Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 25-уми ноябр
Соли 1562 дар шаҳри Мадрид намоишноманавис, шоир ва нависандаи испонӣ Лопе де Вега ба дунё омад. Ӯро аз ҷумлаи машҳуртарин намояндагони Асри тиллоии Испания меноманд. Муаллифи наздик ба 2000 намоишнома аст, ки 426 адади он то ба рӯзҳои омада расидааст. Мегӯянд шумори сонетҳои навиштааш бештар аз 3 ҳазоранд.
Намоишномаҳое, ки то мо расида: “Бонуи девона”, “Мурғи дарёии ман”, “Нигаҳбони хуб”, “Подшоҳ ва кишоварз”, “Обҳои Мадрид”, “Муҷозоти бидуни интиқом”, “Гавдоли гӯсфандон” ва ғайра. Лопе де Вега 27 августи соли 1635 дар Мадрид дида аз олам барбаст.
Соли 1763 дар Куртё дар синни 75-солагӣ нависандаи фаронсавӣ Антуан – Франсуа Прево аз олам гузашт. Ӯ романнавис,муаррих, рӯзноманигор ва мутарҷими қарни ҳаждаҳуми Фаронса буд.
Соли 1820 нависанда, намоишноманавис, тарҷумон ва ношири маҷаллаҳои “Время” ва “Эпоха” Михаил Михайлович Достоевский ба дунё омад. Вай соли 1864 дар синни 44-солагӣ аз олам рафтааст.
Соли 1926 дар Бристол нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Пол Андерсон ба дуён омад. Вай солҳои 1961, 1964, 1969, 1972, 1973, 1979, 1981 барандаи ҷоизаи Хюго, се бо соҳиби ҷоизаи “Небюло” ва ҷоизаҳои дигари байналмилаливу Амрико ба асарҳои тахайюлӣ будааст.
Соли 1950 дар Копенгаген дар синни 77-солагӣ нависанда ва шоири данягӣ Йоҳаннес Вилгелм Йенсен дида аз олам бардӯхт. Ӯ бузургтарин адиби қарни бистуми Дания буд. Соли 1944 муваффақ шуд ҷоизаи Нобел дар адабиётро ба даст орад. Муҳаббат ба китоб, ки дар қалби падари хонадон буд, боис шуд аз 11 фарзандаш 4 нафарашон ависанда шаванд ва машҳуритарини онҳо Тит Йенсен буд.
Соли 1952 дар саҳнаи театри «Амбассадор» нахустнамоиши спектакли “Се мушаки кӯр” аз рӯи намошномаи Агата Кристи “Мушгир” баргузор шуд. “Мушгир” муваффақтарин намоишномаи адиби маъруфи англис Агата Кристи-нависандаи беҳтарин достонҳои ҷиноии ҷаҳонӣ мебошад. Дар таърихи ҳунарҳои намоишӣ тӯлонитарин замони бар рӯи саҳна будан мутааллиқ ба ин намоишнома аст.
Соли 1968 дар Баунд-Брук, иёлати Ню-Ҷерси нависандаи амрикоӣ Эптон Билл Синклер вафот кард. Вай 90 сол дошт.
Соли 1970 дар Сумгаит нависанда ва шоири рус Александр Иличевсикй ба дунё омад.
Соли 2011 дар шаҳри Москав нависандаи шӯравиву рус, тарҷумон, испанишинос Анатолий Гелескул дар синни 77-солагӣ аз олам рафт. .
Таҳияи Б.Шафеъ