кард ва саранҷом аз бемории сактаи қалбӣ фавтид.

Соли 1967 дар шаҳри Ню-Йорк дар синни 65-солагӣ шоир, нависанда, намоишноманависи амрикоӣ  Лэнгстон Хюз вафот кард. Вай аз ҷумлаи намояндагони “Эҳёи Ҳарлем буд.

Ва муаллифи шеърҳо, романҳо, насри саргузаштӣ, ҳикояҳо ва намоишномаҳо м ебошад.

Таҳияи Б.Шафеъ