Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 23 – уми феврал

tarihСоли 1821 дар Рум шоири насли навраси романтикҳои англис Ҷон Китс  дар синни 25-солагӣ аз олам чашм пўшид. Бузургтарин асарҳои Китс дар синни 23-солагии ӯ навишта шудаанд.

Эҷодиёти Китс ба романтизми инглисӣ унсури нави эллинизми он замон (эллинизм – давраест дар таърихи ноҳияҳои шарқии Баҳри Миёназамин, Осиёи Пеш ва атрофи Баҳри Сиёҳаз истилои Искандари Мақдунӣ солҳои 334-324 то замони мо – сар карда то солҳои 30-уми замони мо), парастиши зебоӣ ва лаззати ҳамоҳангии ҳаётро ворид кард. Эллинизми Китс бо тамоми қуввааш дар ду шеъри бузурги ў: «Эндимион» ва «Гиперион», инчунин дар шеъри «Қасида ба гулдони юнонӣ» таҷассум ёфтааст.

Ҷон Китс дар солҳои охири умраш аз фаъолияти адабӣ ботамом даст кашида буд.erih-kestner

Соли 1899 нависанда, шоир, ҳаҷвнависи олмонӣ Эрих Кестнер ба дунё омадааст. Эрих Кестнер дар Олмон ба шарофати асарҳои пур аз ҳаҷвии дурахшандааш барои кӯдакон ва шеърҳои ҳаҷвӣ дар мавзӯҳои рўзмаррааш маъруфият пайдо кардааст.

Соли 1928 Кестнер аввалин маҷмуаи шеърҳои худро зери унвони «Дил дар камар» (“Herz auf Taille) нашр кард ва то соли 1933 боз се маҷмуаи дигараш аз чоп баромад. Ба шарофати маҷмӯаи «Шеъри ғаноӣ (лирика) барои ҳар рӯз» Кестнер яке аз шахсиятҳои воқеъбини Олмон (Neue Sachlichkeit) шинохта шуд.

Тирамоҳи соли 1928 Кестнер асари кўдаконаро бо номи «Эмил ва детективҳо» нашр кард, ки аз он ба теъдоди миллионҳо нусха фурўхта шуд ва ҳамчунин ба 59 забони олам тарҷума гардид. Китоб бо ҳақиқатнигории худ фарқ мекард ва соли 1933 Кестнер идомаи асари «Эмил ва се дугоник»-ро аз чоп баровард. Ин силсила ибтидои жанри нав – ҳикояи детективии кўдакона буд.

Кестнер ба эҷодиёти ҳикояҳои кӯдакона идома медод: соли 1931 «Пюнкхтен ва Антон» ва соли 1933 «Ҳуҷраи аҷоиби парвозкунанда» аз чоп баромаданд.

Соли 1931 «Эмил ва детективҳо» аз ҷониби Герхард Лампрехт ба навор гирифта шуд. Филм муваффақияти калонро ба даст овард, аммо Кестнер аз он норозӣ буд.

Кестнер бештар танҳо як романи «Фабиан»-ро (1931) барои филмнома навиштааст.

Кестнер сулҳпарвар буд ва бештар барои кӯдакон менавишт, зеро ба неруи эҷодии ҷавонон бовар дошт. Ҳарчанд Кестнер мухолифи низоми фашистӣ буд, аммо бар хилофи ҳамкасбонаш аз Олмон муҳоҷират накард, то шоҳиди рӯйдодҳои дохилӣ шавад.

Кестнерро гестапо борҳо бозпурсӣ кард, ўро аз ҷамъияти нависандагон ҳам берун карданд. Китобҳои Кестнерро фашистон ҳамчун «зидди рўҳбаландии Олмон» сўзонданд. Танҳо дар соли 1942 ба Кестнер иҷозат дода шуд, ки филмномаи «Мюнҳаузен»-ро нависад.

Кестнер инчунин асарҳои худро сабт карда, ба воситаи радио мехонд. Дар филмҳо бошад ӯ бо хоҳиши худ нақши ровиро иҷро мекард.

Кестнер тамоми умр издивоҷ накард, вале иртиботҳои номашруъ бо занон дошт. Аз яке чунин робитаҳо писаре бо номи Томас Кастнер ҳам дошт, ки соли 1957 таваллуд шуда буд. Адиб  китобҳои охирини кӯдаконаи худро ба ӯ бахшида буд.

Соли 1930 дар Каунас забоншиноси литваӣ Йонас Яблонскис, «падар»-и забони адабии Литва, дар синни 69-солагӣ даргузашт.

Дар рўзномаю маҷаллаҳои «Аушра», «Варпас», «Лиетувос жинёс», «Вайрас» ва ғайра оид ба забон ва маданияти нутқи литвонӣ, дар мавзуъҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва адабиёт мақолаҳо чоп кардааст.

Йонас Яблонскис яке аз асосгузорони забони қолибии Литва ба шумор меравад. Маводдҳои забоншиносии гирдовардаи ӯ дар 20 ҷилди “Луғати академии забони литваӣ” нашр шудааст, ки то имрӯз мавриди истифода қарор дорад.

aleksej-nikolajevich-tolstojСоли 1945 дар Маскав нависандаи ва ходими ҷамъиятии Шӯравии рус Алексей Николайевич Толстой дар синни 62-солагӣ вафот кард.

Алексей Толстой аз оилаи машҳури граф Толстой буда, муаллифи романҳои “Петри Якум”, “Сарсонию саргардонӣ”, “Нон” ба шумор меравад. Маҳз ў кўдакони замони Шуравиро бо достони «Пиноккио» шинос карда, онро дар «Калидчаи тилло» ё «Саргузашти Буратино» барои хонандаи рус мувофиқ кардааст.

Нахустин китоби ӯ «Дар канори дарёҳои кабуд» буд. Ба эҷодиёти аввалини Толстой асарҳои Горкий, Некрасов, Волошин таъсир расонданд.

Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон Алексей Николаевич Толстой хабарнигори ҷабҳа буд. Дар асарҳои он замонааш «Дар зери об», «Дар кўҳ» вазъияти ҷангӣ инъикос ёфтааст.

Баъди инқилоб ба омузиши зиндагиномаи Пётри I шуруъ намуд. Соли 1918 ба Одесса, баъд ба Порис, Берлин кўчид. Дур аз Ватан асарҳои «Бачагии Никита», «Аэлита», «Ҷумъаи сиёҳ» навишта шудаанд.

Пас аз бозгашт ба Иттиҳоди Шуравӣ трилогияи (трилогия– асари адабӣ, ки аз се қисми мустаъқил иборат аст) «Сарсонию саргардонӣ»-и ӯ аз чоп баромад. Бузургтарин асари Алексей Толстой романи таърихии «Петри Якум» маҳсуб мешавад.

Алексей Толстой муаллифи романҳои иҷтимоӣ-психологӣ, таърихӣ ва илмӣ-тахайюлӣ, повесту ҳикояҳо, асарҳои публистистӣ мебошад. Барандаи се Мукофоти сталинии дараҷаи якум (1941, 1943; 1945 – баъди марг) ба шумор меравад.

Соли 1955  шоир, намоишноманавис, эссенавис, нависандаи бузурги динии асри ХХ-и фаронсавӣ  Пол Клодел даргузашт .

Барҷастатарин асарҳои Клодел: “Дониши Шарқ” (1900), “Панҷ қасидаи бузург“, (1910), «Мурги сиёҳ дар тулӯъи офтоб», (1930) ва песаҳои «Сари тиллоӣ», (1895), «Духтари Виолен», «Китоби Христофор Колумб», (1929) ба шумор мераванд.  Оҳанги Клодел чи дар шеърҳояш ва чи дар намоишномаҳояш ҳамеша ботантана ва баланд аст, вале дар айни замон аз суханпардозӣ  холист: он бештар ба «содагӣ ва бошукуҳӣ»-и Инҷил ва умуман адабиёти динӣ шабоҳат дорад.

Соли 1994 дар Калининград нависандаи асрҳои тахайюлии шӯравӣ ва тарғибкунандаи илм Сергей Снегов дар синни 83-солагӣ аз дунё гузашт. Ў барандаи ҷоизаи адабии Аэлита дар бахши асарҳои тахайюлӣ дар соли 1984 ба шумор меравад.

Чопи нахустин китобҳои ӯ ба авохири солҳои 1950 рост омада, аввалин асари тахайюлии ӯ достони “Сию ду шакли профессор Крен” (1964) ба шумор меравад.

Яке аз асарҳои машҳури Снегов трилогияи эпикӣ дар бораи ояндаи дури «Одамон мисли худоён» мебошад, ки дар рӯҳияи операи кайҳонӣ эҷод шудааст: «Иктишофи галактикӣ» (1966), «Ҳуҷум ба Персей» (1968), «Ангуштарини бозгашти вақт» (1977) дар бар мегирад. Ин трилогия, ҳарчанд баҳсбарангез аст, яке аз бузургтарин ва муҳимтарин асарҳои хаёлӣ ва илмӣ-тахайюлии солҳои 1960 ва 1970 маҳсуб мешавад. Аммо на ҳама медонанд, ки асоси ин трилогия рисолаи нотамоми Снегов «Тафсири физикии фазоҳои ғайриевклидӣ» буд (ки онро худи муаллиф дар мукотиба бо баъзе хонандагон зикр кардааст).

Охирин романи тахайюлии Снегов «Диктатор», ки баъди марги нависанда ба табъ расидааст, на ба мушкилоти илмию техникӣ, балки ба мушкилоти ҷамъиятию сиёсӣ бештар равона шудааст. Гарчанде ки ҳодисаҳо  дар сайёраи афсонавӣ сурат мегиранд, дар роман  таърихи Русия асри ХХ ба осонӣ мушоҳида  мешавад.

jejms-oldrijСоли 2015 дар Лондон нависанда ва арбоби ҷамъиятии инглис Ҷеймс Олдриҷ дар синни 96-солагӣ даргузашт.

Дар оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, Олдриҷ ҳамчун мухбир дар Эрон ва Шарқи наздик ба кор шурӯъ кард. Дар он замон аввалин романи ў «Кори виҷдон» (1942) нашр шуд, ки дарҳол ба бестселлер табдил ёфт.

Ин асар ва инчунин романи «Уқоби баҳрӣ» (1944), ки пас аз он эҷод шуд, аз ҷониби нависанда зери таъсири эҷодиёти Эрнест Ҳемингуэй навишта шудааст. Китоби дуюми муаллиф, бар хилофи китоби аввал, аз ҷониби мунаққидон он қадар гарм пазируфта нашуд, аммо бо вуҷуди ин дар соли 1945 Ҷоизаи бонуфузи адабии Ҷон Левелинро сазовор шуд.

Яке аз муваффақтарин асарҳои нависанда низ романи «Дипломат» (1949) мебошад. Дар соли 1974 Олдриҷ ҳатто идомаи онро бо номи Кӯҳҳо ва яроқ” навишт. Романи «Шикорчӣ» (1949)  аз ҷиҳати бадеӣ хеле шавковар буд. Дар он Олдриҷ кӯшиш кардааст, ки жанрҳои гуногун ва равияҳои адабиро муттаҳид созад.

Нависанда муддати дароз дар Қоҳира зиндагӣ кардааст ва«Қоҳира. Зиндагии шаҳр»-ро дар ин кишвар бахшидааст.

Дар миёнаи солҳои 1960-ум Олдриҷ ба навиштани китобҳои кӯдакон ва наврасон шурӯъ кард. Нависанда муддати дароз бо Иттиҳоди Шўравӣ  муносибатҳои дўстона дошт ва аз ин рў, соли 1972 ба ў мукофоти фахрии Ленин «Барои таҳкими сулҳи байни халқҳо» тақдим шуд. Худи ҳамон сол Олдридҷ бо медали тиллоии «Созмони байналмилалии рўзноманигорн» мукофотонида шуд.

Нависанда умри  дароз дид ва як ҳаёти пуршӯру шавқовар дошт. Ӯ 23 феврали соли 2015 дар Лондон, дар хонааш даргузашт.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА.