Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 26 – уми апрел

Рузи адабиётСоли 1787 дар Тюбинген шоир, намоишноманавис, адабиётшинос ва сиёсатмадори аҳли Олмон Людвиг Уланд ба дунё омад. Жарни дӯстдоштаи ӯ баллада (афсонасароии қолабии манзум ва маъмулан ривоятгуна дар адабиёти ҷаҳон) буд. Шеърҳои ӯ зуд ба оҳанг медаромаданд ва баъзан ба ҳадде маъруфият пайдо мекарданд, ки мегуфтӣ як сурудаи маъмулии мардумӣ бошад.

Уланд ҳамчунин намоишномаҳои хуб менавишт ва ба сужаи худ аз ривоёти мардумӣ фаровон истифода мекард.

Шеърҳои машҳури ӯ: “Бертран де Борн”, “Маро дӯсте буд…”, “Қалъа дар соҳили баҳр”, “Гаралд”, “Се тарона”, “Модар ва кӯдакон”, “Шабҳангом”, “Шоҳ дар манора”, “Вайронаҳо” ва ғайра мебошад.

Людвиг Уланд 13 ноябри соли  1862 дар синни 75-солагӣ тарки олам кард.

Соли 1803 нависанда Иван Григоревич Кулжинский таваллуд шуд. Вай муаллими Гогол дар гимназияи илмҳои олӣ буд ва аз фанни адабиёт лексия хонда мехонд.

Соли 1829 дар деҳаи Даниловкаи уезди Изюми губернияи Слободский нависандаи рус Григорий Данилевский ба дунё омад. Вай бо силсилаи романҳояш аз таърихи Русияи асрҳои XVIII—XIX машҳур аст. Аз соли 1881 муҳаррири “Правительственный вестник» ва мушовири махфӣ буд.

“Сокини шаҳрак”, “Полтаваи қадим”, “Ҳаёт баъди сад сол”, “Маконҳои нав”, “Москави оташгирифта”, “Соли сиёҳ”, “Подшоҳ Алексей” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1856 дар шаҳри Москав дар синни 61-солагӣ файласуфи дин, нависанда ва мақоланависи рус Пётр Яковлевич Чаадаев аз олам гузашт. Вай муаллифи “Номаҳои фалсафӣ” мебошад, ки барои он ва чанд асари дигар ҳукумати вақт ӯро девона ҳукм кард. Аввалин пораҳои ин китоб соли 1836 дар маҷаллаи “Телескоп” нашр шуд ва боиси эътирози ҳукуматдорон гардид. Маҷалларо бастанд, муҳаррири он Надеждинро бадарға карданд ва худи муаллиф Чаадаевро девона эълон намуданд.

Соли 1898 дар Севил шоири испонӣ Висенте Алейсандре ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1977 буд ва яке аз шоирони насли 27 Испаниё ба шумор мерафт. Насли 27 як гурӯҳи муташаккил аз шоирон, нависандагон, наққошон, мисиқинавозон буд, ки дар ҷашни 300-солагии  марги Луис де Гонгор (шоири испонӣ) дар соли 1927 аз худ дарак дод. Ин гурӯҳро ҳамчунин “насли соли 25”, “насли диктатура”, “насли ҷумҳурӣ” низ меноманд.

Ҷоизаи Нобел дар адабиётро замоне дарёфт кард, ки ба иллати беморӣ наметавонист дар маросими эътои он ширкат кунад. Ба ҷойи ӯ дӯсти шоираш Хусто Хорхе Падрон (шоири испонӣ) иштирок намуд.

alfred-van-vogtСоли 1912 дар Гретн нависандаи асарҳои тахайюлии аҳли ИМА Алфред ван Вогт таваллуд шуд. Вай дар Канада дар хонаводаи муҳоҷирони ҳоландӣ дида ба олам кушод. Соли 1939 бо нависанда Эдне Холл  издивоҷ кард ва дар оғоз дар чанд асари ӯ шарикмуаллиф буд.

Аввалин ҳикояш дар жанри илмӣ-тахайюлӣ ҳамон сол дар маҷаллаи «Astounding Science Fiction»   бо номи “Вайронгари сиёҳ” чоп шуд. Соли 1940 романаш бо унвони “Слен” инштишор ёфт, ки барояш маъруфият овард.

Соли 1944 хонавода ба ИМА кӯчид ва дар Ҳоливуд маскан гирифт. Ҳамин тариқ роҳи нависандагӣ барояш боз шуд, муҳити зиндагӣ барои эҷод муносиб буд.

Соли 1914 дар шаҳри Ню-Йорк нависандаи амрикоӣ Бернард Маламуд ба дунё омад.

Қувват-ДавлатСоли 1952 дар деҳаи Табушни ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ шоири тоҷик Қувватбек Давлат ба дунё омад.  Вай соли 1977, баъди хатми донишгоҳ, дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба кор пардохтааст.

Соли 1977 силсилаи ашъораш бо сарсухани Бозор Собир дар «Садои Шарқ» ба чоп расидааст. Соли 1983 аввалин маҷмӯаи ашъораш бо номи «Пайрави дил» мунташир гаштааст.

Баъдан офаридаҳояш дар авроқи китобҳои «Боли самандар» (1988) ва «Шаҳри ишқ» (2002) ба чоп расидаанд. Ҳамчунин, муаллифи гулчини «Хуршедҳои гумшуда» (Теҳрон, 1999) мебошад.

Доир ба таърихи диёр ва шахсиятҳои шоистаи Масчоҳ чанд китоб, монанди «Шерони Масчоҳ» (2003), «Родмардони Палдорак» (2001), «Олиҳиммат» (2002) ва ғайра таълифу мунташир намудааст.

Ҳамчунин, муассиси рӯзномаи шахсии «Гулбонг» будааст.

Маҷмӯаи нисбатан мукаммали назму публитсистикааш соли 2012 таҳти унвони «Ҷароҳати шафақ» интишор ёфтааст.

Эҷодиёташ аз ҷониби адабиётшиносон ва мунаққидони варзида, аз ҷумла профессор Абдунабӣ Сатторзода, Юсуф Акбаров ва Абдуманнон Насриддинов баҳои баланд гирифта, ҳамчун адиби тозагӯ ва рангинхаёл эътироф гардидааст.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

sergej-suhoyan Соли 2017 шоири русзабони Тоҷикистон Сергей Сухоян вафот кард. Вай 14 феврали соли 1932 дар кишвари Кубани Русия ба дунё омада буд.

Соли 1955 факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷи­кистонро хатм карда, аз ҳамон вақт дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва нашрияҳои ҷумҳурӣ кор мекунад. Солҳои 1995-1997 муҳаррири шӯъбаи назм, 2001-2004 котиби масъули маҷаллаи адабӣ-бадеии «Помир» будааст.

Ду маҷмӯаи ашъори Сергей Сухоян дар нашриёти «Дониш» ва «Адиб» ба чоп расидаанд. Китоби ҳикояву очеркҳои Ҳ.Файзиев «Дар ҷанг ва баъди ҷанг» («На войне и после войны», 1988), маҷмӯаи ҳикоёти ҳаҷвии А.Маҳмадшоҳ «Фиреби назар» («Обман зрения», 2001) дар тарҷумаи ӯ нашр шудаанд.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

26 апрели соли 2017 вафот кард.

Таҳияи Б.Шафеъ