Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 26 – уми июл

Як-рузи-адабиёт-26-07-2024Соли 1856 дар Дублин нависанда ва намоишноманависи маъруф, мунаққиди адабӣ, фаъоли сиёсӣ, мубаллиғи ирландитабори сотсиализм Бернард Шоу ба дунё омад. Вай аз ҷумлаи касоне буд, ки аз гиёҳхӯр будан ҳисси ифтихор дошт.

Бернард Шоу 60 намоишнома ба мерос гузошт ва дар осораш танзи муосир ва тамсили таърихиро ба кор мебурд. Дар замони худ аз маъруфтарин намоишноманависон буд ва дар соли 1925 барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт шуд.

Аз ӯ ба унвони тавонотарин намоишноманависи британиёӣ баъди Шекспир ва машҳуртарину муваффақтарин рисоланавис баъд аз Ҷонатан Свифт ёд мекунанд.

Шоу ҳамчунин аз маъруфтарин мунаққидони мусиқӣ ва театри насли худ шинохта шудааст.

Бернард Шоу дар умри худ панҷ роман навиштааст, ки дар замони зинда баданаш ҳеч аз ин романҳояш  маъруфият касб накард. Чун мубаллиғи сотсиализм соли 1931 ба Иттиҳоди Шӯравӣ омад ва шахсан бо Сталин мулоқот кард. Баъди бозгашт зери таъсири бунёди давлати коргару деҳқон мондани худро борҳо иброз дошт. Боре навишт, ки “Сталин дар ҳақиқат сарвари коргару деҳқон аст, Сталин бузургу азим аст ва ҳамаи сарони Ғарб паканаҳоянд”.

Шоу ба ҳадде аз ИҶШС ҷонибдорӣ мекард, ки табъиду фишор ва қатлҳои истолиниро ҳам ҳақ меномид.

Бернард Шоу 2 ноябри соли 1950 дар синни 94-солагӣ аз олам рафт.

Важа ПшавелаСоли 1861 дар деҳаи Чаргали (Гурҷистон) нависанда ва шоири гурҷӣ  Вожо Пшавела таваллуд шуд. Ӯро классики адабиёти гурҷӣ меноманд. Вай дар хонадони мазҳабӣ дида ба олам кушод. Соли 1883 шомили Донишгоҳи Санк-Петербург шуд ва дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кард. Вале мушкилоти молӣ сабаб шуд, ки тарки таҳсил кунад ва ба Гурҷистон баргардад. Дар ватанаш ба унвони муаллими забони гурҷӣ ба кор қабул шуд.

Вожо Пшавела ҳамчунин яке аз аъзои гурӯҳи муборизи озодиву истиқлоли Гурҷистон буд.

Фаъолияти адабиашро аз нимаи дуюми солҳои 1880 оғоз кардааст. Вожо Пшавела падиоварандаи теъдоди зиёде аз корҳои адабӣ бо шуҳрати ҷаҳонӣ аст, ки иборатанд аз 36 ҳамоса, ҳудуди 400 чакома, намоишномаҳо ва ҳикояҳо, нақди адабӣ, рӯзноманигорӣ ва мақолоти илмии марбут ба қавнигорӣ мебошад.

Ӯ дар ашъораш гузаштаи қаҳрамононаи мардумашро нишон медиҳад ва мубориза муқобили душманони хориҷӣ ва дохилиро  меситояд.

Осори ӯ то кунун ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, форсӣ ва тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Намунаҳо аз осори ин адиби маъруфи гурҷиро ба забони тоҷикӣ шоир ва тарҷумони тоҷик Ҷӯёи Самарқандӣ тарҷума ва чоп кардааст.

Достонҳои “Гоготур ва Апшина”, “Қиссаи пирамард”, “Бахтриони”, “Меҳмон ва соҳихона”, “Алуда Кетелаури” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.

Вожо Пшавела 10-уми июли соли 1915 дар синни 53-солагӣ дар шаҳри Тифлис аз олам гузашт.

Соли 1875 дар Севиля (шаҳре дар ҷануби Испания) шоири насли 1898, намоишноманавис, эссенавис ва андешаманд Антонио Мачадо Руис зода шуд.

Аз соли 1902 пайваста шеърҳояш чоп мешуданд.

Джордж БорроуСоли 1881 дар Лоустофт дар синни 78 – солагӣ нависанда, сайёҳ ва яке аз донандагони хуби фарҳанги лӯлиён дар замони худ Ҷорҷ Борроу тарки олам кард.

Вай 5 июли соли 1803 дар Норфолк (графнишине дар Англия) ба дунё омада буд. Дар замони наврасӣ оворагардӣ мекард ва муддатҳо бо лӯлиён ҳамнишин буд. Забонашонро хуб омӯхт ва бо фарҳангашон аз наздик ошно гашт.

Баъдан дар донишгоҳи Эдинбург забон ва адабиёт омӯхт ва соли 1835 чун гумоштаи Ҷомеаи ҷуғрофии подшоҳӣ ба сафар баромад, ҳамаи кишварҳои Аврупоро гашт, ба Африқо ҳам рафт ва то имкон дошт забони халқҳои мухталифро омӯхт, фарҳангашонро донист.

Солҳои 1833-1835 бо супориши Ҷомеаи Инҷили Русия ин китоби муқаддасро ба забони манҷурӣ тарҷума намуд.

Китобаш “Инҷил дар Испания” барояш шуҳрат овард.

Соли 1885  Элбёф (шаҳре дар шимоли Фаронса) нависанда, таърихнавис, мақоланавис, ҳикоянависи қарни бистуми аҳли Фаронса Андре Моруа таваллуд ёфт. Номи аслии ӯ Эмил Саломон Вилгелм Эрзог буд. Асолати яҳудӣ дошт.

Эмиль СаломонӮро устоди тарҷумаиҳолнавис дар равияи романҳои барҷаста меноманд. Дар бораи Шеллӣ, Байрон, Балзак, Тургенев, Жорж Санд, Дюма-падар, Дюма-писар асарҳои басо шавқовари тарҷумаҳолӣ навиштааст.

Машҳуртарин асарҳои ӯ романи “Нопойдории муҳаббат”, “Дар ҳалқаи оила”, “Нома ба хонуми ношинос” мебошад.

Чаро Фаронса шикаст хӯрд”, “Бар болҳои пиндор”, “Таърихи Инглистон аз оғоз то имрӯз”, “Мошини андешанигор”, “Зиндагии Балзак”, “Таърихи Амрико”, “Ҳунари хуби зиндагӣ кардан”, “Ҳафт чеҳраи ишқ”, “Мастии ишқ”, “Дар ҷустуҷӯи ҷовидонагӣ”, “Ранҷи дилдодагӣ” низ аз навиштаҳои ӯ мебошанд.

Андре Моруа 9 октябри соли 1967, замоне, ки 82 сол дошт, аз олам гузашт.

Соли 1919 нависанда, рӯзноманигор ва намоишноманависи аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ Анатолий Яновский зода шуд. Вай дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ хабарнигори ҳарбӣ буд. Ин аст, ки мавзуи бештари асарҳои ӯ қиссаҳои ҷанг аст. Як силсила асарҳои хуберо ҳам барои кӯдакону наврасон навиштааст

Ана Мария МатутеСоли 1926 нависандазани испаниёӣ Ана Мария Матуте  ба олам омад. Вай дуюмин фарзанд аз панҷ фарзанди оилаи табақаи миёнаҳол буд. Дар чорсолагӣ бар асоси беморӣ назди бобову момояш фиристоданд, ки ин ба рӯҳияи вай таъсири амиқ гузошт.

Вақте ба синни даҳсолагӣ расид, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Ва ин ба ҷаҳонбинии нависандаи оянда таъсир дошт. Дар асарҳояш аз ин рӯзгори пурталотуму бебандубор ва мубориза ду ҷиноҳи даргир зиёд навиштааст.

17 ноябри соли 1952 Ана Мария Матуте бо нависанда Рамон Эухенио де Гойкоечеа ба шавҳар баромад. Аз ин издивоҷ онҳо соҳиби писаре шуданд бо номи Хуан Пабло. Адиб чандин ҳикояи хуби худро ба ин писараш бахшидааст. Аммо соли 1965 Мария ва Рамон аз ҳам ҷудо шуданд ва тибқи қонунҳои он замон модар дигар ҳақи дидорбинӣ бо фарзандашро надошт.

Осораш дар замони диктатории генерал Франко сонсур шуд ва ӯ аз навиштан дар рӯзномаву маҷаллаҳо манъ шуд. Дар даҳаи ҳафтод ва ҳаштоди асри ХХ ба афсурдагӣ мубтало шуд ва дар ин муддат чизе нанавишт. Вай баъдҳо дар бораи даврони генерал Франко навишта буд: “Манро фарди ғайриахлоқӣ ва бидуни адаб медонистанд”.

Соли 2010 барандаи ҷоизаи Сервантес шуд, ки бузургтарин ҷоизаи адабӣ дар Испания мебошад. Дар таърих сеюмин зани нависандае буд, ки соҳиби ин ҷоиза мешуд.

25 июни соли 2014 дар Барселона фавтид.

Сакё КомацуСоли 2011 дар Осака дар синни 80-солагӣ нависандаи асарҳои тахайюлии ҷопонӣ Сакё Коматсу аз олам рафт. Вай 28 январи соли 1931 дар Осака таваллуд шуда буд. Ӯ донишгоҳи Киоторо бо ихтисоси адабиёти итолиёвӣ хатм кардааст.

Нахустин нашри асари илмӣ-тахайюлиаш достони «Сулҳ ба Замин»,   мебошад. Аз рўйи як қатор романҳои Коматсу, аз ҷумла «Марги аждаҳо» (1973) ва «Алвидоъ, Юпитер» (1982)  филм ба навор гирифта шудааст.

Таҳияи Б.Шафеъ