Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 24-уми октябр
Соли 1796 шоир ва намоишноманависи олмонӣ Август Платен ба дунё омад. Дар мактаби кадетии Мюнхен таҳсил кард. Соли 1810 мактаби подшоҳӣ ва соли 1814 соҳиби рутбаи ҳарбии лейтенант дар полки Боварӣ шуд.
Соли 1818 ба донишгоҳи Вюрсбург дохил шуд ва он ҷо фалсафа ва адабиёт омӯхт. Аз пайравони ашадии Шеллинг (файласуфи машҳури олмонӣ) буд.
Бо пайравӣ аз Ҳуте дар ҳавои ғазалиёти шарқӣ шеър навишт.
5 декабри соли 1835 дар синни 39-солагӣ аз олам рафт.
Соли 1905 нависанда, шоири рус Александр Грин аз ҳабс озод шуд. Александр Грин 23 августи соли 1880 ба дунё омада буд. Ӯро намояндаи ҷараёни адабии неоромантизм меноманд ва муаллифи асарҳои фалсафӣ-психологӣ бо унсурҳои тахайюлии намодгароӣ (симоликӣ) буд.
Вай фарзанди Александр Грини лаҳистонӣ буд, ки ба Русия табъид шуда буд.
Грин дар кӯдакӣ ва навҷавонӣ романҳои моҷароии Майн Рид, Густав Оморро мутолиа менамуд, қиссаву достонҳои тахайюлӣ мехонд.
Бисёр мехост дарёнавард шавад, вале ҳаргиз ба ин муваффақ нашуд.
Мунаққидони рус дар замони ҳаёташ ба асарҳои ӯ таваҷҷуҳ накарданд ва ӯ дар тангдастӣ дар шаҳре, ки ба дунё омада буд, аз олам рафт. “Бодбонҳои сурх”, “Ҷаҳони нуронӣ”, “Занҷири тиллоӣ”, “Хиромидан бар амвоҷ”, “Роҳе ба нокуҷо” аз ҷумлаи офаридаҳои ӯ мебошанд.
Александр Грин 8 июли соли 1932 дар шаҳри Қрими Куҳан вафот кард.
Соли 1923 дар Англия шоири амрикоӣ хонум Дениз Левертов таваллуд шуд. Ӯро аз шинохтатарин чеҳраҳои адабии баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон медонанд. Падараш яҳудии рус ва кашиши англосаксонӣ буд. Асосан дар хона таҳсил кардааст.
Баъди он ки ба нависанда М.Гудмен ба шавҳар баромад, соли 1948 муқими Амрико шуд. Муддате сарварии шуъбаи назмро дар маҷаллаи “Нейшн” ба уҳда доштааст. Соли 1965 аз ташаббускорони ҷунбиши эътирозии нависандагон ва ходимони санъат зидди ҷанг дар Ветнам буд.
Соли 1927 дар шаҳри Москав нависандаи асарҳои тахайюлии Шӯравӣ Исай Давидов зода шуд. Вай 24-уми октябри соли 1927 дар шаҳри Москав ба дунё омада буд.
93 сол умр дид ва 20 ноябри соли 2020 аз ҷаҳон чашм пӯшид. Давидов муаллифи асарҳои “Ман баъди ҳазор сол бармегардам”, “Аз баҳор то баҳор” буд.
Соли 1972 дар шаҳри Тошканд дар синни 67-солагӣ нависанда, шоир ва намоишноманависи шинохтаи узбек, Шоири халқии узбек Собир Абдулло аз олам рафт. Вай 18 сентябри соли 1905 дар шаҳри Хуқанд таваллуд шуда буд.
Собир Абдулло Ходими хидматнишондодаи ҶШС Ӯзбекистон, Шоири халқии Ӯзбекистон (1965), барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Ҳамза (1917) буд.
Вай чун як шахси босаводи замони худ аз донандагони хуби адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба шумор мерафт, аз пайравон ва донандагони хуби осори Бедил буд. Аз ҷумлаи шатранҷбозони машҳур ҳам буд, ҳарчанд дар мусобиқоти варзишӣ ширкат наркардааст.
Модараш Ҳоҷарбӣ бонуи босавод буд ва маҳз ӯ буд, ки писарашро бармаҳал ҳарф омӯхт, ба саводу дониш тарғиб намуд. Дар ҳаштсолагӣ вай басо озодона хати форсиро мехонд ва бо ашъори шуарои асрҳои пешин ошно мешуд, талош мекард ба маънии ғазалу достону қасидаҳо сарфаҳм равад.
Собир Абдуллоро филмноманависи соҳибистеъдод медонанд ва филми “Тоҳир ва Зуҳро” бар пояи филмномаи ӯ (бо шарикмуаллифии А. Спешнев) ба навор гирифта шудааст.
Аз пайравони вазни арӯз дар шеър буд.
Муаллифи чандин маҷмуаи шеърист.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ