Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 23 – уми феврал

Як-рӯзи-адабиёт-23-02-2024Соли 1821 дар Почеп шоири рус Алексей Жемчужников, яке аз иштирокчиёни лоиҳаи “Козма Прутков” ба дунё омад. Нахустин асари маҳзакавии ў «Шаби аҷиб»  соли 1850 дар маҷаллаи «Современник» ( 2) чоп шудааст. Жемчужников ғайр аз маҷаллаи «Современник» боз дар маҷаллаҳои «Отечественные записки», «Искра» ва ғайра низ асарҳояшро чоп кардааст. Вай бо бародаронаш Владимир ва Александр ва амакбачааш Алексей Толстой тахаллуси адабии Козма Прутковро офариданд.

Аввалин китоби ашъори Жемчужников танҳо соли 1892 (дар 2 ҷилд, бо портрети муаллиф ва очерки тарҷумаиҳолӣ) нашр шуда, соли 1893 бо ҷоизаи ҳавасмандгардонии Пушкин сарфароз гардид. Соли 1900 ба муносибати 50-солагии фаъолияти адабӣ маҷмуаи нави Жемчужников «Сурудҳои пирӣ» аз чоп баромад. Дар худи ҳамон сол вай яке аз аввалинҳо шуда (ҳамроҳи Толстой, Чехов, Кони ва дигарон) дар бахши адабиёти зебо академики фахрии Академияи илмҳои Петербург интихоб гардид.

Моҳи октябри соли 1871 ҳангоми дар Олмон буданаш шеъри «Турнаҳои тирамоҳӣ» («Ин ҷо, зери осмони бегона»)-ро ба завҷаи азизи худ, ки аз бемории сил азият мекашид, бахшидааст.

Соли 1821 дар Рум шоири насли навраси романтикҳои англис Ҷон Китс  дар синни 25-солагӣ аз олам чашм пўшид.

Бузургтарин асарҳояшро Китс дар синни 23-солагиаш эҷод кардааст.

Эҷодиёти Китс ба романтизми инглисӣ унсури нави эллинизми он замон (эллинизм – давраест дар таърихи ноҳияҳои шарқии Баҳри Миёназамин, Осиёи Пеш ва атрофи Баҳри Сиёҳаз истилои Искандари Мақдунӣ солҳои 334-324 то замони мо – сар карда то солҳои 30-уми замони мо), парастиши зебоӣ ва лаззати ҳамоҳангии ҳаётро ворид кард. Эллинизми Китс бо тамоми қуввааш дар ду шеъри бузурги ў: «Эндимион» ва «Гиперион», инчунин дар шеъри «Қасида ба гулдони юнонӣ» таҷассум ёфтааст.

Ҷон Китс дар солҳои охири умраш  аз фаъолияти адабӣ ботамом даст кашида буд.

Эрих-КестнерСоли 1899 нависанда, шоир, ҳаҷвнавис ва ҳаҷвнигори олмонӣ Эрих Кестнер ба дунё омад. Ӯ дар Олмон ба шарофати асарҳои пур аз ҳаҷву дурахшандааш барои кӯдакон ва шеърҳои ҳаҷвӣ дар мавзуъҳои рўзмарра маъруфият пайдо кардааст.

Соли 1928 Кестнер аввалин маҷмуаи шеърҳои худро зери  унвони «Дил дар камар» (“Herz auf Taille) нашр кард ва то соли 1933 боз се маҷмуаи дигараш аз чоп баромад. Ба шарофати маҷмӯаи «Лирика барои ҳар рӯз» Кестнер яке аз шахсиятҳои воқеъбини Олмон (Neue Sachlichkeit) шинохта шуд.

Тирамоҳи соли 1928 Кестнер асари кўдаконаро бо номи «Эмил ва корогоҳҳо» нашр кард, ки аз он ба теъдоди миллионҳо нусха фурўхта шуд ва ҳамчунин ба 59 забон тарҷума гардид. Китоб бо ҳақиқатнигории худ фарқ мекард ва соли 1933 Кестнер идомаи асари «Эмил ва се дугоник»-ро аз чоп баровард. Ин силсила ибтидои жанри нав – ҳикояи корогоҳии кўдакона буд.

Кестнер ба эҷоди ҳикояҳои кӯдакона идома медод: соли 1931 «Пюнкхтен ва Антон» ва соли 1933 «Ҳуҷраи аҷоиби парвозкунанда» аз чоп баромаданд.

Соли 1931 «Эмил ва корогоҳҳо» аз ҷониби Герхард Лампрехт ба навор гирифта шуд. Филм муваффақияти калонро ба даст овард, аммо Кестнер аз он норозӣ буд.

Кестнер танҳо як романи «Фабиан»-ро (1931) барои филмнома навиштааст.

Кестнер сулҳпарвар буд ва бештар барои кӯдакон менавишт, зеро ба неруи эҷодии ҷавонон бовар дошт. Ҳарчанд Кестнер мухолифи тартиби фашистӣ буд, аммо бар хилофи ҳамкасбонаш аз Олмон муҳоҷират накард, то шоҳиди рӯйдодҳои дохилӣ шавад.

Кестнерро гестапо борҳо бозпурсӣ карда, ўро аз коллективи нависандагон пеш карданд. Китобҳои Кестнерро фашистон ҳамчун «мухолифи рўҳбаландии Олмон» сўзонданд. Танҳо дар соли 1942 ба Кестнер иҷозат дода шуд, ки филмномаи «Мюнҳаузен»-ро нависад.

Кестнер инчунин асарҳои худро сабт карда ба воситаи радио мехонд. Дар филмҳо бошад,  ӯ бо хоҳиши худ нақши ровиро иҷро мекард.

Кестнер издивоҷ накарда буд, гарчанде ки китобҳои охирини кӯдаконаи худро барои писараш Томас Кестнер, ки соли 1957 таваллуд шуда буд, навиштааст.

Соли 1930 дар Каунас забоншиноси литваӣ Йонас Яблонскис, «падар»-и забони адабии Литва, дар синни 69-солагӣ даргузашт.

Дар рўзномаю маҷаллаҳои «Аушра», «Варпас», «Лиетувос жинёс», «Вайрас» ва ғайра оид ба забон ва маданияти нутқи литвонӣ, дар мавзуъҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва адабиёт мақолаҳо чоп кардааст.

Йонас Яблонскис забоншиноси Литва, яке аз асосгузорони забони қолибии Литва ба шумор меравад. Маводҳои забоншиносии гирдовардаи ӯ дар 20 ҷилди “Луғати академии забони литваӣ” нашр шудааст, ки то имрӯз мавриди истифода қарор дорад. Ў кўшиш кардааст, ки лаҳҷаи аукштаити ғарбӣ асоси забони литваӣ гардад. Йонас Яблонскис  ва Винчук Виакорка забоншиносони муваффақ буданд. Ӯ дар Донишгоҳи Маскав забонҳои классикиро омӯхтааст.

Соли 1945 дар Маскав нависандаи ва ходими ҷамъиятии шӯравии рус Алексей Николайевич Толстой дар синни 62-солагӣ вафот кард.

Алексей Толстой аз оилаи машҳури граф Толстой – муаллифи романҳои “Петри Якум”, “Сарсонию саргардонӣ”, “Нон” ба шумор меравад. Маҳз ў кўдакони замони Шӯравиро бо достони «Пиноккио» шинос карда, онро дар «Калидчаи тилло» ё «Саргузашти Буратино» барои хонандаи рус мувофиқ кардааст.

Нахустин  китоби Толстой бо номи «Дар канори дарёҳои кабуд» буд. Ба эҷодиёти аввалини Толстой асарҳои Горкий, Некрасов, Волошин таъсир расонданд.

Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон Алексей Николаевич Толстой хабарнигори ҳарбӣ буд. Дар асарҳои он замонааш «Дар зери об», «Дар кўҳ» вазъияти ҷангӣ инъикос ёфтааст.

Баъди инқилоб ба омӯзиши талъати Пётри I шуруъ намуд. Соли 1918 ба Одесса, баъд ба Порис, Берлин кўчид. Дур аз Ватан асарҳои  «Бачагии Никита», «Аэлита», «Ҷумъаи сиёҳ» -ро навишт.

Пас аз бозгашт ба Иттиҳоди Шуравӣ трилогияи (трилогия– асари адабӣ, ки аз се қисми мустаъқил иборат аст) «Сарсонию саргардонӣ» аз чоп баромад. Бузургтарин асари Алексей Толстой романи таърихии «Петри Якум» маҳсуб мешавад.

Алексей Толстой муаллифи романҳои иҷтимоӣ-психологӣ, таърихӣ ва илмӣ-тахайюлӣ, повесту ҳикояҳо, асарҳои публитсистӣ мебошад. Барандаи се Мукофоти сталинии дараҷаи якум (1941, 1943; 1945 – баъди марг) мебошад.

Соли 1955  шоир, намоишноманавис, эссенавис, нависандаи бузурги динии асри ХХ-и фаронсавӣ  Пол Клодел даргузашт.

Барҷастатарин асарҳои Клодел: “Дониши Шарқ” (1900), “Панҷ қасидаи бузург“, (1910), «Мурги сиёҳ дар тулӯъи офтоб», (1930) ва песаҳои «Сари тиллоӣ», (1895), «Духтари Виолен», «Китоби Христофор Колумб», (1929) ба шумор мераванд.  Оҳанги Клодел чи дар шеърҳояш ва чи дар намоишномаҳояш ҳамеша ботантана ва баланд аст, вале дар айни замон аз суханпардозӣ  холист: он бештар ба «содагӣ ва бошукуҳӣ»-и Инҷил ва умуман адабиёти динӣ шабоҳат дорад.

Соли 1994 дар Калининград нависандаи асрҳои тахайюлии шӯравӣ ва тарғибкунандаи илм Сергей Снегов дар синни 83-солагӣ аз дунё гузашт. Ў барандаи ҷоизаи адабии Аэлита дар бахши асарҳои тахайюлӣ дар соли 1984 ба шумор меравад.

Нахустин нашрияҳои Снегов ба авохири солҳои 1950 рост омада, аввалин нашри тахайюлии ӯ достони “Сию ду шакли профессор Крен” (1964) мебошад.

Яке аз асарҳои машҳури Снегов трилогияи эпикӣ дар бораи ояндаи дури «Одамон мисли худоён» мебошад, ки дар рӯҳияи операи кайҳонӣ эҷод шуда ва аз се асар: «Иктишофи галактикӣ» (1966), «Ҳуҷум ба Персей» (1968), «Ангуштарини бозгашти вақт» (1977) иборат аст. Ин трилогия, ҳарчанд баҳсбарангез аст, яке аз бузургтарин ва муҳимтарин асарҳои хаёлӣ ва илмӣ-тахайюлии солҳои 1960 ва 1970 маҳсуб мешавад. Аммо на ҳама медонанд, ки асоси ин трилогия рисолаи нотамоми Снегов «Тафсири физикии фазоҳои ғайриевклидӣ» буд (ки онро худи муаллиф дар мукотиба бо баъзе хонандагон зикр кардааст).

Охирин романи тахайюлии Снегов «Диктатор», ки баъди марги нависанда ба табъ расидааст, на ба мушкилоти илмию техникӣ, балки ба мушкилоти ҷамъиятию сиёсӣ бештар равона шудааст. Гарчанде ки ҳодисаҳо  дар сайёраи афсонавӣ сурат мегиранд, дар роман  таърихи Русия асри ХХ ба осонӣ мушоҳида  мешавад.

Нашриёти «Терра Балтика» (Калининград) роман-ёддоштҳои  дуҷилдаи Снегов «Китоби рўзгор»-ро аз чоп баровард, ки дар ин китоб на танҳо воқеаҳои асосии ҳаёти худ (то ба ҳабс шуданаш дар соли 1936), балки далелҳои ҷолиби рўзгори одамони шиносашро ҳам ҷамъбаст мекунад. Тибқи баъзе арзёбиҳо, маҳз ҳамин асари калонҳаҷм (соли 1994 анҷом ёфт) муваффақияти асосии нависанда гардидааст.

Соли 2015 дар Лондон нависанда ва арбоби ҷамъиятии инглис Ҷеймс Олдриҷ дар синни 96-солагӣ даргузашт.

Дар оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, Олдриҷ ҳамчун хабарнигор дар Эрон ва Шарқи наздик ба кор шурӯъ кард. Дар он замон аввалин романи ў «Кори виҷдон» (1942) нашр шуд, ки дарҳол ба бестселлер табдил ёфт.

Ин асар ва инчунин романи «Уқоби баҳрӣ» (1944), ки пас аз он эҷод шуд, аз ҷониби нависанда зери таъсири эҷодиёти Эрнест Ҳемингуэй навишта шудааст. Китоби дуюми муаллиф, бар хилофи китоби аввал, аз ҷониби мунаққидон он қадар хуб пазируфта нашуд, аммо бо вуҷуди ин дар соли 1945 Ҷоизаи бонуфузи адабии Ҷон Ллевелинро сазовор шуд.

Яке аз муваффақтарин асарҳои нависанда низ романи «Дипломат» (1949) мебошад. Дар соли 1974 Олдриҷ ҳатто идомаи онро бо номи Кӯҳҳо ва силоҳ” навишт. Романи «Шикорчӣ» (1949) нависанда аз ҷиҳати бадеӣ хеле шавқовар буд. Дар он Олдриҷ кӯшиш кардааст, ки жанрҳои гуногун ва равияҳои адабиро муттаҳид созад.

Нависанда муддати дароз дар Қоҳира зиндагӣ кардааст ва асари худ «Қоҳира. Зиндагии шаҳр»-ро (1969) ба ҳамин кишвар бахшидааст.

Дар миёнаи солҳои 1960-ум Олдриҷ ба навиштани китобҳои кӯдакон ва наврасон шурӯъ кард. Нависанда муддати дароз бо Иттиҳоди Шўравӣ  муносибатҳои дўстона дошт ва аз ин рў, соли 1972 ба ў мукофоти фахрии Ленин  «Барои мустаҳкам намудани сулҳи байни халқҳо» супорида шуд. Худи ҳамон сол Олдридҷ бо медали тиллоии «Ташкилоти байналхалкии рўзноманигорон» мукофотонида шуд.

Нависанда умри  дароз дид ва рӯзгори пурфараҳу шодро пушти сра кард.

23 феврали соли 2015 дар Лондон, дар манзили худ тарки олам кард.

Таҳияи Сафаргуд ҲУСАЙНОВА