Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 22-уми январ

Як-рузи-таърих-22-01-2024Соли 1561 дар шаҳри Лондон файласуф, сиёсатмадор, донишманд, ҳуқуқдон ва нависандаи англис  Фрэнсис Бэкон ба дунё омад. Бисёриҳо ӯро меҳвари аслии таҳаввули фикрӣ дар асрҳои миёна медонанд ва ҳатто поёни султаи калисо ба тафаккурро  ба андешаҳои ӯ нисбат медиҳанд. Ӯро падари таҷрибагароӣ ва материализми англис ҳам меноманд.

“Арғунуни ҷадид”, “Пешрафти илм”, “Баррасиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ”, “Таърихи ҳунари ҳафтум” аз ҷумлаи таълифоти ӯ мебошанд.

Соли 1904 дар Лгов навсандаи кӯдакнависи Шӯравӣ, намоишноманавис, филмноманавис, журналист ва хабарнигори ҳарбӣ Аркадий Гайдар ба дунё омад.

Аркадий ГайдарНахустин асари адабияш — повести «Дар рӯзҳои шикасту пирӯзӣ» (1925) буд.  Муаллифи повестҳои «Кишварҳои дур» (1932), «Пиёлаи кабуд» (1936), «Чук ва Гек» (1938), трилогияи «Темур ва командаи ӯ», «Коменданти қалъаи барфӣ», филмномаи «Савганди Темур» (1940) мебошад. Мавзӯи аслии осори Аркадий Гайдар тарбияти иҷтимоӣ буда, образҳои офаридаи ӯ — писарак Кибалчиш ва Темур мояи ибрати чандин насли кӯдакон ва наврасони собиқ ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистон, будаанд.

Мақсади Аркадий Гайдар дар осораш тарбияи ватандӯстони ҳақиқӣ буд. Дар повести «Сарнавишти шайпурнавоз”» (1937) зиндагии бачагони хонаводаҳои табъидшудагонро ба қалам овард. Нашри боби аввали он дар рӯзномаи «Пионерская правда» қатъ гардида, китобҳои Аркадий Гайдар аз китобхонаҳо мусодира шуданд. Танҳо баъди ба ордени «Нишони Фахрӣ» (1939) сарфароз гардидан имкон ёфт, ки ба кори адабӣ идома диҳад.

Аз нахустин рӯзҳои ҶБВ (1941−45) хабарнигори махсуси рӯзномаи «Комсомолская правда» буд. Осори ӯ ба чандин забон, аз ҷумла тоҷикӣ («Мактаб» 1938; «Сирри ҳарбӣ» 1941; «Чук ва Гек» 1947; «Темур ва командаи ӯ» 1951, 1983; «Тақдири нақорачӣ», 1962 ва ғайра) тарҷума шудаанд. Аз рӯйи асарҳояш  филмҳо ба навор гирифтаанд.

Соли 1906 дар Пистер, иёлати Техас нависандаи амрикоӣ Роберт Говард ба дунё омад.

Николай ГумилёвСоли 1908 дар шаҳри Порис дуюмин китоби шеърҳои Николай Гумилёв ба теъдоди сесад нусха чоп шуд. Николай Гумилёв шоир, нависанда, намоишноманавис, тарҷумон ва мунаққиди адабии руси Асри нуқра буд, ки 15 апрели соли  1886 дар Кронштадти губернияи Санк – Петербург ба дунё омад ва 26 августи соли 1921 дар синни 35-солагӣ дар Петрогради Русия кушта шуд.

Вай шавҳари аввали шоираи машҳури рус Анна Ахматова ва падари нависанда, тарҷумон ва мунаққиди шиноха Лев Гумилёв буд.

Солҳои 1909 ва 1913 дар ҳайати ду экспедитсияи илмӣ ба шимолу шарқи Африқо сафар карда буд. 26 августи соли 1921 ба иттиҳоми ширкат амали зиддишӯравии “Ташкилоти ҷангии петроградии Тагансев” эъдом шуд. Аммо то ба охир ширкаташ дар ин созмон исбот нашуд ва 30 сентябри соли 1991 бо қарори Додгои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ баъди маргаш сафед шуд ва бегуноҳ эълон гардид.

Макони қатл ва қабраш ҳамоно номаълум.

Аввалин маҷмуаи ашъораш бо номи “Гулхан” соли 1918 чоп шуд Достони нахустини афсонавии ӯ бо номи “Мик” низ ҳамин солҳо чоп шуд, вале маҳбубият пайдо накард.

Писари шоир Георгий Стратановский шоир Сергей Стратановский нақл кардааст, ки падари ӯ бо марҳум дар як камера зиндонӣ буд ва ӯ бо чашмони худ ин ҷумлаи дар девори зиндон ҳаккокишударо дидааст: “Худоё, гуноҳони маро бубахш, меравам ба роҳи охират! Николай Гумелёв”.

Александр БлокСоли 1918  Александр Блок  мақолаи машҳури худ “Зиёӣ ва инқилоб”-ро навишт.

Блок шоир, намоишноманавис ва мунаққиди машҳури рус буд, ки 28 ноябри соли 1880 дар шаҳри Санк-Петербурги подшоҳии Русия таваллуд шуд ва 7 августи соли 1921 дар синни 40-солагӣ дар ҳамон шаҳр даргузашт.

Ў аввалин шеърҳои худро пеш аз гимназия навишта буд. Блок дар синни 14-солагӣ маҷаллаи дастнависи “Вестник”-ро нашр кард, дар 17-солагӣ бошад, дар саҳнаи театри хонагӣ песаҳояшро ба саҳна гузошта, дар онҳо нақш мебозид, дар 22-солагӣ шеърҳояшро дар маҷмўаи Валерий Брюсов Гулҳои шимол” нашр кардааст.

Блок аз ҷумлаи аввали шоирони он замон шинохтае буд, ки на танҳо аз инқилоби болшевикон пуштибонӣ кард, балки омодаи ҳамкорӣ низ буд. Вале ҳукумати Шӯроҳо ба вазъи саломатии шоир беэътиноӣ кард. Муҳаққиқони осори шоир мегӯянд, ки шахсан Ленин ва Менжинский (як ходими ҳизбӣ ва корманди масъули хадамоти амниятии Шӯравӣ – КГБ) бемасъулиятона дархости муолиҷаи шоир дар Финландияро на танҳо рад карданд, балки ӯро азият доданд, шароити табобатро фароҳам наоварданд, билохира ӯ дар фақру нодорӣ ва хуруҷи беморӣ фавтид.

Аз баъзе нигоштаҳои ёддоштӣ ва мақолаҳои адабиётшиносии Блог бармеояд, ки бо адабиёти форс-тоҷик, эҷодиёти намояндагони алоҳидаи он ба туфайли навиштаҳои А. С. Грибоедов, тарҷумаҳои аз осори адабиёти классикии форс-тоҷик анҷомдодаи Блок В. Бер, тарҷумаи «Гулис­тон»-и Саъдӣ (маҳсули заҳмати Холмогоров) ва ғ., шинос шудааст. Блог дар ашъораш на танҳо ба мазмуну мундариҷаи осори адабиёти классикии форс-тоҷик, балки ба ҷиҳатҳои шаклии ашъори форсии тоҷикӣ пайравӣ кардааст.

Шеърҳои Блок ба қалами шоирони маъруфи тоҷик Қутбӣ Киром, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Баҳром Фирӯз, Ҳикмат Раҳмат ва дигарон ба тоҷикӣ баргардон ва дар чандин маҷмуаҳо нашр шудаанд.  Ин амр, махсусан, соли 1980-соли ҷашни 100-солагии Блок ки дар Тоҷикистон ҳам баргузор шуд, ба таври густарда сурат гирифт.

Уолтер М. МиллерСоли 1922 дар Ню-Смирна-Бич нависандаи асарҳои тахайюлии армикоӣ Уолтер М. Миллер таваллуд шуд. Вай бо асари «Сурудае барои Лейбович» машҳур аст. Ин роман соли 1959 нашр шуд ва ҳодисаҳои тасвиршуда дар он дар як савмааи католик дар ҷанубу ғарби Амрико мегузарад. Нақл аз он аст, ки чӣ гуна баъди ҳазорон сол  тамаддун дар миёни инсонҳои боқимонда барқарор мешавад.

Соли 1925 дар Глен Ридж, иёлати Ню-Ҷерси нависандаи асарҳои тахайюлии армикоӣ хонум Кэтрин Маклин ба дунё омад. Вай бо ҳикояҳои тахайюлии худ дар солҳои 1950 – 1970  машҳур аст. Ӯ дар навиштаҳояш аз таъсири комёбиҳои  технологӣ ба одамон навиштааст. Барандаи ҷоизаи «Небюло» буд.

Анна ЭберСоли 2000 дар Монреал дар синни 83-солагӣ шоир, насрнавис, намоишноманвиси канадиёӣ Анна Эбер тарки олам кард.  Анна Эбер ба забони фаронсавӣ менавишт. Навиштаҳояш аз соли 1937 чоп мешуданд.

Таҳияи Б.Шафеъ.