Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 23 – юми декабр
Соли 910 нависандаи булғор Наум Преславский, яке аз асосгузорони дабиёти динии булгор, дар Охрид дар синни 80-солагӣ вафот кард.
Соли 1802 шоири англис Сара Колриҷ таваллуд шудааст. Ў духтари шоир Сэмюэл Колриҷ, хоҳари шоир ва биограф Ҳартли Колриҷ буд. Колриҷ забонҳои лотинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёвӣ ва испаниро хуб медонист. Дар айёми ҷавониаш ёддоштҳои сеҷилдаи иезуит Мартин Добрисхоффера дар бораи сафар ба Парагвай ба забони англисӣ тарҷума кардааст. 3 майи соли 1852 дар Лондон, Британияи Кабир вафот кардааст.
Соли 1815 нависандаи осори ошиқонаи аҳли Лаҳистон ошиқонаи поляк Ян Пототский дар синни 54-солагӣ дар Уладовка худкушӣ кард. Ӯ муаллифи романҳои «Дастнависе, ки аз Сарагоса ёфт шудааст» ва «Порчаҳои таърихию географӣ дар бораи Скифия, Сарматия ва славянҳо» буд. Асари «Саёҳат дар даштҳои Астрахан ва Қафқоз», ки пас аз марги ӯ аз ҷониби шогирдаш Генрих Юлиус Клапрот нашр шудааст, яке аз сафарҳои ӯро тасвир мекунад.
Соли 1881 шоири испанӣ Хуан Хименес дар Маугера таваллуд шудааст. Ӯ барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт дар соли 1956 «Барои шеъри лирикӣ, намунаи рӯҳияи баланд ва тозагии бадеӣ дар назми испанӣ» буд.
Соли 1896 аристократ ва нависандаи итолиёвӣ Ҷузеппе Томази ди Лампедуза, барандаи ҷоизаи Стрега дар Палермо таваллуд шудааст. Ӯ бо ягона романи иҷтимоию психологии худ «Паланг» маъруф аст.
Соли 1904 дар шаҳри Вилнюс аввалин рӯзномаи ҳуқуқӣ ба забони литвонӣ «Ахбори Вилнюс» нашр шуд.
Соли 1911 нависандаи рус Николай Николаевич Златовратский вафот кард. Ў бо асарҳои худ дар рӯҳияи популизм идеализатсияи ҷомеаи деҳотӣ машҳур гашт. Соли 1872 Златовратский аввалин асари калони худро бо «Деҳқонони сангандхӯрда»-ро навишт. Муаллифи асарҳо аз ҳаёти кишоварзон, аз ҷумла “Пирмарди сафедандом”, “Авраам”, “Рӯзҳои деҳот”, Шоҳ Лири деҳотӣ” мебошад.
Соли 1927 шоир ва тарҷумони Литва Мотеюс Густайтис аз олам даргузашт. Вай аввалин тарҷумони Ш. Бодлер ба забони литвонӣ, аввалин нависандаи Литва аст, ки барои рисолаи илмии филология унвони доктори илмро гирифтааст.
Соли 1936 Юлий Черсанович Ким шоир, оҳангсоз, намоишноманавис, филмноманавис дар Маскав таваллуд шудааст. Аввалин консертҳои Юлий Ким дар аввали солҳои 1960 дар Маскав баргузор шуда буданд. Соли 1963 барои филми «Кӯчаи Нютон, бинои 1» («Ленфилм», коргардон Т. Ю. Вулфович) суруд эҷод кард. Асарҳои машҳури ў дар филмхои «Бумбараш», «Муъҷизаи оддӣ», «Дар бораи Калпакчаҳои сурх» (дар иттифоқ бо бастакорон В. Дашкевич, Г. Гладков, А. Рибников) мебошанд.
Соли 1942 дар Нуази-ле-Гран дар синни 66-солагӣ шоир ва тарҷумони рус Константин Балмонт, намояндаи барҷастаи назми руси асри нуқра, даргузашт.
Соли 1955 шоири булғорӣ Илко Димитров таваллуд шудааст. Вай солҳои 2003-2005 муовини вазири дифои Булғористон, вакили Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Булғористон даъвати 40, узви Иттиҳоди нависандагони Булғористон буд.
Соли 1980 нависандаи асарҳои илмии амрикоӣ Крис Невилл даргузашт. Нашри аввалини асарҳои илмӣ-тахайюлии Невилл «Даст аз ситорахо» аст. Вай муаллифи романи «Ҷангал Зила» буда, машҳуртарин асари ў “Одамони ғайриодӣ” мебошад.
Соли 2009 нависандаи шӯравии рус, муҳаррир ва филмноманавис Григорий Бакланов дар синни 86-солагӣ дар Маскав даргузашт. Бакланов яке аз намояндагони «насри лейтенантӣ» ва сармухаррири журнали «Знамя» буд. Истилоҳи “насри лейтенантӣ” ба он нависандагон-ширкаткунандагони Ҷанги Бузурги Ватание гуфта мешавад, ки дар рутбаи афсари хурд ҷангномаҳо навиштанд.
Соли 2020 нависандаи асарҳои илмӣ-таҳайюлии амрикоӣ ва рӯзноманигор Ҷеймс Ганн, дар синни 97-солагӣ дар Лоуренс даргузашт. Ӯ аз филмноманависӣ оғоз ба кор кард ва баъдан кори коргардониро ба уҳда гирифт. Дар телевизион низ фаъолият дошт.
Соли 2021 нависандаи амрикоӣ Ҷоан Дидион дар синни 87-солагӣ аз бемории Паркинсон дар Ню Йорк даргузашт. Аввалин кори адабии публистисти навкор «Бидав, дарё» буд, ки соли 1963 аз чоп баромад. Дар байни дигар асарҳои Дидион романҳои бадеӣ қобили қайданд: “Бибозед, ҳамон тур, ки навишта шудааст, бибозед” (1970), “Китоби дуои ҳамагонӣ” (1977).
Таҳияи Мадина ҲАМИДОВА